Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ҷоме бе Ҷам

Фаронсавиҳо ва олмониҳоро “душманони қадимӣ”, “рақибони сарсахт” ва мутахосим меноманд. Ду қавм дар тӯли таърих даҳҳо бор теғ ба ҷони ҳамдигар кашидаанд. Вале бузургтарин ҷангҳо байни онҳо дар солҳои 1870-1871, сипас дар Ҷанги Ҷаҳонии Якум (1914-1918) ва Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ( 1939-1945) ба вуқӯъ пайвастааст.

Танҳо дар соли 1963 Фаронса ва Олмон ба созишномаи сулҳу ҳамзистӣ имзо гузоштанд. Вале боз ҳам байни онҳо тафовутҳое боқӣ монда, ки гоҳе ногоҳ рӯ мезананд.

Манзурам чист? Ин аст, ки сар аз соли 1992 ду кишвари гуногунзабон яке аз беҳтарин телевизионҳои фарҳангию ҳунарии ҷаҳонро бунёд гузоштанд. ARTE (Association Relative à la Télévision Européenne) шабакаест, ки дар ҳарду кишвар дафтар дорад, тарҳҳои мушатаракеро сармоягузорӣ мекунад ва агар як ҳадафаш таблиғи фарҳангу ҳунар бошад, мақсади дигараш ба сатҳи олии мумкин бардоштани санъат ва ҳунари телевизион аст. Намоишҳои ин телевизион ба ду забон — фаронсавӣ ва олмонӣ пахш мешаванд.

Аз ҳамин шабака филмҳоеро дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, зиндагии мардум дар Бадахшони Тоҷикистон, сабқати бузкашӣ дар Тоҷикистон, “Қош ба қош”-и Бахтиёр Худойназаров ва монанди инҳоро тамошо ва забт кардаам. Азбас ҳамеша инҳоро якҷо бо фарзандон медидем, ARTE ба телевизиони дӯстдоштаи онҳо низ табдил ёфт, яъне як шабакаи хонаводагӣ. Дертар, вақте нимишабӣ ин ё он ҳамкор занг задаву мегуфт, зуд ARTE-ро рӯшан кунам, чун филм ё намоиши ҷолибе ҷараён дорад, донистам, ки мухлисони шабака хеле зиёданд.

Хуб, манзурам чист? Ин аст, ки ду қавми дар собиқа душмани ҷони ҳамдигар, ду миллати гуногунзабон тавонистанд, як телевизиони олӣ ба вуҷуд оранд, аммо се кишвари форсизабон аз соли 2006 ба ин сӯ, яъне 5 сол боз талош доранд, як канали муштарак бисозанд, вале ҳеч нест, ки комёб гарданд.

Пештар фикр мекардам, ки Эрони исломӣ хостори як чунин коре нест, зеро идеолужики динӣ барояш чунин имконро намедиҳад. Аммо телевизиони инглисизабони PressTV, ки инак, тақрибан 4 сол аст, барнома пахш мекунад, нишон дод, ки эрониҳо, агар хоҳанд, метавонанд, телевизиони ғайриидеологӣ ва ба андозаи зиёде ҳақиқатнигор низ ба вуҷуд оранд. Аз сӯе ҳам дипломатияи онҳо имкон нахоҳад дод, шабакаи муштаракро ба василаи таблиғи мазҳабӣ табдил диҳанд. Он ҳам дар ҳоле ки тоҷикон сахт сунниянду эрониҳо сахт шиъа.

Баъдан, вақте сарусадоҳое дар бобати ҷойгоҳи забонҳои дарӣ ва ҳам пашту  ва дар робита ба телевизиони мушатарки форсизабонон аз Афғонистон баланд гашт, фикр кардам, қавмпарастии вопасгароёна дар ин кишвар ба иҷрои тарҳи сегона монеъ шудааст. Дар кишваре, ки бархе аз давлатмардонаш бар пояи далелҳои сусту фулусти бемаънӣ мехоҳанд, вожаҳои бостонии ин сарзаминро ҳадафи нафрат қарор диҳанд ва интиқоми нокомиҳои кившари худро аз калимаҳо ситонанд, чунин мумониат имконпазир аст.

Аммо пас аз изҳороти охири сафири Эрон дар Тоҷикистон, ҷаноби Алиасғари Шеърдӯст донистам, ки маҳз Тоҷикистон амалан ба ташкили кори чунин телевизион халал мерасонад. Шояд на раҳбарияти сиёсии ин кишвар, балки дастандаркорони телевизиони он, ки ба назар мерасад, ҳарчӣ хоҳанд, метавонанд, бикунанд. Онҳо дар тӯли солҳо одат кардаанд, ки ҳарчанд аз пули мардум нон мехӯранд, чизҳое бикунанд, ки дилашон мехоҳад. Мардум мехоҳад, онҳо намехоҳанд. Зоҳиран, он ҷо Ҷамшеде нест, ки хостори Ҷоми ҷаҳоннамо бошад.

Ҷаноби Шеърдӯст гуфта, ки мақомоти Тоҷикистон на бинои дурусте барои телевизиони нав доданд ва на ба интиқоли таҷҳизоти он аз Олмон ба Тоҷикистон мусоидат карданд. Дар натиҷа тарафи Эрон маҷбур шудааст, ин иморати нимвайронаро таъмиру тармим кунад ва таҷҳизоти гаронбаҳои олмониро аввал ба Эрон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Ёдам омад, ки чӣ тавр Абулқосими Лоҳутӣ дар пушторааш барои ҷумҳурии нави Тоҷикистон ҳуруфи қӯрғошимиро ба Душанбе интиқол дода буд. Шояд он вақт ҳам ҳамин гуна тоҷиконе сари корҳо будаанд, ки таъсиси матбааро дар Душанбе намехостанд? Биное барои матбаа намедоданд, ҳуруфро медуздиданд…

Ғайрати ҷаноби сафир нишон медиҳад, ки Эрон ба ҳар қимате ки бошад, мехоҳад, ин телевизион ба кор шурӯъ кунад. Ҳатто тарафи Афғонистонро итминони хотир додааст, ки бахше аз намоишҳои телевизиони нави “Наврӯз” ба забони пашту пахш хоҳад шуд. Мақсад ин аст, ки Афғонистон худро аз ин тарҳ берун накашад. Ин шиква ҳам садо дод, ки вазири фарҳанги Афғонистон ҳангоми сафар ба Тоҷикистон нахостааст, дар мавриди телевизиони нав гуфтугӯ кунад. Он ҷо, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Ҳоло ин масъала мемонад, ки оё то иди истиқлолияти миллии Тоҷикистон, моҳи сентябр телевизиони “Наврӯз” ба кор сар хоҳад кард ё на? Пурсиши дигар ин ки шабакаи нав ва кормандони он тобеи кӣ хоҳанд буд? Агар боз ҳам тобеи Асадуллоҳ Раҳмонов, оё ин чӣ телевизионе хоҳад шуд ва кӣ тобу тоқати тамошои онро хоҳад дошт? Шояд ба ҳамин сабаб тарафи Тоҷикистон шавқманди амалӣ шудани ин тарҳи байнидавлатӣ нест? Тарҳе , ки президентҳои се давлат ба зераш имзо гузоштаанд.

Вале ниёз ба як чунин шабака хеле сахт аст. Худо кунад, монанди канали олмонию фаронсавии ARTE ҳадафаш таблиғи ин ё он нафар не, балки густариши тафоҳум, ҳамгироии фарҳангии мардумон ва ба сатҳи болотар бардоштани ҳунари телевизион на танҳо дар Эрону Афғонистон, балки пеш аз ҳама дар Тоҷикистон.

22.05.2011 - Posted by | Афғонистон, Тоҷикистон, Фарҳанг, Худшиносй, Эрон |

1 Comment »

  1. Салом, дустам! Ахсан, ки чунин мавзуъро бардоштед. Охирин бор ёдам хаст, кучое хонда будам, ки дар рузхои иди Навруз бояд ин канал кушода шавад. Аммо ба фикрам, атрофиёни Эмо Мао Ли хавасманд нестанд. Ва шояд худи Эмо Мао Ли чандон хостгори ин икдом набошад. Зеро тасаввур намекунам, ки дар ин канал рузу шаб икдомхои “башардустона, падарвор ва хирадмандонаи” Чаноби Холиро таргибу ташвик кунанд. Ва шояд хадси Шумо низ дуруст аст, ки дар имруза Кумитаи садо ва симои ЧТ кам шахсоне ётф мешаванд, ки аз профессионализ буе бурда бошанд…

    Comment by Точик | 25.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: