Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мушкили фаннӣ?

Торнамои turajon.com дар хориҷ аз Тоҷикистон бе мушкил боз мешавад. Чандин нафар аз мавҷудияти ин сомона замоне огаҳӣ ёфтанд, ки Хадамоти мухобироти кишвар аз ширкатҳои интернетрасон дархост кард, дастрасӣ ба ин торнамо “бо сабабҳои техникӣ” маҳдуд гардад.

То куҷо ин талаби як ниҳоди ҳукуматӣ қонунист, бигзор ҳуқуқшиносон муайян кунанд, аммо шояд дар ҷаҳон аз ин беҳтар таблиғи ройгон кам иттифоқ афтода бошад.

Хандаовар аст, он чӣ мушкили фаннӣ буда, ки танҳо ба як торнамо рабт мегирад? Вақте ки пештар чанд сомона ҳамзамон баста шуд, иддаои вазири нақлиёт ва мухобирот дар бораи мушкили фаннӣ шояд маъние дошт. Ҳатто вожаи “кабел” низ садо дода, сабаб гашта буд, ки журналистони бе ин ҳам камдаромади тоҷик чанд метр кабелро ба вазорат тӯҳфа буданд, то дар ҳалли “мушкили фаннӣ” ба ҳукумати худ кӯмак кунанд.

Ҳоло шояд 1 метр кабел кофӣ бошад? Бисёриҳо аз Хадамоти мухобирот мепурсад, оё дар ҳалли ин мушкили фаннӣ чӣ мададе аз онҳо сохта хоҳад буд?

Тахмини дигар ин аст, ки шояд Хадамоти мухобироти Тоҷикистон аз муридони оли Тӯраҷонанд ва хадамоти фаннии торнамои turajon.com-ро дар ӯҳда доранд? Вагарна онҳо аз куҷо медонанд, ки ин сомонаи бечора аз мушкили фанние машаққат мекашад ва бояд ниҳоди вижаи ҳукумат меҳрубонона ғами тармиму беҳбуди торнамои хусусиро хӯрад?

Хабари маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи turajon.com дар рӯзе расид, ки Тоҷикистон баландтарин парчами худро барафрошта кард. Агар хабари парчам эътибори кишварро ба тори фалак бардошта бошад, ҳарчанд даргумон аст, хабари баста шудани торнамо ин эътиборро ба гили сиёҳ зад.

Ҳамон гуна ки баста шудани чанд торнамо дар соли гузашта то ҳол дар ҳамаи гузоришҳои байнулмилалӣ ҳамчун сонсури давлат такрор ба такрор зикр мешавад, фишори ҳукумат ба сомонаи turajon.com низ акнун дар чунин баррасиҳо такрору ба такрор хоҳад омад ва сирати сонсур дар Тоҷикистонро бозгӯ хоҳад кард.

Агар саре ба сомонаи www.turajon.com занед, хоҳед дид, ки он асосан ба омӯзиши нукоти мухталифи ислом бахшида шудааст ва ҳеч нишонае аз ҷоҳталабию худхоҳӣ ё сиёсатманишӣ надорад. Камтарин чизе мисли инҳо агар ҷой медошт, мақомот мушкили фанниро баҳона намекард, балки метавонист, ба далелҳои мушаххас коргардонҳои торнаморо ба чолиш кашад. Вале дар он сурат ҳам, Хадамоте бо номи “алоқа” (?) мебоист ба додгоҳ рӯй орад, на номае фиристад, ки мояи шармсории ҳукумат гардад.

Имрӯзҳо, ки баҳсе дар пайванд бо тарҳи нави Қонуни расонаҳои ҳамагонӣ матраҳ аст, шояд бад нест, ба он як банде дар бораи масъулияти онҳое ворид гардад, ки бидуни далел ба фишор рӯи расонаҳо иқдом мекунанд? Афсӯс, дар ҳукумати Тоҷикистон одат нашудааст, аз онҳое, ки ба эътибори давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ иснод меоранд, суолҳои мушкиле пурсида шавад. Аз ҷумла ҳамин ки, чӣ гуна мушкили фаннӣ метавонад, ҳазорҳо торнаморо канор гузорад ва танҳо ба як торнамо таъсир расонад?

25.05.2011 - Posted by | Баҳс, Дин, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун

3 Comments »

  1. Мо шармандаем, устод! Дируз вакте ин хабарро хондам (акси хамон дастур хам чоп шуда буд) бисёр шармзада шудам. Банда ТВхои Точикистонро аслан тамошо намекунам, чунки шармам меояд. Гузоришхои созмонхои байналмиллалиро хам аслан намехонам – боз хам аз шарм. Гохе мехохам кулворамро ба китф гираму тарки ин диёр кунам, аммо ватан ватан аст ва ба кавли Бозор Собир- мекашад хокаш, хоку хошокаш.
    Бадбахти ба сари касе бе сабаб намеояд. Солхо интизорем, ки шояд имтихони Худовандист, мегузарад. Аммо ба назар мерасад мо тахти имтихон неву тахти газаби парвардгор карор дорем – хар руз жарфтар фуру меравем ва имкони бозгашт камтар мешавад. Бо ин фурурави дар ду-се соли дигар ангуштонамон хам дохили ботлок хоханд рафт.

    Comment by Farid | 25.05.2011 | Reply

  2. bale durust hast dar haqiqat mo yakchand mukhlisoni in tornomai turajon.com dar Amriko az istifodai on tanqisi mekashem..

    Comment by Anvarbek | 25.05.2011 | Reply

  3. Ба номи Худо касам, ки ман бе мушкил ин сомонаро дар Точикистон боз кардам. Агар бовар накунед, бубинед, ки охирин видиоаш хутбаи чумаи охирон аст.

    Comment by Аз Точикистон | 26.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: