Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хорхона

Аз касе шунидам, нависандае як достони худро ба гунае навиштааст, ки ҳамаи вожаҳои решаияш бо як ҳарф сар мешаванд, яъне ҳамаи калимаҳо бо ҳарфи “М” оғоз меёбанд. Достонро надидаам ва шояд он як суханбозиву шаклпарастист, вале ҳам шояд як шоҳкор. Ғазалҳои “шаҳрошӯб”-и бузургони адабиёти мо ва ҳам шакли “мувашшаҳ” ба ёдам омад. Аввалиҳоро ҳар мисраъ бояд бо “ш” шурӯъ шавад ва дар дувумӣ ҳарфи аввали ҳар байт бояд номи касеро бидиҳанд, ки мувашшаҳ ба ӯ бахшида шудааст.

Дар тақлид аз достоне, ки нахондааму овозаашро шунидаам як вожабозие кардам. Ҳамаи калимаҳо бо ҳарфи “х” сар мешаванд ва ҳадаф дарёфти як асари ширкатпазир дар хонанда аст.

Хорхона

Хабар ханҷарвор хазид. Хубию хайр хориҷ аз хаймаи хотир. Хомӯшӣ. Хатар. Хархаша. Хушунат. Худсарӣ. Хиёнат.

Ханҷ. Хар. Харанбор. Харбаҳо. Хусумат. Хоби харгӯшӣ. Хармағз. Хароба. Харобот. Хирман. Хуршед. Хурсанд. Ханда. Хома. Хоро. Хурдабин. Хурдагир. Хурдандеш.

Хусумат. Хасм. Хато. Хабис. Хешком. Хушксар. Хуношом. Хашм. Харош. Хун. Хастаҷон. Хастахотир. Хастаҷигар.

Хештандор. Хилъат. Худованд. Хум. Хамба. Хис. Хӯрок. Хӯса. Хонақоҳ. Хуфия. Халқ. Хошок. Хокистар. Хокистон. Хирс. Хазон. Хешхор. Хоксор. Хидмат. Хилоф. Хурофот. Халифа. Хилофат.

Хинг. Хурӯш. Хирад. Хирарав. Хусрав. Хонадон. Хисравонӣ. Хонахудо. Хубхад, хубманзар ва хубкор. Хуррам. Хушхумор. Хушгувор. Хушхабар.

28.05.2011 - Posted by | Каме латра, Таҷриба, Ҳикоя | ,

1 Comment »

  1. Хело оли, ахсант. Ман хам кушишт мекунам чунин як “шохкори”-е кунам, аммо чун тамоми калимахоро бо харфи “Х” Шумо ба асорат гирифтед ман харфи дигареро шикор хохам кард…

    Comment by MAHBUB-TJ | 08.06.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: