Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Детектори дурӯғ

Матлабе, ки бахши марказии хабар дар Радиои Озодӣ дар бораи корбурди дастгоҳи ташхиси дурӯғ ё дурӯғсанҷ дар озмоиши мансабдорони давлатӣ дар Русия омода карда буд, вокунишҳои ҷолибе ба бор овард ва ба эҳтимоли қавӣ то дер гоҳ дар ёдҳо хоҳад монд ва мавзӯи пурсишу андешаҳое хоҳад шуд.

Бино бар он дар бархе аз идораву муассисаҳои Русия ба кормандони аршад пешниҳод шудааст, ки агар барояшон мушкил нест, аз санҷиш дар детектори дурӯғ гузаранд.

Ҷолиб буд, ки раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев тарафдори ин ташаббус буда, 6 афсари баландпояи Вазорати умури дохилии Русияро ба иллати нопок баромаданашон дар озмуни дастгоҳи дурӯғсанҷ аз мақомҳо барканор кард. Вазири умури дохилӣ, Рашид Нургалиев бо ифтихори тамом гуфтааст, худи ӯ ҳам аз санҷиши ин дастгоҳ гузашт.

Ҳарчанд бисёриҳо дар Тоҷикистон бо шунидани ибораи “детектори дурӯғ” барномаи ҳамноми телевизионии Андрей Малаховро ба ёд меоранд, кори дастгоҳ ба гунае нест, ки дар он барнома намоиш дода мешавад. Балки ба чанд нуқтаи бадани инсон, аз ҷумла сар, сари сина, банди дастҳо, нӯги ангуштон ва ғайра симҳоеро васл мекунанд, ки ба воситаи онҳо дастгоҳ зарбони дил, фишори хун, суръати нафас, шиддати мушакҳо, мижжазанӣ, берун омадани арақи бадан, ҳаракатҳо дар мағзи сар ва монанди инҳоро чен ва сабт мекунад.

Ихтироъкори ин дастгоҳ, равоншинос ва ҳуқуқшиноси амрикоӣ, Вилём Мастрон, ки дар соли 1913 аввалин таҷрибаҳоро дар ин замина анҷом додааст, гуфта, бадани инсон ҳаргиз дурӯғ намегӯяд ва ҳама дурӯғҳои касро фош мекунад.

Дар ҷое хонда будам, ки дар Чини бостон айбдоршавандаро маҷбур мекарданд, ки каф-каф биринҷи хушкро бихояд ва фурӯ барад. Агар наметавонист, ба натиҷае мерасиданд, ки вай айбдор аст. Гап сари ин аст, ки ҳангоми изтироби сахт оби даҳон ба маротиб коҳиш меёбад, даҳон хушк мемонад ва чунин шахс наметавонад, биринҷи хушкро бихояду фурӯ барад.

Фирдавсии бузург менависад, ба бегуноҳии Сиёвуш дар баробари шикояти Судоба замоне бовар карданд, ки аз миёни оташ бегазанд гузашт. Шояд дар Эрони бостон роҳҳои дигаре ҳам маълум буданд, аммо баъд аз шурӯи ҳокимияти бегонагон дар Хуросону Мовароуннаҳр, зери таъсири шаманизм ривояти “хичакбанд” пайдо шуд, ки гӯё бо дуо роҳи пешоби ҷинояткор, ба вижа дузд, баста мешуд ва ӯ маҷбур мегашт, худ ба пои худ биёяду иқрор кунад, то аз машаққати марговар наҷот ёбад.

Аммо озмоиши илмӣ аз тарафи Ғарб меояд. Дастгоҳи ташхиси дурӯғ аз тарафи созмонҳои истихборотӣ ба таври густарда истифода мешавад. Дар Амрико ҳамаи онҳое, ки ба ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба кор гирифта мешаванд, ҳатман аз чунин озмоиш, ки полиграф ном дорад, мегузаранд. Ва акнун дар Русия ба силоҳи асосии зидди фасоду ришват табдил меёбад.

Конуни полиграфологҳои (мутахассисони дурӯғсанҷӣ) Русия мегӯяд, яке аз созмонҳои полиграфологии ин кишвар дар як сол дар ин кишвар 7000 озмоиш гузаронда, 167 ҷиноят кашф шудааст ва аз онҳо дар 74 маврид шахсони мавриди санҷиш худ ба ҷинояти хеш иқрор кардаанд. Ба хазинаи давлат зиёда аз 300 000 доллари амрикоӣ баргардонида шудааст. Шумораи чунин ширкатҳо дар Русия ҳоло ба 800 адад наздик шудааст.

Баъд аз хондани матлаб, ки дар торнамои Радиои Озодӣ зери унвони “Дастгоҳи дурӯғсанҷ зидди мансабдорони ришвахор” ба нашр расид, чанде аз хонандагон боисрор талаб кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ин дастгоҳ ба Тоҷикистон оварда шавад ва мансабдорони давлат аз санҷиши он гузаранд. Ду нафар, баръакс, навиштанд, беҳтараш оварда нашавад, зеро аз раисони ҷамоаъ сар карда, то вазирон аз имтиҳони дастгоҳи дурӯғозмо нахоҳанд гузашт ва агар ҳамаи онҳо аз кор ронда шаванд, дар Тоҷикистон бӯҳрони сиёсӣ ба миён меояд.

Бархе дигар изҳори шубҳа кардаанд, ки ё ин дастгоҳро ба зудӣ “тармим” хоҳанд кард, ки ростро дурӯғ ва дурӯғро рост нишон диҳад ва ё худи дастгоҳ аз фишори шадиди дурӯғ аз кор мебарояд.

Пеши чашмам омад, ки симҳоро ба як вазири 240-килоии мо мебанданду дастгоҳро ба барқ васл мекунанд ва якбора дуд аз он берун меояду худи дастгоҳ мунфаҷир мегардад. Як кас орзу ҳам кардааст, ки хуб хоҳад буд, агар дастгоҳ ҳамзамон ҷазо ҳам диҳад – якбора 380 волт барои ришвахорӣ ва дурӯғу фасод.

Вале оё зарурате ба ин дастгоҳ дар Тоҷикистон ҳаст? Илми равоншиносӣ мегӯяд, ки ҳаракатҳои инсон ҳангоми сухан дурӯғгӯии ӯро фош мекунанд. Барои намуна, хоридани нуг ё паҳлуи биннӣ, гӯш ё пушти сар, ба чашми касе рост нигоҳ накардан ва монанди инҳо. Баъзеҳоро аз рӯи одатҳояшон метавон донист, ки рост мегӯяд ё дурӯғ. Масалан, агар абрӯ чин кунаду нигоҳи оташбор дар чашмон бигирад ва лабҳояшро ғунча намояд, бовар дошта бошед, ки дурӯғ мегӯяд.

Аз сӯе ҳам кадом кори мо илмию техникист, ки  боз инаш бошад? Беҳтарин роҳи ифшои дурӯғ – қасами “зансеталоқ”, албатта, агар ҷасорат бошад, ки талаб кунӣ, бигӯ, агар гапан дурӯғ аст, занам се талоқ. Ҷасорат нест. Хатари ин ҳам ҳаст, ки баъзеҳо чунин савганд ҳам бихӯранду аз дар баромада, ба ҷустуҷӯи “ҳалола” раванд. Самимияту садоқат то куҷост, медонем.

Шояд аз ҳамаи ин дастгоҳҳову таҳдидҳоу қасамҳо дида як чизи бисёр одиву сода зарур аст? Чизаке бо номи назарногири “виҷдон”. Зеро бо қамчину тозиёнаву тарсу ҳарос одамро намешавад барои ҳамеша ростгӯ кард. Аз Худо ки натарсад, пинҳон аз чашми қонун корашро хоҳад кард. Танҳо виҷдону имон даркор аст, махсусан дар ин давраи сахту бераҳми ҳаёти мардуми мо, ки дасти пок ва дили пок дошту орзуи номи пок кард.

29.05.2011 - Posted by | Амрико, Русия, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Қонун

5 Comments »

  1. Аввал Шохиён ва Хабибовро бояд аз дами он гузаронд. Баъд Рахмон ва Ко.

    Comment by Sabur az Dushanbe | 29.05.2011 | Reply

  2. Хамон чизаке бо номи назарногири “вичдон” мутаассифона истехсол ва фурухта намешавад. Имон инчунин. Агар хариду фурушаш имкон медошт, якчоя мешудем, пул чамъ мекардему мехаридем ва ба мансабдорон медодем (шояд васл мекардем?). Зеро чизеро, ки надори бояд ё бихари ё бо гадои бигири.

    Comment by Farid | 30.05.2011 | Reply

  3. AZATTIK

    Детектор лжи против чиновников в Казахстане и России
    03.06.2011
    Анна КЛЕВЦОВА
    Применение детекторов лжи в России и Казахстане уже несколько лет рассматривают в качестве метода борьбы с коррупцией. Правозащитники говорят, что правовой статус полиграфа не регулируется законом.

    В январе 2011 года президент Казахстана Нурсултан Назарбаев, требуя искоренить коррупцию на дорогах, сказал, что именно дорожная полиция должна стать первой среди силовых структур, где будут применяться полиграфы, или детекторы лжи, при принятии сотрудников на работу. Использование таких технических средств надо оформить законодательно, сообщается на сайте МВД РК.

    ДЕТЕКТОРЫ ЛЖИ В КАЗАХСТАНЕ

    Следует отметить, что в Казахстане уже имеются случаи применения на практике детекторов лжи.

    Газета «Взгляд» недавно цитировала начальника оперативно-криминалистического отдела департамента внутренних дел Алматы Каната Шакирбекова: «Алматинские полицейские используют полиграф с 2006 года, но только в рамках оперативно-разыскной деятельности как ориентирующее, вспомогательное средство. Для проверки на полиграфе необходимо добровольное согласие опрашиваемого человека. А результаты теста никакого доказательного значения для суда или прокуратуры не имеют».

    Тела убитого оппозиционного политика Алтынбека Сарсенбаева, его помощников Василия Журавлева и Бауыржана Байбосына, найденные возле поселка Коктобе близ Алматы 13 февраля 2006 года. Фото из книги Рахата Алиева «Крестный тесть». В 2006 году детектор лжи применялся в ходе расследования по делу об убийстве лидера оппозиции Алтынбека Сарсенбаева. Тогда результаты проверки на полиграфе осужденных Ержана Утембаева и Рустама Ибрагимова, проведенной сотрудниками Федерального бюро расследований США, не были приобщены к делу на основании того, что «документ не подлежит распространению, так как является собственностью ФБР США», пишет интернет-газета «ЗонаКЗ».

    По мнению же опального бывшего политика Рахата Алиева, опубликованному на его сайте, эти данные не были оглашены потому, что указывали на подлинных заказчиков этого преступления.

    ОПЫТ СОСЕДЕЙ

    В России детекторы лжи уже широко применяются для тестирования при приеме на работу в силовые органы.

    Городская администрация Казани, столицы российской Республики Татарстан, с прошлого года использует детекторы лжи для проверки госслужащих. Тесты на полиграфе проводятся якобы в целях искоренения повсеместной коррупции и на добровольной основе, однако те, кто провалил его, увольняются, сообщает Татаро-башкирская редакция Радио «Свободная Европа»/Радио «Свобода».

    Олег Новиков, начальник антикоррупционного ведомства муниципальной администрации, лично проводит такие проверки и убежден в их результатах.
    Когда пошли слухи о том, что такие проверки будут проводиться, все были настроены скептически, думали, что это просто угроза. А когда действительно организовали департамент, закупили оборудование и начали тестирование, среди работников появился страх и неудовлетворение.
    – Здесь я вижу, как бьется сердце. Кто-то может быть импульсивным, кто-то выражать свои мысли. Можно обмануть, но невозможно обмануть самого себя. Машина бесстрастная. Ей всё равно, мужчина вы или женщина, высокопоставленный начальник или простой работник. Она просто записывает психологическую реакцию на ответы на мои вопросы, – говорит Олег Новиков.

    Он отмечает, что, хотя проверки на полиграфе не являются обязательными, сотрудников, попавших под подозрение, просят пройти их на добровольной основе.

    – Когда пошли слухи о том, что такие проверки будут проводиться, все были настроены скептически, думали, что это просто угроза. А когда действительно организовали департамент, закупили оборудование и начали тестирование, среди работников появился страх и неудовлетворение. Многие отказались, поскольку эта процедура добровольная, однако у каждого ведомства есть свои правила игры, и, естественно, каждый должен с ними считаться, – говорит Олег Новиков.

    По его словам, десятки чиновников, проваливших тест, были уволены. Заведены уголовные дела на бывшего заместителя начальника комитета земельных отношений и бывшего начальника комитета имущественных отношений Казани.

    ПОКАЗУХА ИЛИ ДЕЙСТВИТЕЛЬНОСТЬ?

    Представители правозащитных организаций заявляют, что, несмотря на частое применение детекторов лжи, их правовой статус никак не регулируется законодательством и нет правового статуса и у доказательств, полученных с их помощью.

    Павел Чиков, руководитель правозащитной ассоциации «Агора», считает, что программа местных властей – это больше показуха, чем действительность.

    – Как правило, начальство знает, у кого из их подчиненных чистые руки. Очень часто начальники связаны с теми, кто берет взятки. Вот почему я боюсь, что эта инициатива – это просто еще один краткосрочный проект, нацеленный на публику, чтобы продемонстрировать видимость легитимности властей в глазах общества. Это, и больше ничего, и не имеет никакого отношения к борьбе с коррупцией, – говорит Павел Чиков.

    ОБЯЗАТЕЛЬНЫЕ ПРОВЕРКИ

    Сотрудник милиции в российском городе Ростов-на-Дону проходит тест на детекторе лжи.По словам министра внутренних дел России Рашида Нургалиева, все территориальные органы внутренних дел уже оснащены новейшими полиграфными устройствами, пишет российское агентство «Вести».

    Треть кандидатов в полицейские стараются скрыть негативную информацию о себе при прохождении испытания на детекторе лжи, говорит Рашид Нургалиев. По его словам, будущие полицейские, как правило, умалчивают о фактах употребления наркотиков, злоупотребления алкоголем, о корыстных мотивах поступления на службу или совершенных правонарушениях в прошлом.

    Администрация Москвы также заявила о том, что рассматривает возможность обязательного тестирования государственных служащих.
    Повсеместно в России проводится переаттестация сотрудников МВД в целях очищения его рядов от непрофессионалов, многие кадры, в том числе высокопоставленные, были уволены, сообщает агентство «Вести».
    Распечатать Послать другу Послать другу:
    xDiggFacebookGoogle BookmarksMister WongMySpaceRedditTechnoratiTwitterYahoo Bookmarks
    Как послать эту информацию другим Mojmir Сортировать комментарииПо хронологииПоследний сверхуПоделитесь своим мнением (12) КомментарииОт кого: 01 Откуда: астана
    03.06.2011 09:19 Продолжить диалогЧерез полиграф должны проходить не только работники дорожной полиции при приеме на работу,но и действующие сотрудники в особенности.В дальнейшем нужно распространить это на всех госслужащих от самого низа, до самого верха.Причем с этим вопросом тянуть не следует,поскольку в борьбе с коррупцией каждый день дорог.

    Comment by Расул, Точикистон | 04.06.2011 | Reply

  4. Ба фикри оныое хамгонам, ки агар чунин дастгохро дар Тчк кор андозем, такрибан ягон мансабдори давлат ростгу нахохад буд. Аз президент сар карда то охирин корманд. Аслан онхо чуръати инро нахоханд дошт, ки паси чунин дастгох мардона биншинанд.

    Comment by Samandar | 05.06.2011 | Reply

  5. Барх аз мансабдорони точик он чунон дар дуруг пухта шудаанд, ки хатто “Детектори дурӯғ”-ро дуруг мегуянд. Дар чаласаву нишастхо мансабдорони мо ба чашмат он чунон рост нигох карда дуруг мегуянд, ки талхаат мекафад. Барои онхо дуруггуи чузъи чудонашавандаи организмашон гардидааст ва аз ин ру хангоми дуруг гуфтан на сурх мешаванду на нугу пахлу ва пушти сарашон мехорад. Ягона “Детектори дурӯғ”, ки дуруги ин мансабдоронро ошкор мекунад оташи дузах аст на чизи дигар…

    Comment by MAHBUB-TJ | 08.06.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: