Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Парвози шабонаи Медведев

Имрӯз дар бораи мулоқоти президентҳои Русия ва Узбакистон, Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов навиштам. Хеле сахт буд, зеро маълумоти дақиқ дар бораи ин гуфтушунид дастрас нест. Баъзе дониста ва шинохтаҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ба даст омад ва росту дуруст будани онҳоро озмудан душвор буд.

Continue reading

Advertisements

14.06.2011 Posted by | Осиёи Марказӣ, Русия, Сиёсат, Узбакистон | , | 3 Comments

Боз даст ба кисаи мардум

Оре, ман омодаам, барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 дона китоб фиристам. Ҳатто бештар аз ин. Ҳатто китобҳои гаронбаҳоро, ки аз Теҳрону Истамбул ё Ню Йорк кашидаву овардаам. Ҳатто китобҳои нодиреро, ки як замон ба устод Иржӣ Бечка тааллуқ доштанд. Бале, ин китобҳо дар дасти мананд, зеро ҳукумати Тоҷикистон дар вақташ аз гирифтани китобхона ва бойгонии Бечка нописандона худдорӣ карда буд.

Continue reading

13.06.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Душанбе, Китоб, Сиёсат, Фарҳанг | 6 Comments

Вақте ки мемирем…

Марг ҷое барои ҳарос надорад, балки ягона ҳақиқате дар ин зиндагист. Ҳар рӯз дар ҷаҳон 160 000 нафар мемиранд ва хушбахтона, 360 000 нафар зода мешаванд. Ҳар рӯз даҳҳо нафари бегуноҳ ва ҷавон дар Афғонистон, Ироқ ва акнун кишварҳои дигари оташгирифта кушта мешаванд. Ҳар рӯз 1 тоҷик дар Русия аз беэҳтиётӣ, беморӣ ё ба дасти нажодпарастон ҷон медиҳад.

Continue reading

09.06.2011 Posted by | Баҳс, Дурнамо, Инсон, Сарнавишт, Табиат, Фалсафа | 8 Comments

Коргузории таблиғоти кажтоб

Як хонандаи доно бори дувум аст, ба ман нома мефиристад. Номаҳои хашмолуд ва гоҳе ҳам қабеҳ. Агар жожу мож ва ҳарзаҳои ӯро як сӯ гузорем, эроди умдааш ин аст, ки чаро ман дар китоби “Сад ранги сад сол” ва силсилаи мақолаҳои “Фақат ба хотири сулҳ” аз навиштани, ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат” дар бораи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода парҳез кардаам ва гӯё дар мавриди ин шахс асосан мусбат гуфтаам.

Continue reading

06.06.2011 Posted by | Баҳс, Дин, Сарнавишт, Сиёсат, Таърих | | 16 Comments

Як одати чехҳо

Мардумони чех, ки 16 сол мешавад, дар байни онҳо умр ба сар мебарам, хислатҳои аҷибе доранд. Яке аз чунин вижагиҳои, метавон гуфт, миллии онҳо эътино накардан ба раҳгузарони дигар аст. Касе гӯё касеро намебинад ва касе парвои касе надорад. Гоҳе як нафар дар миёнаҷои гузаргоҳи танге меистад ва гӯӣ ба андешаҳои бузургворонаи худ фурӯ меравад.

Continue reading

05.06.2011 Posted by | Баҳс, Донишнома, Инсон, Каме латра, Муҳоҷират, Таҷриба | 17 Comments