Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як одати чехҳо

Мардумони чех, ки 16 сол мешавад, дар байни онҳо умр ба сар мебарам, хислатҳои аҷибе доранд. Яке аз чунин вижагиҳои, метавон гуфт, миллии онҳо эътино накардан ба раҳгузарони дигар аст. Касе гӯё касеро намебинад ва касе парвои касе надорад. Гоҳе як нафар дар миёнаҷои гузаргоҳи танге меистад ва гӯӣ ба андешаҳои бузургворонаи худ фурӯ меравад.

Дигарон бояд ё, балое карда, аз канори ӯ рад шаванд ё маҷбуранд, ибораи “бо иҷоза” (s dovolenyem)-ро ба забон оранд, то ӯ дарҳол ва бо пӯзиш худро ба гӯша гирад.

Чунин ҳолат дар гузаргоҳҳои байни рафҳои фурӯшгоҳ, пиёдаравҳо, истгоҳҳо, даромадгоҳҳо, баромадгоҳҳо ва ҳама ҷои мумкин ба вуқӯъ мепайвандад ва гоҳе боиси арбадаю хархаша мешавад. Тӯли солҳо дидам, ки асосан хориҷиёну чехҳо зимни чунин ҳолат вориди кашокаш мешаванд ва кам иттифоқ меафтад, ки як чех бо чехи дигар сари роҳи гузар додан ё надодан бо ҳамдигар даргир шуда бошанд.

Нависандаи саршиноси чех, Милон Кундера, ки баъд аз пирӯзии коммунистон дар Чехословакияи пешин ба Фаронса ҳиҷрат карду дар он ҷо ба яке аз маъруфтарин нависандагони чех табдил ёфт, дар румони “Сабукии нобардори ҳастӣ” айни чунин саҳнаро моҳирона тавсир кардааст ва афзудааст, агар дар Прага борон бошад, чатре нахоҳад монд, ки бо чатри дигар ё аз ин бадтар бо сари инсони дигаре барнахӯрад.

Баъзан бо устоди тоҷикшиносони Аврупо, шодравон Иржи Бечка вижагиҳои миллии чехҳоро баҳс мекардем ва барои он кас бардоштҳои ман ё тоҷикону меҳмонони дигар бисёр ҷолиб буд ва ӯ ин хислатро ба зиндагии тӯлонии чехҳо дар зери султаи ишғолгарон бастагӣ медоданд. Яъне чехҳо бо тамоми ҳастӣ ба аҷнабиён нишон медоданд, ки онҳоро намебинанд, намешиносанд, ба ҳисоб намегиранд.

Ман фикр мекунам, онҳо бо чунин рафтор ахлоқи дигаронро озмоиш мекунанд. Агар раҳгузар инсони нек нест, худхоҳу худбин, асабонӣ ва пархошҷӯй аст ё уқдаи камзарфию худбузургбинӣ дорад, талаффузи як ибораи кӯтоҳи “бо иҷоза” барояш шадидан мушкил хоҳад буд. Ҳастанд ин хела махлуқони Худо, ки аз зин поён афтанд ҳам, пойи хешро аз узангу нахоҳанд кашид ва ба хоку лой олуда бошад ҳам, хешро дар сақфи осмон хоҳанд дид. Чунин афрод маҷбур хоҳанд гашт ба гулӯи худписандии хеш пой гузоранд, ҳатто худро шикананд ва ин ибораи дандоншикану гулӯсӯзро ба забон оранд. Аммо агар онҳо шахси шикастнафс, хоксор, инсондӯст, порсо, қаноатпеша, худкифо ва шодмону аз атои худовандӣ розӣ бошанд, ин ибораи сеҳрангезро ба забон меоранду осону ором ба роҳи худ идома медиҳанд.

Дар зимн, чехҳо одат надоранд ба раҳгузарон нигоҳ кунанд ё чашм дӯзанд. Ҳар кас ба роҳи худ ва ба дунболи кори хеш равон аст. Аммо дар метро ё трамвай мешавад дид, ки баъзан аз зери абрӯ ба хориҷиён нигоҳи санҷишкоронае меафкананд. Вале эътибор надодан ба дигарон шабеҳи ба онҳо бахшидани фазои амал аст. Бирав, касе ба ту кор надорад ва ту низ ба касе кор надошта бош. Дурудароз ба касе нигоҳ кардан як навъ беадабӣ шумурда мешавад. Катерина, духтари чех мегӯяд, ҳоло, баъд аз он ки Ҷумҳурии Чех ба Иттиҳоди Аврупо пайвасту марзҳо боз шудаву шумораи хориҷиҳо дар Прага ба маротиб афзудааст, гоҳе мебинад, ки касе тӯлонӣ ба ӯ менигарад ё ҳатто чанд ҳамсафари  ҳамроҳ бо овози баланд ва хандаву ришханд дигаронро бо забони ноошонои худ “муҳокима” мекунанд.

Оре, ман ҳам инро мебинам. Асосан муҳоҷирон аз мамолики мусулмон ингунаанд. Онҳо ҳатто ҳамаи қоидаҳои одоби ин кишварро ба ҳам зада, ба духтарон “гап мепартоянд” ва бо ҳар роҳи мумкину номумкин талош мекунанд, аз ҳузури худ дигаронро огоҳ намоянд ва гоҳе мебинам, ки онҳо худро ба духтарон ё занон гӯё нофаҳмида ҷафс мекунанд. Ба фикрам, ин мардум ҳамеша “ғамзада”-и ҷинси латифанд. Дар кишвари худшон чунин имконро надоранд, ки ба дӯшизагон дастдарозӣ кунанд, ҳамеша носеру чашгурусна ва бадахлоқанд. Дар Ҷумҳурии Чех бо духтарон дар кӯча шинос намешаванд. Ин як рафтори бад ба шумор меояд. “Лутф”-и миллии тоҷикӣ ба ёдам мерасад – “ҷигарта бхрам!” Барои як дӯшизаи аврупоӣ ин лутф мисли иддаои як хунхор садо медиҳад.

Арабҳоеро дар хиёбони Ватслав мебинам, ки бо ҳамдигар бо садои баланд сӯҳбат мекунанд ва бе ягон истихора ними ангушти ишоратии худро ба бинии хеш халонда, давр мезанонанду ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам бо садои баланд сӯҳбат мекунанд ва таваҷҷӯҳро ба худ мекашанд. Ба дараҷае, ки чехҳои таърихан бепарво ба раҳгузарон наметавонанд бархилофи хислати миллии хеш ба онҳо чашм надӯзанд ва дар чеҳраашон ифодаи ҳайрат ҷой науфтад.

Ин дар ҳолест, ки чехҳо бо вуҷуди одоби миллии хеш ба ҷӯгиён ё ромаҳои худ, ки қарнҳо пеш ба ин диёр омадаву муқим шудаанд, мисле ки ба одамони навъи дувум менигаранд. Боре ба як баҳс шарик шуда будам, ки дар фурӯшгоҳе намехостанд, ҳоҷати як ҷӯгии чехро бараварда кунанд, танҳо ба он хотир ки вай ҷӯгист. Ман гуфтам, пуле, ки ӯ ба шумо медиҳад, аз пуле ки каси дигар медиҳад, чӣ фарқе дорад?

Хориҷиёни шарқиро низ метавон дарк кард. Бархе аз онҳо, махсусан аз ҷамоҳири туркзабони Осиёи Марказӣ вақте дар метро мераванд, ҳатман як маҷаллаи “Экономист” ё “Тайм” (обунаи бепул аз ҷойи кор)-ро боз мекунанду ба ҳуруфи он фурӯ мераванд, то чехҳо гумон кунанду онҳо ҷопонӣ ё дар бадтарин ҳолат тоҷирони бомаърифати чиноиянд, на рома.

Аҷнабиёни дигар, агар пул доранд, ба рафтуомад дар мошинҳои шахсӣ бартарӣ медиҳанд. Набинаму насӯзам. Ҳамин гуна ҷаҳон дар Аврупо низ иваз мешавад ва шояд хислати миллии чехҳо акнун тадриҷан тағйир кунад ва мо шоҳиди таҳаввули ҷиддие гардем. Ба монанди ин ки беҳтар аст, дигаронро ҳам “бубинанд” ва беҳтар аст, “аз бало ҳазар” бидуни “с доволеним”  ба онҳо роҳ диҳанду дунболи кори худ бираванд. Қарни 21 расидааст.

05.06.2011 - Posted by | Баҳс, Донишнома, Инсон, Каме латра, Муҳоҷират, Таҷриба

16 Comments »

  1. Salom, Salinjon. Nawishtaatro khondam wa mekhohaam, andeshaamro pardapush ne, balki az rui odatam, ki az pai on dushmandor shudaam, ruirost ba shumo bayon namoyam. Maalum meshawad, Shumo nomahoi odamoni begonaro mekhoned, ki in az rui odob nest. His kardam, ki maqolaaton ba man dakhl dorad, chunki bardoshti nomahoi man ba unwoni yak nafar ast. Dar haqiqat ham dar Man wa misli man bisyoriho az dasti baaze afrodi khudpisandi mahalgaroi shimoli Tojikiston, ki qudrat dar dastashon bud wa az hukumatdoroni imruz badtar budandu mardumro ba “sangisiyohi” wa sangisafedi taqsim mekardand wa hanuz ham mashghuli in amali iflosi khud hastand, azob kashidem. Magar ustod Bozor Sobir qurbonii onho nabud? Charo qahrat meoyad az ibrozi haqiqat? Tu az rui fahmishi khid ba man baho nadeh. Misli man insoni qonee dar in olam kam ast. Tu medoni, ki man chi guna guzora kardaam, chi zindagi az sar guzaronidam, chi azobho az sar guzaronidam? Az in millate, ki onro ighwogaron ba du qasmat taqsim karda budand, ba ghayr az man. Ham az in taraf musht khurdam wa ham az on tarf. Baroi kadom jurmam? baroi on, ki man millatamro du taqsim nakarda budam, dar fikri chawki wa kursi nabudam, bayagon mafiya taalluq nadoshtam. Agar medoshtam, man ham shoyad dar yagon sozmoni khoriji kor mekardam, puli bisyor dar jayb medoshtam wa digaronro taana mekardam, ki ” agar qanoatpesha boshand…” Khudaton andesha kuned, magar insoni aqldor millatashro aqsim mekunad wa ba sari u baloi jangu khunrezi meorad? Hamai badbakhtihoi millati mo az hamin sar nazadaast? Charo odamoni yak mahalli Tojikisto kushish mekunad, isbot kunad, ki onho behtar az sokinoni mahali digari onand? Man didaam tawozuu wa khushmuomilagii sokhta wa purtazohuri mardumi shimolro. Dar ruyat “Shumo-Shumo meguyadu az pasat sad badi. Guyo in chiz dar khunashon jorist. Man sofi wa samimiyatro dust medoram. On chizero, ki az dili inson sarchashma megirad, mepisandam. Dar yak khudi hamin internet chi guna ba man hujum kardandu buhtonam kardand, siyoham kardand, hamai tuhmatu ighwoi jurkardai khudro ba ruyam kashidand, dar hole. ki man internetro on ruzho bori awwal boz karda budam wa hatto durust kor karda nametwonistam, ba onho faqat bo mawishtan jawob gardondam. Hamin guna odamoni razili dilsiyohro chi bini, chi nabini. Behtarash ba onho ahamiyati sag ham nadihi. Kori chekhho khub ast, kasero nakhohand, namebinandwa aasobashonro kharob namekunand. Mo baraksi onho boyad na ba khorijiho, balki ba hamwatanoni ighwogari khud beitino boshem. On ofame, ki man ba u homa nawishtam wa shumo beadabona in nomahoro beijoza khondaed, harchand man uro beshtar az khudu zindagi dust medoram, baroi man mukhotabe bud, to pasti, pastfitrati. noodamgari, ighwogari, iflosiho, huqsonhoi atrofamro biguyam wa dili az aziyathoi zindagi ba dod omadaamro taskin bakhsham. Wale donista boshed, ki nomahoi digaronro beijoza khondah in kamoli beadabist, harchand zakhirai lughawii shumo az khondani onho ghani gardad, boz ham bad ast. Khudi shumoro misol bigirem. Agar man az mahalli shumo mebudam, baadi ba shumo murojiat kardanam, kayho baroi man dar muassisai dar Dushanbe budaaton kor paydo mekarded, ki pulash haddi aqal baroi tabobatam rasad. KHudaton bowari hosil karde, ki tarzi nawisht zabondonii man agar az nawishti shumo wa digaron behtar naboshad, badtar nest. Khudo ghanowati zabonro ba hama nasib namekunad. Wale afsus, harchand dar Praga zindagi mekuni wa az in iftikhor mekuni, boz ham tojiki shimol boqi memoni. Baroi Zulfiyai tatar wa Askri behunar charo qahraton meoyad? Man onhoro bo unwonhoyashon ba yak pul namegiram wa shoir nameshumoram. Chi sheer dorand in zoghhoi bakhil? Shoir ustod Loiq bud, az dardi millat jawon darguzasht. Shoir ustod Bozor bud, ki hatto dar ghurbat ham dushmanonash ruzash namedihand. Boqii on chizero, ki man nawishta nakardaam, khudaton andesha kuned wa daryobed.
    Bo ihtirom wa samimiyat Rafohat.

    Comment by Rafohat | 05.06.2011 | Reply

    • Ман аслан нафахмидам, манзуратон чист?

      On ofame, ki man ba u homa nawishtam wa shumo beadabona in nomahoro beijoza khondaed, harchand man uro beshtar az khudu zindagi dust medoram, baroi man mukhotabe bud, to pasti, pastfitrati. noodamgari, ighwogari, iflosiho, huqsonhoi atrofamro biguyam wa dili az aziyathoi zindagi ba dod omadaamro taskin bakhsham.

      Ман ягон номаи Шуморо беиҷоза хондаам ё мунташир кардаам? Худо шоҳид, чунин кореро накардаам ва ҳаргиз нахоҳам кард.

      Бале, навишта будед, ки дар ягон созмони байнулмлалӣ кор кардан мехоҳед ва ман бояд бароятон кор пайдо кунам. Вале оё ман раиси ягон коргоҳам ё ба созмонҳои байнулмилаӣ нуфуз дорам. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки додарону хоҳарзодаҳоям ҳамагӣ дар Русия кори сиёҳ мекунанд. Ягон нафраи онҳо дар созмонҳои байнулмилалӣ кор намекунанд.

      Бале, барои Шумо ман шимолиям, барои шимолиҳо ҷанубӣ, барои ғарбиҳо шарқӣ, барои шарқиҳо ғарбӣ ва ҳоказо. Ин қадар нафратро чӣ гуна дар дили кӯчак гунҷондаед?

      Кай маро барои шеъри Зулфия ё Аскар қаҳр омадааст? Чизоҳе менависед, ки ҳатто рӯҳи ман аз онҳо хабар надорад. Вале бок нест. Худо нигаҳдоратон бошад. Афсус ин номаатонро нахонда нашр кардам ва ҳоло дигар намехоҳам лағваш кунам. Агар ҷумре дорам, бубахшед.

      Comment by aioubzod | 05.06.2011 | Reply

  2. Salimjon, kompyutari man baaze harfhoro khub sabt namekunad, imkoni kharidani nawashro nadoram, baroi hamin baaze harfho, iboraho aftidaand, baroi ghalatho uzr mekhoham.

    Comment by Rafohat | 05.06.2011 | Reply

  3. Бо хама бепарвоияшон бовар кунед устод онхо садхо маротиба бехтар аз русхоянд. Зеро ту метавони бидуни тарсу харос проминте гуи ва хатто аз полис чизе бипурси (бехтараш бо забони англиси) ва у хатман ба ту мефахмонад.

    Comment by zarif | 05.06.2011 | Reply

    • Бале, азизам, ман нагуфтаам, ин хислат бад аст, гуфтаам, ҳаст ва зоҳиран тағйир мекунад.

      Comment by aioubzod | 05.06.2011 | Reply

  4. Салом, устод.
    Бори аввал аст, ки навиштаатон ба ман маъкул нашуд. Намедонам барои чи, аммо табъам баъди хондани ин маколаатон хира шуд. Бар хирагии табъ боз ин навиштаи хонум Рафохат (шояд Рафоъат?)хираги зам кард. Бадтарин интихоби мавзуъ. Шояд ин сахар бо дасти чап хеста будед?

    Comment by Farid | 05.06.2011 | Reply

    • Фариди азиз, охир гуфта будам, ки ин торнигорро бояд баст. Шояд фурсат расидааст. Аммо дақиқан нагуфтед, чӣ чиз писандатон наомад. Мавзӯъ? Магар талоши омӯхтани ботинҳо дар даврони омехта шудани онҳо мавзӯъи бад аст?

      Comment by aioubzod | 05.06.2011 | Reply

  5. Dar dili az zindagi khastai man baroi nafrat joy nest, man haqiqatro nawishtam. Man az iborahoi nawishtai shumo daryoftam, ki nomahoi maro biduni ijoza khondaed, wale az in ham parwo nadoram. Chunki muhabbati man muhabbati pok ast wa az chize nametarsam. Baroi man shimolu janubi Tojikiston farqe nadorad, wale az badii dar tuli umram ba man kardai baaze afrodi on, mahalgaroii beintihoyashon dilam sard shudaast. Boyad awwal mo in nuqsonhoi millati khudro isloh kunemu baad az digar millatho harf zanem. Khub agar rais yo wazir dar in jo naboshi, dar sohai khud baroi man kor paydo karda metawoni. Agar odam kori muddaoi dil doshta boshad. in nisfi khushbakhtii zindagii ust. Okhir man in kori sohai barqro dust namedoram. Ku on insone, ki dasti maro bigirad wa az khoriwu zori rahoyam kunad?

    Comment by Rafohat | 05.06.2011 | Reply

    • Бонуи арҷманд. Савганд мехӯрам, ки ягон номаи Шуморо беиҷоза нахондаам. Лутфан, бигӯед, аз куҷо ва чӣ тавр метавонистам, номаи Шуморо бихонам? Вале агар аз навиштаи ман чунин бардошоте ҳосил шуда бошад, як тасодуф асту бас. Қасде ба озурдани Шумо надоштам ва надорам.

      Comment by aioubzod | 05.06.2011 | Reply

  6. E Xonum Rafohat, man hamchun yak tojike, ki mahalgaroi nadoram ba tu meguyam, ki xele gayrimantiqona, beadabona nazaratro intishor kardai, bovar kun!!! Oyo tu az mantiq zarrae boxabar hasti??? In maqola ba mahalgaroi chi rabte dorad va ba shaxsiyati tu chi irtibote dorad??? Charo isbot nakardi??? Dar ulumi jamiyatshinosi, kishoyad zarrae az on xabardor naboshi, istilohe hast ALOQAI MUTAQOBILA. Agar tu az in irtiboti ilmi qatrae boxabarmebudi chunin andeshahoi puchu beasosro injo nameovardi. Man aslan Salimi Ayubzodro difo kardani nestam va u ba in ehtiyoje nadorad, ammo vaqti qimmati xudro sarf karda on safsatai turo xondam va vijdoni tojikiam naguzosht, ki andeshaamro oidi on “ocherki ilmii “tu nanavista bosham. Az jihati grammatiki onqadar xatogihoi ziyodero “ejod”kardai ki hojat ba bayon nest, chun ayon ast. Digar in ki xudi tu masalai mahalgaroiro bardoshtai, na muallif. Va shimolu janub megui va ustod LOiq megui, oyo hamun ustodat shimoli nest magar??? Va az zabondoniat iftixor kardaistodai, garchande ki az zabon farsaxho duri, ne??? Jumlahoyatro bixon va mefahmi!! Nomuvofiqatii mubtadovu xabar, ki talabai sinfi yat va hatto tifli bogcha az on ogahi dorad ammo tui “nobiga”az in odditarin soxtori jumla ogahie nadori, ki boisi taassuf ast. Mubtado shakli jam` va xabarr tanho, in durust ast magar??? Gap bisyor, ammo vaqt nadoram, xulosa maslihati tojikona va musulmononai injonib on ast, ki kame boshad ham mantiq biomuz va maslihat mediham kitobi mantiqi Sinoro, agar chande ki bo in sathi donishat, ki az rui navistahoyat ma`lum ast sarfahm nameravi. Bigir osori muntaxabi Sino, jildi 2ro va birav peshi ustodi mantiqdone mantiq biomuz!!!Pas biyovu sari komputar bishinu tanqid bikun. Va kitobi digari mantiqi kame soddatar ki muallifash Boltiev ast, xoni ba foidai tu xohad bud!!! Boqi Xudo yorat!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 05.06.2011 | Reply

  7. Agar tu in qadar hobigha boshi, hatarsida awwal nomatro menawishti. Man baroi ghalatho uzr khostam, chun kompyutaram khub sabt namekunad. In yak. Duwwum in ki otashi mahalgaroiro man ne, 70-80 sol shud, ki misli shumo barin mahalgaroho alanga dodaand wa man chun yake az qurboniyoni in otashi afrukhtai shumo in harfhoro rui safha owardam. Shumo az Ayubzod bo sad bahona pushtiboni nakuned, u ba in niyoz nadorad, khudash az khudash difoo karda metawonad. Baad u chi qadare ki watandori tust, watandori man ham ast wa man ham haq doram azobu alamhoi kashidaamro ba u hamchun ba yak jurnalisti tojik bayon kunam. Wa in hojat ba maghal bardoshtani shumo nadorad. Az nawishtat maalum ast, ki to kadom poya hobighai. Wa agar az kuchai adabu odamgari guzashtai, bo yak zan in guna daghalona murojiat nakun. Ba fikri tu man harfi durugh nawishtaam? in beadolatiho, in guruhboziho, in mahalgaroiho, In fasodu murdobho dar sohai adabiyot bujud nadorand? Agar in qadar buzurgi, pas charo kambudihoi atrofro nodida megiri? Charo az didani haqiqat chashm mebandi wa az guftani haqiqat zabon? To ba kay khomush nishinem? To ba kay dam ba darun gardem? Ba gufti ustod Loiq:
    Zindagi gar dowari yakruy boshi pas charo tardomane,
    Poy tar nokarda az girdobi daryo bigzarad?
    Ustod LOiq Shimoli nabud, u shoiri tamomi millat bud, az in khotir uro hama dust medorad. Maqsadi kasro nafahmida, ba u hujum mekuned. Yo in yak naaw siyosati peshgiriftai shumo baroi bastani dahon wa dar joyashon nishondai odamoni haqguy ast? Yo mekhohed bo in bartarii khudro sobit sozed? Man ne, khudi shumo mahalgaro hasted, chunki az nawishtaho wa takabburaton bui mahalgaroi meoyad. Man ba Ayubzod bo kinu taana ne, balki hamchun ba yak dust, barodar murojiat kardaam. Nisfi nawishtahoyamro kompyutar chop nakardaast, shoyad az hamin kotir maqsadam norawshan mondaast. In ro ham mekhostam arz kunam, ki on kitobhoi guftai shumoro man kayho khondaam wa nawishti man az nawishti shumo khub naboshad, badtar nest. Faqat dil wa chashmi nuktabin doshtan darkor, to khubihoi insoni digarro bubini wa faqat dar atrofi u siyohihoi qalbi khudro najui. Agar tu mantiq khonda boshi, in guna beadabona suhbat namekardi chun gunjishkbachae, ki ba modarash jiw-jiw yod medihad.

    Comment by Rafohat | 06.06.2011 | Reply

  8. salom barodar salom jon
    salomatihot chikhel ast ? koru borat chikhel ast ?
    ba shumo yak suol doram
    shumo dar kadom dined ? va ba tjk meraved e ne ? injo kame khilof ast baini bachaho ki shumo yahudiied in rost ast e ne ? vasssalom

    Comment by jamshed | 06.06.2011 | Reply

  9. Ташаккур, Ҷамшед. Касе, ки чунн мегуяд, ном дорад? Худи у кист? Емайлашро фиристед, як дахан гап барояш нависам.

    Comment by aioubzod | 06.06.2011 | Reply

  10. Rafohat nomi man Salmon ast, chashmonatro kalontarkusho va bubuin!!!!!!!!!!!!!!! (Comment by Salmon )agar on xatogihoi imloivu grammatikii turo komputarat sabt nakard, ammo charo xudi tu fahshona navistanatro e`tirof namekuni??? Bo kadom dalel yak mintaqaro bodidani shaxse baho medihi va megui, ki shumo shimoliho mahalgaroed??? Magar hamin kalimai ‘shimoli’ro avval tu istifodaburda tafriqaandozi nakardi???????? Va megui, ki kambudiho gufti va haqqi onro dori, vale man charo haqqi kambudihoi turo guftanro nadoshta bosham?????????????? Digar in ki ,bovar kun, husni bayonat xele soddalahvona ast, ki in gumon mekunam ba komputar bastagie nadorad. Digar in ki ba tu boz meguyam man mahalgaro nestam va az in dardi bedarmon ki imruzho ba tu siroyat kardaast, Xudo nigah dorad!!!!!!!!!
    Kadom adabiyotro megui, ki dar on mahalgaroi ast???????????
    Va durust gufti ki Salimi Ayubzod ba himoyakunii man ehtiyoj nadorad haq ast. Man voqean navista budam, ki u ehtiyoj nadorad, man hamagi andeshai xudamro navistam va misli tu haq doram, ne???
    Digar in ki man naguftaam ki xomush bishin, harchi mexohi bigu, vale bo dalel!!!!!!!!
    Boshi!!!!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 08.06.2011 | Reply

  11. Вокеан хам мардумси чез бузург аст. Ахсант ба он мардум. Дар хар кусое хар мамолике як бегона хаст ва ана хамин бегона тамоми вазъиятро яъне конуну одатхои миллиро вайрон мекунад. Аз хамин ру наьояд бегонаро рох дод. Вале бисёре аз мардум имруз бегона парастанд. Намедонам бо ин ахвол то кучо мераванд. Зеро онхо намедонанд, ки танхо хамватан ба болои гури хамватан хок мепошад то часади харомаш чахонро бу нагиронад.
    Ба фикри мкан бехтарин макони зист барои одам ин Прага аст.Аз хама мухимаш дар зери чашм карор намегири.
    Ахсант ба Шумо мухтарам Салими Аюбзод ки бори дигар хакикати чехро аён намудед.

    Comment by Muhammad | 26.06.2011 | Reply

  12. Замониддин Насриддинов Аз мохи сентябр назора мекунам, ки дар хобгох – хамсояхои руснамуд ба ман салом медиханд, аммо онхо ба ман ношиносанд, аз бахши аввали тахсиланд, ин одат гайри интизорй буд, зеро русхои Маскав-донишчуён, монанди хамон чеххои иншо кардаи Шумоанд, на салом медиханд, на рох медиханд, ва инчунин нигох…хиси кунчковй афзун шуду ду руз пеш аз як хамсояаам пурсидам, ки Шумо аз кучои Руссия хастед, дар чавоб гуфт,ки мо аз Укроина мебошем )))
    September 25 at 11:03am · Edited · like · 4

    Comment by aioubzod | 03.10.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: