Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Коргузории таблиғоти кажтоб

Як хонандаи доно бори дувум аст, ба ман нома мефиристад. Номаҳои хашмолуд ва гоҳе ҳам қабеҳ. Агар жожу мож ва ҳарзаҳои ӯро як сӯ гузорем, эроди умдааш ин аст, ки чаро ман дар китоби “Сад ранги сад сол” ва силсилаи мақолаҳои “Фақат ба хотири сулҳ” аз навиштани, ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат” дар бораи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода парҳез кардаам ва гӯё дар мавриди ин шахс асосан мусбат гуфтаам.

“Ҳақиқат”-и хонандаи норозӣ ин аст, ки Тӯраҷонзода дар солҳои 1990 оташи ҷангро дар Тоҷикистон шӯълавар кард (“хуни ҳазорон нафар дар гардани ӯст”), Тӯраҷонзода ҷосуси КГБ (Кумитаи амнияти давлатии шӯравӣ, яке аз бераҳмтарин созмонҳои ҷосусии ҷаҳон), мухолифи сулҳи Тоҷикистон (дар тафовут бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) ва ҳам ангезандаи исломи ҷанговар (ҳатто терроризми исломӣ) дар кишвар буда, дар ивази оштӣ бо ҳукуматдорон сарвати зиёди мардумиро аз они худ намуд (“яке аз пулдортарин афроди кишвар аст”) ва ҳоло ҳам аз роҳҳои пинҳону ошкор мехоҳад, вазъ дар Тоҷикистонро ноором кардаву ба қудрат расад ва як ҷумҳурии исломӣ бисозад ва монанди инҳо.

Шубҳаи аввали ман ин буд, ки ҳарду номаро кадом муздури хадамоти ҷосусӣ (ФСБ, СНБ ё КДАМ) фиристодааст. Сипас ангоштам, муаллиф шояд яке аз он ҷавонон аст, ки худро “салафӣ” меноманд. Аммо ба он андешидам, ки агар номаро, тавре муаллиф ишора мекунад, дар ҳақиқат як нафар аз ҷавонони, зоҳиран, ноогоҳи тоҷик навишта бошад, ин натиҷаи таблиғоти нерӯмандест, ки инак, зиёда аз 20 сол ба ин сӯ ба муқобили як инсон идома дорад. Мегӯянд, об агар ҳатто қатра ба қатра ба як нуқта биафтад, сангро сӯрох мекунад. Зиёда аз 20 сол аст, ки як дастгоҳи қавии таблиғотӣ бетанаффус ва бидуни ягон зарра тағйир як нафарро ҳадафи ҳамлаи номардона қарор додааст.

Ҳарчанд ҷаноби Тӯраҷонзода тавонистааст, дар ин ҳама муддат бе кӯмаки касе, худ аз хештан дифоъ кунад, тӯҳмат чизе будааст, ки дар шакли бӯхорҳои заҳрогин аз роҳи гӯш ба азҳон менишинад ва агар касе ба ин порчааш бовар кунад, каси дигар ба порчаи дигараш ва дар ину он лаҳза, дар сӯҳбату маҳофиле бо ҳадафи махсус ё ноогоҳона ин заҳрро ба гӯши дигарон мерезад, ба вижа насли ҷавоне, ки аз рӯйдодҳои кишвари хеш огаҳии хуб надорад ва ҳам зери тахтаи сангини таблиғоти ситезаҷӯёнаи давлатӣ, гурӯҳӣ ва душману рақибони хусусӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои иттилоотӣ ба ҷаноби Тӯраҷонзода ҳамоно идома дорад ва ба дунболи ҳар сухани ӯ “номаҳои меҳнаткашон” ё ишораҳои талху тунд рӯ мезанад. Эҳтимолан ин ҳамлаҳо ҳаргиз ба поён нахоҳад расид, Агар ҳатто Тӯраҷонзода сукути комил дар пеш бигирад ва садое дарнаёрад ҳам, ҳамла ба ӯ то даргузаштан идома хоҳад кард. Ҳамагон шоҳид будем, ки ӯ муддати мадиде хомӯшии тамом баргузид, вале ин сукут ҳам пеши роҳи борони тӯҳматро нагирифт. Пас мавзӯъ чист?

Ҳадаф зоҳиран якест. Ҳамеша зери фишор нигоҳ доштани ҷаноби Тӯраҷонзода ва ҳамоно заҳролуд кардани зеҳну ҳушу ҳофизаи насли наврас. Аммо дар умқи худ ин таблиғот на танҳо ё на ба таври махсус зидди Тӯраҷонзода аст, балки зидди ҳамаи онҳоест, ки дар солҳои 1990 хостанд, коммунизм ва сулолаи маҳалгарои хуҷандиро аз байн баранд. Аз ин лиҳоз Тӯраҷонзода аз як шахс ба як рамз табдил ёфтааст. Ин таблиғоти ҳамлаваронаи ғолибони ҷанги шаҳрвандист, ки то ҳанӯз мехоҳанд, ҳақ будани худро исбот кунанд. Вале вақте аз ҳад зиёд такрор мекунанд, ҷавонони ноогоҳ низ ба ҳақ будани онҳо шак пайдо мекунанд.

Тарроҳону тарафдорони барномаи “ҷанги доимии сард” бо Тӯраҷонзода ҳама гуна бархӯрди дигарро бо ӯ хатарзо мешуморанд ва ҷасораташро надоранд, ки бо ӯ канор оянду аз илму дониш ва нуфузи сиёсияш барои рушди мамлакат истифода кунанд. Ӯро дар давраи суиқасдҳои сиёсӣ аз байн бурда нашуд, ӯро наметавон ба маҳбас андохт, ӯро наметавон аз ватан ронд, пас роҳи ягона барои онҳо зери фишори бефосила нигоҳ доштани ӯст.

Ба муаллифи нома назари худро навиштам, вале то ҳанӯз посух нагирифтаам. Ба фикрам, шахсоне, ки ба гунаи ӯ меандешанд, шояд чандон зиёд нестанд, аммо шояд зиёд ҳам бошанд, чун як насли тоҷикон дар кӯрдуди ҷангу хусумат ба воя расида ин кӯрдуд ҳамоно идома дорад ва биноан, тасмим гирифтам, ин посухро ин ҷо бознависию мунташир кунам.

Муродам дифоъ аз ҷаноби Тӯраҷонзода нест. Гуфтам, ки ӯ худаш борҳо собит кардааст, ки беҳтар аз ҳар каси дигар метавонад, ҳарфи хешро бо далелҳои сангине ба рӯи рақибонаш бизанад. Мақсадам, балки шояд қарзи инсониям аст, ки ҳақиқат гуфта ва шунида шавад. Ҳақиқате, ки ман худ дидаву озмудаам ва медонам. Албатта, аз ин чизҳо касони зиёде огаҳанд, аммо намедонам, чаро дар баробари тӯҳматҳои ошкоро сукут меварзанд. Чунин сукут дар ниҳояти амр ҳамандешӣ ва мушоракат бо тӯҳматгарону ғайбатчиён хоҳад буд ва ба осиёи онҳое об хоҳад рехт, ки ҳаргиз хоҳони ягонагии миллии тоҷикон набудаанду нестанд.

Тӯраҷонзода гунаҳкори ҷанги Тоҷикистон?

Фикри комилан ғалат аст. Ӯ шояд аз охирин чеҳраҳои сиёсӣ буд, ки ба кашокашҳои соли 1992 ворид шуд. Вай илоҷе надошт, ки ба ин махмаса шомил нагардад. Зери фишори шадиди ду тараф, вомондае дар дуроҳаи интихоб буд, ки агар бо ин тараф, яъне гирдиҳамоии нерӯҳои исломӣ, демократӣ ва миллӣ дар майдони Шаҳидон намепайваст, пас дар он сӯи сангар, яъне дар канори соҳибону парвардагони низоми коммунистӣ, мансабдорони беғам, порлумони судҷӯ, дурӯя ва зиддимиллӣ қарор мегирифт.

Рӯҳан ӯ шояд ба майдони Шаҳидон наздиктар буд, аммо шеваи амали сарони онро намепазируфт. Ҷисман ва амалан дар тарафи муқобил (яъне ҳукумат) қарор дошт, вале мавзеъгирии раҳбарони ин ҳукуматро дуруст намешумурд. Дар ҳоле ки ин рӯёрӯӣ тӯл мекашид ва шиддат мегирифт, ӯ наметавонист, барои дарозмуддат дар чунин, ба истилоҳ, аърофи сиёсӣ боқӣ бимонад.

Ба ин ё он шакл амал кардани як сиёсатмадор ва дар ин ё он нуқта қарор гирифтани ӯ дар марҳилаи муайяни таърихӣ, агар аз як сӯ ба роҳи то он марҳила тайкарда ва биниши сиёсии то он мавқеъ ташаккулёфтаи ӯ бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар баёнгари пойбандии ӯ ба шароит ва имкониятҳои мавҷуда буда метавонад.

Баъд аз худмуаррифии хотирнишин дар рӯйдодҳои 12-17-уми феврали соли 1990 ва пирӯзияш дар интихоботи Шӯрои Олии Тоҷикистон, сарвари идораии мусулмонони Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, соҳиби эътибори зиёди сиёсӣ гашта буд. Вай дар ин муддат тавонист, бо миёнаравияш байни ҳукумат ва издиҳом аз идомаи хунрезӣ ва қатли мардум аз ҷониби нерӯҳои эъзомии Маскав пешгирӣ кунад. Тавонист, ҳукуматро ба рӯзҳои истироҳати сартосарӣ эълон кардани идҳои Рамазон ва Қурбон водор намояд ва тавонист, аз ин рӯйдодҳо беосеб берун ояд, ҳол он ки додситони вақти Тоҷикистон Михайлин ва раиси КГБ Петкел батакрор аз ширкати афроди марбут ба қозиёт дар “баҳманмоҳи хунин” ҷор мезаданд.

Суханронии ӯ дар тазоҳуроти чандинҳазорнафарии назди Кохи Борбад, рӯзи 17-уми феврали соли 1990, аз як сӯ интиқоди шадид аз ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамов буд ва аз сӯи дигар даъват ба эътидолу субот. Мақоми ӯ — раҳбари идораи мусулмонони Тоҷикистон ӯро ба таври автоматӣ дар канори мардуми худ қарор медод ва узвияташ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ҳомии ҳуқуқи интихобкунандагон. Ҳарос ё тамаллуқ нишон надод, балки аз мавқеи нерӯ бо ҳукумат дар сӯҳбат шуд. Барои арвоҳи қурбониён дуо хонду омин гирифт ва эҳсосоти пархошҷӯёнаи издиҳомро фурӯ нишонд. Ҳамзамон дар ҳамин ҷо буд, ки нахустин манифести сиёсии ӯ садо дод. Гуфт, орзу надорад, ба сиёсат бипайвандад, зеро сиёсат палид аст. Орзуи қудрат надорад, зеро ҳамчун як рӯҳонӣ вай бе ин ҳам нуфузи бузурги равонӣ бар рӯҳи мардуми худ дорад. Ва нуктаи меҳварӣ — орзу надорад, ягон мушкили мардумаш бо хун ва зӯроварӣ ҳал шавад.

Дар ду соли баъд аз рӯйдодҳои хунини феврали 1990 саҳнаи сиёсии Тоҷикистон тағйири ҷиддие дид. Президент Маҳкамов зери фишори тазоҳуркунандагон ва аз шарми пуштибонии табаддулоти давлатии мавсум ба ГКЧП маҷбур шуд, истеъфо диҳад, ҳарчанд мегуфт: “Президенти ҷавонам ва ҳоло кор карда метавонам.” Инро ҳам гуфт, ки “ман меравам, аммо шумо боз пушаймон мешавед.”

Ҳизби коммунист баъд аз истеъфои раҳбараш аз мақоми сарвари давлат мисли аждари сарбурида дар рӯбарӯи шикасти бунёдӣ қарор дошт ва даст ба тавтеъаҳо мезад. Саҳна арояш танг шуда буд, зеро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамчунон аҳзобу гурӯҳҳо ва сиёсатмадорони тозае рӯйи он омада буданд. Бо вуҷуди иттиҳоду эътилофҳо хатти ҷабҳа ҳамон ду нерӯи асосиро муқобили ҳам қарор дода буд, ки яке ҳукумат (бо вуҷуди тағйири чеҳра) ва дигаре мардум (акнун дар ташаккулҳои нав ва муназзамтар). Вале агар дар тарафи ҳукумат як иттиҳоду эътилоферо дидан мумкин буд, дар тарафи мардум тақсим шудан ба чанд гурӯҳу равия ба мушоҳида мерасид, ки баъдҳо ба як бемории деринаи мухолифон табдил гашта, дар бисёр маврид сабаби нокомии онҳо мешавад.

Мавзеъгирии сиёсии Тӯраҷонзода дар арафаи ҷанги дохилӣ

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар он марҳила аз шикасти коммунистон истиқбол мекард, вале ҳамзамон мухолифи таъсиси ҳизби исломӣ буд ва мегуфт, ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад. Эҳё ва рушди ислом дар кишвари пасошӯравиро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонист, аммо бунёди як ҷумҳурии исломиро дар Тоҷикистон барои 50-60 соли оянда номумкин мешумурд.

Ҳарчанд коммунистон ӯро таҳрикдиҳандаи пасипардагии ҳизби исломӣ ва ҳавохоҳи бунёди ҷумҳурии динӣ медонистанд, вай ба сари худ як нерӯи мустақилро ташкил медод, асосан мустақилона ё дар ҳамгироӣ бо вакилони демократ ва рӯшангарои Шӯрои олӣ амал мекард ва дар хотираҳояш омадааст, ки дар масъалаи ширкаташ дар тазоҳуроти моҳҳои март-апрели соли 1992 “наҳзатиён” ӯро ба гуфтушуниде дар “маҳалли нейтрал” даъват кардаанд.

Ман худ шоҳид будам, ки тазоҳуроти майдони Шаҳидон бо гузашти ҳар рӯз дар баробари қозии мусулмонони Тоҷикистон лаҳни шадидтаре мегирифт ва ҷамъомадагон дар нутқҳои оташини хеш ҳар лаҳза ӯро ба майдон мехостанд. Агар дар рӯзҳои аввали тазоҳуроти 52-рӯза ин даъват лаҳни хоҳишро дошт, дар фарҷом сози он ҳушдору таҳдид касб карда буд. Аммо Тӯраҷонзода диранг мекард. Барои аксарият вай гӯё рӯҳан дар майдон буд, зеро тарафдорони бешумори ӯ дар майдон буданд. Онҳо мутақоид буданд, ки вай аз талабҳои майдон пуштибонӣ мекунад.

Аммо худаш изҳороти рӯшане надода буд ва ба назар мерасид дудила аст. Ҳарчанд дар интихоботи президентии соли 1991 аз номзади нерӯҳои демократӣ ҳимоят мекард, яке аз аввалин чеҳраҳои сиёсӣ буд, ки пирӯзии Раҳмон Набиевро дар интихоботи президентии соли 1991 шодбош гуфт ва изҳор дошт, ки ба ҳамкорӣ бо вай омодааст. Мухолифон чунин изҳорот надода буданд ва баръакс ман шоҳид будам, ки ҳанӯз ҳамон рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот номзади демократҳо Давлат Худоназаров ва мо, ки тарафдораш будем, хостори тазоҳурот шудем, зеро воқеан дар ҷараёни раъйдиҳӣ тақаллуби зиёде сурат гирифт ва натиҷаҳои эълоншуда ба ҳеч ваҷҳ баёнгари ормони мардум набуд. Танҳо ба хотири ҳифзи суботу амният мо аз тазоҳурот худдорӣ кардем.

Раҳбари идораи мусулмонони Тоҷикистон аз ширкати фаъолу густарда дар таблиғоти интихоботӣ худдорӣ мекард, вале эълом дошта буд, ки аз номзадии Худоназаров ҳимоят мекунад. Аслан, ҳанӯз пеш аз оғози маърака ӯ талош кардааст, ду номзад – Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаровро ба ҳам пайванд диҳад. Дар сурати бо ҳам васл шудани Набиеви солманд ва бозмондаи низоми коммунистӣ ва Худоназарови ҷавону демократ, ба ақидаи Тӯраҷонзода, ҳама гуна омилҳои ихтилоф аз байн мерафт. Вай ба Набиев пешниҳод кард, ки Худоназаровро ба ҳайси ноиб-президент ба дастааш бигирад. Чунин созише ба вуқӯъ напайваст. Зимнан як бахши нерӯҳои мардумӣ талош доштанд, худи Тӯраҷонзода номзади онҳо дар интихоботи президентӣ шавад, вале вай ин пешниҳодро аз ибтидо рад кард.

Тазоҳуроти пуштибонӣ аз вазири умури дохилӣ, Муҳаммадаёз Навҷувонов, ки ҷавонони бадахшонӣ шурӯъ карданду дертар ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ба он пайвастанд ва ин рӯёрӯӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ расонд, дар навбати аввал бар зидди раиси Шӯрои Олӣ, Сафаралӣ Кенҷаев нигарониду шуда буд, ки муддате дар хонадони Эшони Тӯраҷон зиставу тарбия дидааст ва як навъ бародархонди Ҳоҷӣ Акбар ба шумор мерафт. Дар майдони тазоҳурот ба ҳамин нукта ишора кардаву қозии мусулмононро танқид мекарданд, ки ба хотири хешаш шуда, ба майдоне, ки нерӯҳои мардумӣ ҷамъ омадаанд, пой намегузорад.

Тӯраҷонзода, ба навиштаи худаш, талош кардааст, ки Кенҷаевро ҳифз кунад ё дастикам аз аз зери оташ берун кашад. Зимнан, Кенҷаев то пайвастанаш ба эътилофи Раҳмон Набиев ба нерӯҳои миллию демократӣ наздиктар буд ва аз онҳое ба шумор мерафт, ки султаи Қаҳҳор Маҳкамовро шикаст додаанд. Вале баъдан вай аз демократҳо дурӣ ҷуст ва бозии шахсии худро пеш бурд, ботинаш бештар боз шуд, ки дар натиҷа барои ҳама ба як рақиби сарсахту ҷоҳталаб табдил ёфт.

Шодравон Аслиддини Соҳибназар дар хотираҳояш менависад, шабе, ки субҳи дигараш бачаҳои Бадахшон ба майдон баромаданд, дар хонаи як дӯсти помирияш меҳмон буд ва тасодуфан аз ин нақшаҳо огоҳ шуда, ба сӯҳбатҳои телефонии чанде аз мансабдорони помирӣ шарик шуда, ин бардоштро гирифт, ки худи раисиҷумҳур Раҳмон Набиев хостори гирдиҳамоие зидди Кенҷаев аст. Зоҳиран, пас аз интихобот Кенҷаев ба ӯ нозарур ва ҳатто хатарнок гашта буд. Набиев тавониста буд бо истифода аз Кенҷаев лидери қаротегиниҳо Қадриддин Аслоновро аз раёсати порлумон, ки солҳои мадиде мансаби марбут ба намояндагони водии Рашт буд, барканор кунад. Аз эҳтимол дур нест, ин кор ҳам бо аҳдофи муайяне сурат гирифта буд.

Тӯраҷонзода бар ин аст, ки ихтилофи миёни Кенҷаев ва Навҷувоновро Набиев созмон дода буд, то тафриқа андозаду ҳукумат кунад. Навори истинтоқи шармовари Навҷувонов аз ҷониби Кенҷаев дар порлумонро раиси телевизион, шахси наздики Набиев, Атахон Сайфуллоев бидуни таҳрир пахш кард, ки низ ҳадаф аз он низ, зоҳиран, зарба задан ба иззати нафси мардуми бадахшонӣ ва ба аксулмамал водор кардани онҳо буд, ки сад дар сад бароварда шуд.

Ҳоло чӣ гуна шахсе, ки аз ҳамаи ин моҷаро ва бозиҳои пасипардагӣ огоҳии комил дошт, манзур, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, метавонист, бе ҳеҷ андеша ва дудилагӣ, бо чашмони баста ва кӯр-кӯрона ба тазоҳуроти бадахшониҳо бипайвандаду истеъфои Кенҷаевро талаб кунад? Ба ҷои ин вай, тавре дар хотираҳояш мехонем, талош дошт, ба ҳайси шахсе, ки метавонист, дари Набиевро бе иҷоза боз кунаду дарояд ва ҳамчун узви фаъолу бонуфузи порлумон, мушкилро бе хархаша, бо гуфтугӯҳо ҳал кунад. Замоне дид, ки кор ба бунбаст оид аст, бо тамоми воситаҳо талош кард, Кенҷаевро ба назди тазоҳуркунандагон барад, то вай узрхоҳӣ кунад ва бо ин масъала ҳал шаваду хусумат бартараф. Бо ин мақсад, Тӯраҷонзода мулоқоти раҳбари асосии майдони Шаҳидон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Сафаралӣ Кенҷаевро созмон дод, вале аз ин талош низ натиҷае ҳосил нашуд.

Пайвастан ба майдони Шаҳидон

Танҳо пас аз чанд ҳафтаи тазоҳурот, вақте ки мардум ҳар рӯз мепурсиданд, Тӯраҷонзода ба майдон бипайваст ё на, қозӣ дар минбари он зоҳир шуда, мардумро ба оромӣ даъват кард ва ваъда дод, ки ҳамаи талаби онҳоро дар порлумон баррасӣ хоҳад кард. Мардуми майдони “Шаҳидон”, ки аз беҳосилии тазоҳуроти тӯлонӣ дилтанг мешуданд, ин зуҳурро пайвастани қозӣ ба сафи онҳо тафсир карданд, аммо дар хотираҳои Тӯраҷонзода омадааст, вай бо дархости раисиҷумҳур пой ба майдон гузошт. Аз ин бармеояд, вай ҳанӯз ҳам аҳдофи майдоннишинонро напазируфта буд.

Аммо майдон хун мехост. Дақиқан. То ҳанӯз шахсан ман дарк карда наметавонам, ки изҳороти Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва ё ба қавли Бозор Собир, “Сисерони тоҷик”, ки хитоб кард, майдони “Шаҳидон” 27 000 сарбоз дорад, чӣ маънӣ ва ҳадаф дошт? Ин сухан аз ҳамон лаҳзаи талаффуз шуданаш то ҳоло аз китоб ба китотб ва аз мақола ба мақола кӯчида, ҳамчун нишони ҷангталабии мухолифони давлат истифода мешавад.

Чаро гурӯҳ-гурӯҳ ҷавононро дар сафҳои ҳарбӣ меоростанд ва дар хиёбони марказӣ машқи гашт медоданд? Магар ин аломати тазоҳуроти осоишта буд? Чаро садҳо нафарро дар яке аз чунин гаштҳои низомӣ ба дари Кумитаи амнияти миллӣ буданд, дар ҳоле ки се корманди он чандин рӯз пеш омадаву огоҳ карда буд, ба он сӯ нараванд, зеро тори бомҳо пур аз тактирандозҳои нишонзани бегона буд ва фирқаи 201-и Русия ҳам ҳушдор дода буд, ки ба хотири дифоъ аз “иншооти муҳими давлатӣ, ҳарбиёни рус ва аҳли хонаводаи онҳо” ба касе раҳм нахоҳад кард?

Сели мардумро ба он ҷо бурданд ва даҳҳо нафар зери тирборон куштаву захмӣ шуданд. Агар сарони майдони “Шаҳидон” хунрезӣ намехостанд, магар ба чунин иқдом роҳ медоданд? Магар ин корҳоро Тӯраҷонзода созмон дода буд? На, баракс вай аз ҳамаи ин корҳо дур буд ва зидди онҳо эътироз мекард. Имрӯз ӯ шуд хунхор ва ангезандаи ҷанг.

Магар ӯ набуд, ки як мошин аслиҳаи артиши Русияро, ки гӯё роҳгум задаву ба майдони “Шаҳидон” омадааст ва дар чанд сония се қуттии силоҳро боз кардаву чандин калашников ба дасти тазоҳуркунандагон афтода буд, нигаҳ дошт, силоҳи дастибадастрафтаро барчид ва мошинро ба фирқаи 201 баргардонд? Магар як мошин силоҳ барои як ҷангталаб беҳтарин ҳадия набуд? Ман шоҳиди зиндаи ин саҳна будам, то ҳанӯз он автоматҳои рӯғанолуди нав пеши чашмонам аст ва ёд дорам, бисёриҳо он вақт қозиро мазаммат карданд, ки ин тӯҳфаи худододро аз дасташон гирифтааст.

Аммо қозӣ тавонист, ин фактро борҳо ба зидди ҳарбиёни рус истифода кунад ва онҳоро аз ангезиши ҷанг дар Тоҷикистон ҳушдор диҳад. Дида будам, ки генералҳои рус мегуфтанд, ин мошини пур аз силоҳ иштибоҳан ба Майдони “Шаҳидон” рафтааст, дар ҳоле ки ягон роҳи мошинҳои ҳарбиёни рус аз ин масир намегузашт.

Инро ҳам дар ёд дорам, ки дар як нишасти хабарӣ дар буҳбуҳаи ҷанг дар соли 1992 аз ӯ суоли таҳрикомезе карданд. Дар посух гуфт, ки ман шахси рӯҳониям, қозиям ва қозӣ набояд дар се ҳолат тасмимгирӣ кунад. Яке, вақте сари хашм аст. Дигар, вақте гурусна аст ва савум, вақте ки шитоб дорад. Оё чунин шахс метавонист, тасмиме гирад ё ҳарфе бизанад, ки баъдан пушаймонӣ орад?

Аксари сухану амалеро, ки ба Тӯраҷонзода нисбат медиҳанд, бозмондаҳои таблиғоти замони рӯёрӯӣ ва ҷангу нооромист. Кор ба ҷое расида буд, ки дар ҳаққи ӯ ба воситаи телевизиони давлатӣ гуфта буданд, бо сатил арақу коняк менӯшид ё ки дар Эрон 15 ҳазор фаранҷӣ фармоиш додааст, то зану духтаронро ҳиҷобпӯш кунад ва гӯё амр додааст, мардҳои аз 3-сола болои минтақаи Кӯлобро ба ҳалокат расонанд, зеро онҳо аз 3-сола боло ҳама коммунистанд ва ё мардуми минтақаеро “суск” (“таракан”) номидааст. Таблиғоти ҷангӣ одатан ҳамин гуна кӯтоҳ ва хотирмон аст. Ин сабки КГБ мебошад. Ёдам ҳаст, дар рӯйдодҳои феврали соли 1990 овозае бо суръати барқ паҳн шуда буд, ки тазоҳуркунандагони тоҷик зани обистан (ҳомила)-ро ба дарё партофтаанд.

Ман аз ҷумлаи шоҳидони таҳаввулоти соли 1992 будам ва агар Худо мадад кунад, ҷамъи дидаву шунидаҳои озмуда ва санҷидашудаи хешро ба нашр хоҳам расонд. Дар додгоҳи виҷдон гувоҳӣ медиҳам, ки ҷаноби Тӯраҷонзода ҳаргиз ҳеч яке аз ин суханонро ба забон наовардааст. Агар ба амалкардҳои баъдинаи ӯ, ба вижа дар давра гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон (1994-1997) нигарем, рӯшан мебинем, ки ӯ ҳамеша ҳақшиносӣ кардааст. Яъне ҳаққи дигаронро шинохта ва ба он арҷ гузоштааст. Он вақт дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт: “Чаро дар ватани мо кор ба ҷангу хунрезӣ кашид? Барои он ки ҳангоми ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ ҳаққи сарони воқеии минтақаи Кӯлоб поймол гардид, нисбати онҳое, ки метавонистанд, аз ин мардум намояндагӣ кунанд, беэҳтиромӣ ба амал омад.”

Яъне онҳое, ки ба Ҳукумати Муросои Миллӣ шомил шуданд, манофеи яке аз минтақаҳои кишварро поймол карданд, ин мардумро аз худ “гурезонданд” ва ба ихтиёри бегонаҳое доданд, ки хушии тоҷиконро намехостанд.

Дар марҳилаи дигаре аз раванди сулҳ, ҷаноби Тӯраҷонзода талош кард, намояндагони шимоли кишвар, ки зери парчами сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов ҷамъ омада буданд, ба гуфтушунид роҳ дода шаванд. Вай мегуфт, “агар мо сулҳ мехоҳем, бояд сулҳи ҳақиқиро ба даст орем ва ҳеч гурӯҳ ё бахше аз мардуми худро канор ва норозӣ нагузорем.” Фикр мекунам, агар он вақт ба ин гурӯҳ низ имкони ширкат дар гуфтушунид дода мешуд, ҳамлаҳои сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дертар бо Абдуллоҷонов пайванд доштанаш ошкор гашт, ба вуқӯъ намепайваст ва ин қадар хуни дигар намерехту ин қадар кинаву хусумат то имрӯз идома намеёфт.

Ба назари ман, талош ба адл ва тавозун дар сухан ва аъмоли ҷаноби Тӯраҷонзода аз таълиму тарбияи исломии ӯ ва ҳам аз меъёрҳои амали қозӣ (довар, миёнарав, қазоваткунанда) маншаъ гирифтаанд ва ӯ натавонистааст, аз онҳо сарфи назар кунад. Садоқати тақрибан фитрии ӯ ба ин аслҳо сабаб шуд, ки вай дар гуфтушунидҳои сулҳ сари масъалаҳо ва тарзи ҳалли онҳо мӯшикофию пойфишорӣ кунад, ки дар натиҷа хашми тарафи ҳукумат ва Русия дар шакли “аксиома”-и “Тӯраҷонзода — мухолифи сулҳ” интишор гардад.

Гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон

Агар ӯ мухолифи сулҳ мебуд, даҳҳо фурсати муносибе дошт, ки тамоми раванди гуфтушунидро барои солҳои дароз аз байн барад ва ба гузаштҳое, ки зери фишори авзоъ, талаби ҳамсангарон, ояндаи миллат дар лаҳзаҳои ҳассос роҳ дод, бо шиорҳо ва далелҳои маҳкам роҳ надиҳаду фарояндро ба дарозо кашад. Аммо чунин накард ва дар лаҳзаҳои муайян ақиб нишаст, чун аз шикасти комили раванди сулҳ меҳаросид ва ҳам аз он ки бадноми таърих нагардад.

Аммо дар ҳамин давра буд, ки бозиҳои дигаре ҷараён дошт. Дар атрофи ӯ ва ҳам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ афроде ҳам ҷамъ омада буданд, ки худро сарсупурдаи ин раҳбарон нишон медоданд, аммо дар асл ба созмонҳои ҷосусии хориҷӣ хидмат мекарданд ва бисёре аз сухани амали эшон баёнгари ин буд, ки хадамоти ҷосусии хориҷӣ дар пайи ҷудоиандозӣ миёни раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисюни тоҷиканд. Аз ҳамон давра буд, ки тафриқаандозӣ ба муҳимтарин силоҳи зидди аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф озмоиш мешуд.

Дуруст аст, ки Тӯраҷонзода дар гуфтушунидҳои сулҳ талабҳои қатъӣ ва ғолибан мантиқӣ дар миён мегузошт. Дар дифоъ аз сарсахтии худ вай мегӯяд, ҳадафаш эъмори як сулҳи воқеӣ буд, ки дигар на хости худиву бегона ё тасодуфе натавонад онро халалдор кунад. Вай сулҳе мехост, бар пояи адле, ки мешинхот ва тарафдоронаш мешинохтанд. Сулҳи барои ҳарду тараф баробар ва барои ҳарду тараф боарҷ.

Агар вай бино бар таблиғоте, ки солҳост идома дорад, ҷосуси КГБ мебуд, мебоист, аз хатти маши русҳо ҳимоят ва пайравӣ мекард. Вале ман шоҳид будам, ки Тӯраҷонзода бадтарин нафар барои ноиби вазири умури хориҷии Русия Алберт Чернишев ва фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон, Александр Облов буд. Облов ҳатто дар назди мо, журналистон, бидуни пинҳон доштани танаффураш мегуфт, агар Тӯраҷонзода аз гуфтушунид барканор шавад, сулҳ дар як рӯз ба даст хоҳад омад.

Ман дар соли 1994 шоҳиди гуфтушуниде дар Сафорати Русия дар Теҳрон будам, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва зиндаёд Муҳаммадшарифи Ҳимматзода бо сафир Сергей Третяков анҷом доданд. Третяков ба пешвози сарони мухолифони тоҷик набаромад ва дар як долон онҳоро наздик ба 20 дақиқа мунтазир нигоҳ дошт ва вақте ҳам пеш омад, аввал ба оҳистагӣ сӯҳбат карда бошад ҳам, хеле худ ба таҳдид гузашт. Вай хостори ин буд, ки мухолифони тоҷик шартҳои сулҳро бипазиранд. Вақте ҷаноби Тӯраҷонзода далелҳои тарафи худро ба миён мегузошт, сафир дар муқобили онҳо чизе гуфта наметавонист ва ба доду фарёди ғайридипломатӣ медаромад.

Гуфтушунид бо он ба поён расид, ки Тӯраҷонзода тарафи Русияро дар бомбаборони гурезаҳои тоҷик дар кампҳои шимоли Афғонистон айбдор кард ва гуфт, хуни занону кӯдаконе, ки дар он ҷо кушта шуданд, ба гардани раҳбарони Русия аст.

Дар мулоқоти Маскав Евгений Примаков ба Тӯраҷонзода таҳдид мекард, ки оё аз ҷони худ наметарасад? Дар зимн, ҳамин Примаков аз номи раҳбарони Русия ба шахси Тӯраҷонзода ваъдаи мансаб мекард, то аз талабҳо дар гуфтушунид даргузарад. Агар ҷаноби Тӯраҷонзода қудратталаб мебуд ё танҳо манфиати худашро фикр мекард, ҳанӯз он вақт метавонист, аз чунин мавридҳо сӯистифода кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сиёҳноманависон ӯро муттаҳама мекунанд, аз фаъолияти сиёсияш барои манофеи худ истифода кардааст. Онҳое, ки инро менависанд, як бор ба раҳбарияти феълии кишвар нигоҳ кунанд ва бори дигар навиштаҳои худро бихонанд, бад намешавад.

Иттиҳоми тундравии динии Тӯраҷонзода ҳам ба домани ҷомаи ӯ намечаспад. Вай борҳову борҳо собит кардааст, ки мунодии исломи ноб, мӯътадил ва илмию фиқҳист. Агар вай рӯҳонӣ намебуд, шояд ин қадар ҳадафи ҳамла қарор намегирифт, зеро ҳар сиёсатмадоре дар ниҳонхонаҳои дилаш орзу мекунад, нуфузи як рӯҳониро дошта бошад. Агар донишманд ва боҷасорат намебуд, шояд ҳоло фаромӯшаш карда буданд. Агар харида ва фурӯхта мешуд, кайҳо обрӯяшро аз даст медод. Вале ин ҳақиқатро ҳам бояд афзуд, ки вай низ ба монанди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ё Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва чеҳраҳои дигари сиёсӣ маҷбуру маҳкум ба ин буд, ки дар доираҳои имкониятҳои мавҷуда ва бо назардошти шароит амал кунад, ҳарчанд ин ҳам буд, ки онҳо гоҳе марзҳои ин имкониятҳоро то ҷое ки метавонистанд, мегустарданд. Аммо боз ҳам то ҳадди муайян.

Хулоса

Ин буд номае, ки мехостам ба дӯсти ҷавон бифиристам, вале ба ӯ танҳо бархе аз нукотро иҷмолан баён доштам ва акнун ин андешаҳоро нигоштам, бидуни он ки ба сарчашмаи катбие хира шавам ва иқтибосҳоро қатор бичинам. Гуфтам, ҳадафам дифоъ аз ин шахси арзандаи мардуми тоҷик не, балки гуфтани чизҳоест, ки ғолибан нодида гирифта мешаванд. Бо ҳадаф ва бе ҳадаф. Пас, дӯсти ҷавон, бидон, ки ончӣ имрӯз ин ҷову он ҷо мехонӣ ё мешунавӣ ҳамагӣ тарафи дигар ҳам доранд. Ҳақиқатро замоне хоҳӣ дарёфт, ки ҳамаи тарафҳои масъаларо бидонӣ ва дар тарозуи ақли хештар бигузорию чен бикунӣ. Орзу дорам, ки рӯзе расаду замони аксҳои сиёҳу сафед бигузарад ва ҷаҳонро бо ҳамаи рангҳояш бубинӣ.

06.06.2011 - Posted by | Баҳс, Дин, Сарнавишт, Сиёсат, Таърих |

16 Comments »

  1. Дастат дард накунад ,бародар! Бистсола захмати сияхнависонро ба кавле ба як нул зади, ин кадар фактхора, рости, мо намедонистем. Расми зебои хочиро хам шарх медоди ,ки кистанд?

    Comment by Точик | 07.06.2011 | Reply

  2. Ман розиям- Турачонзода сабабгори марги бародарони бегунохи точикост!!! дар вакте ки у оаммекушт танхо Эмомали дар дивизяи 201 россия хоб мекарду….мардони бовичдони миллатро Екуб Салим, Лангари, Сангак,Достиев, Зухуровро ба марг равон мекард! хатто тарзи сухангуфта наметонист! холло бошад тамоми хизматои дигаронро аз худ карда давлатро аз худ кардаст!!!!

    Comment by Farid | 07.06.2011 | Reply

    • Андешаи сабук аст. Афсӯс.

      Comment by aioubzod | 07.06.2011 | Reply

  3. Навори истинтоқи шармовари Навҷувонов аз ҷониби Кенҷаев дар порлумонро раиси телевизион, шахси наздики Набиев, Атахон Сайфуллоев бидуни таҳрир пахш кард, ки низ ҳадаф аз он низ, зоҳиран, зарба задан ба иззати нафси мардуми бадахшонӣ ва ба аксулмамал водор кардани онҳо буд, ки сад дар сад бароварда шуд. – ин наворро аз кучо ёфтан мумкин аст.

    Comment by Бадахшони | 07.06.2011 | Reply

    • Бовар дорам, ки навор дар бойгонии Телевизиони кишвар мавҷуд аст ва шояд нусхае аз он дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ бошад.

      Comment by aioubzod | 07.06.2011 | Reply

  4. Салом! Ҷаноби Аюбзод шумо бадахшиҳоро муттаҳам ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ кардаед! Ҷаноби Давлати Худоназарро низ тарафдори хостори тазоҳурот номидаед! Ман ба ин суханон бовар надорам! Ба фикрам ҷаноб, шумо Аюбзод пир шудаед ва овони ибодат ва роҳататон расидааст, на таҳлил!

    Comment by Ханҷар | 07.06.2011 | Reply

  5. Ин баҳс дар Рухнома ҷараён ёфтааст:

    Hanjar Kurbonbekov Салом! Ҷаноби Аюбзод бадахшиҳоро муттаҳам ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ кардааст! Ҷаноби Давлати Худоназарро низ тарафдори хостори тазоҳурот номидааст! Ман ба ин суханон бовар надорам! Ба фикрам ҷаноби Аюбзод пир шудааст ва овони ибодат ва роҳаташ расидааст, на таҳлил!
    6 hours ago · Like

    Сайидюнуси Истаравшани Ханҷари азиз, баҳс ин ҷо руи бадахшиву ғайри бадахши нест, Аюбзод аз шоҳидони айнии он вақойеъ мебошад. Ман ки мақолаашро хондам, як чунин бардоште, ки шумо кардаед, накардам.
    6 hours ago · Like

    Hanjar Kurbonbekov Аммо аҷибаш он, ки ҷаноби Аюбзод, ба гайр аз бадахшониҳо номи сокинони дигар маҳалҳоро нагирифтааст, ки шояд тасодуф бошад, вале ба ҳар ҳол сухан сухан аст ва ҳақиқат маҳфуз!!!
    6 hours ago · Like

    Сайидюнуси Истаравшани Хоҳиш мешавад як бори дигар ва бо диде дигар мақолаашро бихонед.
    6 hours ago · Like

    Hanjar Kurbonbekov Мо бо ду дида як дид дорем ва таҳаммули гуфтор ва навишти беасос ва бедалелро низ надорем! Ассалому алейкум!
    6 hours ago · Like

    Сайидюнуси Истаравшани Ханҷари гироми, то он ҷо ки шуморо мешиносам, ҳаргиз таваққӯи маҳалгароиро аз шумо надоштам. Мебахшед, ки чунин мегӯям, шумо Аюбзодро ба чизе муттаҳам мекунед, ки доманаш аз он бари аст, бовар кунед. Пузиш аз ин ки чунин мегӯям.
    6 hours ago · Like · 1 person

    Hanjar Kurbonbekov Бародарбузурги мушфиқ ва бениҳоят арҷманд Сайидюнус, бале, ман миллатпарасти маҳалгароям, аммо на ба он хотире, ки миллат, маҳал ва ҳуввиятамро бартарӣ бар дигарон донам, балки ба хотири фахр аз озода будан, аз рост гуфтан, тарсу набудан, д…
    See More
    6 hours ago · Like · 2 people

    Сайидюнуси Истаравшани Камина ҳаргиз бо озодаги, дигарандеши ва рости мухолиф набудам ва нестам, балки худ тарафдору ҳаводори сахти ин вижагиҳоям. Манзури ман ин набуд, балки хостам арз кунам, ки Аюбзод чунон ки ишора мефармоед, нагуфтааст. Аз суи дигар, агар воқ…
    See More
    5 hours ago · Like · 1 person

    Hanjar Kurbonbekov Ин назари шумост ва ман ба он эҳтиром қоилам. Бо умеди ҳамдигарфаҳми ва тамос дар оянда. Пируз бошед!
    5 hours ago · Like · 1 person

    Fakhri Nabizoda Донаи гавхар чи рези назди мурги донахор…
    5 hours ago · Like · 1 person

    Fakhri Nabizoda Чаноби Аюбзод, олим, нависанда, сиёсатшинос ва тахлилгари раками як аст! Аввал уро хуб шиносед ва баъд ба нишонаи у сухан гуед. Ин бузурги Худо тамоми хастияшро ба миллат бахшидааст. Агар кадом точике, ки надонист кур хохад шуд.
    5 hours ago · Like · 1 person

    Fakhri Nabizoda Чаноби Аюбзод, БИНАВИС, БИНАВИС, БИНАВИС. Хар чи дилу дидаат хост бинавис, ки он хама дарди дили мост.
    5 hours ago · Like

    Salim Aioubzod Ханҷари азиз. Ман дар он интихобот яке аз шахсони мӯътамади устод Давлати Худоназар будам ва бо устод Бурҳони Ғанӣ дар ба дари мардум дар саросари вилояти имрӯзаи Суғд овоз гадоӣ кардаам. Ман дар ситоди ӯ будам ва худи ман ҳам хостори тазоҳурот будам, зеро садҳо баргаи раъй дар даст доштам, ки мардум барои барои Давлат раъй дода буданду ин баргаҳоро ман аз қутти партовҳо ёфта будам.
    2 hours ago · Like · 1 person

    Salim Aioubzod Манзури ман айбдор кардани касе нест, балки гуфтани он чизҳое, ки дидаму шоҳид будам, зеро бе ин чизҳо баҳои бисёриҳоро мебинам, ки ноҳаққона садо медиҳад.
    2 hours ago · Like · 1 person

    Salim Aioubzod Хеле мутаассифам….
    2 hours ago · Like · 1 person

    Abubakr Ismoilov shumo mexohen namexohen haqmegen namegen dar bori in shaxsiyt in figri shaxsi xudishumost ki megen inxel neki hastan digaron ki xilofi raay shumo harf mezanan i haqm doran zero ki in shaxsiyat maasum ki nest .
    55 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 07.06.2011 | Reply

  6. Сипосгузорам аз онҳое, ки манзури маро аз ин хотира дуруст дарёфтаанд. Афсӯс, ҳақиқат на ба ҳама хуш меояд. Аммо қатъи назар аз ин бояд гуфта шавад.

    Comment by aioubzod | 07.06.2011 | Reply

  7. Идомаи баҳс дар Рухнома (Facebook)

    Tojdor Tojikon On chi ki aen ast hojat ba baen nest!
    Man ba fikru andeshahoi shumoro ehtirom meguzaram har shakhs har chiro harkhel mebinad
    Afsus mekhuram ki hakikatro to ba hol kase nanavistaast dar in bora
    Badbakhtona mo az fursat istifoda burda boyad Samarkandu Bukhororo ba Tojikiston barmegardondem ammo badbakhtona du se nafar ba fikri manfiathoi shakhsii khudashon mardumi nav az kafasi sangini shuravi raho eftaro gumroh karda az pasi khudashon burdand ki boisi in hama badbakhtiho shud
    Charo holo Turajonzoda du se korkhonaro giriftaastu mardumro faromush kardaast az mushkiloti mardum hej sukhan namekunad
    10 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 08.06.2011 | Reply

  8. Facebook:

    Abubakr Ismoilov shumo mexohen namexohen haqmegen namegen dar bori in shaxsiyt in figri shaxsi xudishumost ki megen inxel neki hastan digaron ki xilofi raay shumo harf mezanan i haqm doran zero ki in shaxsiyat maasum ki nest .
    11 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 08.06.2011 | Reply

  9. Facebook:

    Dariush Rajabian Суҳбате, ки инҷо даргирифта, ҳокӣ аз шахсияту маъсумият нест, балки бардошти маҳаллӣ аз як мавзӯъи миллист. Умедворам рӯзе фаро бирасад, ки якояки мо бингарем, ки чӣ мегӯяд ва нангарем, ки кӣ мегӯяд. Агар дар гуфтаҳои касе мантиқ мелангад, бояд пои ланги мантиқ мавриди суолу синҷин воқеъ шавад, на шахси нигоранда (ба далели таъаллуқаш ба ин ё он маҳал, миллият, кишвар ё қора). Боъиси сарафкандагии беҳадду ҳаср аст, ки мо ҳамчунон дар миёни ҳисори торики маҳал гирифтор мондаем.
    6 hours ago · Like · 1 person

    Comment by aioubzod | 08.06.2011 | Reply

  10. Браво, устод! Навиштаи пешинатонро, агар ба хотиратон хаст, бадтарин интихоби мавзуъ номида будам. Шумо пурсидед, чаро, магар талоши омухтани ботинхо дар даврони омехта шудани онхо мавзуъи баде аст? Ва маро хамин суолатон осемасар кард, чун вокеъан мавзуъи баде нест. Банда аслан то охир нафахмида будам, ки чаро он навиштаатон табъи маро хира намуд. Боз як бор онро хондам, аммо бенатича. Ва инак, устод, Шумо ба он суолатон бо ин навиштаатон чавоб гуфтед ва маро хам рахонидед. Он мавзуъ мавзуъи хуб буд, аммо мавзуъи дархури Салими Аюбзод набуд. Хайр, кадом як чехе аз хучуми чахонишави кадом як хислаташро тагйир ё аз даст додааст, баъд чи? Ин мавзуъро бигзор ягон институти чамъиятшиносии хамон Чехияатон омузад, мо аз Салими ХУДАМОН навиштахое чун мофавк интизорем. Ё ман хато мекунам, хонандагони устод Аюбзод?

    Comment by Farid | 08.06.2011 | Reply

  11. Facebook:

    Hanjar Kurbonbekov Ҷаноби Салими Аюбзод, салом! Оғоз ман беҳад мамнунам, ки ҷаноби шумо ба назари ман ҷавоб додед, ва ин боиси фахр ва хурсандии ман аст, зеро ҳануз аз овони кудаки бо исми шумо, аз амаки шаҳидам Нафасбек Раҳмонӣ, ба таври хубӣ ошноям. Шуморо ҳамчун бузургмарди сухани тоҷик мешиносам! Агар назари ман каме ҳам боиси нороҳатии фикратон гашта, то лутфан пузиш мехоҳам аз шумо. Аммо баъд: ман дустдори маҳали худ ҳастам(чунончи бародарҳо Сайидюнус ва Дориюш маро муттаҳам ба “маҳалгароии манфӣ” кардаанд) аммо на ФАНАТИКИ маҳали худ ва маҳз маҳалдуст миллатдуст ва миҳандуст аст! Ва ман басо дилмонда ва ҳузнангезам аз он, ки чун сухан оиди ҷанги бародаркуши тоҷик меояд, то ҳатман аввал исми Бадахшон ва фарзандони У руи қоғаз меояд. Зеро насли наврас, ки ояндаи миллат аст, маҳз аз суханони бузургмардоне чун шумо, оқои Аюбзод, таърихи он фоҷеъаи нангини миллати бузурги тоҷикро, хоҳанд фаҳмид. Худо накунад, ки онон иттилоъи нодурусте гиранд, на аз он хотир, ки шумо ноҳақ менигоред, балки шояд аз нигориши он аводис аз нигоҳи муайяни руз ва вақт дар он овон. Панҷу чор хаст миёни ду бародар имруз, Хок дар маънии ин панҷу чаҳор андозем! Саломат бошед!
    8 hours ago · Like · 3 people

    Comment by aioubzod | 08.06.2011 | Reply

  12. Доғи Нафасбеки азиз аз дили ман нарафтааст. Касе ки ӯро ба ҳалокат расонд, номарди номардон ва пасттарин махлуқ аст. Солҳост, дарди уро мекашам ва мехоҳам чизе бинависам, аммо баландии шеърҳои ӯ пеши роҳамро мегирад.

    Шояд маҳалдӯст будан хуб бошад, аммо маҳалдӯстии баъзеҳо ин эҳсосро он қадар шарманда кардааст, ки ҳар яки мо агар фарзандони ин хокем, бояд маҳалли худро канор гузорем. Шояд дар ояндаи дур, вақте ки ҳама чиз беҳтар шуд, пасовандони мо ин ҳақро дошта бошанд.

    Фоҷиаи Тоҷикистон гунаҳкорони муайян дорад, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, аммо онҳоеро, ки фанду фиреб хӯрдаанд, ман гунаҳкор намеҳисобам. Ҳазорон ҷавононро дида будам, ки фикр мекарданд, барои ватан меҷанганд. Аммо…

    Дар бораи бачаҳои Помири азизи ҳамаи мо, ман суханони Соҳибназаровро овардам, ки онҳоро шӯронданд ва ба майдон кашиданд, зеро заъфи онҳоро медонистанд ва дар интихобот ҳам намояндаи Бадахшон “шикаст” хӯрда буд. Сухан дар ин боб зиёд аст, ман дар ин бора навиштанӣ набудам, балки дар бораи равандҳои дигаре.

    Саломат ва сарбаланд бошед.

    Comment by aioubzod | 08.06.2011 | Reply

  13. Дипломати асил мегуянд, ки пеш аз сухан огоз кардан ками камаш хафт бор фикр мекунад, ки гуяд ва ё нагуяд ва дар охир намегуяд… Максади Турачонзодаро фахмидан хам осон аст ва хам кин аст. Хаёти инсон бенихоят кутох аст ва ба максади бузург расидан умри як инсон ками мекунад, ва барои хамин хам касе, ки дар калла фикри хукумрон шуданро дошта бошад кушиш менамояд диктатор шавад ва дигаронро серая масса намояд. Максади тамоми “бузургони” мо хамин аст ва ин хатои бузург моро ноком хохад кард.

    Comment by Мир Об | 10.06.2011 | Reply

  14. Салому дуруд ба бародари гиромикадр Салими Аюбзод. Пас аз мутолиаи навистахои шумо хело хушнуд шудам, ки хакикати гузаштаро руи варак овардед. Ман хело ва хело афсус мехурам, ки 20 сипари шудаасту холо хам баъзе аз бародарони мо намехоханд хакикати холро чустучу кунанд ва фахманд ки сабаби чанг чи буд? барои чи чанг шуд? ки хато кард? ки ба оташ бензин рехт ва хоказо….. Бовар кунед ман хайрон мешавам, ки аксарият ба он коиланд ки чангро аз фурсати муносиб истифода бурда душманони миллати азизамон тархрези карданд, ба хадафашон расиданд, аммо Худованди бузург рахми миллати моро хурда, хушдор дод, ва зуд буд ки сари миз нишастанду сулхро барпо карданд. Сулх мегуянду вохима мекунанд, магар сулх овардан баъд аз чунин хунрезиву кинаву адоват осон аст? Ин бародаронамон ки сабабгори чангро дар симои Хочи Акбар мебинанд, фаромуш карданд, ки миллати точик дар хамон давраи чанг зери хатари даргирихои байни минтакаи Кулобу Кургонтеппа баъди вафоти Файзаливу Сангак шуда буд. Худо нохоста агар гирифтори ин фитнаи навбатии душманон мардуми хар ду минтака мешуд, холи точикон чи мешуд? Е ин ки душманон хостанд бо суикасд бар чони Сарвари Кишвар чанги навбати байни чанубу шимол барпо кунанд, аммо тирашон хок хурд. Давлати точикон таксим мешуду мерафт. Лекин шукрона кардан даркор ки сари вакт мардуми мо фахмид ки тахлилгари чанг ки будааст, сабабгор киву бояд киро гунахкор кунем. Дар охир мехохам даст ба дуо бардорам ва талаби он дорам аз ХУдованд мардуми моро бо рохи рост хидоят бикунад, кинаву адоватро дур бикунад, ояндаи давлатамонро рушан бикунад, аз шарри душманон эмин бидорад, аз офатхои заминиву осмони нигах бидорад.
    Худованд нигахбонатон бошад Салими Аюбзод.

    Comment by Зарафшони | 20.06.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: