Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Вақте ки мемирем…

Марг ҷое барои ҳарос надорад, балки ягона ҳақиқате дар ин зиндагист. Ҳар рӯз дар ҷаҳон 160 000 нафар мемиранд ва хушбахтона, 360 000 нафар зода мешаванд. Ҳар рӯз даҳҳо нафари бегуноҳ ва ҷавон дар Афғонистон, Ироқ ва акнун кишварҳои дигари оташгирифта кушта мешаванд. Ҳар рӯз 1 тоҷик дар Русия аз беэҳтиётӣ, беморӣ ё ба дасти нажодпарастон ҷон медиҳад.

Дар баробари марг ҳама баробаранд. Сарватмандро дар лаҳзаи марг чизе наҷот нахоҳад дод ва тамоми пулу моли ӯ ба хоки сиёҳ баробар хоҳад шуд. Вазир, вакил, сарвазир ё раисиҷумҳур ҳам он замон ба як мурғаки паркандаи оҷиз монанд хоҳанд шуд. Бенавое, ки бо ними нон зистааст, андаруни кафан аз шоҳ ё сафир фарқе нахоҳад дошт.

Мавзӯъ ин аст, ки чӣ гуна хоҳем мурд? Орому қаноатманду розӣ аз умри зистаи худ ё ғамгину ҷонсараку пураламу пархошҷӯ аз рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳои ба ҳаво дода ё бадтар аз ин — кажроҳаи зиндагии хеш?

Лаҳзаи даргузашти падарам ба ёдам мерасад, ки дар он охирин сонияҳои умри худ мисли як кӯдак лабханд мезаданд. То ҳанӯз рамзи чунин лабханди вопасин лаҳзаи ҳаёти инсонро меҷӯям. Дар як достони кӯтоҳ ба номи “Мушкилтар аз зиндагӣ” риштаи суханро ба ҷое кашидам, ки фариштае аз осмон фуруд меояд ва ба гӯши шахси дар ҳоли сакарот ҳарфе мегузорад, ки шахс беихтиёр табассум мекунад. Сангинии ҳастӣ аз дӯши ӯ меафтад ва шояд дар сари шонаҳояш болҳои сафед боз мешаванд.

Аммо ҳатман на ҳама дар он охирин нафас фариштавор лабханд хоҳанд зад. Аксеро дида будам, ки дандонҳо берун ҷаставу лабро газида буданд. Ё акси дигар шахсеро нишон медод, ки бо чини абрӯ ва ҷоғи сахт фишурда ин ҷаҳонро тарк кардааст.

Бовар дорам, онҳое ки дар зиндагӣ ноҳаққии зиёд кардаанд, ба марги пурмашаққате рӯбарӯ хоҳанд шуд. Афроде имрӯз гумон мекунанд, дар он вопасин лаҳза мансаби баланд ё сарватҳои бешуморашон, ҷияну тағаву ёру шарикони зиёди “сабзондаву хӯрондаашон” ба имдодашон хоҳад расид, вале ҳайҳот, он лаҳза бо ҳазрати Азроил тани танҳо хоҳанд монд. Шояд он замон аст, ки фикр кунанд, киро ноҳақ аз ҷон маҳрум карданд, ба зери пойи кӣ чоҳ канданд, моли киро ба меъда заданд, кадомиро бегуноҳ барои солҳо зиндонӣ карданд, киро аз ватан ронданду аз зиндагии осуда маҳрум намуданд. Гумон надорам, чунин хотираҳо мӯҷиби лабханди онҳо шаванд.

Шояд шаккокист, аммо дар ин фалсафа ман асли омиёнаи  “тавба”-ро ба гунае ки миёни мардум роиҷ аст, қабул надорам. Чӣ маънӣ дорад, ки умре дар бадиҳо ғарқ бошию дар он охирин лаҳза тавба кунӣ ва омурзиш бинӣ. Бахшояндаи меҳрубон агар чунин омурзише бидиҳад, ноҳаққии бузурге ба ҷабрдидагон хоҳад шуд. Ҷабрдидагони чунин шахс дубора ҷабр хоҳанд дид ва ин бор аз марҷаъе, ки набояд ба адли он шакке ҷой дошта бошад.

Биноан, бар инам, ки асли “тавба” шояд фақат як таскин ва ҳидояти тағйир аст, ки кам андар кам метавонад, ба дигаргунии воқеии ботин ва кирдор сабаб гардад.

Худам осуда хоҳам мурд. Ҳар замоне ки Ӯ хост, амонаташро бигирад, бо хушӣ онро бар хоҳам гардонд. Шукр, маро ба ин дунё овард, то чанд рӯз меҳмон бошам ва сад шукр, ки маро хоҳад бурд. Пушаймониҳои кӯчаке юой хоҳанд дошт, вале на тавба. Ва бовар дорам, ки бо лабханд хоҳам рафт. Осудаву ором.

09.06.2011 - Posted by | Баҳс, Дурнамо, Инсон, Сарнавишт, Табиат, Фалсафа

8 Comments »

  1. Шояд шаккокист, аммо дар ин фалсафа ман асли омиёнаи “тавба”-ро ба гунае ки миёни мардум роиҷ аст, қабул надорам. Чӣ маънӣ дорад, ки умре дар бадиҳо ғарқ бошию дар он охирин лаҳза тавба кунӣ ва омурзиш бинӣ. Бахшояндаи меҳрубон агар чунин омурзише бидиҳад, ноҳаққии бузурге ба ҷабрдидагон хоҳад шуд. Ҷабрдидагони чунин шахс дубора ҷабр хоҳанд дид ва ин бор аз марҷаъе, ки набояд ба адли он шакке ҷой дошта бошад.

    Ассалому алайкум ва рахматуллох!
    Мулохизот ва андешахои шогирдонаи маро кабул фармоед…🙂

    1. Фалсафаро канор гузоред.
    Хикмату фалсафа корест, ки поёнаш нест
    Силии ишку мухаббат ба дабистонаш нест

    2. Шуморо эхтиром мекунам, лекин бояд бигуям, ки каме дар масоиъли эътикоди сахлангори мекунед. Чунки масъалаи тавба омиёна несту як асли бузурги эътикод аст…(Оят ва аходиси зиёде дар ин масъала дастраси хамагон аст).

    3. “Агар чунину чунон кунад” – Худованд аз кардахояш пурсида намешавад, балки мо пурсида мешавем. لَا يُسْأَلُ عَمَّا يَفْعَلُ وَهُمْ يُسْأَلُونَ Сураи анбиё-23. (21:23)

    4. Чабрдидагонро худованд рози хохад кард. Боз чи мехохед Устод🙂 ?
    Дар хадис омадааст, ки “Худованд хакки гусфанди бешохро аз гусфанди шохдор хохад гирифт.
    Инчунин яке аз шартхои кабули тавба (агар гунох вобаста ба махлукоти Аллох бошад), ин рози кардани он махлук аст, пеш аз он ки аз Худованд магфират пурсад.
    Инчунин пеш аз дохил шудан ба чаннат дар “Кантара” бугзу адоват ва “дар таги дил будаги кинахо” зудуда шуда баъд ба макарри саъодат ва рахмат ворид хохем шуд, иншоаллох.

    ИН маънои онро надорад, ки мо ба зулми золимон рози бошем, лекин барои онхо тавбаро аз чониби Аллохи мехрубон таманно дорем. Ва муътакидем, ки золим дар хатари бузург аст.

    Бо эхтиром Мухаммадазизи Рачаби

    Comment by Muhammadaziz rajabi | 10.06.2011 | Reply

  2. Fecebook:

    Fazliddin Karimzoda оқои Аюбзод ҳамон гуна мегуем ки ҷои ҳарос надорад аммо бовар кунед ҳангоме мешавад каме ба марг наздик мешавем чунон ваҳме моро фаро мегирад ки забон аз тасвираш оҷиз аст….Бубахшед!
    Yesterday at 8:07pm · Like

    Dariush Rajabian عمرتان دراز باد
    20 hours ago · Like

    Bekha Tajik Чандин ғами молу ҳасрти дунё чист ? Ҳаргиздиди касе ки ҷоид бизист ? Ин як нафасе ки дар тант оритест. Бо орият бо орият бояд …
    See More
    18 hours ago · Like · 1 person

    Farrukhi Safari salomat boshed ustod!
    11 hours ago · Like

    Гулшан Довудов Устод худованд бар шумо умри бардавом дихад
    9 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 10.06.2011 | Reply

  3. ٍУмри бобаракате насибатон бод!
    Худо кунад, ки чи хадафу орзуе доред, Аллох бароварда гардонад.
    Бо як чахон ихлос.

    Comment by Абдуазим | 14.06.2011 | Reply

  4. Дуруд!
    Маргро дар чанд сурат дидаам… Лек аз хозир дар фикри онам, ки марг маро ба кадом сурат медида бошад…

    Comment by Аналитик | 21.06.2011 | Reply

  5. Дуруд!
    Маргро дар чанд сурат дидаам… Лек аз хозир дар фикри онам, ки марг маро ба кадом сурат медида бошад… ва чи сирате…?

    Comment by Аналитик | 21.06.2011 | Reply

  6. Агар ибодати ман аз бахри Чаннатат бошад,
    Маро аз он Чаннатат махрум бикун, Худоё.
    Ва ё гиряхои ман аз тарси Дузахат бошад,
    Маро ба он Дузахат махкум бикун, Худоё!

    Аммо ба Рузи Махшар, Ту эй холики Акбар,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

    Ба хаждах хазор олам ягона подшох туи,
    Зи холи бандагони худ хамеша огох туи,
    Ба банда пушту паноху хамеша хамрох туи,
    Дигар хама гунахкорем, факат бегунох туи.

    Худат магфираткунанда, худат рахнишондиханда,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

    Чи хуш, ки ошикат шудам, илохи, ошиктарам кун,
    Дар оташи ишки покат, бисузу хокистарам кун,
    Ман умри бокимондаро фидои номат мекунам,
    Туро факат мепарастам, ба ту ибодат мекунам.

    Пагох рузи Киёмат, Ту эй сохиби каромат,
    Зи дидани чамолат махрум нагардони бас, Аллох!

    Comment by Kayumars | 03.07.2011 | Reply

  7. Салом устод Салим
    Худованд имони ҳамаи мор боз ҳам пурқувваттар кунад ва хотимаи моро ба неки ба анҷом расонад
    бароятон як шеъри Араби туҳфа мекунам ки чунин аст:
    Илоҳи ласту лилфирдавси аҳла
    ва ла ақва ала нари ҷаҳими
    фаҳаблил тавбатан фағфир зунуби
    фаинака ғофириз замил азими
    тарҷума :
    Эй Худованд ман шоистаи ҷаннат нестам
    Ва на товони бардошти оташи ҷаҳанамро дорам
    пас бароям тавба карданро арзони намо ва гуноҳои маро бубахш
    Чаро ки Ту бахшандаи гуноҳои бузурги
    Ба умеди хушии рузгор саломату сарбаланд бошед

    Comment by Abu Salman | 09.07.2011 | Reply

  8. Салом устод Салим
    Худованд имони ҳамаи моро боз ҳам пурқувваттар кунад ва хотимаи моро ба неки ба анҷом расонад
    бароятон як шеъри Араби туҳфа мекунам ки чунин аст:
    Илоҳи ласту лилфирдавси аҳла
    ва ла ақва ала нари ҷаҳими
    фаҳаблил тавбатан фағфир зунуби
    фаинака ғофириз замбил азими
    тарҷума :
    Эй Худованд ман шоистаи ҷаннат нестам
    Ва на товони бардошти оташи ҷаҳанамро дорам
    пас бароям тавба карданро арзони намо ва гуноҳои маро бубахш
    Чаро ки Ту бахшандаи гуноҳои бузурги
    Ба умеди хушии рузгор саломату сарбаланд бошед

    Comment by Abu Salman | 09.07.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: