Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Боз даст ба кисаи мардум

Оре, ман омодаам, барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 дона китоб фиристам. Ҳатто бештар аз ин. Ҳатто китобҳои гаронбаҳоро, ки аз Теҳрону Истамбул ё Ню Йорк кашидаву овардаам. Ҳатто китобҳои нодиреро, ки як замон ба устод Иржӣ Бечка тааллуқ доштанд. Бале, ин китобҳо дар дасти мананд, зеро ҳукумати Тоҷикистон дар вақташ аз гирифтани китобхона ва бойгонии Бечка нописандона худдорӣ карда буд.

Бетаваҷҷӯҳии мақомоти Тоҷикистон ба пешниҳоди Бечка сабаб гашт, ки устод бахши аъзами китобхона ва бойгонияшро ба Академияи улуми Ҷумҳурии Чех васият кунад. Китобхонаи Бечка тақрибан аз 3 000 нусха китоб ва даҳҳо ҳазор нусха маҷаллаву рӯзнома иборат буд. Бахши умдаи китобҳо ба адабиёт ва таърихи тоҷикон рабт дошта, осори адибону донишмандони тоҷик бо соядасти муаллифон ба Бечка тақдим шудаанд.

Ин китобхона метавонист акнун бахше аз Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ташкил диҳад. Аз рӯи шунидам, китобхонаи нав барои 10 миллион номгӯй китоб сохта мешавад ва мақомот намедонанд, чӣ гуна ин 10 миллион китобро пайдо кунанд. Биноан, дастур шудааст, ки ҳар корманди муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ 5 нусха китоб ба Китобхонаи миллӣ тақдим кунад. Дар зоҳир ин бояд як ташаббуси мардумӣ бошад ва ихтиёрӣ сурат гирад, аммо дар амал ӯҳдадории маҷбуриест, ки хариди довталабонаи саҳмияҳои Роғунро ба хотир меорад.

Дар зимн, китобхонаи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров низ дар Маскав бесоҳиб монд ва китобхонаву бойгонии Нависандаи мардумии Тоҷикистон, Сотим Улуғзода низ.

Касе, ки дар Душанбе манзили Улуғзодаро харидааст, китобхонаи ӯро ба Иттифоқи нависандагон овардаву рӯйи фарш афкандааст, ки “бигиред, китобҳои нависандаатонро!”

Ба назарам, муносибати ҳукумати Тоҷикистон ба мероси фарҳангии марбут ба миллати тоҷик хеле сард ва бепарвоёна аст. Соли 1999 наздик ба 30 ҳазор номгӯй навори садои марбут ба Тоҷикистон, ки дар Бойгонии маводи аудиоии Федерасюни Русия ҳифз мешуданд, ба қуттиҳои партов афканда шуданд. Дар байни онҳо забти садои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаиди Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Абулқосими Лоҳутӣ ва садҳо нафари дигар низ буд. Руҷӯъи батакрори раҳбарони ин бойгонӣ ба мақомоти Тоҷикистон, ки ин наворҳои барои таърихи тоҷикон муҳимро бигиранд, бепосух боқӣ монд.

Мегӯянд, ҳайати давлатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, вақте меҳмонхонаро тарк мекунад, аз ҳуҷраҳои онҳо садҳо нусха китоб пайдо мешавад, ки мизбонон тақдим кардаанд, аммо меҳмонон барои сангин накардани бори худ онҳоро дар меҳмонхона партофтаву мераванд. Албатта, истисноҳои фавқулода ҳам ҳастанд. Ёд дорам, Зафар Сайидов, ки он вақт сухангӯи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз Прага чанд баста китоб ба Тоҷикистон бурд ва мегуфт, як қисми онҳоро ба Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ тақдим хоҳад кард.

Зимнан, вақте ки Китобхонаи Фирдавсӣ, ки бузургтарин махзани китоби кишвар ба шумор меравад, ҳамагӣ 3 миллион нусха китоб дорад, ҳоло 7 миллион китобро барои Китобхонаи миллӣ аз куҷо пайдо хоҳанд кард?

Шояд беҳтар буд, ҷои он ки ба чандин миллион доллар баландтарин парчам сохта шавад, садҳо ҳазор нусха китоб нашр мешуд?

Аслан, бо ин роҳ пур кардани Китобхонаи миллӣ оё чӣ суде дорад? Одамон чӣ китобҳое тақдим хоҳанд кард? Магар ташкили махзани китоб аз рӯи тарҳу стратегияи муайян ва бо назардошти риштаҳои гуногун сурат намегирад? Кӣ кафолат медиҳад, ки даҳҳо нафар ҳамон 1 номгӯй китобро ҳадия нахоҳанд кард?

Худо кунад, ин мушкил ба ҳукуматдорон сабақ шавад, ки бояд ба нашри китоб ва таблиғи он таваҷҷӯҳи вижа диҳанд ва Вазорати фарҳанг чопи китоб ва хариди осори беҳтарин аз хориҷа, баргардони охирин намунаҳои адабиёт ва илми ҷаҳониро сармоягузорӣ кунад. Он гоҳ чунин мушкили хандаовару ҳамзамон гиряовар пеш нахоҳад омад. Агар қарор аст, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ин роҳ ва ин гуна хунукназарона ва ба тариқи “сарам-дилам” таъсис дода шавад, як шармсории мондагор нахоҳад буд?

13.06.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Душанбе, Китоб, Сиёсат, Фарҳанг

6 Comments »

  1. Устоди азиз
    Банда барои озмуни “Ман дар СССР зистам” хотироти худро иброз доштам аммо аз чи сабабе бошад ки радиои озоди онро чоп накард
    Аз шумо эхтиромона хохиш дорам то агар имконаш бошад бо як тавре хамоно дар сайти худ чоп мекардед то банда тавонам комментхои хонандагонро фикру андешаи онхоро донам чун дар оянда дар накша дорам як китобчае оид ба таърихи Рашт аз давраи баркарории шурави то чанги шахрванди ва сулхм точикон ва баади он як китобчае нависам
    Ва инчунин аз ибрози фикру андешаи шумо бенихоят шод мешудам
    Маколаро ба нишонаи ман дар СССР зистаам ро ирсол доштаам
    Бо эхтиром
    Абдулло

    Comment by AbdulLo | 13.06.2011 | Reply

  2. Устоди азиз
    Бахшиш аз он мепурсам ки банда камтар шитоб кардам чун маколламро барои озмкни ман дар СССР зистаамро имруз чоп кардаанд
    Хазорон бор пузиш

    Comment by AbdulLo | 13.06.2011 | Reply

  3. Ин хам далел аст, ки хамаи кори хукумати мо тахминист ва тарху накшаи мушаххас надорад. Шахсан ман чунин таррохиро дар ягон амали хукумати худ надидам.

    Comment by Samandar | 14.06.2011 | Reply

  4. Вокеан, ин дардест, ки бар он дардои дигари пешин зам шудааст. барои маълумоти шумо гуфтаниам, ки барои мо барин коркунони сохаи м…… аз 10 то 50 (вобаста ба макому вазифа) доани китоб супориш додаанд. аксари рафикони дар хайрати онанд, ки чи тавр хамаи онро дастрас намоянд. зеро намешавад хамаи он китобхои дар китобхонаи шахсии худ бударо барои эшон такдим кард. албатта бо дах бист китоб китобхонаи шахси шояд кам нашавад аммо ки медонад, ки ин гуна ташаббус боз такрор намешавад. зеро мо ду соол пеш хини таъсиси яккитобхона аз тарафи даъваогари курсии намояндаги чунин ташаббусро дида дар он сахм низ гузошта будем…..

    Comment by Ustod | 15.06.2011 | Reply

  5. Офарин, дустам!
    Фирк мекардам, касе ин мавзуи догро намебардорад…
    Ман як коргари идориям ва тарики китобчамъкуниро мебинаму месузам… Хукумат бо ин кораш баччахои мардумро бекитоб мемонад… Ман бо чашмони худ мебинам,ки фарзандон китобхое, ки падару модархояшон бо мухаббат чамъ мекарданад ба намояндагони корхонахо мефурушанд, то онхо дар назди хукумат хисобот диханд… Дар торики бимири, Рахмон!!!

    Comment by Аналитик | 21.06.2011 | Reply

  6. Ба андешахоятон сад дар сад мувофикам Устод.
    Лекин хабари оне ки мансабдорони мо бойгонии аудиоиро нагирафтанд сахт мутаасирам кард. Касе хамин корро кардааст хиёнати бузурге кардаст. Наход ба партоб партофта бошанд? Устод дар хамин бора муфассалтар навсед агар вактатон расад.
    Бо эхтиром Абдулло

    Comment by Абдулло | 30.06.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: