Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Парвози шабонаи Медведев

Имрӯз дар бораи мулоқоти президентҳои Русия ва Узбакистон, Дмитрий Медведев ва Ислом Каримов навиштам. Хеле сахт буд, зеро маълумоти дақиқ дар бораи ин гуфтушунид дастрас нест. Баъзе дониста ва шинохтаҳо аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ ба даст омад ва росту дуруст будани онҳоро озмудан душвор буд.

Аммо агар аз гӯшае ба сафари раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба Узбакистон, ки худи ӯ онро “шитобкорона ва кӯтоҳ” номидааст, бингарем, ҳам ӯ ва ҳам мизбонаш, раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, як миқдор сабуксор ва бозигар намудор мешаванд.

Бо вуҷуди он ки сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия, Сергей Приходко ин “блитс-криг”-ро як сафаре тибқи нақша унвон кард, аз сӯҳбати ҳарду президент ҳувайдо мегашт, ки боздиди Медведев аз Узбакистон ғайримунтазира буд. Ва таври маълум, чунин сафар ба хотири раддубадали чанд калимаи муқаррарӣ ба уқӯъ намепайвандад. Бе ин ҳам, ба гуфтаи Приходко, ду президент дар чанд моҳи охир “гуфтугӯҳои пайдарҳами телефонӣ” доштанд. Пас ҳатман он чизе ки Каримов ба Медведев дар сӯҳбати чашм ба чашм гуфт, “гап”-и телефонӣ набудааст.

Ин аст, ки ба коршиносону таҳлилгарон фақат ҳадсу гумону тахмин мемонад, ҳарчанд таъкиди Медведев ва Каримов ба рӯйдодҳои ҷаҳони араб ва “пайомадҳои байнулмилалии дарозмуддат”-и онҳо метавонад, дастикам самти ин гумонҳоро муайян кунад.

Тамоми талошҳоро кардам ва матлабам дар торнамои Радиои Озодӣ мунташир шуд, худ бихонеду қазоват кунед. Фақат то ҳоло намедонам, мулоқот дар Тошканд баргузор шуд ё Самарқанд, зеро дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Русия аз баргузории дидор дар Самарқанд хабар дод. Дертар як торнамо навишт, ки гӯё хабарнигорони президенти Русия иттилои кӯҳнаи ду сол пешро иштибоҳан нашр кардаанд. Шояд. Аммо ин ҳам як нишонаи ноомодагии тарафҳо ба гуфтушунид шумурда хоҳад шуд.

Хуб, аз ду раҳбар кӣ бурду кӣ бохт? Медведев аз тамоюли ошиқонаи Ислом Каримов ба Путин хуб огоҳ аст. Шояд барои он даъвати ногаҳонии Каримовро пазируфту сафараш ба Осиёи Марказиро як рӯз сар кард, ки дили “рӯбоҳи пир”-и сиёсатро ба даст орад? Ё шояд манофеи давлатии Русия ӯро ба ин иқдом водор сохт, ки рӯйи Узбакистонро, ки нима ба самти Ғарбу Амрикост, ба тарафи Маскав гардонад?

Аммо, бидуни шак, Каримов бурди сиёсӣ кард, ки як бори дигар вазни сиёсии худро нишон дод ва Медведевро маҷбур кард, зери бори ӯ равад. Вале ин нукта низ бастагӣ ба он дорад, ки дар гуфтумони як ба як чӣ додуситаде ба миён омадааст. Агар Тошканд дарвоқеъ ваъдаи пуштибонии Русияро дар ҳолати “ноомади кор” ба даст оварда бошад, оё дар иваз ба Русия чӣ дода бошад?

Медведев пас аз мулоқот гуфт, аз натиҷаҳои он шод аст. Оё ин чӣ натиҷаҳое бошад? Бавижа ки Каримов дар оғози сӯҳбат ишора дошт, ки ҳарду тараф аз ин дидор суд хоҳанд дид. Ба эҳтимоли зиёди шахси ман, ин ваъдаи садоқати абадӣ ба Маскав дар муқобили Чин ва Ғарб буда метавонад. Ҳама чизи дигар арзиши сафари шитобзада ва хоболудонаи Медведевро нахоҳад дошт.

14.06.2011 - Posted by | Осиёи Марказӣ, Русия, Сиёсат, Узбакистон | ,

3 Comments »

  1. В.Панфилова: Каримов ищет у Медведева поддержки в споре по Рогунской ГЭС
    10:12 15.06.2011
    Медведев и Каримов пообщались в блиц-режиме
    В споре по Рогунской ГЭС Душанбе ищет понимания у ЕС, Ташкент – у Москвы

    Необходимость в краткосрочной встрече двух президентов продиктована ситуацией в Центральной Азии.

    Президент Дмитрий Медведев вчера в ходе рабочего визита в Ташкент подтвердил стратегический характер отношений России и Узбекистана. Как стало известно “НГ”, на переговорах за закрытыми дверями главы государств помимо вопросов двустороннего сотрудничества обсудили также проблематику использования водноэнергетических ресурсов. Ташкент не скрывает своего недовольства строительством Таджикистаном Рогунской ГЭС и надеется добиться в этом вопросе понимания России.

    Президент РФ заверил узбекского коллегу в том, что, “несмотря на непродолжительность визита (в тот же день Дмитрий Медведев выехал в Астану для участия в десятом, юбилейном саммите Шанхайской организации сотрудничества (ШОС). – “НГ”), переговоры будут плодотворными”, поскольку между Москвой и Ташкентом “установились очень тесные контакты”. “Мы находимся в режиме регулярного обмена мнениями по всем вопросам – и многосторонним, и двусторонним, постоянно созваниваемся”, – сказал Медведев.

    Главы двух государств обменялись мнениями по поводу событий в странах Ближнего и Среднего Востока, в Северной Африке и обсудили возможное влияние кризисных событий на обстановку в других регионах, включая Центральную Азию. Как ранее писала “НГ” (см. номер от 08.06.11), Ислам Каримов хотел бы знать, какую позицию займет Москва в случае дестабилизации обстановки в регионе. “НГ” также стало известно, что президенты не обошли вниманием и тему использования водных ресурсов. Обсуждение этих тем состоялось в закрытом режиме.

    Как известно, Узбекистан недоволен тем, что Таджикистан возобновил строительство Рогунской ГЭС, считая, что при возведении плотин на трансграничных реках, к которым причислен и Вахш – приток Амударьи, необходимо учитывать интересы всего региона. Ташкент полагает, что Рогун способен вызвать непоправимую экологическую катастрофу, поэтому требует пересмотреть условия строительства крупных ГЭС. Однако Душанбе игнорирует мнение Ташкента. Уверенности в собственной правоте Таджикистану придает поддержка Евросоюза. В частности, руководитель группы по охране окружающей среды Европарламента Струан Стивенсон, который побывал в республике в начале июня, официально подтвердил безопасность проекта и необходимость его строительства, поскольку “Таджикистан находится в состоянии постоянного энергокризиса”. А на минувшей неделе президенту Эмомали Рахмону, совершавшему рабочий визит по странам Европы, удалось получить от Европейского банка инвестиций первый кредит и грант в общей сумме 21 млн. долл. на развитие энергетического сектора. После этого надежды Ташкента на то, что Душанбе пересмотрит план строительства Рогунской ГЭС, стали мизерными.

    В пресс-службе посольства Узбекистана в России пояснили “НГ” позицию своей страны по данному вопросу: “Разные точки зрения на водопользование, неоднозначные подходы мешают процессу развития, приводят к конфликтным ситуациям, а иногда и к экологическим катастрофам. Например, катастрофа Аральского моря несет трагические последствия не только для народов Центральной Азии, но и для многих соседних стран. Гибель Арала напрямую связана с вопросом рационального использования водных ресурсов региона. Зона Приаралья обеспечивается водой за счет стока двух основных рек – Амударьи и Сырдарьи. Любое уменьшение притока их вод грозит кардинальным нарушением и без того хрупкого экологического баланса в регионе”. Реализация крупных проектов, таких как строительство Рогунской ГЭС, может привести к экологической и техногенной катастрофе, поскольку “объект расположен в зоне тектонического разлома”. Именно здесь в 1907, 1911 и 1949 годах произошли мощные землетрясения, повлекшие в совокупности гибель свыше 100 тыс. человек. “В случае землетрясения, аналогичного японскому, плотина высотой более 335 метров – а именно такая сооружается на Рогуне – будет разрушена, что приведет к возникновению настоящего цунами с высотой волны не менее 100 метров. Огромная масса воды снесет своим потоком все расположенные вниз по течению ГЭС объекты инфраструктуры, затопит десятки городов и населенных пунктов в Таджикистане, Узбекистане и Туркмении. Число человеческих жертв трудно даже представить. Конечно, это, как говорят, плохой сценарий, но и его надо просчитывать, может быть, в первую очередь”, – отметили в пресс-службе посольства.

    В Ташкенте надеются, что Дмитрий Медведев и на этот раз поддержит позицию Узбекистана, как в январе 2009 года. Тогда российский президент заявил, что “центральноазиатские страны верховья и низовья должны сообща согласовывать подобные крупные проекты”.

    2011-06-15 / Виктория Панфилова

    Источник – Независимая газета

    Comment by Samandar | 15.06.2011 | Reply

    • Намешавад дар ҳамаи андешаҳо бо муаллиф ҳамназар буд, аммо нукоте чанд ҷолиб аст.

      Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

  2. Hastii Tojikiston az amali kardani projehoi energi vobastagi dorad va na natanho, har burde ki mo dar har sohai zindagii Tojikiston dorem ustukhonest dar gului siiosatmadoroni uzbaku rus. Rusia va Uzbakiston har chi dar dast dorand ziddi in naqshahoi Tojikiston amal mekunand, in ba hama ma’lum hast, ki onho namekhohand Tojikistonro az in ziyod sohibistiqlol binand, baroi onho Tojikiston yak chizest ki onro metavon furukhtu kharid, Propagandae ki onho dar rasonahoi khabari mebarand Tojikiston va tojikonro chun yak quvvai manfi va beoyanda muarrifi mekunand.Ammo onho ishboh kardand in hama ne guiho va mamoniyatho Tojikonro bozham ziyodtar bo ham meovarad, tojikhoro in bozham ziyodtar quvvat medihad, chun hastii mo az vahdati milli mo vobasta ast.

    Comment by Zolizar | 05.07.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: