Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ямшиков ва забони фарҳанг

Телевизиони РТР-Планета имшаб филми мустанадеро аз ҳаёти Савва Ямшиков намоиш дод, ки тавонистааст, ҳазорон ёдгориҳои калисои русро ҳифзу эҳё кунад ва пеши чашми миллионҳо нафар бигузорад. Сарнавишти як шахси нодир, ки дар баробари фишори замони коммунистӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳунарии Русия қад алам кунад. Ҳар бор чунин мустанадҳоро бинам, ба қадршиносии русҳо аз афроди бузургашон ҳасад мебарам.

Continue reading

19.07.2011 Posted by | Дин, Инсон, Русия, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | 4 Comments

Озори Зафари Мирзоён

Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо  “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.

Continue reading

18.07.2011 Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Илм, Матбуот, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳунар | 4 Comments

Кафка инро медонист

Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:

Continue reading

16.07.2011 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Таҷриба, Қонун | | Leave a comment

Табрики театри тоҷик

Матлабе, ки бо дархости як маҷаллаи англисизабон дар бораи Тоҷикистони азиз навиштам, ниҳоят нашр шуд. Ман як риштаро баргузидам, ки нишонаҳои рушди решаӣ дорад. Рӯйдодҳои фарҳангии чанд соли охир намоиш доданд, ки театри миллии тоҷик решаҳои қавитар дошта ва бо расидани камтарин об, ҳатто оби борон, шоху барги он сабзу сарзинда шуд.

Continue reading

12.07.2011 Posted by | Тоҷик, Тоҷикистон, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар | | Leave a comment

Пешрафтеро медонед?

Моҳи гузашта як маҷаллаи инглисӣ аз ман хоҳиш кард, мақолае дар бораи вазъи феълии Тоҷикистон бинависам. Вале тамоми мавзӯъҳое, ки онҳо пешниҳод карданд, бароям зиёд хушоянд набуданд. Исломи сиёсӣ, фасод ва фақр, низоми худкома,  маводи мухаддир, кашокаш бо Узбакистон, фишори Русия… бе ман ҳам дар ин бораҳо зиёд навиштаанд. Гуфтанд, пас худат интихоб кун, ки дар бораи чӣ менависӣ.

Continue reading

03.07.2011 Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Рӯзгор, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон | 21 Comments