Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пешрафтеро медонед?

Моҳи гузашта як маҷаллаи инглисӣ аз ман хоҳиш кард, мақолае дар бораи вазъи феълии Тоҷикистон бинависам. Вале тамоми мавзӯъҳое, ки онҳо пешниҳод карданд, бароям зиёд хушоянд набуданд. Исломи сиёсӣ, фасод ва фақр, низоми худкома,  маводи мухаддир, кашокаш бо Узбакистон, фишори Русия… бе ман ҳам дар ин бораҳо зиёд навиштаанд. Гуфтанд, пас худат интихоб кун, ки дар бораи чӣ менависӣ.

Як андешае дар ниҳонхонаи зеҳнам буд. Бояд чизе навишт, ки ақаллан як ҷанбаи мусбати тоҷикон ва зиндагӣ дар Тоҷикистонро нишон диҳад. Нураке дар фазои тира ва дилгиркунанда. Хеле фикр кардам, оё риштае ҳаст, ки дар он ватани мо камобеш рӯ ба беҳбуд дошта бошад? Шояд на як, балки чанд соҳае ҳаст, ки метавон бо василаи онҳо бори дигар тоҷикро дар баландии эҳтироми гузаштааш қарор дод, аммо ба назарам танҳо театри тоҷик расид, ки дар чанд соли охир сазовори ҳарфи нек гаштааст ва ин фароянд идома дорад.

Аз комёбиҳои ахири театрҳои Тоҷикистон огаҳӣ будам ва бо дӯстам Барзӯи Абдураззоқ дурудароз сӯҳбат дошам. Медонистам, ки коргардонҳои хубе даст ба корҳои хубе задаанд.

Ин матлабро навиштам ва ба зудӣ дар он маҷалла мунташир хоҳад шуд. Аммо шояд бо гузиниши мавзӯи театр иштибоҳ карда бошам? Шояд риштҳаое ҳаст, ки бо василаи онҳо беҳтар метавон як, лоақал як ҷанбаи рӯшанеро аз Тоҷикистон ба ҷаҳониён намуд? Агар андешае доред, луфтфан бинависед. Кадом соҳа дар кишвари мо арзандаи сухани нек аст?

03.07.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Дурнамо, Рӯзгор, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон

21 Comments »

  1. 1 соат фикр кардам, аммо хеч пешрафтеро наёфтам. Пас заволи хукумати тогут наздик аст.

    Comment by Farid | 05.07.2011 | Reply

    • Наход ҳатто дар ягон риштаи бисёр хурд ҳам пешрафти бисёр хурде дида намешавад?

      Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

  2. Az Facebook:

    Faizullo Nasrulloev Муттаассифона…
    Sunday at 1:39pm · Like

    Manuchehr Manu соҳаи алоқаи мобилӣ?
    Sunday at 4:50pm · Like · 1 person

    Hanjar Kurbonbekov Баргашт ба хатти форсӣ, саёҳии(туризм) густарда.
    Yesterday at 7:41am · Like

    Rukhshona Nazhmidinova Bargasht ba hati forsi peshraft nest. Ba in savol boyad az hama taraf nazar kunem, va na fakat bo andeshai bozgasht ba hatti ajdodon. Imruz beshtar kadrhoi hub fakat bo hati kirili menavisand. Onhoe, ki hati forsiro medonand na hama vakt ta…
    See More
    2 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

    • Hanjar Kurbonbekov Хоҳари азиз, Рухшона, салом! Ягона мусибати ақлӣ, илмӣ ва фарҳангии мо, ин ятимият аз хатти порсӣ будан, аст! Манзури ман аз хатти порсӣ ин на фақат пайванд бо дониши маҳабист, балки асосан пайванд бо илм, фарҳанг ва дастовардҳои беназири клоссикҳои мост.Баъдан, хатти порсӣ метавонад ба хубиҳои хуб ҳамроҳ бо хатти киррилӣ хизмат кунад.Хоҳиш дорам аз “дастовардҳо”-и “кадрҳои хубатон” садо надиҳед, ки сафсатаест, на беш! Муҳандисин??? Куҷоянд??? Чиро сохтаанд???
      3 minutes ago · Like

      Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

      • Manuchehr Manu Ҳамин бо хатти кириллӣ садоҳои тоҷикии ҳ, ҷ, қ, ва ғ.ро навиша тавонистанатон дастоварди муҳандиси барномарезии тоҷик аст. Аммо ман ҳам тарафдорам, ки мо БА ТАДРИҶ ба хатти форсӣ гузарем, зеро ин ба ахбороти зиёде аз Эрон роҳ мекушояд. Олимони эронӣ дар соҳаи физика, биология бисёр пешраванд, ки мо метавонистем аз онҳо бисёр чизро омӯзем. Аммо якбора не. Мардумро натарсонед🙂
        16 hours ago · Like · 1 person

        Hanjar Kurbonbekov Кадом тарс, оқои Манучеҳр?!
        15 hours ago · Like

        Manuchehr Manu мардум аз фикри гузариш ба хатти форсӣ метарсанд.
        15 hours ago · Like

        Rukhshona Nazhmidinova Мухтарам Ханджар, узр мехохам аз он ки ба забони руси бахсро мегузаронам, зеро беш аз 10 сол ба забони Точики гап назадаам ва бароям ба ин забон суханрони кардан мушкил аст.
        Теперь о специалистах: Я считаю что “сафсата” это когда говорят что у нас нет хороших кадров. У нас они есть. Их не так много как хотелось бы, конечно, но они есть. Манучехр привел отличный пример того, что существование таджикских букв в кирилице на компьютерах – это уже работа Таджикских инженеров. У нас процветает сегодня сотовая связь (отрасль, которую все же пытаются задушить) и там работают Таджикские инженеры. Хоть и худо бедно, но как то все ещё у нас функционируют ГЭС, а то что они плохо функционируют, кстати вина некомпетентных управляющих, а не инженеров. И это пока только малая часть. Есть ещё например учителя математики и физики, экономисты и прочие, которые к сожалению не читают персидский шрифт.

        Я согласна с Манучехром, что это не повод отрекаться от персидского шрифта, просто надо к этому идти постепенно и учитывая все социо-экономические риски. Я согласна и с тем, что многим нашим соотечественникам сегодня вдвойне тяжело получать образование по трем причинам: 1) Инфраструктуры для образования на Таджикском (кирилице) не существует; 2) Есть много очень хороших книг на русском и на персидском, но получается что то, что многие наши соотечественники (в частности из отдаленных регионов) умеют читать (кирилица) зачастую плохо понимают или вовсе не понимают, потому что язык чужой. Либо же, они понимают сам язык, но читать это не умеют (нет у нас должной грамотности в персидской письменности). Безусловно, обобщать нельзя и я знаю что есть люди в совершенстве владиющие этой письменностью. Но, если учесть простой закон логики – специалистов у нас мало, и владеющих персидской грамотой тоже мало, то специалистов, владеющих персидской письменностью получается и того меньше.

        Именно поэтому, я думаю, что нельзя взять и за раз перейти на Персидскую письменность. Но я полность ЗА то, чтобы новое поколение обязательно изучало персидскую грамоту. Сама лично очень жалею, что не послушалась когда то отца и не уделяла должного внимания этому.
        13 hours ago · Like · 1 person

        Rukhshona Nazhmidinova А Манучехр, думаю, к тому сказал чтобы вы не пугали народ, что когда люди, которые столько средств и времени вложили в свое образование или образование детей, слышат о полном переходе на персидский шрифт, то их вполне обяснимо охватывает страх от того, что они могут оказаться просто напросто ненужными в своей собственной стране. А некоторые достаточно взрослые специалисты, например в сфере журналистики и связей с общественностью уже попросту не смогли бы работать по своей профессии, потому грамота просто необходима! Вообщем, прежде, чем переходить на другую письменность, надо рассмотреть вопрос со всех сторон и учесть все риски. Иначе это будет катастрофа, а не развитие. Хотя, при умном подходе к делу, имеет смысл обучать людей персидской письмености по той же причине, что вы указали – образование в Иране и необходимая инфраструктура для этого куда более развиты в том же самом Иране.
        13 hours ago · Like · 1 person

        Hanjar Kurbonbekov Рухшона, вы может неправильно прочитали мое сообщение или неправильно поняли меня(вот видите, какие пагубные последствия имеет незнание своего языка в должной мере, не говоря уже о родной письменности!), я-ж не противник кириллицы и не фанат(в её негативной форме) персидской письменности. Я уверен, что эти вышеупомянутые письменности идеально могут сосуществовать, просто в данный момент, для изучения персидской письменности не предпринимаются почти никакие действия и усилий. Вот это и есть самая наша большая беда!
        6 hours ago · Like

        Comment by aioubzod | 06.07.2011

  3. Агар Ханҷар Қурбонбеков пешрафти ҷаҳонгардиро бо омори дақиқу рӯшан нишон диҳад, шояд фикри дурустест?

    Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

  4. Дар баргашт ба хатти форсӣ пешрафте дорем?

    Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

    • Омӯзиши дин ва таҳкими ҷойгоҳи он дар ҷомеа?

      Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

    • Dariush Rajabian Барои як тоҷик (ӯ чи муҳандис бошаду чи муъаллим) ба забони модариаш бидуни донистани хатти порсӣ ҳеч гуна роҳи пешрафт вуҷуд надорад. Ва ҳеч касе дар ҷаҳон ба ганҷи порсӣ роҳ набурдааст, магар ин ки хатти порсиро балад бошад.

      Гузор ба хатти порсӣ на танҳо ба маънои бозсохтани пул (ё ба истилоҳи узбакӣ, кӯпрӯк) ба пешинаи мост, балки ба маънои офаридани пуле устувор ба фардо ҳам ҳаст. Ба хатти пириллик (порсии сириллик) роҳ ба оянда баста хоҳад буд. Чаро? Чун нахуст ин ки пириллик дар ҷазира қарор дорад; дигар ин ки пириллик ҳадди аксар 10 милюн хонанда дорад (дар баробари беш аз 200 милюн порсихон) ва саранҷом, интишори тамоми дониши башарӣ тавассути кишвари кӯчаки мо ба ин хат муяссар нест.

      Ва муҳимтар аз ҳама, об дар кӯза гузоштану ташналабон даври ҷаҳон гаштан кори хирадмандон набувад. Забони мо русӣ нест, ки хатташ русӣ бошад. Забони мо порсист. Пас чаро хатти он аҷнабӣ бошад? Ба чи далели муътабаре? Ва ин хат чи офарида барои мо, ки бояд мисли мардумаки чашм аз он нигоҳдорӣ кунем? Гузор ба хатти порсӣ нахустин гом (“шаг” барои русгуфторон) ба сӯи пешрафти Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бидуни хатти порсӣ дер нахоҳад поид. Магар ин ки забоне дигарро ихтиёр кунад.
      5 hours ago · Like · 1 person

      Dariush Rajabian Ва дуруд бар Ханҷар, ки ба ин масъалаи ҳаётӣ ишораи дақиқу баҷо кард.
      5 hours ago · Like · 1 person

      Comment by Салими Аюбзод | 14.07.2011 | Reply

  5. Зиед шудани фоизи шахсони маълумоти олидор дар мукоиса бо давраи Шурави ин пешрафт аст.

    Comment by rbc | 05.07.2011 | Reply

    • Бале ва афзоиши шумораи тахсилкардагони хорич аз кишвар…

      Comment by aioubzod | 05.07.2011 | Reply

      • Афзоиши онхое, ки дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд. Аммо ҳарсеи ин шохиси пешрафти худи кишвар буда метавонанд ё бештар пешрафтҳои хусусии одамонанд?

        Comment by aioubzod | 05.07.2011

  6. Салом оқои Салими Аюбзод. Пурсише бас баҷо овардаед, ки исбот барои намунаҳои хуб ё, чунонки шумо ангоштед “тарафҳои мусбӣ”и кишварамонро мунъакис созанд, каме мушкил аст. Ба ҳар ҳол мехоҳам онро бигуям, ки дар муддати беш аз 10 сол бо дастгирии созмонҳои байнулмиллалии инкишофӣ ҷомеаи маданӣ, ба хусус фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии миллӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ бештар ва назаррастар гардид. Бешубҳа, дар муқоиса бо соири мамолики хориҷӣ наметавонам гуфт, ки ҷомеаи маданӣ дар кишварамон беназир аст; оре он ҳам заъфҳо дораду ҳам то андозае ба муваффақиятҳо ноил гаштааст. Худи ҳамкории созмонҳои сатҳи деҳа, ҷамоат ва ноҳия дар зиёд навоҳии вилоятҳо бо ниҳодҳои ҳукуматӣ (мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) таҷассуми коромадии ҷомеаи маданист. Агар алоқамандие ба ин мавзуъ дошта бошед, ки дархури яке аз матолиби шумо бошад, метавонед маълумоти бештареро аз созмонҳои байнулмиллалии инкишофӣ дар кишвар (барои мисол UNDP, AKDN/AKF, CARITAS ва амсоли инҳо) дарёфт намоед.

    Бо арзи эҳтиром
    Муҳаммади Шариф (Бодурбеков)

    Comment by Muhammad Bodurbekov | 06.07.2011 | Reply

    • Сипосгузорам, Муҳаммади азиз. Дар воқеъ ин ришта, ки дар борааш ҳарф задед, сазовори таваҷҷӯҳ аст. Аммо аксаран созмонҳои ғайридавлатии моро айбдор мекунанд, ки асосан барои дарёфти гранту кӯмакҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд ва ба маҷрои зиндагии ҷомеа таъсири андак доранд ё надоранд.

      Бо вуҷуди ин, сухани Шумо ҷон дорад, ки кам ё беш чунин созмонҳо дар ҷомеа ҳарчӣ бештар мақому манзалат пайдо мекунанд ва ба мавзӯъҳое рӯй меоранд, ки барои мардуми мо муҳим ва наванд. Масъала ин аст, ки созмонҳои ҳақиқӣ ва дилсӯзи мардумро бояд аз ниҳодҳои тақаллубӣ ҷудо кард ва аҳамияти кори созмонҳои хубро бештар нишон доду таблиғ кард.

      Умедворам, дар оянда ин мавзӯъро омӯхтаву манзараи ҳақиқиро рӯшан кунем.

      Саломат ва сарбаланд бошед!

      Comment by Салими Аюбзод | 14.07.2011 | Reply

  7. не надо забывать что переход на иную письменность может навсегда разрушить связи с таджиками в других сопредельных странах бывшего СССР (прежде всего г. Самарканда и Бухары)

    Comment by Tajik iz Samarkanda | 08.07.2011 | Reply

  8. Як соха дар кишвари мо пеш рафьааст – чоплуси ва падхалими.

    Comment by Карим | 13.07.2011 | Reply

  9. Tajik iz Samarkanda, ҳамин ҳоло, ҳатто пеш аз ин ки ба хатти худамон (!) баргардем, шумо ба забони “иной”, яъне аҷнабӣ изҳори назар фармудед. Пас ин хат байни мову шумо он хатро кашидааст. Бояд он хатро бизудоед ва ба оғӯши забони порсӣ баргардед. Дар мавриди хат ҳам, вақти он аст, ки ҳамагӣ худамон мустақиллан хатти худамонро биимӯзем, то ҳам бо гузашта ва ҳам бо оянда пайванди мустақим дошта бошем. Ба гуфтаи Фирдавсии бузургвор:
    Чунин гуфт як рӯз, ки аз марди суст
    Наёяд магар ройи нотандуруст.
    Бад-он гаҳ ки дар кор сустӣ кунӣ,
    Ҳама рой нотандурустӣ кунӣ.
    Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
    Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.
    Таносонию коҳилӣ дур кун,
    Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.
    Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,
    Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
    Чунин гуфт пас, к-ин сарои сипанҷ,
    Наҷӯянд ҷӯяндагон ҷуз ба ранҷ.
    Касе, к-аз нажоди бузургон бувад,
    Зи пешӣ намонад, сутург он бувад.

    Comment by Dariush | 14.07.2011 | Reply

  10. Оё хатеро, ки мо “порсияш” меномем, дар хакикат порсияст? Арабхо аз мо ин хатро кабул кардаанд?
    Инчо касе оиди нихоят инкишофёфта будани илми физикаву биологияи(???) Эрон сухан гуфт, мебахшед, бародар, исбот металабам, Бушерро ки сохтмон дораду чи маводеро аз Эрон шумо бехтарини дунё медонед, нишон дихед… Ман то хол надидаам, гарчи 12 маротиб ба Эрон сафар кардааму чандин аспиранти Эрони дорам….
    Пеш аз он ки чизе бигуи, бояд аввал андеша кард…

    Comment by Фаридун | 03.08.2011 | Reply

  11. Ассалому алайкум мухтарам Салими Аюбзод ва мехмонони гироми. Ман миннатдории худамро ба бародар Салими Аюбзод ва Дориюши Рачабиен баен кардани хастам, ки дар хакикат хисси миллию ватандусти дар онхо кави аст. Шумо дуруст кайд кардед, ки мо точикон бояд ба хатти форси гузарем. Ногуфта намонад, ки шухрату макоме ки точикон дар таърих доранд, махз бо хатти форси аст. Хама гузаштагони мо бо ин хат моро дар чахон шухратманд карданд. Ман хайрон мешавам, ки чаро баъзе аз мардум аз ин хат харос доранд ва гуе ки катастрофа мешуда бошад. Баръакс тамаддуни мо пешрафт мекунад. Хати кирили доштани мо ба он шаходат медихад ки мо холо хам гуломи як кишвари дигаре хастем ва ихтиеран ягон кор карда наметавонем, мутаассифона. Ин хати кирили мардуми мо точиконро ба садсолахо кафо партофт ва Самарканду Бухороро ба нафъи дигарон вогузошт, пас чаро мо бояд аз ин хат тарафгири кунем. Илова бар ин бо хати форси бисери чизхоро аз шабакаи интернет дарефт кардан мумкин аст аммо ба хати кирили надорем. Мо бо овози баланд вохима мекунем, ки Имоми Аъзам дорем, Рудаки, Сино, Фирдавси, Хаем, Беруни ва гайра дорем, аммо то кунун бо хатте ки онхо эчодиет навистаанд шинос нестем, магар ин шармандаги нест?. Ман боварии комил дорам, ки дар ояндахои наздик мо хатман ба ин хати ниегонамон бармегардем. Саломат бошед.

    P.S Дар лугатхои онлайн аз он чумла дар гугле, дар катори 4-5 забонхои машхури дуне забони форси мавчуд аст, ки чумлаву иборахоро бемалол тарчума мекунад ва чои ифтихору шарафмандист аст, аммо ба забони кирилии точики нест.

    Comment by Зарафшони | 08.08.2011 | Reply

  12. “оқои”…. Бубахшеду оё дар осори касе аз бузургон ба мисли Фирдавсиву Чоми, Рудакиву Хучанди, Хисраву Ганчави чунин калима истифода мешуд? Ин чи забонест ва чи гуфтани гап аст?
    Ё Дар Озоди мехонем – “Ин марҷаъи тақлиди шиъа бо интишори паёме дар пойгоҳи иттилоърасонии худ, давлати Тоҷикистонро муттаҳам кард, ки дар мадорис ва донишгоҳҳо қонуни манъи ҳиҷоб вазъ карда…”. Магар хамин аст забони форсии дарии точики? Агар ин аст, пас ман забони дигаре дорам…

    Comment by Фаридун | 09.08.2011 | Reply

  13. Ba fikri man digargunshavii fikru zikri tojikon va Tojikistoniyon az peshrafthoi boisi arz hast. Holo farzandoni tojik to Alaska-ham rafta rasidaand va sa’yu kushish dorand, ki avval sohibi yak burda non va mutakhasi khoob shavand. Boshad, ki yak ruz bargardemu vatanamonro sohibi kunem? )) Khoob meshud, agar mardumi tojik digar ba davlat nigoh nakarda va umedvor nashuda oyandai khudro mesokhtand. Khoob meshud, agar mardum ba poragir diga pora namedodandu ba kursidoron khushomad nameguftand. Korruptsiya shoyad az bain meraft?

    Comment by Op.Ed | 17.07.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: