Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Кафка инро медонист

Дар баҳси хонандагон сари матлабе бахшида ба озодии хабарнигори British Broadcasting Corporation (BBC) ё худ Би-би-сӣ Урунбой Усмонов дар торнамои Радиои Озодӣ нуктае матраҳ шуд, ки дар худи Бритониё низ чунин рӯйдодҳо, яъне ҳабси журналистон иттифоқ меафтад ва агар ҳадаф аз боздошт таҳқиқ аст, чаро бояд ҳукуматҳоро айбдор кард. Ин хонанда чунин навиштааст:

“Бигзор санҷиш кунанд рафти тафтишро, лекин халал нарасонанд. Ба фикрам як ҳафта пеш як роҳбари нашрияи Британияи кабирро дастгир карданд, рӯзнома дигар нашр намешавад. Барои чӣ кормандони ББС, ки наздиктар буданд дар он ҷо набаромаданд бо суратҳо. Ё барои чӣ мо ба Британия барои озод намудани журналисташон изҳорот накардем. Ба назари ман, ноҳаққӣ хаст. Мехостам журналистҳо ба ман ҷавоб диҳанд.”

Дере нагузашта, Дориюш ба нависандаи ин нома посух дод: “4 рӯз пеш дар Бритониё нашри рӯзномаи “News of The World” мутаваққиф шуд. Аз қадимитарин рӯзномаҳои ҷаҳон буд. 168 сол дошт! Вале ҳеч кас аз он ҳимоят накард, бовар мекунӣ? На танҳо ҳимоят накарданд, балки онро маҳкум ҳам карданд. Киҳо? Ҳамаи рӯзноманигорони дигар. Чаро? Барои ин ки он рӯзнома ахлоқи рӯзноманигориро риъоят накарду сӯҳбатҳои телефунии одамҳои маъруфу номаъруфро шунуд кард, то аз мӯҳтавои он сӯҳбатҳо барои хонандагони камзавқаш матлабҳои ҷаззобу ҳаяҷонангез нависад ва фурӯши бештар дошта бошад. Бадахлоқӣ кард ва баста шуд. Ва муҳимтар аз ҳама, онро на давлат, балки худи бунёдгузори рӯзнома баст. Тасмими мудирияти ин нашрия буд. Ва ҳоло, Ҷамик, бо кадом хираду рой мешавад он мавзӯъро бо масъалаи боздошти як хабарнигори байнулмилалӣ дар Тоҷикистон муқоиса кард? Давлат барои боздошти Урунбой Усмонов ҳеч далеле надошт. Агар далел медошт, озодаш мекард? Бино ба Қонуни матбуъоти Тоҷикистон, рӯзноманигор дар кишвари мо метавонад бо ҳар касе мусоҳиба кунад ва манбаъи худашро ба ҳеч кас нагӯяд, пӯшида нигаҳ дорад. Усмонов бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир мусоҳиба кардааст ва худаш ҳам инро эътироф мекунад. Аммо ҳаққи мусаллами ӯ ба унвони як рӯзноманигор аст, ки манбаъи гузоришҳояшро ба мақомот нагӯяд, яъне ба истилоҳ, “бузӣ” накунад. Агар хабарнигорҳо табдил ба ҷосусони давлатӣ шаванд, чи касе бо онҳо мусоҳиба хоҳад кард? Ва кӣ ба суханони онҳо бовар хоҳад кард?

Ана ҳамин хел, бародар. Ин ду масъалае, ки гуфтӣ, яке аз каҳкашон буду дигарӣ аз қаъри гили сияҳ.”

Ҷамик, нависандаи номаи аввал аз ин посух қонеъ шудааст, аммо афзудааст, хуб буд, агар журналистони тоҷик низ камукостие карданд, аз тарафи ҳамкасбонашон маҳкум шаванд.

Саргузашти Усмонов бештар ба боздошти хабарнигори “Ню Йорк Таймс” Ҷудит Миллер монанд аст. Ҳукумати президент Ҷорҷ Буши хурдӣ аз мақолаҳои ӯ дар бораи ёфт нашудани силоҳи қатли ом дар Ироқ шадидан норозӣ буд, аммо як беэҳтиётии худи Миллер сабаб гашт, ки ӯро боздошт кунанд. Вай дар яке аз мақолаҳояш ҳувияти корманди махфии хадамоти ҷосусии Амрикоро фош кард. Ин ҷурмест, ки бино бар қонунҳои Иёлоти Муттаҳида муҷозот мешавад. Моҳи июли соли 2005 Миллер боздошт шуд ва се моҳро дар маҳбас ба сар бурд. Вай метавонист, дар ивази фош кардани сарчашмаи иттилоъ аз ҳабсу муҳокима эмин монад, аммо аз ҳаққи худ истифода кард ва тасмим гирифт, ки ба ҳеч ваҷҳ манбаи маълумотро ошкор намекунад.

Озодии Миллер низ ба раҳоии Усмонов шабеҳ аст. Вай бо дархости Люис Либбӣ, раиси дастгоҳи ноиб-президент Дик Чейнӣ, ки маълум шуд, манбаи иттилоъ будааст, аз ҳабс озод шуд. Ба ҷои ӯ Либбӣ ҳукми ҳабс гирифт, вале аз тарафи раисиҷумҳур Ҷорҷ Буши писар афв гардид. Яъне гунаҳкорони асосии қазия ки афроди худи ҳукумат буданд, ҳукумат Миллерро озод кард ва парвандаро “обулой” намуд.

Усмонов низ бо дастури раисиҷумҳур озод гашт, аммо ин шабоҳатҳо зоҳириянд, чун иттиҳоми ифшо накардани манбаи маълумот дар парвандаи ӯ дастидуюм аст ва Урунбойро аввал бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъ ба ҳабс гирифта буданд. Вале агар ин боздошт ғалат ва гуноҳи маъмурони амниятии давлат буд, пас озодии ӯ ба сарнавишти Миллер монандии бештар пайдо мекунад.

Масъалаҳои дигаре ин ҷо маро то ҷое нороҳат мекунад. Аввалан, созмонҳои журналистии Тоҷикистон танҳо замоне садо баланд карданд, ки ниҳодҳои байнулмилалӣ ба дифоъ аз Усмонов бархоста буданд. Дувум, созмонҳои байнулмилалӣ шояд танҳо барои он ки ӯ хабарнигори расонаи хориҷӣ буд, ба воқеа бархӯрди ҳамаҷониба, фаврӣ, давомдор ва боисрор нишон доданд. Чунин бархӯрд дар мавриди журналистони дигар, ки дар расонаҳои дохилӣ кор мекунанд, кам андар кам иттифоқ меафтад. Барои намуна, журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов зиёда аз ҳашт моҳ аст, ки дар зиндон аст. Садои қавӣ ва воҳиди ҷомеаи журналистии ҷаҳон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар мавриди ин шахси маъюб, ки маҳз барои мақолаҳои танқидияш гирифтори хашми мақомоти давлатӣ шудааст, ба гӯш намерасад.

Шояд бо ибрат аз намунаи Урунбой Усмонов ҳоло талошҳо барои озодии Исмоилов ва ҳамаи онҳое, ки ноҳақ, иштибоҳан ё аз рӯйи хусумат боздошт шудаву дар маҳбас ба сар мебаранд дучанд шаванд? Ё муҳимтар аз ҳама боре ба шеваи гумонбарию боздошти одамон ва зери шиканҷа ба онҳо бор кардани гуноҳҳои набуда нигоҳи амиқтар афканда шавад? Зеро иллати асосӣ ҳамин аст, ки бегуноҳтарин шахс ҳам наметавонад худро амн ҳис кунад ва бовар дошта бошад, ки ҳеҷ кас ва ба ҳеч ваҷҳ ӯро боздошту дар ҷурмҳои хатарзо айбдор намекунад.

Дарвоқеъ достони Франтс Кафка ба ёдам мерасад, ки 100 сол пеш навишта шудааст. Дар он қаҳрамони асосиро ба додгоҳ даъват мекунанд ва ӯ аз долонҳои дурудароз мегузараду тамоми ин роҳ фикр мекунад, чӣ гуноҳе содир карда бошад. Вақте назди муфаттиш мерасад ва сипас ҳангоме ки ӯро ба ҳуҷраи зиндон мебаранд, ҳанӯз ҳам намедонист, барои кадом ҷурм. Муфаттиш ба ӯ мегӯяд, сабр кун, фурсате ин ҷо бош, то мо ҷурматро муайян кунем, айбномаат аз бозпурсӣ берун хоҳад омад.

16.07.2011 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Таҷриба, Қонун |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: