Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Озори Зафари Мирзоён

Ҷустори ахир дар торнигори Зафари Мирзоён, ростӣ, маро такон дод. Ҳарфи дилаш буд, ки дили маро ҳам ба дард овард. Аммо барои бисёре аз мардумони мо номаи ахири ӯ шояд “бечоранолӣ” ё “ҷоҳталабӣ” шумурда шавад. Мардуме, ки садсолаҳо зери зулм ба сар бурдааст, камтарин ҳақталоширо  “ношукрӣ” унвон мекунад. Аммо ҷаноби Мирзоён комилан барҳақ садо баланд кардааст ва ҳадафаш чизе ҷуз адлу инсоф нест.

Вай менависад, ӯро дар ҳайати шоҳномашиносону шоҳномапажӯҳони Тоҷикистон ба ҳамоиши байнулмилалӣ дар Машҳад нафиристодаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки солҳои охир беҳтарин матолиби марбут ба “Шоҳнома”-ро маҳз Зафари Мирзоён навиштааст. Пажӯҳишҳои ӯ як нигоҳи амиқтар ба “Шоҳнома” аст аз зовияҳои нав. Ӯ инчунин касест, ки суннати шоҳномахониро эҳё кардааст. Зафар ҳаққи комил дошт, ки ба ин ҳамоиш фиристода шавад ва бозёфтҳову дарёфтҳои нави тоҷикон аз “Шоҳнома”-ро муаррифӣ кунад.  Ӯ метавонист яке аз 12 муҳаққиқи тоҷик бошад, ки ба Машҳад сафар карданд. Дареғ, ҷаноби Мирзоён бо олиҳимматии ориёиёна номи ин 12 нафарро наовардааст, то бубинем, ин қадар шоҳномапажӯҳ доштаему чаро натиҷаи кори онҳо хеле ночиз аст.

Дар бадтарин ҳолат ӯ метавонист, нафари 13-уми ҳайати Тоҷикистон бошад. Агар кишвар барои ин пул надошт, блогнависони тоҷик дастҷамъона харҷи ин сафарро фароҳам мекарданд. Афсӯс, чунин ҳам нашуд ва чунон ҳам. Вале иллати аслӣ дар набуди адлу инсоф, одилону боинсофону заршиносон аст.

Ҷаноби Мирзоён менависад: “Ҳарчанд, бандаро дар Тоҷикистон барои сафар ба ин ҳамоиш лоиқ надониста бошанд ҳам, аммо ду ҳафта пас аз баргузории он ҳамоиши «Шоҳномашиносон», дар Машҳад як ҷилд маҷмуаи мақолаҳо бо унвони «Шоҳномапажӯҳ», дар ҳаҷми 432 саҳифа ба чоп расид, ки дар баробари мақолаҳои пажӯҳандагони шинохтаи Ирон, Ҳиндустон ва бархе кишварҳои урупоӣ, аз Тоҷикистон танҳо се мақолаи инҷонибро, бедуни камтарин талошу хоҳиш аз тарафи банда нашр кардаанд, ки ба рости ниҳоят миннатдор шудам ва бори дигар ба нуктасанҷиву арҷгузории ба андешаи нави бародарони иронӣ қоил шудам.”

Мебоист ин ибораҳоро бо таъкид (ҳуруфи ҳамоил ё калону ғафс) менавишт: “аз Тоҷикистон танҳо се мақолаи инҷонибро […] нашр карданд.” Пас ин 12 олими тоҷик ба ҳамоиши Машҳад чӣ бурда бошанд, ки ҷумлае аз онҳо дар китоби ниҳоии ҳамоиш бо унвони «Шоҳномапажӯҳ” (432 сафҳа!) ба чоп нарасидааст. Оё ҳукумати Тоҷикистон ба худ гузориш медиҳад, ки ин 12 тан беҳуда бо пули халқи тоҷик ба Машҳад сафар кардаанд. Шояд беҳтар аст, пули сафарро ба хазинаи давлат баргардонанд? Охир ҳар харҷе бояд боздеҳ дошта бошад. Афзоиши харҷҳои бенатиҷа моро ба ин рӯз афкандааст.

Ба ғайр аз ин чизи дигаре ҳамеша монанди хоре ба дилам мехалад. Ноҳаққӣ ва беадолатии “тақдирҷунбонҳо”-и имрӯзаи мо, ки хеле резаву бечораанд, вале ҷояш омад, аз камтарин ҳокимияти хеш истифода мекунанд ва агар осебе расонида натавонанд, дастикам заҳре мечаконанд. Ҷанги Тоҷикистон сабаб шуд, ки чунин “кучулу”-ҳо ба мансабу мақомҳо бирасанд ва тақдири инсонҳоро ҳал кунанд. Аммо бадтар аз ин, низоме ҳамоно ҳоким аст, ки дар замони шӯравӣ буд: Агар система Шуморо пазируфт, корд рӯйи рӯған хоҳед дошт. Вале агар ба иллате, ҳатто бигзор, бино бар хусумати шахсии “кучулу”-е аз система берун мондед, агар бо кору осори хеш дунёро ба ларза оред ҳам, барои онҳо маъние нахоҳед дошт. Онҳоро ҷасорате нест, ки ҳастии Шуморо эътироф кунанд.

Онҳо метавонанд, порчаҳои бузургеро аз навиштаҳои Шумо “копӣ-пейст” кунанд, аммо номи Шуморо зикр нанамоянд. Метавонанд, ҳамаро ном баранд, номи Шуморо хат зананд. Чунин ноҳаққиҳо борҳо дар нисбати худи ман рӯй додааст. Барои намуна, чанде пеш китобе дар бораи зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ба нашр расид. Ман дар чанд ҷои он ҷумлаҳои худ, ҳатто иштибоҳҳои худро шинохтам, вале дар ҳеҷ ҷое аз ман, ки устод Тоҳирро хуб мешинохтам ва метавонам, бигӯям, ки нахуст ба воситаи “Адабиёт ва санъат” ва маҳфили “Рӯ ба рӯ” ӯро ба ҷомеа муаррифӣ кардаам, номе бурда нашудааст. Ҷумлаҳои ман хуб, худам — бад. Гузашта аз ин чандин матлаби устод Тоҳирро барои торнамои “Озодӣ” ман таҳрир карда будам ва он ҷо ҳам саҳми худро дидам.

Чунин мисолҳо лак андар лак аст, аммо барои кӯтоҳии сухан, танҳо як рӯйдодро нақл мекунам. Соли 2003 ҳамроҳи шоир ва драмнависи зиндаёд Наримон Бақозода устод Иржи Бечкаро зиёрат кардем. Баъд аз мулоқоти дилнишин, дар бозгашт устод Бақозода тасмим гирифтанд, дар бораи Бечка мақолае нависанд. Эшон аз дидани кулбаи тоҷикӣ ва китобхонаи бузурги Бечка, аммо муҳимтар аз ҳама аз сӯҳбати он кас сари дастархони тоҷикӣ воқеан мутаассир шуданд. Аз Душанбе пешнависи мақоларо бароям фиристоданд, тасҳеҳ ва иловаҳое кардам. Устод Бақозода хостанд, мақола ба номи ҳардуямон нашр шавад, рад кардам. Зеро “муҳаббат”-и бархе аз ҳамкасбонро дар Душанбе ба хубӣ медонистам. Устод гуфтанд, пас дар дохили матлаб хоҳанд навишт, ки бо ҳам будем. Гуфтам, “барои худ мушкил эҷод мекунед.” Мақола рӯзи 19-уми марти соли 2004 (тақрибан баъд аз 6 моҳи дар идора “намак хӯрдан”-аш) дар “Адабиёт ва санъат”-и Ҳабибуллоҳи Нозирӣ мазҳакаомез дар сафҳаи пеш аз охир, паҳлуи ду сӯгнома чоп шуд ва агар онҳо бихонед, мебинед, ки дар миёнаҳояш ногаҳон исми кӯчаки ман мисли тароша аз бом пайдо мешавад ва маълум ҳам нест, ки “Салимҷон”-аш кисту дар Прага ва дар манзили Бечка чӣ мекунад?

Нусхаи нашрияро аз шарм ба устод Бечка нишон надодам, ҳарчанд гуфтам, ки мақолаи хубест ва дар он симои Бечка аз нигоҳи устод Бақозода ба Робиндранат Такури сарсафед ташбеҳ шудааст. Нишон надодам, зеро устод бемор буданд ва дидани ин сӯгномаи пеш аз марг, ки Нозирӣ барои он ҳатто сарлавҳае ёфта натавониставу бо ҳуруфи сиёҳи ғафс танҳо “Иржи Бечка” навиштааст, гумон буд, устод Бечкаро шод кунад. Ин ҳам дар ивази он ҳама хидматҳои бузурги Бечка, ки ҳанӯз Бобоҷон Ғафуров аз онҳо қадрдонӣ карда буд…

Фикр накунед, бо баҳонаи номаи Зафари Мирзоён ин ҷо озурдагиҳои худро гуфтаам. Хостам, намунаҳое орам, ки дида шавад, номардумиҳо дар ҳаққи дигарон, аз ҷумла Зафари азиз, чизи нав ва ҳайратовар нест, балки баёнгари як системаи ҷойуфтодаест, ки танҳо навсозии тамоми сохтор ва шеваи кор дар илм, фарҳанг, адабиёт, журналистика ва ҳунари мо метавонад, онро ислоҳ кунад. Нахуст, бояд одамони дилсофу дилсафеду одил ва оқил дар сари ин риштаҳо бошанд, ки ҳаргиз олимону фарҳангиён ва ҳунарваронро ба худиву бегона ҷудо накунанд. Онҳо бояд орӣ аз ҳасуд ва кина бошанд. Дувум, бояд ба ҷои сохторҳои замони шӯравӣ — иттифоқҳову академияҳову иттиҳодияҳои нимарасмию нимадавлатӣ ниҳодҳои комилан нав ва мустақил рӯйи кор оянд ва бо муттаҳид кардани беҳтарин нерӯҳои ин риштаҳо битавонанд, худкифову худрасо шаванд ва ҳадафашон на назорати олимону адибону ҳунарпешагон, балки рушди бемайлони илм, адабиёт, суханварӣ ва ҳунарварӣ бошад.

Панҷ-шаш сол пеш донишманди эрониасли амрикоӣ Эраҷи Баширӣ китоберо бо номи “Чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон” омода кард. Нусхаи асл ба забони англисӣ буд. Академими илмҳои Тоҷикистон хост ҳамзамон нусхаи тоҷикии китоб низ мунташир шавад. Устод Баширӣ розӣ шуд, аммо чанде нагузашта аз ӯ талаб намуданд, номи чанд нафар, аз ҷумла Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар, Бозор Собир ва дигарон аз китоб хат зада шавад. Офарин ба Баширӣ, ки гуфт, бе ин номҳо китоб ба чоп нахоҳад расид. Охирин талош ин буд, ки ақаллан номи ман аз китоб берун монад. Тир хок хӯрд. Баширӣ ба ҳеҷ фишоре тан надоданд. Ба “муҳаррирон”-и сиёсатзада гуфтанд, ин шахс муаллифи “Тоҷикон дар қарни бистум аст”. Аз устод хоҳиш карда будам, ки ба хотири нашри китоб метавонанд, ба осонӣ аз баҳри номи банда гузаранд, ҳаргиз як зарра ҳам озурда нахоҳам шуд.

Ман ку кайҳо аз қабилаи “беруниҳо” ҳастам ва “даруниҳо” ба қабилаи мо раҳму шафқате надоранд. Моро бад мебинанд. Моро намебахшанд, ки дар хориҷ аз кишвар тавонистем, намирем, гадову дарбадар нашавем, гумном набошем, балки дубора ба пой бархезем ва сарнавиштҳои шикастаи худро тармим кунем. Аммо Зафари Мирзоён ё афроде мисли онҳо чӣ гуноҳ доранд? Шоири кабир Мӯъмин Қаноатро ҷурм чист? Гулрухсорро чаро чашми дидан надоранд? Онҳо ку кайҳост, “берунӣ” нестанд. Барзӯи Абдураззоқ, ки муҳоҷир набуд. Фарзонаи ошиқ ба ватанаш куҷост? Дар Самарқанд зистани Адаш Истад оё гуноҳ аст? Фарҳанги тоҷик чӣ қадар сарсупурдаҳо дорад, ки ба чунин беэҳтиромиҳо нисбати ҳамдигар ва парешониҳову парокандагиҳо имкон диҳад. Агар инҳоро надорем, пас кӣ мемонад он ҷо?

Пас, боз ҳам ҳамон системаи бадбахт мемонад, ки ҳатто бо иваз шудани наслҳо низ одатҳояш тағйир намеёбанд. Инҳое, ки сари коранд, таҷрибаи худро ба пасовандон медиҳанд ва ин силсила гӯё беохиру бишкаст аст. Агар бешикаст аст, умеде ба пешрафт нест. Танҳо шикаста шудани ин низоми ноодилона роҳи бузурги ояндаро боз хоҳад кард. Вагарна, танҳо бунбаст. Ҳамоно 12 олими бесамар аз як ҳамоиш дар хориҷа ба ҳамоиши дигаре хоҳанд рафт. Бо дастони холӣ. Вале дар бозгашт бо қуттиҳои бори арзон барои фурӯш дар бозори “Саховат”. Пас чаро садо баланд накунем?

18.07.2011 - Posted by | Адабиёт, Ватан, Ваҳдат, Илм, Матбуот, Тоҷик, Фарҳанг, Ҳунар

4 Comments »

  1. Az Facebook:

    Fakhri Nabizoda Salimjon, navishtai shumoro khonda, chizi digare ba khotiram omad. Avvalin peshnihodi ba lelinobod bargardonidani nomi Khujand ki az tarafi shumo sado doda bud. Peshnihodro digarbora az nomi digare qabul karda az shumovu Panfilov yode nashud. Ammo in ta’rikh ast va on haqiqatro dust dorad.
    about an hour ago · Like

    Salim Aioubzod Сипосгузорам, Фахрии азиз, ки инро дар ёд доред. Он вакт мухим набуд, ки пешниходро ман дар миён гузоштам ва Панфилов ба воситаи АПН онро ба забони русй мунташир кард, мухим ин буд, ки номи Хучанди азиз зинда шавад. Аммо, росташ баъд аз номаи шикоятии 15 узви Совети депутатхои халки вилояти Ленинобод, кариб буд, аз кор ронда мешудам. Вале боз хам, мухимаш ин буд, ки дертар бошад хам, бо талошхои хамагонй номи бостонй ба хёти мо баргашт…
    9 seconds ago · Like

    Comment by aioubzod | 18.07.2011 | Reply

  2. Устод, Шумо баръакс бояд шукр намоед, ки ин режим Шуморо душман гирифтааст. Агар дустатон мегирифт кадри Шумо ба ин манзалат набуд. Чун дустони золим хам дар гунохи зулм шариканд. Аслан аз он ки чанд “кучулуе” бузургеро кучак пиндоштанд, чизе тагйир намеёбад. Он чанд “Шохномашинос” чизе аз худ чузъ чанд сурате дар “фон”и кабри Фирдавси боки нахоханд гузошт, аммо Зафари Мирзоён дар фехрасти бехтарин шохномашиносони чахон чой гирифтааст.
    Инак ай осмон,
    Инак ай офтоб,
    Ай бахри бекаронаву ай саркашида кух,
    Ай Кахкашону мох,
    Ай харчи рушанист,
    Дар бекаронахои уфук дар дили сахар,
    Ай хар кучост рафъату зебоиву шукух
    Инак, нигах кунед,
    Хаффошхои кур,
    К-аз дидани хакикати хуршед очизанд,
    Аз кахри чохи тирагиву куфру шайтанат,
    К-онро намуда хафр,
    Иблис дар кавири димоги палидашон,
    Дашномхо ба мехри чахонтоб медиханд,
    Сад нисбати палид ба махтоб медиханд.
    В-он гах Ки суи жарфтарин нуктаи сукут,
    Дар хуфраи чаханнами афкори шуми хеш,
    Парвоз мекунанд,
    Он чо зи фарти зулмати дунёи хештан,
    Авчи вакохату шаку тардид мешаванд,
    Бе хеч шарм мункири Хуршед мешаванд.

    Инак нигах кунед,
    Бар осмони рафъату бар куллаи уруч,
    Жарфои хокдони даноат барад хучум,
    Шайтонсифат шарир,
    Иблисгуна кинавару муфсиду лачуч,
    Инак хасе зи чинси таъассуб кунад гумон,
    Худро буранда тешаи тавхину ихтикор,
    Бар фарки кухсор.

    Comment by Farid | 19.07.2011 | Reply

    • Сипосгузорам, Фариди азиз. Аммо, росташ, аз душманиҳои беҳудаву беҳосилу нодаркор хаста шудаам ва ба хотири бақои миллат, гузаштаҳои нангинро ба фаромӯшӣ супурда, бадиҳоро бахшидаам. Оштии бе ошдиҳии дурӯғин. Ба шарте агар онҳо ғами мардуми мо ва ояндаи кишвари моро бихӯранду дар амал сидқ нишон диҳанд ва аз фурсатҳои хуб истифодаи хуб кунанд. Режимҳову раҳбарон омадаанду рафтаанд ва меоянду мераванд, аммо миллату кишвар мемонаду номи нек барои наслҳои оянда. Бо хушунат коре наметавон кард, магар бадтару бадтар. Танҳо ин ба чашм мехӯрад, ки роҳ номаълум асту суханҳо ҳама шиъор…

      Comment by aioubzod | 20.07.2011 | Reply

  3. Ному насаби хамон 12 нафарро муайян карда, инчо нависед.
    Дар ин кор метавонед ба сафорати Эрон дар Душанбе мурочиат куне.
    Баъд аз хамон эронихое, ки маколахои Зафар Мирзоевро дар китоб чоп кардаанд, пурсед, ки чаро ин тавр шуд?
    Ному насаби хамон 12 касро ёбед ва фахмед, ки чанд бор ва барои чи ба Эрон рафтаанд. Ачиб аст, ки кихо чароги сабз доранд ба Эрон.

    Comment by Расул, Точикистон | 10.08.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: