Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ямшиков ва забони фарҳанг

Телевизиони РТР-Планета имшаб филми мустанадеро аз ҳаёти Савва Ямшиков намоиш дод, ки тавонистааст, ҳазорон ёдгориҳои калисои русро ҳифзу эҳё кунад ва пеши чашми миллионҳо нафар бигузорад. Сарнавишти як шахси нодир, ки дар баробари фишори замони коммунистӣ барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳунарии Русия қад алам кунад. Ҳар бор чунин мустанадҳоро бинам, ба қадршиносии русҳо аз афроди бузургашон ҳасад мебарам.

Ва ҳамеша ба фикр фурӯ меравам, ки оё дар таърихи тоҷикон низ чунин чеҳраҳое будаанд? Ҳеҷ номе ба зеҳнам намеояд. Шояд ҷурми ман аст, ки намедонам ё эҳтимол гуноҳи пешиниёни мост, ки талош накардаанд, қадри чунин афродро бишиносанд ва ба пасовандон бирасонанд, ки ба онҳо арҷ бигузорем.

Як нуктаи ҷолибе дар ин филм садо дод, ки ба дувумин солгарди даргузашти Ямшиков бахшида шудааст. Гуфта шуд, ки Ямшиков бедалел ба ҳифзи ёдгориҳои динии русҳо машғул нашудааст. Вай ин меросро бунёд, поя ва рукни аслии ҳувияти русҳо мешумурдааст. Худаш мегӯяд, тамоми фарҳанги рус реша дар дини он дорад ва бе донистани ойини православӣ наметавон чизеро дар ин фарҳанг дарк кард.

Магар айни чизро наметавон дар бораи фарҳанги тоҷик гуфт? Ё дақиқтараш, фарҳанги мардуми форсигӯ. Магар бе донистани ислом метавон Ҳофизро дарк кард? Агар ҳарфе аз зардуштия надонед, бисёре аз нукоти Фирдавсӣ бароятон торик боқӣ нахоҳад монд? Оё бӯё аз “Қуръон” ва аҳодис набурда, мешавад, ба умқи андешаҳои Мавлоно рафт? Ҳатто осори зебои Саъдӣ, бо вуҷуди он ки аносири зиёди бегонаро дар худ ҳазму ҳал кардааст, бе дарки ислом сахту сангин нахоҳад буд?

Оё ҳамин нуқси бунёдӣ нест, ки мо дар садаи гузашта тақрибан ҳеч чизи мондагоре ба вуҷуд наовардем? Магар осори нависандагону шоирони муосири мо то куҷо решаҳои амиқ доранд, ки садсолаҳо сарсабз бимонанд? Осори наққошию меъмории Ғарб бозтоби насроният аст ва ҳатто афсонаҳои муосири назири “Ҳорӣ Потер” талмеҳоте ба он доранд, вале мо ин ҳама сол чӣ кардем? Аслан бо ин ҳоле ки дорем, ба куҷо равонаем? Магар дарахти коғазии береша ба зудӣ нахоҳад хушкид?

Ямшиков дар буҳбуҳаи таблиғоти атеистии замони шӯравӣ нахустин намоишгоҳи иконаҳои бостонии русро ташкил кард ва бузургии ин мерос буд, ки коммунистон натавонистанд, аз он пешгирӣ кунанд. Ямшиков буд, ки ба коргардони зинданом Андрей Тарковский машварат дод, филми “Андрей Рублев”-ро рӯи навор орад ва ин филмест ҷаҳонӣ. Имрӯз ҳунари наққошӣ, адабиёт ва синемои рус он пайроҳаи тангро, ки чунин афрод нагузоштанд, алаф пахшаш кунад, ба шоҳроҳ табдил доданд. Он чашмаҳои хурд, аммо зулол буд, ки имрӯз дарёе дарахти фарҳанг ва ҳунари русро об медиҳад.

Оё дар таърихи мо чунин касоне буданд? Шояд буданд. Мо онҳоро намедонем. Шояд худ онҳоро куштем, гӯшанишин кардем, ба ҳошия афкандем. Ва имрӯз ҳамон бори кӯҳна ва бӯгирифтаи замони коммунистиро дар дӯши хеш мекашем. Ҳамон мадҳия, фақат номҳову талмеҳот акнун дигар шудаанд. Фарҳангу ҳунари коммунистӣ як ҳадаф дошт, ки низоми мавҷуда ва раҳбарияти мавҷударо ба халқ таблиғ кунад. Бо як забони сунъӣ ва сохтаву ҳубобӣ. Ҳоло ҳам айни чиз идома дорад.

Ҳеч кас намехоҳад як ҳақиқати одиро дарк кунад, ки бо мардум ба забони дилу виҷдонаш бояд ҳарф зад, на шиорҳои сунъие, ки бо вуҷуди хушоянд буданашон пас аз муддате забонзад ва нофорам мешаванд. Агар аҳли эҷод мехоҳад, ин забонро биомӯзад, он забони дини мардум аст. Он гоҳ ин фарҳангиён метавонанд, тарҷумони байни давлат ва мардум шаванд.

Шояд беҳтар аст, давлат ин забонро биомӯзад, дарк бикунад ва маҳз бо ҳамин забон ба мардумаш сӯҳбат дошта бошад. Аз он ҷо ки фарҳангиён думрави давлатанд, худ ба зудӣ забони барояшон комилан навро хоҳад омӯхт. Ва содиқона такмил хоҳанд дод. Дар акси ҳол ҳарсе табақа ҳоло ба забонҳои мухталиф ҳарф мезананд ва ҳеч яке ба самимияти дигаре бовар надорад.

Инро ҳам бояд афзуд, ки русҳо насрониятро пазируфтанд, аммо аз он динеро барои худ сохтанд. Дини православӣ на танҳо онҳоро аз тундравии кулли масеҳӣ раҳо кард, балки ба омили ваҳдати онҳо табдил ёфт. Мусулмонии мо низ бояд тоҷикона бошад ва шарт нест, ҳоло ба дунболи мазҳабу равишҳои бегона ва умдатан ақибуфтода равем. Ончиро, ки дорем, ҳифз кунем ва аз гузаштагонамон сабақ бигирем. Он гоҳ давлат ва фарҳангиён низ нахоҳанд гуфт, ки халқ забони мушкилеро баргузидааст, ки омӯхтану такаллум ба он барояшон номумкин аст.

19.07.2011 - Posted by | Дин, Инсон, Русия, Фарҳанг, Худшиносй, Ҳунар |

4 Comments »

  1. Салом бародар Салимчон! Ташаккур барои маводи хуб. Ин бор низ маслихати беминнат ба хукуматдоронамон арза медори. Бошад, ки асар кунад. Аммо оё ба чашми кур сурма зебандааст? Дини мубини мо ва хосатан мазхаби Имоми Аъзам бехтарин забони фарханг аст,аммо онро амрикои кардан мехоханд ва аз он фосиларо зиёд гирифтаанд. Ин чост бадбахти..

    Comment by Точик | 20.07.2011 | Reply

  2. Алейкум бар салом. Ман ақидаеро, ки зиёд гуфта мешавад, раҳбарони феълии кишвар мусулмон нестанд, қабул надорам. Мо ҳама мусулмонони аҳди шӯравием ва танҳо метавон умедвор шуд, ки ба хотири бақо ва ваҳдати миллат ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад шуд. Вале “исломи амрикоӣ”-ро, ки гуфтед, нафаҳмидам. Исломи мо тоҷикист ва такре гуфтед аз маҳзаби Имоми Аъзам бармеояд, аз тундравӣ ва зӯргӯӣ орист ва онро бояд ҳифз карду равнақ дод. Тадриҷан ин ақида пирӯз хоҳад шуд.

    Comment by aioubzod | 20.07.2011 | Reply

  3. Хасад набар!
    Онхо дар кофтукови рохи тамаддуни хоси хешанд, ки доимо дар гирдобанд!
    Ту моро ба чунин гирдоб хидоят дорй?

    Comment by Дарвеш | 22.07.2011 | Reply

    • Намедонам, суханат кирои посух аст ё на, ба фикрам, на…

      Comment by aioubzod | 22.07.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: