Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ҷои Латифӣ холист, холӣ…

Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад. Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.

Continue reading

Advertisements

22.09.2011 Posted by | Ватан, Латифӣ, Матбуот, Тоҷикистон, Фарҳанг, Худшиносй | 2 Comments

Кашшофи сирри садо

Ҳай дареғ, ки рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар набудам. Агар он ҷо мебудам, ҳатман ба Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков мерафтам ва аз дидори Далери Назар баҳра мебардоштам. Таронаҳои нави ӯ ва ҳунари дӯстони ҷавонашро медидам. Шоҳиди он мешудам, ки чӣ гуна созҳои тамоми умр гирдовардаи устод Гурминҷ дар дасти афроди боҳунар ба садо меомаданд.

Continue reading

18.09.2011 Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳолнома, Ҳунар | | 7 Comments

Сабки нафратпарварон

Шарҳҳои дигаронро хондаву нашр ё рад кардаам, вале худам муддатҳост, роҷеъ ба матлабе дар ҷаҳони интернет назар надода будам. Охирин бор наздики як сол пеш ба торнамои Шабакаи аввали телевизиони Русия дар робита ба нақизаи “Наша Раша” дар намоиши “Большая разнитса” шарҳ навиштам ва онро нашр карданд. На танҳо мӯҳтавои нақизаро зери танқид гирифтам, балки афзудам, ки нақиза ба нақиза як навъ ҳимоят аз он аст.

Continue reading

16.09.2011 Posted by | Баҳс, Матбуот, Муҳоҷират, Русия, Сиёсат, Тоҷик | | 2 Comments

Масъуди зиндатар аз мо

Оё рӯзе сирри меҳварии куштори номардонаи Аҳмадшоҳи Масъудро фош хоҳад шуд? Бовар дорам, оре. Чун дар ин чанд соли умри худ дидам, ки чӣ пардаҳои ситабре аз рӯи аъмоли пинҳоне фурӯ афтод ва чӣ ҳақиқатҳои мудҳише ошкор гашт. Аммо дудилаам, ки чӣ чиз беҳтар бошад — ин ҳақиқат дар тӯли зиндагии ман рӯ занад ё беҳтар аст, он рӯз дигар дар рӯи замин набошам.

Continue reading

11.09.2011 Posted by | Афғонистон, Сиёсат, Тоҷик, Худшиносй | | 8 Comments

Маскав—Душанбе 49:0

Бохти дастаи футболи Тоҷикистон ба дастаи Узбакистон, агарчӣ дилхункунанда аст, мисли бохти дастаи сиёсии Тоҷикистон ба Русия ҷонгудоз нест. Рустами Эмомалӣ бо ҳисоби 0:1 бохт, аммо падараш бо ҳисоби 0:49. Бохти бозии футбол шабеҳи пирӯзист, ба ҳар ҳол гов бой надодем, аммо бохти сиёсӣ мисли мӯҳре дар китф ё сурин барои ҷовидонаҳо.

Continue reading

04.09.2011 Posted by | Амният, Ватан, Русия, Сиёсат, Тоҷикистон, Узбакистон | 20 Comments