Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Маскав—Душанбе 49:0

Бохти дастаи футболи Тоҷикистон ба дастаи Узбакистон, агарчӣ дилхункунанда аст, мисли бохти дастаи сиёсии Тоҷикистон ба Русия ҷонгудоз нест. Рустами Эмомалӣ бо ҳисоби 0:1 бохт, аммо падараш бо ҳисоби 0:49. Бохти бозии футбол шабеҳи пирӯзист, ба ҳар ҳол гов бой надодем, аммо бохти сиёсӣ мисли мӯҳре дар китф ё сурин барои ҷовидонаҳо.

Тоҷикистон, агар кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, таъҷилан ба як референдуми умумихалқӣ эҳтиёҷ дорад, то мардумаш назари худро ба эҳтимоли тамдиди ҳузури ҳарбии Русия баён кунанд. Ин шояд акнун яке аз беҳтарин роҳҳои ба таври дипломатӣ бартараф кардани фишори Русия ба Тоҷикистон аст, агарчӣ роҳҳои дигар низ ҳаст, вале, ончӣ рӯй дод, на тасодуфӣ, балки натиҷаи мантиқии ҷойгоҳест, ки ҳукумати Тоҷикистон худро дар он “тахтабанд” кард.

Дар ҳаёти сиёсии ҳар кишвар тасмимҳое пеш меояд, ки ба хотири эҳтиёт аз пайомадҳои ногувор ва тасфирҳои носолиму зиёновар бояд бо ризоияти умумии аксарияти шаҳрвандон гирифта шаванд. “Тан додан”-и Тоҷикистон ба тамдиди анқариб нимасраи ҳузури ҳарбии русӣ дар қаламрави кишвар аз ҳамин зумра аст. Дар шароити ношаффоф, паси дарҳои баста, бо бехгӯшиҳову пичиросҳо, пинҳон аз мардум, бидуни шарҳу далели сазовору боварбахш “ҳал шудан”-и чунин масъалаҳои сарнавиштсозу таърихӣ на танҳо ба тасмимҳои хому бадфарҷом, балки овоза, ҳадс, гумону тахмини обрӯбар ва шармовар сабаб шуда метавонад.

Дар чунин ҳолат ба шореҳони сиёсӣ зарур меояд, рӯ ба фарзияҳои гуногун ва гоҳе ҳатто боварнакарданӣ оваранд.

ДОДУСИТАДИ ХУСУСӢ?

Касе ё касоне, ки ба чунин созиш бо Русия аз номи мардум ва кишвар ризоият додаанд, бояд далели тасмими худро ташреҳ ва зарурати ҳузури низомии Русия барои 49 соли дигарро исбот кунанд.

Агар тамдид воқеан зарур буд, чаро на 5 солу 10 сол, балки якбора бояд 49 соли ояндаро фаро гирад? Гуфта мешуд, ҳукумати Тоҷикистон мехост, Русия барои мавҷудияти нерӯҳои мусаллаҳи худ дар қаламрави Тоҷикистон маблағ супорад. Ягон намояндаи давлат дар муддати ду соле, ки ин баҳс матраҳ аст, боре ҳам ба таври расмӣ ҳаҷми чунин маблағро эълон накард. Ин дар ҳоле буд, ки Русия барои ҳузури ҳарбияш ба Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон пул медиҳад. Яъне талаби Тоҷикистон, агарчӣ дер ба миён омад, табиӣ ва қонунист.

Аммо раисҷумҳурони Русия ва Тоҷикистон пас аз мулоқот дар Душанбе рӯзи 2-юми сентябр ҳеч ададеро ба ҳайси пардохти Маскав эълон накарданд. Дар иваз Дмитрий Медведев гуфт, ҳарбиёни рус дар Тоҷикистон боз 49 соли дигар боқӣ хоҳанд монд. Дар бораи нархи ин ҳузур чизе нагуфтани ӯ худ паст задани тарафи муқобил, яъне давлат ва мардуми Тоҷикистон буд ва Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ ин иштибоҳи ҳамтояшро ислоҳ накард ва хости кишвари хешро баён нанамуд, ки маънии боз ҳам бадтар кардани вазъиятро дошт.

Дар фарҷом, “нозу итобҳо” ва ҳақталошиҳои барҳаққи Тоҷикистон бар зарари худи Тоҷикистон тамом шуда, танзи қадимии Шайх Саъдиро ба ёд овард, ки харе орзуи дум мекард, аммо оқибат аз ду гӯши хеш ҳам маҳрум гашт.

Русия, зоҳиран, коре кард, ки Тоҷикистон аз карда (ё гуфта, “нозу қаҳр”, “чашмпесонӣ ба Маскав”, сард кардани равобит, шикваҳои кампирона ба сафирони ғарбӣ ва ҳаёҳуи аробаи холӣ)-и худ пушаймон гашта, ба ҳамон созишномаи соли 2004 ҳам зор шавад. Қарордоди соли 2004 дар ивази сармоягузории 2-миллиарддолларии русҳо акнун ба маротиб беҳтар ба назар мерасад. На барои ваъдаи бузурги иҷронашуда ё эълони нархи он, балки барои он ки бино ба санади соли 2004 пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 сол ҳаққи мавҷудият дошт ва агар тарафҳо хостори тағйире нашаванд, қарордод ба таври автоматик барои 5 соли баъдӣ тамдид мегашт. Дар ин фосилаҳои 5-солӣ Тоҷикистон ҳар вақт, ки мехост, метавонист, шароити онро иваз кунад. Акнун шароити нав ва шояд гаронтар давлат, мардум ва сарзамини тоҷиконро барои ним қарн ва бе ҳуқуқи тағйири шартҳо пойбанди русҳо хоҳад кард.

Аммо чаро? Сарони Тоҷикистон ба посух додан одат надоранд. Пас метавон ҳадс зад, ки танҳо дар ивази 49 соли дигар дар сари қудрат боқӣ мондани раисиҷумҳури феълӣ, ки дар соли 1992 бо дасти русҳо ба ин курсӣ шинонда шуд ва бино ба ақидаи русҳо, бояд бе ягон чуну чаро ва бе “кӯрнамакӣ” (“неблагодарность” — ишораи “Комсомольская правда”, “мисли як низомӣ” (ибораи “Коммерсант”) ба фармону дастурҳои Маскав сари итоат фуруд орад. Он гоҳ ин як созишномаи байнидавлатӣ буда наметавонад, балки як додуситади хусусӣ байни ду шахсест, ки яке ба зудӣ аз қудрат канор хоҳад рафт ва дувумӣ аз сол ба сол, бо охирин имкониятҳои мавҷуда ва фишору тазйиқи мардуми худ ва аз ҳисоби 2 миллион муҳоҷири корӣ ҳокимият дорад. Оё мамлакате ҳаст, ки муомила ва тиҷорати шахсии ду нафарро ба ҳайси қонун бипазирад?

Ва агар ба шеваҳои сиёсии Русия баргардем, ҳарбиён ва коммунистони Русия дар соли 1992 хостори нооромӣ ва нокомиҳо дар Тоҷикистон буданд, то “тоҷикон бифаҳманд, ки истиқлолият барои онҳо бузургтарин ҷазост — “высшая мера наказания” ва раиси вақти Кумитаи равобити хориҷии Думаи давлатии Русия Константин Затулин гуфта буд, кившарҳое мисли Тоҷикистон “бояд сателлити мо шаванд ё бимиранд”. Хуллас, Русия одат дорад, вазъи дӯстони худро ба ҳадде бад кунад, ки ба камтарин некии Маскав зор шаванд.

ТАҲДИДҲОИ БЕРУНА

Матбуоти Русия бо шӯру шавқи кӯдаконе, ки ҷангбозии “ких-ких, мурдӣ, биафт”-ро дӯст медоранд, менависад, ки Тоҷикистон маҷбур буд, ба фишори Маскав тан диҳад, зеро аз ҳамсояаш Узбакистон ҳарос дорад ва Тошканд бо эътироз аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун омодааст, ба Тоҷикистон ҳамла кунад. Таҳлилгаре бо номи Аждар Куртов бо таъкиди ин нукта меафзояд, омодагии Тошканд ба ҳамла як  мушкилест, ки худи Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

Таҳқиру тавҳину дурӯғҳои Куртовро, ки мисли галустяни навбаромад ҳамеша дар ҳар фурсати муносибу номуносиб тоҷиконро паст мезанад, як сӯ мегузорем, аммо таҳдиде, ки ӯ аждарвор тасвир мекунад, ба хӯсаҳои боғу полез монанд аст. Узбакистон мумкин аст, ғайримустақим даст ба иғвоҳои ҷудогонаи зидди Роғун занад, аммо ҳаргиз оташи хонумонсӯз дар минтақаро дар нахоҳад дод, зеро медонад, ки он гоҳ хирмани худаш ҳам пок-покиза хоҳад сӯхт. Як намунаи сиёсати ҳисобшудаи Тошкандро дар рӯйдодҳои Қирғизистон дидем. Вале агар, Худо нахоста, ягон бебасаре дар Тошканд ба чунин амал амр диҳад, тоҷикон магар мурдаанд, ки натавонанд, аз худ дифоъ кунанд.

Аз сӯи дигар умед бастан ба он ки дар чунин ҳолат Маскав ба нерӯҳояш дар пойгоҳи 201 амри ҳимоят аз Тоҷикистон дар муқобили Узбакистонро хоҳад дод, ба ҳован об кӯбидан аст. Дар ҳоле ки Медведев дар Душанбе нони тоҷиконро мехӯрду оби тоҷиконро менӯшиду аз ҳавои кишвари тоҷикон нафас мекашид, ба Тошканд барқия зад ва иди истиқлолиятро ба раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов табрик гуфт. Хуб, як кори табиӣ ва жести дипломатист. Аммо вақте ки ин табрикномаро мехонед ва медонед, ки он аз пойтахти Тоҷикистон ба Тошканд фиристода шудааст, як ишора барои Шумо, агар тоҷик бошед, дастикам ҳисси кӯчаки нороҳатӣ эҷод мекунад. Вай идро ба “халқи сарбаланд” (“гордый народ”) табрик мегӯяд. Шояд аслан аҳамияте надошта бошад, вале акнун бояд дид, дар барқияаш рӯзи 9-уми сентябр барои тоҷикон аз чунин луғат истифода хоҳад кард ё на.

Мавзеъгири Маскав дар байни Тоҷикистону Узбакистон, то ҳоло дидаем, ки асосан ба манфиати Узбакистон будааст. Дар соли 1992, ҳама Русияро аз Осиёи Марказӣ ронданд ва русҳо дар фикри бунёди посгоҳҳои марзию кашидани симхорҳо дар сарҳади Қазоқистон буданд. Агар он замон дар Тоҷикистон ҷанг сар намезад (чӣ “тасодуф”-и айни муддаое!) ё раҳбарони вақти ин кишвар фирқаи 201 ва дидбонгоҳҳои марзи Афғонистонро “ғасб” мекарданду ба моликияти Тоҷикистон табдил медоданд ва аз ҷой додани Русия дар қаламрави Тоҷикистон худдорӣ мекарданд, ҳоло Медведев наметавонист, дар Душанбе мисли Гай Юлий Тсезар сӯҳбат кунад. Он вақт ҳамаи ин корҳо- (ғасби Ҳавзаи туркистонии нерӯҳои мусаллаҳи СССР ва берун рондани Русия аз минтақа)-ро Узбакистон карда буд. Аммо ҳоло Узбакистон барои Маскав дӯсти муҳимтар аст, то Тоҷикистон. Некӣ фаромӯш мешавад, бадӣ дар ёд мемонад.

Ба ин тартиб Тоҷикистон дар ҳоли ҳамлаи Узбакистон метавонад, ба тоҷикони Афғонистон умед бандад, аммо на ба нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия. Зимнан ҳифзи ҳамин адади 201 дар номи пойгоҳ аз тарафи Владимир Путин худ як ишора ва рамзи рӯшан аст. Айнан мисли ҳифзи оҳанги суруди миллии шӯравӣ. Ин фирқа дар солҳои 1979-1988 дар шимоли Афғонистон ба рехтани хуни тоҷикон машғул буд ва дар ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон бадтарин нақшро бозидааст. Он ҳаргиз дар Тоҷикистон, тавре ки ҷаноби Медведев мегӯяд, “омили суботу амният” набудааст. Фаромӯш нашудааст, ки чӣ гуна аз ин пойгоҳи “суботу амният” сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев чаҳор тонкро “дуздида”, тоҷиконро қатли ом карда буд. Дар ёд дошта бошед, шояд замоне боз сарҳанги дигаре аз ин пойгоҳ тонку зиреҳпӯшҳоро рабояд. Вақте тонкҳои он берун омаданд, чӣ монад ба калашниковҳо ё қуттиҳои тиру муҳимоти ҳарбӣ.

Бархе аз “обсофкунакҳо”-и сиёсӣ мегӯянд, ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои ҳифзи ин кишвар аз ҳамлаи Толибон муҳим аст ва дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб аз Афғонистон аҳамияти он бештар мешавад. Шояд ин нукта то андозае ҷой дорад, аммо Толибон даргумон аст, ошкорову мустақим ба Осиёи Марказӣ ҳамла кунанд. Онҳо шогирдони тоҷику узбаку чечену уйғури худро ба ин ҷо хоҳанд фиристод ва мо чанд бор аст, шоҳиди чунин ҳаракатҳо шудаем. Дар хунсо кардани ҳеҷ яке аз онҳо нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон кӯчактарин саҳм низ надоштаанд. Бо вуҷуди шабакаи густардаи ҷосусии худ дар саросари Тоҷикистон ва махсусан дар масири марз бо Афғонистон, зуҳури Мулло Абдулло ва афроди ӯро дар Тоҷикистон хадамоти кишварҳои Ғарб ба мақомоти тоҷик хабар доданд, на русҳо.

Бархе аз коршиносон борҳо гуфтаанд, ки русҳо бо гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ равобити муайяне доранд ва аз онҳо барои гаҳ-гоҳ “дуду оташ” додани ҳаво истифода мекунанд. Ба ҳар сурат, онҳо ширкати шаҳрвандони зиёди Русияро дар рӯйдодҳои соли 2009-и Тавилдара ва 2010-и Камароб шарҳ надодаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин шаҳрвандони Русия на аз Афғонистон, балки аз Санкт-Петербург роҳии Тоҷикистон шудаанд.

ДАР ҲОЛАТҲОИ ИНҚИЛОБӢ

Агар элитаи Тоҷикистон бар ин аст, ки сарбозу афсарони пойгоҳи 201-и Русия дар ҳолати ошӯби бузург дар кишвар аз онҳо ҳимоят хоҳад кард, шадидан ғалат мекунанд. Русҳо аз чунин вазъ танҳо ва фақат ба манфиати худ истифода хоҳанд кард. Собиқаи муносибати онҳо бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҷое расидааст, ки онҳо мумкин аст, дар аввалин фурсат ба иваз кардани ӯ талош намоянд. Вақте ки дар соли 1992 Маскав ӯро ба сари қудрат овард, гумон надошт, баъдҳо барои Русия мушкилотеро халқ хоҳад кард. Албатта, ҷаноби Раҳмон ҳам то муддату мӯҳлате “ҳаққи намак”-ро пос дошт, аммо мустақилияти сарвари Тоҷикистон ҳоло ба устухоне дар гулӯи Русия табдил ёфтааст.

Аҷиб аст, ки муносибати Русия ба Тоҷикистон назар ба муносибати он бо ҳамаи кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Сари худро ба сангҳо занем ҳам, ин ҳақиқат раднашаванда аст, ки русҳо қирғизу қазоқу узбакҳоро эҳтиром мекунанд, ба туркманҳо назари нек доранд, аз қафқозиҳо меҳаросанд, аммо тоҷиконро босабабу бесабаб бад мебинанд. Бо гузашти солҳо ин танаффур бештару амиқтар мешавад ва ба як бахши сиёсати давлатии Русия табдил меёбад. Мисли ин ки на бо гурҷиҳо, балки бо тоҷикон дар ҳоли ҷанги доимӣ бошанд.

Сабабҳо зиёданд, вале муҳимтарини онҳо аз замони ҷанги дохилии Тоҷикистон маншаъ мегиранд. Ҳеч кас миллатеро эҳтиром нахоҳад кард, ки даст ба хуни бародари худ задааст. Аммо пеш аз ҷанг, ҳанӯз дар соли 1990 мошини қавии таблиғоти шӯравӣ тоҷиконро ба ҳайси қабилаи ваҳшие падидор карда буд ва ҳукумати кишвар бо сукути кинатузонаи худ, кинатузона аз мардуми хеш, ин чеҳранигориро тасдиқ кард. Ҳар гуна пономаревҳоу стветлитскийҳо дар пурхонандатарин нашрияҳо навиштанд, ки тоҷикон зани ҳомиларо кушта, ҷанинро аз шикамаш берун овардаву сар буриданд, зани дигари русро аз рӯи пул ба рӯдхона партофтанд ва монанди инҳо. Қаҳҳор Маҳкамов – сабабгори асосии ин вазъ бо заҳрханд ҳамаи инро тасдиқ кард ва аз ҳеҷ минбаре чизе дар дифоъ аз мардуми худ нагуфт.

Ё изҳороти шахси эҳсосотие ба монанди Шодмон Юсуф, ки ҳамаи русҳои Душанберо гаравгон эълон кард. Ё аъмоли ҷосуси хадамоти амнияти русҳо Мулло Абдуғаффор, ки кӯдакони русро гаравгон гирифт. Ё кашокашу худфурӯшиҳои тоҷикон дар гуфтушунидҳои сулҳи 1994-1997, ки ба гуфтаи Бозор Собир ҳар кадом мехост, бо нархи арзонтаре худро ба русҳо пешниҳод кунад. Ё вокуниши миллати ғофил ба сари буридаи муҳоҷирбача Салоҳиддини Азизов. Тавҳинҳои “Наша Раша”, ки баъзе мансабдорони тоҷик бо кайфу сафо дар хонаҳои худ барои меҳмонон ба намоиш мегузоранду дивидиҳояш дар Душанбе ба нархи гарон ба фурӯш мерафт. Ва ғайра ва ҳоказо ва афсӯс, ин феҳраст беохир аст. Ҳамаи инҳо яке рӯйи дигаре афтода, симои ниҳоӣ ва комили тоҷикро сохту дар зеҳнҳо мунаққаш кард.

Ҳатто ҳамин созишномаи соли 2004. Аслан тамоми ин қарордод аз ибтидо, аз 25-уми майи соли 1993, бо ғалатҳои фоҳиши нақзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мустақил омода ва имзо шудааст. Яъне “хишти аввал”-и он каҷ, ки буд, то ҳоло девор агар қомат мекашад ҳам, каҷ қомат мекашад ва ба самти фурӯпошӣ майл мекунад. Калонтарин пойгоҳи ҳарбии хориҷии Русия. Тақрибан тамоми сарзамини Тоҷикистон зери силоҳ ва тасмачархҳои рус аст – Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа. Маркази дидбонии кайҳонии “Окно” дар Норак, мушовирон дар Душанбе ва марзи Тоҷикистону Афғонистон.

Агар Русия “шарики роҳбурдӣ” бошад ва бо Тоҷикистон мисли як ҳамкори баробарҳуқуқ бархӯрд кунад, ин қадар таҳқиру тавҳини Тоҷикистон, раҳбари он ва куллан тоҷикон чӣ маънӣ дорад? Ба навиштаи имрӯзаи расонаҳои русӣ назар кунед. Узви порлумони Русия бо суханбозиҳои чаппаву ростае раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба қочоқи ҳероин айбдор мекунад ва тоҷиконро “миллати душман” ба Русия меномад. Аждар Куртов, олимнамои осетине, ки ба зиндагӣ дар зери пойи рус одат дорад, тоҷиконро аз раҳбараш то мардикораш “гадо” ва “афроди ғайри қобили эътимод” мехонад.

Афсӯс, як Викиликси русӣ пайдо нашуд, то бидонем, ки раҳбарон ва дипломатҳои рус дар паси парда дар бораи тоҷикон ва раҳбарони онон чиҳо мегӯянд. Вале бе чунин викиликс ҳам метавон ҳадс зад, ки чизҳои хубе намегӯянд ва симои президенти Тоҷикистон барои онҳо аз симои ягон амири охири Бухоро фарқи зиёд надорад. Чунин симо низ бо гузашти солҳо шакл гирифтааст. Онҳое, ки солҳои аввали раҳбарии Раҳмонро дар ёд дошта бошанд, медонанд, ки муносибат бо ӯ таври дигар буд, ҳарчанд президенти рус Борис Елтсин соли 1996 бо тамасхур гуфта буд, “то кай мо Раҳмоновро дар гаҳвора гирифта гардем.” Акнун, вақте аз гаҳвора берун омад, бад шуд.

ДУ МИЛЛИОН МАРДИКОРИ ТОҶИК

Бархе аз нозирони вазъ бар инанд, ки Тоҷикистон илоҷи дигар надорад, зеро бояд фикри 2 миллион муҳоҷири тоҷикро кард, ки дар Русия кор мекунанд ва сармояҳои интиқолии онҳо чархи иқтисодиёти Тоҷикистонро мегардонад. Дар ростои мулоқоти Душанбе чандин мансабдори баландпояи рус таҳдид карданд, ки бояд барои муҳоҷирони тоҷик раводиди сафар ҷорӣ шавад. Мақомоти расмии Тоҷикистон ба ин эъломияҳо вокуниш нишон надоданд — ташдиди таҳқиру таҳвин аз ҳамин гуна лаҳзаҳо сар мешавад. Ҳарчанд, агар воқеан дар ғами муҳоҷирон мебуданд, метавонистанд, бигӯянд, ки Тоҷикистон бояд барои наздик ба 15 000 сарбозу афсари Русия, мушовирони рус ва аҳли хонаводаи онҳо ва барои интиқоли борҳои ҳарбии Русия ба пойгоҳи 201 раводид ҷорӣ кунад. Аммо дар порлумони Тоҷикистон як Гризлов ё Багдасаров пайдо нашуд ва ягон ҳизби сиёсии кившар низ чунин эъломия надод. Ҳоло бояд ба қадри порлумони мустақил ва фаъолияти озоди ҳизбҳо расед. Ин порлумоне, ки яксара аз тобеону хомӯшон иборат аст ва ин аҳзобе, ки дар қуттичаҳои хурд ҷой карда шудаанд, ба кӣ даркоранд?

Агар касе дар ғами муҳоҷирон мебуд, мумкин дар посух ба эъломияи тамдиди 49-солаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, бигзор ҳатто ҳазломез мегуфт, ки ин иқдомест дар ивази беҳбуди куллии шароити муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Агар ғам ғами давлату миллату кишвар мебуд, шояд ин нукта дар куҷое ба шакле садо медод, вале азбаски ғам фақат ғами шахсист, ин мавзӯъ ба ёд нарасидааст. Мисли ин аст, ки “баъд аз сари ман бигзор офтоб набарояд”. Вале кӣ медонад, дар ин 50 соли оянда чӣ чизҳое иттифоқ хоҳад афтод ва умри инсон ҳам, қатъи назар аз он ки дар кадом мақом аст ва ҳар рӯз атрофиён ба гӯшаш чиҳо мехонанд, рӯзе ба поён хоҳад расид. Шукр, ҳоло нӯшдоруи бемаргӣ кашф нашудааст.

АММО ТОҶИКИСТОН, КИ МЕМОНАД?

Бале, ҳама меоянду мераванд, аммо ватан мемонад, Тоҷикистон мемонад ва наслҳои баъдина ба корҳои имрӯза баҳо медиҳанд. Худо кунад, сохтани номи некро дер нашавад. Ба ҳар ҳол вазъи пешомада роҳҳои ислоҳ дорад. Аз як сӯ агар пешниҳоди тамдиди 49-солаи ҳузури ҳарбии рус дар референдуми умумихалқӣ пуштибонии кофӣ наёбад, ҳукумат метавонад, бо такия ба иродаи мардум онро рад кунад ё тағйир диҳад.

Агар баргузории назархоҳии умумӣ қобили қабул нест, пас роҳҳои дигари тағйири вазъро бояд ҷуст, ки ҳам манфиати Тоҷикистон ҳифз шавад ва эътибори тоҷик дар чашми дӯстони русашу дар саҳнаи ҷаҳонӣ эҳё гардад. Албатта, ин ба он маънӣ нест, ки бояд равобит бо Русияро хароб кард ё пой ба пайроҳаи душманӣ бо ин абарқудрат гузошт, балки бояд сиёсати ҳисобшуда, мутамаддин ва қавиеро дар пеш гирифт, ки Русия на танҳо ба манфиатҳои ҳақиқӣ ва ҳаётан муҳими худаш дар Тоҷикистон пай бибарад, балки инчунин манфиати Тоҷикистонро ҳам бишиносаду ба он эҳтиром гузорад.

Барои ин шояд таҳкими равобит бо кишварҳои дигар хеле муҳим бошад. Чанд сол пеш ҳамкориҳои ҳарбию техникии Тоҷикистон бо Фаронса, Олмон ва Ҳиндустон рӯ ба рушд буд, аммо, зоҳиран, ба хотири коршарикии раҳбурдӣ бо Русия ин додугирифтҳо маҳдудтар гашт. Ҳамкорӣ бо ИМА дар ҳоли густариш аст ва бояд амиқрафти бештар пайдо кунад. Дар ин байн талоши ҳамвор кардани муносибатҳо бо Узбакистон метавонад, яке аз “қартаҳо”-и дасти русро фурӯ афтонад. Ҳамсоя ҳамсоя аст, хеши дур, хеши дур.

Дар давраи афзоиши таҳдиди Толибон ба минтақа, агар дар ёд дошта бошед, Тошканд ва Ишқобод вориди гуфтугӯ бо толибҳо шуданд ва то имрӯз касе ба ин эроде надоштааст. Худи ҳукумати Карзай дар пайи созиш бо толибҳост ва шояд чаҳоряки ҳукуматаш аз толибмаъобон иборат бошад, пас чаро набояд бо толибҳо низ роҳи муоширатро ҷуст. Нашавад, ки пас аз бозгашти онҳо ба сари қудрат дар Афғонистон Тоҷикистон ба ҳайси ягона душмани дерина ва асосии онҳо шинохта шавад.

Ислоҳоти густардаи демократӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи воқеии кишварҳои Аврупо ва ИМА-ро ба худ хоҳад кашид. Ин чизест, ки борҳо ба Қирғизистон кӯмак кардааст ва ҳам чизест, ки Русияро такон хоҳад дод. Русия дар бораи демократия шиор мезанад, вале амалан ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки дар Тоҷикистон ё кишвари дигари пасошӯравӣ як ҷомеаи пешрафтаи мардумсолор сохта шавад. Агар дар ин замина дар соли 2013 як интихоботи демократӣ, шаффоф, одилона ва озод баргузор гардад, ҳатман раҳбарияти сиёсии кишвар бо роҳи осоишта иваз мешавад. Ҳолате ба миён меояд, ки бояд муносибатҳо бо Русия аз сар гирифта шаванд, аз “сафҳаи тоза”, ба гуфти худи русҳо. Ҳамаи нуқсу камбудиҳо бартараф мешаванд ва Тоҷикистон метавонад, равобити худро бо Русия бо назардошти ғалату иштибоҳҳои пешина дониставу ҳисобӣ ба роҳ монад. Рушди демократӣ обрӯи тоҷиконро дар ҷаҳон низ боло хоҳад бурд, дар ҳоле ки хушунат ва ошӯбу ҷанги ҷоҳу қудрат ин обрӯи рехтаро аслан аз рӯи замин ҳам бухор хоҳад кард. Оғози неку нав ба ҳукумат ва президенти нав фурсату майдони бештари манёвр тақдим хоҳад дошт. Мисли як таваллуди дубора.

Ҳифзи ҳаёт ва ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дигар ба як кори ношуданӣ табдил ёфтааст, ки ҳукумат гумон аст, аз ӯҳдаи он барояд. Сафорати Тоҷикистон ва намояндагиҳои дигари кишвар дар Русия, агар хоҳанд ҳам, ба сели мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ карда наметавонанд. Дар муқобили душманони бешумори тоҷикон дар Русия сафи дӯстони он сол ба сол камтар мешавад ва ҳеч коре барои таъсиси лоббии Тоҷикистон дар ҳукумат ва порлумони Русия сурат нагирифтааст ё натиҷа надодааст. Шояд беҳтар аст,  роҳи муҳоҷирати нерӯи кори Тоҷикистон ба кишварҳои дигар васеъ шавад, то бо коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия фишанги фишори Маскав низ заъифтар гардад.

Аммо беҳтар аз ин таъсиси ҷойҳои нави кор ва шуғли бештар бо музди хуб дар худи кишвар метавонад заминае бошад, ки муҳоҷират маҳдудтар гардад. Шояд ин як маъракае бошад, ки сармояҳои феълан “бекор”-и саҳмдорони Роғун ба тарҳҳои дигари густарда равона шуда, корхона ва муассисаҳои нав ба кор дарояд ва ҳукумати Тоҷикистон расман ва бо садои баланд аз мутахассисони тоҷик дар Русия даъват кунад, ки ба ватан баргарданд ва ин ҷойҳои нави корро пур кунанд. Як чунин эъломия барои русҳо худ зарбае хоҳад буд, то кайфи водкаро аз сарашон дур кунад. Аз сӯе ҳам ҳукумат бояд ба маҳдуд кардани муҳоҷират иқдом намояд, махсусан ҳиҷрати мутахассисони нодир ва ҳам онҳое, ки забони русиро намедонанд ё ба синни балоғати воқеӣ нарасидаанд.

Фаромӯш накунем, ки Маскав аз ҳоло гуфтааст, барои ҳузури 49-солааш дар қаламрави муқаддаси Тоҷикистон пулу пашизе намедиҳад, балки бо таълими сарбозу афсарони тоҷик ва силоҳу муҳимот ин ҳақро мепардозад. Гӯё русҳо ин қадар дар илми ҳарбӣ қавиянд, ки бояд аз таҷрибаи онҳо омӯхт. Аллакай гуфта шудааст, ки Маскав силоҳу техникае, ки дар анборҳои Русия зери чангу ғубор хобидаанду бояд ба ошғолу оҳанпора табдил ёбад, ба Тоҷикистон хоҳад дод. Маънӣ, Тоҷикистон барои Русия ҳамон як партовгоҳ хоҳад буд. Аммо дар айни замон чаро ин қадар ҷон меканад, ки аз ин партовгоҳ ронда нашавад, ба тамоми ҷаҳон маълум аст.

04.09.2011 - Posted by | Амният, Ватан, Русия, Сиёсат, Тоҷикистон, Узбакистон

20 Comments »

  1. Barodaronu xoharoni aziz ,padaronu modaroni muhtaram va hamvatanoni arzishmand !
    Baadi mutolia in mavod majbur shudam ,ki yak note biguzoram ,to ki dar in amri xayr ,ki bedorii millati most sahmdor bosham ,
    Rizqa ba mo Medvedov ki kishvari on namedihad , balki Razzoq tanho Xudovand xudash ast , mo boyad bedor shavemu ba kujo chi guna raftanamonro bidonem .Ba fikri man boyad hama muhojirini mo boyad ba vatan bargardandu talabi joyi kor az mo bikunand ,na az on millati begonae ,ki onhoro bo azobu shikanja va masxara ,bo yak narxi nochiz kor farmudaistodaast.
    Dar surati paydonashudani joyi kor baroi onho fishor boloi masulini bemasuliyati mo ziyod meshavadu hatman rohi halli in qaziya durustar dida meshavadu ,hal meshavad !!!!!!!

    Umedvoram,ki mo noumed naboshem va to lahzai oxirin kushish namoem ,toki hammehanonamonro dar zeri dasti on millat ozod namoem.

    Comment by Tuychiboy | 05.09.2011 | Reply

    • Дарвоқеъ ҳаққи гапро гуфтед, ман фикр мекардам, фактори муҳоҷирон зиёд ба равобити байни ду кишвар таъсир надорад, аммо ахиран ба натиҷа расидам, ки ин омил хеле муассир аст. Албатта, ҳаргиз набояд ноумед шуд. Ҳақ бар ҷониби тоҷикон аст, ки мавриди зулм қарор гирифтаанд ва Худованд ба камтарин ҳаракати мазлумон баракат медиҳад.

      Comment by aioubzod | 06.09.2011 | Reply

  2. Дуруд, устод. Дируз банда тасмим гирифтам аз Точикистон хичрат намоям, точик буданамро фаромуш кунам, зеро дигар токати ин хама тахкиру тавхинро надорам. То ин замон, миннат нашавад, хеле кушишхо кардем, мубориза бурдем, хатто аз хисоби худамон ба шахрхои Русия сафар карда бо точикон сухбатхо оростем, то худшиносии миллии онхоро каме хам бошад болотар барем. Аммо нашуд… Ин мардум ба он хама тахкир сазовор будааст, ки Худованд гирифтораш кардааст. Хамон рузи фурухтани харими Точикистон ба русия, аммо хануз бехабар аз ин хабар, банда дар зинапояи мактаби деха, болои бетони хунук, бо ашки чашмон хамин карорро аз сар дур мекардам, аммо ин танфурушии хукумат охирин сангро ба карори банда гузошт. Як руз пеш бачахо аз деха занг заданд, ки муаллимони мактаб духтаронро бо русари ба мактаб рох надодаанд, хатто русарии чанд нафарашонро аз сарашон гирифтаанд ва онхо тасмим гирифтаанд худуди сад нафар ба мактаб раванду аз духтаронашон дифоъ намоянд. Ман духтари мактабхон надорам, бачахоям хам дар шахр тахсил мекунанд, аммо токати бардошти чунин тахкиреро накардаму сахар ба деха рафтам. Тасаввури ин ки 100 нафар аз дастхои духтаронашон гирфта ба мактаб хоханд омад, то аз хукукхои фитрии худ дифоъ кунанд, рухамро хеле болида карда буд… Аммо ба чои 100 нафар танхо 2 нафар омаданд… Хуб, мо аз хукуки ДУХТАРОНИ МАРДОНи дигар хам дифоъ кардем, аммо бубахшед, даюсии 98 нафари дигар бисёр аламовар буд. Он 2 нафар хам, ки аввал хеле зик шуда буданд, баъди “пирузи” сарбаландона рафтанд. Аммо ман бо рухи шикаста аз бепарвоии 98%-и масчидрав аз аврати духтаронашон руи зинахои мактаб мондам…
    Инак хам, 98 дарсади мардум парвое надоранд, ки аскару афсарони русия 49 соли дигар аз зану духтарони онхо дифоъ хоханд кард, то аскару афсари точик масчидхоро аз наврасон хифз намоянд.
    Мо хам меравем… Ин мардуму хамин хукуматаш ва ин Ватан, ки дигар ба мо бегона хохад шуд…

    Comment by Farid | 05.09.2011 | Reply

    • Дуруд бар Фариди фарзона. Аз хондани номаат хеле афсурда ва андӯҳгин шудам. Аммо фикр мекунам, набояд аз руи эҳсосот амал кард ва нашояд охирин гузинаи мумкинро пеш аз вақт дар пеш гирифт. Узр, ки гӯё ба устоде ҳамчун ту сабақ медиҳам, аммо аз Ватан ҳиҷрат кардан ба мо суннат аст, вале фаромӯш кардани асли хештанро ҳеч кадоме аз бузургони мо бароямон машварат надодаанд.

      Ин давлати ноозод, ки зери султаи русу дигарон аст, нахоҳад гузошт, ки мардумаш озод бошанд ва ба гунае, ки мехоҳанд, зиндагӣ кунанд. Агар ҳамаи озодманишҳое монанди Шумо тарки Ватан кунанд, он ҷо кӣ мемонад. Қазияи ман дигар аст — ба гуфтаи Кафка як касе бояд бошад, ки ҳамеша чароғро рӯшан нигаҳ дорад. Фикр накунам, 98 дарсади мардум ба ҳузури ҳарбии дарозмуддати рус дар Ватаншон розӣ бошанд. Агар як назарсанҷии умумӣ баргузор мешуд, медидем, ки мардум хеле бедор шудаанд ва чӣ будани истиқлолиятро беҳтар аз он шиорпароканҳои рӯзи Истиқлолият дарк мекунанд.

      Шитоб накун, азизам. Шайх Ҳофизи Шерозӣ гуфта, доимо яксон намонад даври гардон, ғам махӯр. Ва ҳам ончӣ ман дӯст дорам — Дар биёбон гар ба тарфи Каъба мемонӣ қадам, сарзанишҳо гар кунад, хори мағелон ғам махӯр… Худо кунад, иштибоҳ нақл накарда бошам. Бо орзуи рӯзҳои нек…

      Comment by aioubzod | 06.09.2011 | Reply

  3. Ъачаб гапои фаче! Аз дур истода хотири чамъу шикамбаи пур кати харчи гуптан мумкин аст дамулла. Енди худуш мо инчаба дар фикри “сари кухи буланд хамяза кадум” астем, худут баши ай дур истода суни мо мушт мекаши, ки хамяза накунен, да дахонатон паша медрод. Ту як коре нишон те, ки пашахо браванд, на ин ки мо доим даханамона пушида гардем, так что ашна малим чайа бнуш.

    Comment by Tajik ashna | 05.09.2011 | Reply

    • Аз “қалай” раҳо шудему бархӯрдем ба лақай…

      Comment by aioubzod | 06.09.2011 | Reply

  4. Dar 4- 5 haftai oxir behtarin maqolae ki xondam!!! Qalamaton kund nashavad!!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 05.09.2011 | Reply

    • Бо дуоҳои Шумо, саломат бошед.

      Comment by aioubzod | 06.09.2011 | Reply

  5. Аз Фейсбук:

    Bakhtiyor Babaev Рахмат ба шумо. Бехтарин тахлили сиёсии муносибатхои Точикистону Руссия
    12 hours ago · Like · 2 people

    Devran Kerim Tesukkurler abicim!…
    10 hours ago · Like

    Firdavs Hasanov http://regnum.ru/news/fd-abroad/tajik/1441656.html

    Россия покупает 49 лет военного присутствия в Таджикистане за 5 млрд рублей? – Новости Таджикистана.
    regnum.ru
    Таджикистан и Россия договорились о продлении срока пребывания 201-й российской военной базы еще на 49 лет.
    10 hours ago · Like ·

    Faizullo Nasrulloev Устод, сарлавхаи маколаро хеле бачо гузоштед.
    8 hours ago · Like

    Dariush Rajabian Аз беҳтарин таҳлилҳое буд, ки то кунун хондаам.
    Аммо дар Вики дар мавриди пойгоҳи Арманистон навиштаанд:
    «Создана в 1995 году и несёт боевое дежурство в рамках Объединённой системы ПВО СНГ согласно межгосударственному договору сроком на 49 лет (до 2044 года). По этому договору, плата с России не взимается”.
    3 hours ago · Like

    Sitora Radzhabova Behtarin tahlil va helo daqiq!!!
    3 hours ago · Like

    Khurshed Mayusupov Хеле маколаи хуби тахлили, ки хамаи тарафхои муносибати Точикистону Русияро барраси мекунад.
    about an hour ago · Like

    Shodigul Aslamshoeva Говорят со стороны виднее, н иногда нужно быть в гуще событий, чтобы дать им объективную оценку. Находясь за тысячи киллометров от Таджикистана, незная всей сути произошедшего, как вы можете анализирвать произошедшее, Салим. Но это ваше мнение, с которым я могу себе позволитьне согласиться
    56 minutes ago · Like

    Comment by aioubzod | 05.09.2011 | Reply

  6. As-salomu alaoikum akai Salimjon,

    Xydo shymor doimo niga dorad Ustod.Kosh Ramon ba in site sar sazand bidonad mardym dar chi fikrand.

    Roati az shynidani in xabar xelo norohat shydam . Namednam az kadon in ishtibohoi in hykymt syxan zad. az dodani zamin ba xitoi va yo az 49 sola shartonam bastan ba rysia broi hyzyri nizomi. Vayo az digar siyosathoi dinsitezi in hykymat. Bovar kyned in hykymat Rogynro ham naxohad soxt. Yagona roh mo boyad in hykymatro dyr kynem vagarna az in ham qarorhoi badro intizor shyd. Voi dod az dasti in hykymat. Boyad ziyoiyoni milat va donishmandon ovoz barorand bar zidi in shartnoma, ustod Mymin Qanoat, va digar olimon byzyrgi milat va dar peshi tarix javobgy hastand agar xomysh istand.In istiqloli TJKro dar xatar megyzorand.
    Akai salimjonman az shymo xohish doram dar facebook va hamchynin az tariqi radioi Ozodi ki bo besyori Tojikon dysti dorad agar hamin dar ovozdihi Facebook moned behtar meshyd.

    Comment by Qosimi | 05.09.2011 | Reply

  7. Салом ба устоди азиз
    Рости гап алами дили манро навиштаед Зинда бошед!!!
    Аз хамон лахзае хабари боки мондани базахои русро боз 49 соли дигар фахмидам фикри тарки Точикистон маро азоб медихад.

    Comment by Рашти | 05.09.2011 | Reply

  8. Асалому алейкум бародар Салми Аюбзод тахлилатон бехтарин амо чи бояд кард магар метавонем бо онки бигуёмки дар гузашта чи хатоихо рох додем ва имруз чи хатои кардем вазиятро дигар кунем албате не.Агар пешниходе доред натарсида ба он хизб ёчунбишхои сиёсие медонед амалкарданд пешниход кунед ва моро яне мардумро хам даъват кунед васалому алейкум ва рахматулохи ва баракотуху.

    Comment by Зубайр | 06.09.2011 | Reply

  9. Facebook:

    Mahmadruzi Shoev Tahlili Jolib, kosh nafare paido meshyd in maqolaro ba Janobi Oli medod, shoyad shartnomaro imzo nemekard ki to hol imzo nashydast.
    13 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 06.09.2011 | Reply

  10. Беҳтарин матлабе, ки дар як ҳафтаи ахир хондам. Аҳсант! Тарзи пешниҳодаш олӣ! Дар мавриди худи мавзӯъ ростӣ чизе гуфтан намехоҳам. Аниқтараш аз чӣ сар карданро намедонам, гап он қадар зиёд, ки… Худованд мардуми тоҷикро сарбаланд гардонад!

    Comment by mahbubjon | 06.09.2011 | Reply

  11. Ба фикрам ин созишнома то хол халли худро наёфтааст. Холо хам дер нашудааст, ки Хукумати Точикистон “ОТКАЗ” кунад. Ваё бахои бештареро хостор шавад. Бояд Хукуматро фахмонд ки ба хатогии 49 сола рох надихад.

    Comment by Исфандиёр | 06.09.2011 | Reply

  12. Айёму иди харбуза омад ба сар, дигар,
    Панчох соли харбузапазро зи сар нигар.
    Ин чузъу томи рус, ки бо сад бахона монд,
    Истиклоли мо пас аз ин дар тарона монд..
    СОНИ

    Comment by сони | 06.09.2011 | Reply

  13. ба гузориши зерини викиликс таваччух намоед. бубинед, ки чи гуна рохбарони халки точик ба бегонагон халки худро ба махалхо чудо мекунанд.
    E.O. 12958: DECL: 10/21/2019
    TAGS: PREL PHUM PGOV TI
    SUBJECT: FOREIGN MINISTRY ZARIFI INDOCTRINATES AMBASSADOR

    REF: DUSHANBE 1151

    CLASSIFIED BY: Ken Gross, AMB, EXEC, State.
    REASON: 1.4 (b), (d)
    ¶1. (C) Summary: In an October 16 meeting, Foreign Minister
    Zarifi rattled off a lengthy list of Tajikistan’s desires for
    infrastructure projects, increased trade, a softer human rights
    report, assistance on trafficking in persons, and help on
    relations with Uzbekistan. This appears to have been his
    misplaced effort to give us input on the Annual Bilateral
    Consultations (ABCs). End Summary.

    TRADE AND LOCAL PROCUREMENT FOR AFGHANISTAN

    ¶2. (C) Zarifi called Ambassador to a meeting to discuss
    “bilateral meetings.” He was accompanied by newly appointed
    Deputy Foreign Minister Ozoda Rahmonova (the President’s
    daughter). Zarifi first pointed to a map of Central Asia on the
    table and said he would make good use of it. He then commented
    that the recent TIFA meeting in Washington had been positive.
    Tajikistan would like to increase trade with the United States
    and specifically wanted to sell dried fruits, bottled water, and
    fruit juices to U.S. and allied forces in Afghanistan.
    Tajikistan would organize an exhibition for the Defense
    Department if a delegation came to see what the Tajik market
    offered. Ambassador said he would follow up on this offer with
    USCENTCOM.

    POWER AND RAIL LINES FROM TURKMENISTAN VIA AFGHANISTAN

    ¶3. (C) Zarifi raised his and President Rahmon’s recent visit to
    Turkmenistan, saying that Turkmenistan was interested in
    electric and gas lines to Tajikistan via Afghanistan, bypassing
    perpetually obstructive Uzbekistan. Making liberal use of the
    map, Zarifi said the Turkmen would finance the power and gas
    lines up to their border with Afghanistan, but Tajikistan was
    looking for our support to obtain financing for the lines
    through Afghanistan to link up with Tajik networks. Zarifi
    suggested that the United States, Turkmenistan, Tajikistan, and
    United Nations Representative Kai Eide meet to discuss these
    projects.

    REGIONAL ROAD AND RAIL VISIONS

    ¶4. (C) Having tested the road route from Kyrgyzstan via
    Tajikistan to Afghanistan, it was time to expand NDN operations
    to include rail cargo via Uzbekistan, Zarifi said. Tajikistan
    needs U.S. help to gain Uzbek agreement to such transit. To
    facilitate rail cargo movement to Afghanistan, Tajikistan would
    like to build intermodal rail/road facilities in Kulyob and
    Kholhozabad (near the Nizhny Pyanj bridge) and wants investors
    to build a rail line from Kholhozabad to Nizhny Pyanj. Also
    needed is an additional bridge across the Pyanj at Kokul, 95
    kilometers east of Nizhny Pyanj, to better connect Afghan
    Badakhshan with Tajikistan. A new road from the border crossing
    at Nizhny Pyanj directly to Mazar e Sharif, bypassing Kunduz,
    also would help complete the grand plan to connect western China
    to the port of Bandar Abbas in Iran. A 600 kilometer railroad
    from Kunduz to Herat also should be built.

    CASA-1000, DAMS, BORDER SECURITY

    ¶5. (C) Barely pausing to take a breath, Zarifi pitched the
    oft-discussed but never built Doshtizhum Dam on the Pyanj river,
    saying it would help power the region and irrigate northern
    Afghanistan – but Tajikistan needs U.S. support to get the Asian
    Development Bank to fund a feasibility study. The CASA-1000
    power line to Afghanistan should go forward too. And Zarifi
    said that Tajikistan and the United States need to focus more on
    border security so that Tajikistan has the resources to properly
    inspect cargoes coming across the new bridges and to stop
    narcotics trafficking.

    DUSHANBE 00001170 002 OF 003

    UZBEKISTAN

    ¶6. (C) The problem blocking all these grand plans was
    Uzbekistan, Zarifi said. Uzbekistan “blocks all our ideas, even
    in the cultural sphere,” he added. Tajikistan needs the United
    States’ political support to convince lending institutions to
    finance feasibility studies for dams. Uzbekistan had filled
    reservoirs with water equivalent to three times the current
    volume of the Aral Sea, while windborne dust from the Aral
    seabed is coating Tajik glaciers, hastening their melting and
    further exacerbating water shortages in the region. Zarifi
    asked that the United States press Uzbekistan to reduce its
    inefficient cotton farming, which wasted much water. He asked
    that the United States urge Uzbekistan to remove landmines on
    its border with Tajikistan, the source of many civilian deaths
    and injuries.

    HUMAN RIGHTS, SOME BALANCE PLEASE

    ¶7. (C) Turning to human rights, Zarifi requested that the
    embassy, in preparing background information for the annual
    Human Rights Report, consult more with the government of
    Tajikistan. Arguing that human rights-oriented NGOs are in the
    business of finding bad news, Zarifi said such sources distorted
    the situation in Tajikistan. “Listen to us too” he concluded.

    TIP – HELP US TO HELP YOU

    ¶8. (C) Zarifi commented that Tajikistan was making greater
    efforts to fight trafficking in persons, but continues to be
    weak on reporting its efforts to the outside world. He asked
    for greater U.S. assistance to fight trafficking in persons and
    to better tell Tajikistan’s story. Ambassador said that a
    representative of G/TIP would visit in the near future, and
    Zarifi assured Ambassador that he would do all he could to make
    the visit useful.

    ZARIFI IS POC FOR SENSITIVE AFGHAN MATTERS

    ¶9. (C) Zarifi said that during President Rahmon’s meeting with
    Special Representative Holbrooke at the United Nations General
    Assembly, Holbrooke had asked Rahmon to designate a point of
    contact for communications on “sensitive matters” related to
    Afghanistan. Zarifi said that President Rahmon designated him
    to be that point of contact.

    MORE TOURISTS AND MORE STUDENTS FROM KULYOB

    ¶10. (C) Zarifi urged that the United States fund more student
    exchange programs, saying more students should travel “in both
    directions” between the United States and Tajikistan. At this
    point Deputy Foreign Minister Ozoda spoke to Zarifi in Tajiki,
    reminding him that the point was to get more exchange
    opportunities for “students from Kulyob.” Zarifi translated
    this to us more diplomatically as a request that U.S. exchange
    programs counterbalance those of the Aga Khan Development
    Network and the Soros Foundation which, he said, “mostly select
    Pamiris.” He also asked for USG assistance to bring more
    tourists to Tajikistan and financing for advertising materials,
    including tourist maps and guide brochures. When the Ambassador
    pointed out that the removal of the extra visa requirement to
    visit Gorno-Badakhshon would help increase tourism in that area
    – along with the opening of the Kulma border crossing to
    foreigners – Zarifi began a brief, animated discussion with
    Ozoda over the status of the GOTI’s requirement for visas for
    Gorno-Badakhshon. Neither was sure where the matter stood, but
    they promised to get back to us.

    DUSHANBE 00001170 003 OF 003

    MILITARY MATTERS AND RUSSIANS

    ¶11. (C) Zarifi said the Government of Tajikistan looked forward
    to the next visit by U.S. military “commanders” and wished to
    discuss the U.S. military presence in Tajikistan. Tajikistan is
    talking to the Russian Government about the status of the
    existing Russian bases, Zarifi said without further elaboration.
    Ambassador informed him of the possible October 26-27 visit of
    Central Command Commander General Petraeus. With that, Zarifi
    closed the meeting, thanked the Ambassador for coming to the
    Foreign Ministry, and proclaimed Tajikistan ready to begin the
    Annual Bilateral Consultations.

    THIS WAS AN ABC DISCUSSION?

    ¶12. (C) The Ambassador passed to Zarifi a modified list of
    topics for discussion at the ABC and requested that we start
    in-depth discussions so that both sides would be well-prepared
    for the ABCs. Zarifi glanced at the list, said it “looked
    fine,” and agreed that we could have further talks as needed.
    In response to the Ambassador’s inquiry, Zarifi added that he
    would soon appoint a new director for the MFA office for North
    America and Europe and that this person would shepherd the ABC
    process for the Tajik side.

    COMMENT – A MILE WIDE AND THIN ON THE STAFF WORK

    ¶13. (C) Like in many meetings, Zarifi covered the usual litany
    of issues. This was, hopefully, only his first attempt to flesh
    out Tajik interests in advance of the ABCs. Clearly he and the
    MFA have much work to do before they are prepared for these
    discussions, and embassy will work with them to develop a more
    substantive agenda than the grandiose wish list Zarifi spilled
    out. Presidential daughter Ozoda, now overseeing these regions
    as one of three deputy ministers, contributed only the request
    for more Kulyobis to study in the United States.

    ¶14. (C) Zarifi’s comment on the desire for discussions on our
    military presence in Tajikistan may indicate the source of
    Russian Deputy Foreign Minister Karasin’s questions to
    Ambassador earlier the same day (Reftel) on whether the United
    States planned to place forces on the Tajik border with
    Afghanistan. Whether the two issues are in fact linked, Karasin
    certainly was right when he observed that the Tajiks try to play
    the United States and Russia off each other in an effort to get
    more for Tajikistan. End Comment.

    Comment by karim | 07.09.2011 | Reply

  14. …Ба махалхо мо соли 1991 чудо шуда будем, ва ё аниктараш солхои баъди инкилобии 1917… Озода бошад дар думболи мухофизати худ ва ахли оилаи худ аст… Аз кулобихо бояд тарсид, дигар махалахо хама кайхо пачаканд.

    Comment by Tu va Man | 09.09.2011 | Reply

    • Ба назари ман. бояд ба ҳама кӯмак кард, ки аз марази маҳалгароӣ наҷот ёбанд. Сониян, фикр накунам, ҳоло мардуми Кӯлоб ҳам вазъи беҳтаре дошта бошанд. Ҳар минтақа иштибоҳҳое кардааст, бояд онҳоро бахшид ва рӯ сӯи ваҳдат овард. Роҳи дигаре ҷуз ин нест.

      Comment by aioubzod | 11.09.2011 | Reply

  15. Чи тавре, ки ройгон додани замини Точикистон ба Хитойро яке аз музафариятхои сиёсати Точикистон арзёби намуда буданд, мумкин ин хам яке аз чунин музафариятхои дигари хукумати имруза бошад.

    Comment by Sadriddin | 22.09.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: