Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Масъуди зиндатар аз мо

Оё рӯзе сирри меҳварии куштори номардонаи Аҳмадшоҳи Масъудро фош хоҳад шуд? Бовар дорам, оре. Чун дар ин чанд соли умри худ дидам, ки чӣ пардаҳои ситабре аз рӯи аъмоли пинҳоне фурӯ афтод ва чӣ ҳақиқатҳои мудҳише ошкор гашт. Аммо дудилаам, ки чӣ чиз беҳтар бошад — ин ҳақиқат дар тӯли зиндагии ман рӯ занад ё беҳтар аст, он рӯз дигар дар рӯи замин набошам.

9-уми сентябри соли 2001 сипаҳсолори нобиға дар айни авҷи камолоташ ба бадтарин ва номардонатарин шева кушта шуд. Ду арабтабори аврупопарвард бомбаеро дар дурбини видео дар рӯбарӯи Шери Панҷшер тарконданд. Чӣ гуна шуд, ки дили ҳассоси ӯ ин бор палидии инсонҳои пастро ҳис накард? Чӣ шуд, ки бӯйи шағолҳои лошахор ба машоми Шер нарасид? Бовар намекунам. Ин дар ҳолeст, ки вай як дафъа аз мусоҳиба даст кашида буд, аммо чаро бори дигар ба ин мулоқот розӣ шуд?

Чӣ тавр террористон тавонистанд, ин ҳама муддате, ки меҳмони Панҷшер буданд, сирри худро махфӣ доранд ва чӣ гуна шуд, ки бомбаи онҳо аз тафтиши масъулони амнияти фармондеҳи бузург гузашту дар рӯбарӯи Аҳмадшоҳи Масъуд қарор гирифт? Яке аз ҳамлаварон дар он таркиш кушта шуд, аммо чаро натавонистанд, дувумиро зинда нигаҳ доранд, то сирри ин ҳама ошкор гардад? Ривоят ин аст, ки ӯ фирор кард ва ҳангоми дунболагирӣ ба қатл расид. Оё онҳо фиристодагони ал-Қоида буданд ё аз ҷои дигар? Ва агар аз ҷои дигар буданд, чаро ал-Қоида масъулияти қатли Масъудро бар дӯш гирифт?

Вале касе гумон мекунад, ки Масъудро куштааст, ғалат мекунад. Ӯ дигар ҳаргиз нахоҳад мурд. Пас аз қарнҳо низ зинда хоҳад буд ва ба доди мо хоҳад расид. Агар дида бошед, номаашро ман дар қиссаи “Каме латра” ба чоп расондаам. Агар надидаед, пайдо бикунед ва бихонед. Ин тӯмори диловарӣ ва шикебоии мо хоҳад буд.

АЙНӢ ВА МАСЪУД

Як рӯз нависанда ва пажӯҳишгари саршиноси рус Иван Толстой аз ман суол кард, ки чун “Тоҷикон дар қарни бистум”-ро навиштаӣ, ба назарат, машҳуртарин тоҷики қарни 20 кист?” Гуфтам, “онҳо ду нафаранд.” Гуфт, “кӣ ва кӣ?” Гуфтам, “Айнӣ ва Масъуд”. Гуфт, “магар нависанда ва ҷангсолор?”. Вожаи “ҷангсолор”-и Толстой он вожае набуд, ки имрӯз дар Афғонистон дар нисбати Масъуд садо медиҳад. Дастикам ба он лаҳн набуд.

Албатта, тоҷикони бузург дар садаи бистум зиёданд, аммо Айнӣ ва Масъуд баёнгари шуҷоат ва шаҳомати миллии мо дар қарни гузаштaанд. Ҷолиб аст, ки байни ин ду шахсияти бузург бо вуҷуди он ки яке асосан дар оғози сада ва дувумӣ дар поёни он зистаанд, пайванди қавӣ ва амиқи равониро метавон дид. Айнӣ зуҳури Масъудро пешгӯӣ кардааст ва шояд ҳам ба бурузи ӯ мусоадат.

ШАМШЕР ВА ҚАЛАМ

Бо камоли дареғу ҳасрат бояд иқрор кард, ки насли шӯравипарварди мо устод Айниро бештар ба ҳайси муаллифи “Одина”-ву “Дохунда” мешиносад. Дар ҳеч мактабу донишкадае мақолаҳои ӯро ба мо муаррифӣ накардаанд. Бисёре аз навиштаҳои ӯ, ки бо таконҳои зилзиламонанд қавми тоҷикро бедор ва ҳушманд кардаанд, бо теъдоди андак бознашр шудаанд ва шояд танҳо шумори каме аз муҳаққиқон онҳоро донанд.

Онки “Намунаи адабиёти тоҷик” мисли сипаре моро аз тири заҳрогини пантуркистони аввали садаи бист наҷот дод, як ҳақиқати бебаҳс аст. Агар мо имрӯз давлатеро бо номи Тоҷикистон дорем, қалами Айнӣ буд, ки онро аз нобудӣ ҳифз кард, вагарна ҳоло як-ду вилояте дар ҳайати кишвари ҳамсоя мебудем. Он замонҳо буд, ки Айнӣ мардуми хешро ба ҷуръат ва ҷасорат даъват мекард. Дар мақолаи “Сайфу қалам” дар соли 1920 ӯ  менависад:

“Дар олами маданият ду қувва аст, ки таъмини ҳуқуқи бани башар бе васотати ин ду мумкин нест.” Манзури ӯ сайф (шамшер) ва қалам аст, ки аввалиро “ҷисм” ва дувумиро “ҷон” меномад. “Ҳамчунон ки ҷисми беҷон ва ҷони бе ҷисм масдари коре шуда наметавонад, инчунин ҳайати иҷтимоия, ки яке аз сайфу қаламро доро нест, кореро пеш бурда наметавонад. Олами ислом ҳар шараф ва манзалате дид, ба воситаи сайфу қалам дид, ба ҳар хорӣ ва мазаллате, ки афтод, ба сабаби аз даст додани ин ду афтод.”

Устод аз даст додани ин дуро иллати асосии аз даст рафтани иззат, шараф, номус ва ватан номидааст. Акнун, меафзояд ӯ, “мо на ба сайф рағбат дорем, на ба қалам, на ёди озодӣ дорем, на орзуи ҳуқуқ.” Тасаввур кунед, Садриддини Айнӣ ин ҳуруфро ҳанӯз пеш аз табаддулоти Бухоро навиштааст, яъне дар моҳи июни соли 1920 ва шиква кардааст, ки ҷавонони тоҷик на ба артиш майл доранду мардуми тоҷик барои “Шӯълаи инқилоб” хабаре ва асаре наменависад, дар ҳоле ки ба нашрияҳои узбакӣ аз ҳама гӯшаву канор хатту хабар фиристода мешавад. Вай мардуми худро гирифтори “танбалию танпарварӣ” меномад, ки дар “бистари ғафлат ва атолат* ғунудаанд.”

Айнӣ ҳамаи инро “муқаддимаи тӯлонӣ” мехонад ва хулосаи хешро иy гуна баён медорад: “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба иборати кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронда, чанг ба домони сайфу қалам занем. Моро лозим аст, ки ҳарчи зудтар ба сафи Асокири Сурх даромада, ба ХУД (таъкиди мо – С.А.) ва ба НАВЪИ ХУД (боз ҳам таъкиди мо – С.А.) хидмат намоем. Моро лозим аст, ки ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи МАОРИФ (С.А.) ва ТАНВИРИ АФКОР (С.А.) раҳсипор гардида, аз байни худомон аҳли қаламҳои намоён ба МАЙДОНИ МУБОРИЗА (С.А.) расонем. Эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва нуқсоноти воқеии худамонро ба воситаи матбуот музокара намуда, БА ҲАР ДАРДИ ХУД (С.А.) аз ин маъҷуни** мураккаб, яъне МАТБУОТ (С.А.) даво ҷӯем!!! Бародарон! Агар ҳаёт ҷӯед, ба даст гиред сайфу қаламро!.” (Нақли қавл аз Садриддин Айнӣ “Акнун навбати қалам аст”, “Ирфон”, Душанбе, 1977, саҳ. 154-155).

ХИЁБОНИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

Яке аз нависандагони забардасти тоҷик Қодири Рустам дар як эссеи худ ҳамин мавзӯи сайф ва қалами тоҷикро дар замони муосир ба таҳлил кашида, нақши Аҳмадшоҳи Масъудро дар он мебинад, ки нисбати шамшерро ба қавми тоҷик бозгардонд.  Ин андешаҳо дар ҳоле ба сари ӯ меоянд, ки аз хиёбонҳои Алмато меравад ва мебинад, аксари кӯчаҳо ба номи сипаҳсолрони қазоқ гузошта шудаанд. Дар Душанбе кӯчаи Аҳмадшоҳи Масъуд вуҷуд надорад, аммо пайдо хоҳад шуд. Пайкарааш ҳам қомат хоҳад кашид. Ба вақту соаташ. Он замоне ки миллат кӣ будани Будённий ва кӣ будани Масъудро дарк кунад. Айни чизе шуд, ки номи Исмоили Сомонӣ исми қотили мардуми тоҷик Чеслав Путовскийро ба ҳам зад. Ҳарчанд, шоҳид будам, ки хеле ба сахтӣ даст дод ва барои сарнагун кардани пайкараи Путовский се навраси тоҷик ҳукми зиндон гирифта буданд.

Иди истиқлолияти миллии Тоҷикистон аз он соли 2001 ҳамеша бо дарди сангине ҳамроҳ хоҳад буд. Рӯшанфикрони тоҷик дар авҷи шодмонии ин ид аз ӯ ёд хоҳанд кард. Дирӯз дидам, ки садҳо нафар дар Фейсбук бидуни машварате аксҳои зиндаёд Масъудро ба ҷои акси худ дар сафҳа гузоштаанд. Агар касе як Масъудро кушт, бидонад, ки акнун ҳазорон, миллионҳо Масъуд дар майдонанд, агар на бо шамшер, пас бо қалам. Ва миллионҳо Масъуди дигар дар роҳ асту акнун бояд ба дунё оянд ва ин силсиларо оғоз ҳаст, анҷом нест.

Иттифоқан, қаҳрамони миллӣ боре ҳам нашуда, ки дар ҷашни истиқлоли тоҷикон ширкат карда бошад. Орзу дошт, Самарқандро бубинад, вале фурсат наёфт. Чӣ гуна шахсе, ки умре дар ҷанг буд, дар ҷашн биншинад? Шояд аз дур медиду шодӣ мекард? Шояд насими Омӯ барояш бӯйи Бухоро меовард? Вай барои сулҳи тоҷикон хидмат кард ва Тоҷикистон пуштвонааш буд.

Як корманди пешини ҳукумат ҳикоят кард, ки 9-уми сентябри соли 2001, вақте ки Масъуди хунчаконро бо орзуи кӯмаки пизишкон ба Тоҷикистон меоварданд, касе дар садри ҷаласаи идона ба гӯши раҳбари давлат мегӯяд, “Масъуд меояд.” Раҳбар фикр мекунад, Масъуд ба ҷаласаи таҷлил аз истиқлолияти Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, “Чӣ хел, мо ӯро ба ҷашн даъват накардаем.” Фақат замоне ки вазъ рӯшантар мешавад, дареғу афсӯс садо медиҳад.

Эй кош, ӯро ба ҷашнгоҳи Душанбе даъват мекарданд ва ин баҳонае мешуд, ки ҷон ба саломат мебурду имрӯз соябони сари ҳамаи тоҷикон мешуд. Аммо бузургон ба гунаеанд, ки на ҳама онҳоро дӯст медорад.

КАШФИ АСРОР

Шояд асроре набояд ҳаргиз ифшо шавад? Гуфтам, дудилаам, ки ҳақиқати куштори яке аз бузургтарин чеҳраҳои тоҷикон дар садаи 20 дар тӯли ҳаёти ман фош шавад.

Аз як сӯ воқеан сахту сӯзон мехоҳам шоҳиди ифшои номи номардон бошам. Аз сӯи дигар метарсам, ки чун тамоми таърихи ин қавм ин бор ҳам дар паҳлуи номи қаҳрамонаш номи хоинаш низ рӯ занад. Бузургтарин фарзандони ин қавмро фарзандони дигараш фурӯхтаанд ё куштаанду сари онҳоро ба душман ҳадия бурдаанд. Агар асрор ин аст, пас бигзор ман набошам ва нашунаваму надонам…

————————–

атолат* — беҳаракатӣ, сустӣ, карахтӣ.

маъҷун** — омеза, даво

11.09.2011 - Posted by | Афғонистон, Сиёсат, Тоҷик, Худшиносй |

8 Comments »

  1. Az Facebook:

    Ilhomi Ibrohim Гап нест, устоди бузургвор! Бехтарин ёднома. Рухаш шод бод!
    17 hours ago · Like

    Fakhri Nabizoda Салому алейкум акои Салимчон. Агар ду сатри дига илова мекардед ашк аз чашмонам мерехт. Бисёр дарднок навиштед. Шохрохи марказии шахри Хучанда медонам ки хозирам номи Ленин дорад. Чи мешад ки хамона номаша Ахмадшохи Масъуд монанд? Афсус кал…
    See More
    16 hours ago · Like · 1 person

    Faizullo Nasrulloev Офарин, устод Аюбзод! Хубии маколаро аз он метавон дарефт кард, ки агар хонанда сари хар як чумла бо таваччух чашм давонад.
    13 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 12.09.2011 | Reply

  2. Salom akai Salimjon,

    Maqolai Jolib dastat dardronabinad.

    Soli 2003 byd ki az rohi Afgoniston ba Tojikiston omadem. Xylosa roho band byd mystaqim ba Kobyl va mo majbyr shydem ki dar Jabal Siroj ki 1ke az joi nazdik ba panjsher va dar nohiya parvon meboshad shabro gyzaronem. Mardym Jabal Siroj hamash tojik meboshand. Man chad bo nafar az tojikhoi myqimi onjo syhbat kardam va az kyshta shydani Ahmad Sho Amsyb pyrsidam ki aksarashon ishora ba xiyonat az daryni xydi Tojikho dar kyshta shydani Masyd mekardan. Hato az bazehoyash ishora shyd ki … dast dorad dar kyshtanash. Amo chize ki man yaqin bovari doram in xiyonat az dasti xydi Tojikho hast dar kyshtanash amo ismash Xydo xohad ba zydi fosh xohad shyd.

    Amo chizi yaqin in hast ki mo bo mardym Tojiki Afgoniston xelo nazdiek az Iron dida. Bo Tojikhoi Afgoniston dar bisyor jihat bo ham nazdikem az fikroni, mehmon navozi, mazhab va digar chizho. Ironiho az mo farq mekynand az chizhoi nombyrda. Bo Tojikhoi Afgoniston xelo nazdik boyad boshem,

    Comment by Tolibjon | 12.09.2011 | Reply

    • Салом Толибҷони арҷманд. Ман, росташ, ягон далел надорам, ки хиёнате ҷой дошт ва оё дасти кӣ аз тоҷикон олуда аст. Ман танҳо гумону тахмини хусусии хешро зикр кардам. Шояд зикри номе аз тарафи Шумо чандон ҷоиз ва хуб набошад. Вале мегуед, аз забони марду шунидаед, ман нашунидаам. Ёрони Масъуд натавонистанд, пок бимонанд ва хотираи уро ҳам пок нигаҳ доранд. Аз сӯе ҳам душманони Масъуд ҳар гуна овоза мепарокананд, ки намешавад, ба ин таблиғоти равонӣ бовар кард. Ба ҳар ҳол ман ба худ иҷоза додам, ба ҷои исме ки овардед сенуқта гузорам. Агар ҳамин гуна андеша боз такрор шуд, исмро боз мекунам. Дуруст аст, он бародарон хеле мехрубонтар ва бедортаранд. Мо онҳоро дӯст медорем.

      Comment by aioubzod | 12.09.2011 | Reply

  3. Салом устод Салими Аюбзод. Ташаккури зиёд барои ин маколаи хеле чолибу хонданиатон. Дар хакикат дуруст мегуед, ки Масъуд аз зиндахо хам зиндатар аст. Ман як чизро мехостам пешниход кунам. Хуб мешуд, ки худи Шумо ба масъалаи ошкор кардани фармоишгарони куштори Масъуд машгул мешудед. Шумо хам тачриба дореду хам имконият. Агар ин корро анчом медодед хизмати бузурге мешуд барои ин миллат.
    Боз як чизи дигарро мехостам бигуям. Шумо дар маколаатон шавиштаед, ки Масъуд “орзу дошт, Самаркандро бубинад, вале фурсат наёфт”. Аммо дар мусохибаи Султони Хамад бо Сайдамир Зухуров, ки пеш аз маколаи шумо чоп шудааст САЙДАМИР ЗУҲУРОВ: ТАЙЁРАҲОИ ҶАНГАНДАИ МАСЪУДРО ӮЗБЕКИСТОН БАРНАГАРДОНД http://www.ruzgor.tj/siyosat/6094-2011-09-07-18-11-00.html омадааст, ки макомоти Точикистон мусоидат кардаанд, ки ин орзуи Масъуд чомаи амал пушад. Масъуд ба Самарканд сафаре доштааст. Шумо ин мусохибаро нахондаед ва ё хондаеду ба ин навиштахо бовар надоред? Хохишмандам посух дихед.
    Бо эхтиром Шарифчони Кодир

    Comment by Шариф Кодир | 13.09.2011 | Reply

    • Дуруд бар Шарифҷони азиз ва сипосгузорам аз таваҷҷӯҳи Шумо ба ин навишта. Ман мусоҳибаи ҷаноби Зуҳуровро дертар хонда. Он баъд аз навиштани ин матлаб ба дастам расид. Аввал хостам, матни худро ислоҳ кунам, вале аз он ҷо ки ҷаноби Зуҳуров нахостааст, тафсилоти чунин сафареро тавзеҳ диҳад, аз ислоҳи матн худдорӣ кардам. Намедонам, чаро имрӯз ҳам мумкин набудааст, дар ин бора ҳарф задан ва ҳам ҳайронам, ки агар Масъуд аз Самарқанд дидан мекард, даҳбедиҳои Самарқанд хабардор мешуданд. Устод Ҳаёт Неъмат гуфтанд, ки хешу наздикони Масъудро дар Самарқанд пайдо кардаанд ва мешиносанд. Он кас ҳам гуфтаанд, ки Масъуд орзуи дидани ватани ниёконашро дошт, аммо ин барояш муяссар нагашт. Фикр накунам, ки Масъуд ба Самарқанд ояду касе огоҳ нашавад. Аммо шояд ҷаноби Зуҳуров ҳақ ба ҷониб бошад. Замоне ки ӯ далелҳояшро дар миён гузошт, ман ин матни худро ислоҳ хоҳам кард. Саломат ва сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 13.09.2011 | Reply

  4. salom akai SALIMI AYUBZOD
    TASHAKKURI ZIYOD BAROI MAKOLAI KHONDANIBOB WA KHELE ALAMOWAR,,, KHUDOWAND KALAMI SHUMORO BURRO WA TANATONRO SIHAT NIGAH DORAD WA NOMUSI MILLIATONRO AZ IN HAM BESH GARDONADU JAWONONI TOJIKRO MISLI SHUMO WATANDUSTU MEHANPARWAR GARDONAD,,,,, IN MAKOLARO KHONDAM—-AN HARJO MAKOLAE DAR BORAI SHAHID WA KAHRAMON MASUD BUBINAM AWWAL ONRO MEKHONAM—– DAR ZEHNAM OMAD KI NOMI DEHAAMRO, GARCHANDE MASUD AZ IN HAM ARZISHI BALAND DORAD, BA NOMI U GUZORAM,,, WA KUSHISH KHOHAM KARD…

    Comment by davlatbek | 15.09.2011 | Reply

  5. Аз ноогохи сахв кардед. Кабл аз навишт сахехкору дакиккор бошед. Масъуд солхои 90 – ум мехмони Самарканд буд.Ормони дидор аз Самаркандро ба хок набурд. Наход шумои таърифи низ иштибох кунед. Нобахшиданист!!!

    Comment by апапапп | 16.09.2011 | Reply

    • Шояд ман саҳв кардам, аммо ҳақиқаташ, ягон далели ин сафарро дар даст надорам. Албатта, равони поку шоди ӯ на танҳо ба Самарқанд, балки ба ақсои олам сафар кард ва дар ҳар гӯшаи дунё будаву ҳаст.

      Comment by aioubzod | 16.09.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: