Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сабки нафратпарварон

Шарҳҳои дигаронро хондаву нашр ё рад кардаам, вале худам муддатҳост, роҷеъ ба матлабе дар ҷаҳони интернет назар надода будам. Охирин бор наздики як сол пеш ба торнамои Шабакаи аввали телевизиони Русия дар робита ба нақизаи “Наша Раша” дар намоиши “Большая разнитса” шарҳ навиштам ва онро нашр карданд. На танҳо мӯҳтавои нақизаро зери танқид гирифтам, балки афзудам, ки нақиза ба нақиза як навъ ҳимоят аз он аст.

Баъд аз он шарҳи ман чандин нафар аз ҳамватанон ба ман ҳамовоз шуданд ва аз кори телевизиони Русия эътироз карданд. Як мавҷаки эътирозӣ ба миён омад.

Рӯзи 13-уми сентябр, баъд аз чунин фосилаи дароз аз нав шарҳ навиштам. Ин бор ба як матлаби рӯзномаи “Комсомольская правда”, ки пайвандаки онро ҳамкорам Искандари Хоҷамирзода бароям фиристод. Матлаб “Уйди, солдат с плаца, таджик подметет” ном дошта, онро корманди нашрия Виктор Сокирко навиштааст.

Матлаб дар бораи он аст, ки ба артиши Русия акнун иҷоза шудааст, барои иҷрои бархе аз вазифаҳои ғайринизомӣ афроди мулкиро ҷалб кунад. Дарҳол пас аз ин хабар муаллиф ба одати генералҳои рус, ки сарбозонро дар хонаву бӯстонсарояшон мисли ғулом кор мефармоянд, ишора мекунад ва ба таври худ “таҳлилҳое”-е мекунад, ки ба сатҳи умумии рӯзноманигорӣ дар Русияи муосир рабт мегирад ва ин мавзӯъ барои ман муҳим нест. Аммо дар як ҷумла тахмини ҳавоӣ зада мешавад, ки чун акнун таъмини хадамоти маишии артиш бар дӯши ширкатҳои мулкӣ меафтад, МУМКИН АСТ тоҷикҳо ё қирғизҳо ба тоза кардани зери пойи сарбозони рус машғул шаванд.

“Вопрос – а кто именно теперь вместо солдат будет заниматься подметание плаца и натиранием паркета в казармах? У нас сейчас дворники – сплошь таджики да киргизы, которые готовы работать за невысокую плату. Их пустят на территорию воинских частей?”

Сипас мавзӯъ боз иваз мешавад ва ба озмоиши сифати кори ширкатҳои хидматрасон ғута мезанаду баъдаш ба харҷи эҳтимолии ин барнома ва ғайра, аммо номи тоҷик ба сарлавҳаи матлаб мекӯчад. Ин аст технологияи иғво, тарзи ангехтани хусумату нафрати байнимиллӣ ва ба ҳамон сабки “Наша Раша”-и мурдор идома додани раванди заҳромезии зеҳни хонандагон. Ҳарчанд дар мақола аз тоҷикҳо ва қирғизҳо ёд мешавад, Сокирко вожаи “қирғиз”-ро ба сарлавҳа намебарорад, зеро солҳои дароз матбуоти Русия сари проекти “тоҷик” кор кардааст ва бояд чоҳи заҳоби танаффуре, ки инҳо ин қадар сол канданд, амиқтар равад.

Ҳоло шумо ҳайрон мешавед, ки чаро дар Русия сари тоҷикро мебуранд. Кайҳост, ба зеҳни ҷавонони Русия ин паём ҷой дод мешавад, ки аз қавмҳои дигар махсусан тоҷикон душмани онҳоянд. Тоҷикон ҷойи кори русҳоро аз дасташон мегиранд, онҳо сару рӯй ва ранг пӯсти дигар доранд, онҳо беозор ва хоксору фурӯтананд, онҳо бесоҳибу бепаноҳанд, онҳо бесуботанд ва парвандаҳои додгоҳҳи қотилони фарзанд, бародар ё шавҳари худро от охир намебаранд ва ғайра ва ҳоказо ва ҳама чизе ки норасидаҳои “Наша Раша” ба намоиш гузоштаанд.

Матлаби виктор сакирко чаҳор рӯз пас аз қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Ҷонибек Қосимов ва бурида шудани сари ӯ дар Сергиев Посад ва дар рӯзи пахш шудани нотаи эътирозии сафорати Тоҷикистон дар Русия мунташир гашт. Ин ҳол шояд барои муаллиф ва дабирони “Комсомольская правда” лаззатбахш буд. Онҳо медонанд, ки ҳеҷ кас ба сатҳи эшон паст намефурояд, ки фурӯши ин нашрияро дар Тоҷикистон манъ кунад. Ман мебудам, мекардам. Аз хондани чунин матолиб инсон чӣ баҳрае гирифта метавонад?

Шарҳи ман кӯтоҳ буд ва паёми асосиям поя бар масали ин ки “ҷав корӣ, ҷав медаравӣ, гандум корӣ, гандум”. Ҷанобоне, ки бо тамоми нерӯву ғайрат ба коштани тухми нафрату душманӣ машғуланд, рӯзе ҳамин гуна ҳосил хоҳанд гирифт. Нафрате, ки онҳо ба атроф мепарокананд, рӯзе ба худи онҳо хоҳад баргашт ва ба худи онҳо ё фарзандони онҳо зарба хоҳад зад. Ва, албатта, ин суолро ҳам карда будам, ки то куҷо сарлавҳа баёнгари мӯҳтавои матн асту чаро маҳз вожаи “тоҷик” дар он гунҷонда шудааст. Мутаассифона, ин нашрияи озодипарасту гӯё ҳақиқатнигор шарҳи маро нашр накард, дар ҳоле ки даҳҳо шарҳи пур аз тавҳини тоҷиконро ин ҷо ҳам фаровон ҷой додааст.

Яке навишта, ки акнун аслиҳаро низ ба дасти тоҷикон хоҳанд дод ва дигаре афзудааст, ки мардикори тоҷик силоҳро пури тир кардаву ҳадафро нишон мегирад ва пахши кулангро дар зиммаи сарбоз мегузорад, “марҳамат, бипаронед”. Ва музахрафоте мисли ин.

Худ бихонед ва ба ин матлаб шарҳ нависад. Шояд агар ҳазорон шарҳ ворид шуд, сардабир аз худаш шарм хоҳад дошт ва маҷбур хоҳад шуд якеро нашр кунад. Матлаб ин ҷост. “Уйди, солдат с плаца, таджик подметет” Митингу тазоҳурот ки накардем, лоақал ҳаминро бикунем, на?

16.09.2011 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Муҳоҷират, Русия, Сиёсат, Тоҷик |

2 Comments »

  1. Salom akai aziz,

    Kosh ki in ryznoma mana meshyd dar Tojikistoni aziz.

    Comment by Tolibjon | 17.09.2011 | Reply

  2. Навиштем, устод. Аммо 100% чоп нахоханд кард. Аслан вакте саг кудаки моро мегазад, айб дар саг нест. Айб дар мову сохиби саг аст, ки кудаку сагро бе назорат гузоштаем. Бехтар нест, ки як мактуби дастачамъона ба вазорати фарханг ва президент(бе ишораи у хеч кас хасе болои хасе нахохад гузошт) нависем (акалан дар фейсбук), то ин рузномаро дар Точикистон банданд? Ва агар набастанд хам, ин таъсирбахштар аз он хохад буд, ки чанд нафар ба он макола коммент нависанд.

    Comment by Farid | 18.09.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: