Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Кашшофи сирри садо

Ҳай дареғ, ки рӯзи панҷшанбе дар пойтахти кишвар набудам. Агар он ҷо мебудам, ҳатман ба Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков мерафтам ва аз дидори Далери Назар баҳра мебардоштам. Таронаҳои нави ӯ ва ҳунари дӯстони ҷавонашро медидам. Шоҳиди он мешудам, ки чӣ гуна созҳои тамоми умр гирдовардаи устод Гурминҷ дар дасти афроди боҳунар ба садо меомаданд.

Эҳ, чӣ қадар маҳфилу нишастҳо дар ин ҳама сол будааст, ки нафасе аз ҳавои онҳо накашидаам. Чӣ қадар саллоти ҷанозаҳоро гӯшам нашунидааст. Ва агар одат доштам, ки дар ғами мардум бираваму шарики ғамзадагон бошам ва суру шодии онҳоро нодида мегирифтаму фурсате барои хурсандӣ намегузоштам, ин шоми шодиро ба ҳеч ваҷҳ раҳо намекардам.

Шукри Радиои Озодӣ ва торнамои Би-би-сӣ, ки маро аз ин дуриҳо шоми панҷшанбеи 15-уми сентябр ба ин маҳфили унс бурданд ва бигзор порча-порчаву канда-канда диданиҳову шуниданиҳои он шабнишастро бароям армуғон оварданд. Онҳо буданд, ки ин анҷуманро ба як падидаи муҳими фарҳангии Тоҷикистон ва ғулғулаи дӯстдорони мусиқӣ табдил доданд.

НАХУСТИН МУЛОҚОТ

Мусиқии гуногун ва зиёдро дӯст медорам, овозхонҳои мухталифе дар лаҳазоти мухталиф ба кӯмакам мерасанд, то нагузоранд, эҳсосотам шах шаваду зеҳнам бипажмурад ва ёдбудҳои азиз фаромӯшам шаванд, аммо Далер дигар аст. Далер Далер аст. Вуҷудам бо ҳазорон риштаи ноаён ба мусиқии ӯ пайванд дорад. Мумкин аст, умри худро бе оҳангҳои зиёд ва ромишгарони бисёре тасаввур кунам, аммо на бе ӯ ва мусиқии ӯ.

Ёдам меояд, нахустин бор зимистони соли 1977 ӯро дида ва садояшро шунида будам. Охирҳои моҳи декабри он сол барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар Театри Лоҳутӣ маҳфили солинавие тартиб дода буданд ва дар фойеи театр гурӯҳи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ҳунарнамоӣ мекард. Номи навозандагони дигар дар ёдам намондааст, аммо садои Далер то ҳол дар гӯшам садо медиҳад.

Дар яке аз таронаҳои инглисияш вай ончунон тӯлонӣ фиғон кашида буд, ки барои гӯши мо – ҷавонони ташнаи “ҳарфи нав” фарёди раҳоӣ ва парвоз ба сӯи кайҳонро мемонд. Шарикдарси ман – Расул Қодиров, ки худ навозандаи созҳои зарбии эстрадӣ буд, гуфт, ин кас Далер Назаров аст, писари вазири маданият ва бо дӯстонаш ин дастаро таъсис додаву дар таҳхонаи Донишкадаи омӯзгорӣ тамрин мекунад.

ДАР МАНЗИЛИ ЗЕБУННИСО

Аз байн чанд сол гузашту барои мусоҳиба дар манзили қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ, Зебуннисои Рустам меҳмон будам. Пас аз як даври пурсишу посух Зебӣ навбатро ба қавҳа дод ва бароям оҳанге гузошт. Як оҳанги сеҳромезе буд, ки бар пояи беҳтарин оҳангҳои ҷаҳонӣ, вале комилан тоҷикӣ. Ҳайрон мондам ва пурсидам, ин оҳанги кист ва кӣ менавозад. Гуфт, аз Далери Назар.

Дар он навор 10-12 оҳангу тарона буд ва Зебуннисои арҷманду олиҳиммат розӣ шуд, наворро барои нусхабардорӣ ба ман қарз диҳад. Зери навои ин оҳангу таронаҳо китобчаи “Ҳамосаи пайкон”-ро дар бораи Зебуннисо Рустамова навиштам ва дар ҷое меҳри Зебиро ба оҳангҳои Далер низ тасвир кардам, аммо муҳаррири китоб дертар онро хат зад. Зебӣ наворро бо худ ба сабқатҳои ҷаҳонӣ мебурд ва шаби пеш аз мусобиқа онҳоро гӯш мекарду нерӯ мегирифт.

Акнун ман ҳам соҳиби ин манбаи энержии барқароршаванда шуда будам, он ҳам ройгон.

РАҚСИ ЗЕБОРО БУБИН

Чанде нагузашта боз бо эҷоди Далер вохӯрдам, ин дафъа ҳангоми мусоҳиба бо ҳунарпешаи машҳур Зебо Аминзода, замон ки мехостам дар бораи дастаи рақсии “Зебо” нависам. Руҷӯъ шавад ба чеҳранигории “Шукуфаҳои рақсон” дар “Адабиётв а санът”. Па аз як даври суолу ҷавоб Зебо гуфт, оё мехоҳам рақси нави дастаро, ки ҳанӯз ба намоиш надаромадааст, бубинам. Вай миқнотисовоз (магнитофон)-ро ба кор андохт ва садои чакраҳои об омаду сипас овози Далер, ки месуруд:

Чак-чаки борони  баҳор ширин аст,
Дар ёд дорам туро…

Ва Зебо Аминзода мерақсид. Дар яке аз толорҳои Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон. Дар нимаи рақс дарро (бе кӯбидан – одоб куҷо шуд?) раиси ин кумита Ғоиб Қаландаров боз кард. Тасаввур мекунам манзара барои ин мансабдорои олимақом ва сахтгир чӣ андоза такондиҳанда буд: Мусиқии Далер Назар, ҷавонаке бо дафтарча ва қалам дар курсие якпаҳлу ва мафтуншуда, Зебо Аминзода дар ҳоли рақсидани “Чак-чаки борон” дар миёнаҷои толори бузургу холӣ.

Намедонам чӣ чиз дар чашмони Қаландаров бештар буд – ҳайрат ё ғазаб. Дар ҳоле ки дарро мепӯшид, нимшунаво ғур-ғур кард: “Далер Назаров! Хуб аст, хуб аст…” Дарро пӯшида рафт. Зебо ҳам зону аз замин канду бархост. Ҳарду хандидем. Гуфт, ин оҳанг ин қадар зебост, ки хамши ҳама касро ҳам фурӯ менишонад. Бояд бигӯям, Қаландаров шахси бадхашме буд ва дастаи “Зебо”-ро қариб ки моли шахси худ мешуморид. Худо раҳматаш кунад ва хок хабар набарад, ки ман ҳоло ин блогро менависам.

ГУФТУГӮИ РӮБАРӮ

Ҳамин гуна пас аз чанд “мулоқот”-и мӯъҷизамонанд бо мусиқии Далер ва сипас зуҳури ӯ дар телевизион, он ҳам бо ҳамин “Чак-чаки борони  баҳор” шахсияти ин эҷодкор бароям хеле ва хеле ҷолиб намудор шуд. Зимнан дар он рақси гулдухтарони дастаи “Зебо” дурбини телевизион ягон бор ҳам чеҳраи Далерро аз пеш ва наздик нишон надод. Фақат аз паҳлу ва аз дур. Далер нишастаасту гитор дар даст сурудро мехонад ва духтарон дар як доирае мерақсанд. Ин ҳамон рақсе буд, ки порчаҳояшро зери садои магнитофон Зебо ба ман нишон дода буд.

Ва ниҳоят мо вохӯрдем. Дар суратгирхонаи шодравон Муҳиддини Олимпур, дар идораи “Адабиёт ва санъат”. Сӯҳбати тӯлоние доштем, зеро пурсишҳои ман зиёд буданд, аммо росташ, гуфтугӯи бобароре набуд. Маълум шуд, Далер таҳсили ҳирфаии мусиқӣ надошта, танҳо 2-3 сол дар мактаби ибтидоии мусиқӣ таълим гирифтааст ва бар ин аст, ки омӯзиши ҳирфаӣ аслан муҳим нест. Гуфтам, ба ҳар ҳол нозукиҳое дар ҳар касб ҳаст, ки агар кас онҳоро наомӯзад, ҳамеша ба нуқсҳои кӯчак роҳ хоҳад дод. Гуфт, дил ҳаргиз хато намекунад. Гуфт, ӯ мусиқиро бо дилаш менависад.

Дар қадамҳои кӯчаку бузургаш ба сӯи ормонҳои хеш Далер аз мақоми давлатӣ ва эътибори баланди падараш Меҳрубон Назаров на танҳо суистифода, балки аслан истифода накардааст. Мегуфт, ваю падар ҳар кадом аз дунёҳои дигаранд.

ПАРҲЕЗ АЗ СИЁСАТ

Ёд дорам, чун оғози давраҳои бедории миллӣ буд (солҳои 1988-89), пурсидам, чаро сурудҳое намехонад, ки ба бедории мардум кӯмак кунанд. Гуфта буд, вай суруд менависад, на шиор. Пурсида будам, магар ончӣ дар атрофаш мегузарад ба ӯ таъсире надорад? Аслан, ба таҳаввулоти сиёсӣ то куҷо таваҷҷӯҳ мекунад ва дидгоҳи сиёсияш чист? Мегуфт, ба рӯйдоду падидаҳои сиёсӣ аслан таваҷҷӯҳ надорад, телевизион тамошо намекунад, рӯзнома намехонад, радио гӯш намекунад. Дӯстонаш агар аз ин ҷову он ҷо хабаре шунидаанд ё хондаанд, барояш мегӯянд ва ҳамин кофист.

Ин суханонро ман дар ҳоле мешунидам, ки худ на танҳо мудири шӯъбаи сиёсӣ ва иҷтимоии “Адабиёт ва санъат” будам, балки сартопо ба сиёсат фурӯ рафта будам, барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ мубориза мекардем, дар ҳафтанома сафҳаи публистистонро таъсис дода будам, ба дунболи роҳандозии маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” ва созмони “Растохез” бо фаъолони зиёде нишасту бархост доштем ва ин мавзеъгирии як ҳунарманди ҷавону пурғайрат бароям хушоянд набуд. Эҳсоси ман ин буд, ки Далер як рӯҳи саркашу инқилобӣ дорад ва низоми мавҷуда бо сахтӣ барояш роҳ медиҳад.

Вай мегуфт, эҷодкори бузург бояд дарде дар дил дошта бошад. Ман мегуфтам, чаро ин дард бояд хусусӣ бошад, на иҷтимоӣ. Ба назарам, идома мусоҳиба ба талошҳои таблиғотии як растохезӣ табдил ёфт, то чеҳраи бонуфуз ва маҳбуби ҷавонон ба сафҳои он кашонда шавад ва биноан, натиҷае надод. На барои ҳадафҳои сиёсии банда ва на барои мусоҳибае бо ҳафтанома. Аммо Олимпур аксҳои хубе бардошт ва ман барои онҳо аз дилу ҷон матне навиштам.

ДАЛЕР ВА АДАБИЁТИ МАМНӮЪ

Баъдаш филми “Бут” баромад, ки нақши асосиро дар он Далери Назар мебозид, мусиқии филм аз ӯ буд, муаллифи филмнома Муҳибуллоҳи Қурбон ва коргардон Ёрмуҳаммад Аралов. Ва таронаҳои наву зебои Далер. Ва раҳбари бадеии дастаи “Гулшан” таъйин шудани ӯ.

Ин даврае буд, ки ба воситаи нависандаи бузург Муҳаммадзамони Солеҳ, ки низ дар “Адабиёт ва санъат” кор мекард бо мудири бахши адабии Театри Лоҳутӣ шинос шудам ва иттифоқан рӯ зад, ки ин шахс — Меҳрӣ Назарова, ҳамсари коргардони театр Музаффар Хаёлов, апаи Далер будааст. Меҳрӣ олиҳимматона китобҳои дар Шӯравӣ мамнӯъро барои хондан ба Муҳамадзамон медод (аз қабили Сартр, Кафка, Нича, Ҳайдегер ва монанди инҳо) ва банда ҳам узви ин “китобхона”-и махфӣ гашт. Аммо ҳар бор вақте китобе аз бонуи Меҳрӣ мегирифтам ё баъд аз хондан бармегардондам, ману ӯ аз Далер сӯҳбат мекардем. Қисми зиёде аз ин китобҳоро Далер ҳанӯз даҳ сол пеш аз мо хонда буд.

Баъдаш, ба иллати ин ки як бахши мардум ин китобҳоро хонда буду бахши дигар на, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Дақиқтараш бо суистифода аз эҳсосоти баланду маърифати пасти мардум ин ҷангро ба мо ҳамл карданд. Як душному ду душном ба ҳақоратборон табдил ёфт ва як тиру ду тир ба тирборон. Ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор ба хотири мансаб муште аз ин сӯву муштае аз сӯ ба сару рӯйи ҳамдигар заданд, то хуни мардуми бегуноҳ ҷӯя-ҷӯя ҷорӣ шуд ва худо донад, ки доғи ин хун кай шуста гардад. Гардад ё нагардад.

ҶАНГИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН

Силоҳдорони сияҳпӯш ба манзили Далер ҳам ҳамла карданд, ба хонаи Меҳрӣ низ, чун гуноҳи онҳо бештар буд – онҳо зодагони Помири азизи мо буданд ва зимистони сарди соли 1993 зимистони шикори помириён буд. Гапи хонум Гулрухсор дуруст баромад, ки “ман ба сиёсат сари кор надоштам, сиёсат бо ман сар кор гирифт”. Аз дур ва дар ҳоли фирор шунидем, ки Далер ҷалои ватан кардааст ва дар Қазоқистон ба сар мебарад. Ҳамон лаҳза комёбии осмоншикофи ӯ ва Муборакшоҳ бо таронаи “Духтари деҳқон” дар озмуни “Садои Осиё” ба ёди мо расид.

Ҳоло метавон гуфт, аз файзи иқомати Далер дар Алмато мусиқии муосири қазоқ низ баҳраи зиёде бурд. Кофист, таронаҳои эстрадии қазоқии солҳои 1990 ва имрӯзро бо ҳам муқоиса кунед. Албатта, таъсири мусиқии ҷаҳон ҳам дида мешавад, бе ин нест, аммо дар зерубамҳо ва савтиёти ин мусиқӣ садои дили Далерро низ хоҳед шунид.

Ҳоло фикр мекунам, чӣ иштибоҳи баде мешуд, агар Далер ба кадоме аз ҷунбишҳои тозанафаси “мардумӣ” мепайваст, изҳороте медод ё таронаҳои инқилобӣ месуруд. Он гоҳ шояд имрӯз наметавонист, барои рушди ҳунари мусиқӣ сарозоду риндона саҳм бигирад. Сиёсӣ шудани ҳунарманд, ҳатто ҳаминҳое, ки имрӯз мадҳу санову шукрона месароянд, ӯро маҳдуд мекунад ва даступо мебандад. Ин андешаҳои маро хоҳари Далер — Азиза, ки бо ӯ дар пайроҳаҳои паноҳандагӣ, дар Амрико вохӯрдаву ҳамсӯҳбат шудам, тасдиқ намуд.

ВАЪДАХИЛОФИИ БОЗОРАЛӢ САФАРОВ

Охирин дидори мо (сӯҳбатҳои телефонии роҳи дур истисно) тобистони соли 1994 дар Маскав ба вуқӯъ пайваст. Шомгоҳе ману вай тасодуфан ё амдан (бо хости мизбонон) меҳмони зиндаёд Муҳиддин Зуҳуриддинов ва ҳамсари ӯ Мубораки Шариф шудем. Соатҳо сӯҳбат кардем ва Далер он шаб даҳҳо тарона суруд. Қарор гузоштему рӯзи дигараш вохӯрдем. Дар ҷараёни сайругашту сӯҳбатҳо дар кӯчаҳои Маскав маълум шуд, ки барои такмили созҳои мусиқии дастаи Далер дар Алмато як гитори бас намерасид, ки нархаш, дақиқ дар ёамд нест, чизе мисли 6 ё 7 000 рубл буд.

Ман аввал пешниҳод кардам, ки аз ҳамаи тоҷикони Маскав кам-камӣ пул ҷамъ кунему онро бихарем, ҳарчанд як қисми пулро худи Далер дошт. Сипас, касе ба мо машварат дод, ки бо вазири собиқи нақлиёт, дӯсти Давлат Худоназаров – Бозоралӣ Сафаров, ки мегуфтанд, бо пули хубе аз Душанбе ба Маскав фирор кардааст ва бизнесаш ҳам худ идома дорад, муроҷиат намоем. Ман ба акаи Бозоралӣ занг задаму масъаларо фаҳмондам. Гуфт, бо ҷону дил ин корро анҷом медиҳад ва мо бояд рӯзи дигар наздаш равему ин пулро бигирем. Дареғи сухани шермард, на рӯзи дигарашу ҳама рӯзҳои дигар ин шахс дар ҷойи кораш пайдо нашуд ва ба касе аз кормандонаш ҳам чизе барои мо нагузошта буд.

Ман бисёр ошуфта шудам, ки бо ваъдаи ман Далер сафари худро ба таъхир гузошту интизор монд, аммо кор иҷро нашуд. Вай маро дилдорӣ мекард, ки боке нест, нашуд, рӯзе хоҳад шуд. Бе мадади Бозоралӣ ва биноан каме дертар кор буд шуд. Гуфтаанд, гузарад рӯзҳои сахту нагузарад ваъдаҳои дурӯғ.

НАХУСТИН CD-И ТОҶИКӢ

Вале дурӯғи бузургтар ин буд, ки ҳамон сол ё соли 1995 соҳибкорони шубҳаангезе аввалин диски таронаҳои Далерро нашр карданд. Маълум нест, онҳо аз ин дуздӣ чӣ қадар сармоя ба даст оварданд. Ҳама бо муҳаббати тамом диски Далерро мехарид. Одамон онро ба дӯстони худ ҳадя мебурданд ва дертар Далер гуфт, ин албомро ӯ нашр накардааст.

Бо вуҷуди тангдастиҳо дар мулки бегона Далер тавонист, гурӯҳи худро аз нав бисозад ва бидуни рӯҳафтодагӣ пеш раваду корҳои наҷибе анҷом диҳад. Соли 1999 мо, аҳли хонаводаам ва чанде аз дӯстонам дар кинотеатри пуриздиҳом дар Прага филми Бахтиёр Худойназаровро бо чашмон пурашк тамошо кардем, ин ашкро мусиқии филм берун оварда буд, ки эъҷози Далер буд. Мисли мусиқии “Нисо”, “Устод”, “Чархофалак”, “Танкер Танго”, “Ҷанги афюн”, “Қиёми рӯз” ва ғайра.

Тарҳҳои ҳунарии Далер дар Олмон, Русия, Ҳинд ва дигар манотиқи ҷаҳон интишор ёфтанд, филмҳое, ки ӯ барояшон мусиқӣ навишт даҳҳо ҷоизаи бонуфузи ҷашнвораҳои муҳимро гирифтаанд.

БЕГОНА ДАР САҲНАИ ХУДИҲО

Бо ин ҳама Далери Назар барои саҳнаи расмии ҳунар дар Тоҷикистон гӯё ки бегона аст. Дастоварду комёбиҳои ӯ, аз Британия то Ҳиндустон ё аз Украина то Қазоқистон ба чашм наметобанд. Ва ба пурсиши ҳамкорам Мирзои Салимпур намояндаи Вазорати фарҳанг мегӯяд, Далери Назар анкета пур накардааст. Анкетаро онҳое пур кунанд, ки корашон маълум нест ва касе онҳор намешиносад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чех, барои намуна, худ менигарад, меҷӯяд, мебинад, месанҷад ва онҳоеро, ки барои фарҳанги ин кишар заҳмат кашидаанд, қадр мекунад. Ҳақ ба ҷониби хонандагонест, ки дар шаҳри ин матлаб навиштаанд, ба Далери Назар ягон унвон даркор нест, номи ӯ худ унвон аст. Изофа мекунам, номи ӯ метавонад, эътибори фурӯафтодаи унвонҳои Тоҷикистонро эҳё кунад ва боло барад.

Шунида будам, вақте Рӯзҳои фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар Порис баргузор мешуд, чанде аз фаронсавиҳо аз Софӣ Шаҳоб, яке аз созмондиҳандагони ин намоиш пурсидаанд, оё Далери Назар хоҳад омад? Не, нахоҳад омад. Ширкаткунандагон бо ризоият ва гоҳе дахолати бевоситаи раҳбари давлат интихоб шудаанд ва табиист, ки “бегона”, бо вуҷуди бузургияш ба чунин феҳрастҳо шомил намешавад. Ҳамин гуна намоишноманависону коргардонони ҷашнҳои бузурги ҷумҳурӣ онҳоеро дар феҳраст ҷой медиҳанд, ки шахсан ба давлатдорон писанд бошанд. Аз рӯи ин консертҳо завқи фармоишгар ба хубӣ ҳувайдост ва рӯшан аст, ки соҳибони чунин завқ Далерро фаҳмида наметавонанд.

ХУЛОСА

Аслан, ман ин ҳамаро на ба хотири ин, балки ба хотири як ҷумла навиштам. Ҷумла ин буд, ки Далери Назар сӯфии водии мусиқист, ки ба сирри садо пай бурдааст. Вай сирри садоро кашф кардааст. Тамоми муваффақияти ӯ бар сари ҳамин кашфиёти ӯст. Мо нависандагони зиёде дорем, ки хуб менависанд, суханваранд, аммо сирри суханро ҳис накардаанд. Ва овозхону оҳансозҳои бисёре дорем, ки хуб мехонанду хуб менавозанд, аммо он сирри пинҳон ҳанӯз барояшон кунҷаи пардаро набардоштааст.

Сирри садо чизест, ки аз ғайб меояд. Танҳо ба афроди ангуштшуморе, ки истеъдоди воқеӣ доранд ва умри худро фидои шуғли сангине мекунанд, даст медиҳад, ки як гӯшаи пардаи асрор бардошта шавад ва онҳо нимнигоҳе ба он сӯ афкананд. Далерро даст додааст, ки ба он сӯи парда нигоҳе карда бошад. Шояд даҳсолаҳо пеш, шояд ҳанӯз он замоне ки кӯдак буд ва намедонист, роҳаш ба куҷо хоҳад рафт…

18.09.2011 - Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳолнома, Ҳунар |

7 Comments »

  1. Дастатон дард накунад, акои Салим! Афсус мехӯрам, ин навишта моли ман нест. Ҳар вақт мехоҳам дар мавриди овозхонҳои асили тоҷик чизе бинависам муваффақ намешавам. Дақиқтар, соатҳои тӯлонӣ пеши компютер мешинам, аммо намедонам бо чӣ ҷумлае матлабро оғоз кунам. Ҳеҷ гоҳ натавонистаам он гуна, ки дар андешаам ҳаст чизе бинависам. Дар мавриди 50 солагии Далер Назаров низ ҳамин гуна шуд. Се рӯзи дароз фикр кардам. Чанд варианти матлабро навиштам, аммо писанд наомаду тозааш кардам. Он чӣ мехостам нависам, натавонистам, зеро Далер зиёдтар аз он буд, ки ман навишта будам. Ба ҳар сурат чизаке навиштам (http://mahbubtj.wordpress.com/2009/12/07/%D0%B4%D0%B0%D0%BB%D0%B5%D1%80-%D0%BD%D0%B0%D0%B7%D0%B0%D1%80%D0%BE%D0%B2-50-%D1%81%D0%BE%D0%BB%D0%B0-%D1%88%D1%83%D0%B4). Аммо имрӯз матлаби Аюбзодро хондам ва дилам таскин гирифт. Он чӣ гуфтан мехостам инҷо ёфтам. Аҳсант, акои Салим!!!
    P.S. Ростӣ ҳамин андешаҳоям низ ҳоло подарҳаво омаданд.

    Comment by MAHBUBJON | 19.09.2011 | Reply

    • Маҳбуби азиз, ман фикр мекунам, навиштаи Шумо аз ончӣ ман ин ҷо овардам, ба маротиб беҳтар аст, зеро барои онҳое, ки Далери Назарро намешиносанд, иттилои густардае медиҳад. Номаи ман асосан аз хотираҳои шахсӣ иборат аст ва номаи Шумо аз фактҳо. Ва аз ҳама муҳимаш ин фактҳову воқеиятҳо хеле хуб раддабандӣ шудаанд. Ин ҳам дуруст аст, ки ҳадафи ман таҳқиқу таҳлили роҳи тайкардаи Далер набуд, балки талоши дарёфти пайвандҳои равонии ман бо мусиқи Далер ва шахси ӯ, ки хеле эҳтиромаш мекунам ва мисли як бародари ҳамтан дӯсташ медорам.

      Comment by aioubzod | 19.09.2011 | Reply

      • Изофа бояд кард, ки дар навиштаи Шумо, Маҳбуб, ба решаҳои мусиқии Далер ишораҳои хуб ва нишонрасе шудааст. Ин мушоҳидаи Шумо низ ҷолиб аст, ки таронаи Далер дар ҳоле ҷаҳонгир шуд, ки бисёре аз хонандагони эстрадии мо зӯр задаву ба русӣ мехонданд, то аз марзи кишвар берунтар раванд, вале бефоида, зери мусиқии асил аз миёни мардум бармехезад ва агар реша дар фарҳанги миллӣ дорад, аз ҳам гуна рангомезиҳо низ асолаташ бештар мешаваду камтар на.

        Comment by aioubzod | 19.09.2011

  2. Бехтарин суханхо!!!!!!!!
    Дар хакикат Далер далери санъати точик аст!
    гарчанд сини соламон хурд аст, мухлиси суруду охангхои У хастем

    Comment by Jamshed | 19.09.2011 | Reply

  3. Саломат ва шодком бошед ва аз ҳамовозиатон сипосгузорам Ҷамшеди арҷманд!

    Comment by aioubzod | 19.09.2011 | Reply

  4. Ахиран дар мавриди унвон надоштани Далер Назаров зиёд гуфтанд, аниқтар перомуни он ки бо вуҷуди шоҳи мусиқии муосир будан, масъулин ҳунарашро қадр накардаанд. Аммо фикр мекунам бояд ҳаводорону мардум ба ӯ унвон бидиҳанд. Унвоне, ки ҳеч гоҳ фаромӯш намешавад. Мисле, ки ба Нигина Раупова дода буданд. Ӯро ҳамагон Апаи Нигина мегуффотанд ва мегӯянду хоҳанд гуфт. Ин «унвони мардумӣ» буд, ки Нигина ба он сазовор шуд. Унвонҳои давлатиро бо пур кардани анкетаҳо метавон соҳиб шуд, аммо «унвони мардумӣ» танҳо насиби ашхоси арзанда мешавад.

    Comment by MAHBUBJON | 21.09.2011 | Reply

    • Бале, аммо эътирофи мардумӣ бояд аз тарафи ҳукумат, ки баёнгари расмии иродаи ин мардум дониста мешавад, тасдиқ ва таъкид шавад. Аслан, ин бохти ҳукумат аст, ки имконияти муҳимеро аз даст медиҳад. Бо қадршиносии хидмати афроде, ки шояд аз маҳалли муайяне нестанд ё ақидаҳояшон фарқ мекунад, ҳукумати мо метавонист, ҳамаро соҳибӣ ва сарпарастӣ кунад ва худро як ҳукумати умумимиллӣ вонамуд созад. Дареғ, ки ҳазорон нафар худро бекас, бегона, бесоҳиб ва бесарпараст эҳсос мекунанд. Онҳо интизоранд, ки навбати ҳукумати худияшон бирасад, ки ин ҳам дуруст нест. Ба фикри ман, албатта.

      Comment by aioubzod | 21.09.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: