Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зарбаи Тифлис

Дунёи имрӯза ба рангест, ки агар пашша ҳуқуқи худро шиносад, филро ба зону хоҳад шинонд. Гурҷистон бо як суоли беҷавоб Русияро ин бор ҳам аз узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки Русия 18 сол боз талош дорад ба иттиҳоди тиҷоратии 153 кишвар ҳамроҳ шавад ва Амрико барои Маскав роҳ ҳамвор намудаву мухлисӣ мекунад.

Дар гуфтушуниди Русия ва Гурҷистон дар Швейтсария, ноиби вазири умури хориҷии Гурҷистон Серги Капанадзе ба ҳайати Маскав гуфт, то Кремл ба суоли Тифлис посух надиҳад, рӯйи узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро нахоҳад дид ва агар ҳатто бо ҳимояти Вашингтон Русия талошашро ба узвият идома диҳад, Гурҷистон ба рӯи аризаи он хатти бутлон, яъне “вето” хоҳад гузошт.

Суоли беҷавоби тарафи гурҷӣ ин буд, ки оё Русия бо минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон – Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ки Маскав онҳоро давлатҳои мустақил мешуморад, чӣ додуситади тиҷоратӣ дорад? Тифлис равобити тиҷоратии Русияро бо ин ду минтақаи ишғолӣ ғайриқонунӣ медонад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2008, вақте ки Маскав таҳримҳои иқтисодии зидди Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро бекор кард, Гурҷистон аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат талаби намуд, то ҳама гуна гуфтушуниди он бо Русия қатъ гардад. СҶТ маҷбур шуд, сарнавишти Русияро ба ихтиёри Тифлис гузорад. Дар ин созмон ҳама раъйи баробар доранд ва узви нав танҳо бо ризоияти ҳамаи аъзои иттиҳод пазируфта хоҳад шуд.

Ҳоло Маскав пуштибонии зиёда аз 100 узви созмонро ба даст овардааст. Зимни гузаштҳои зиёд баҳсу кашокаши тиҷоратии он бо Иттиҳоди Аврупо ҳал шуда, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар роҳи беҳбуди равобит бо Русия аз дархости узвияти он дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳимоят мекунад. Вале, ҳайҳот, то замоне ки Гурҷистон розӣ нашавад, Русия ба ин иттиҳод роҳ нахоҳад ёфт.

Сарвазири Русия, Владимир Путин маҷбур шуд,  аз Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо хоҳиш кунад, ки онҳобо корбурди нуфузи худ мухолифати Гурҷистонро ба узвияти Русия бартараф намоянд. Расонаҳои ғарбӣ менависанд, нокомии Русия дар талошҳои узвияташ дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба равобити Маскав бо Ғарб зарба хоҳад зад. Бухусус ки Путин қарор аст, дигарбора ба курсии аввали Русия биншинад.

Ҳадс мезанам, ки бинобар сабукпоии сиёсат кишварҳои ғарбӣ мумкин аст, барои озурда накардани хотири подшоҳи рус ҳилаи шаръие пайдо кунанду Русияро узви нозир кунанд ё барояш унвони шарики аслии СҶТ диҳанд ё ба сари Гурҷистон фишор оранд, то аз мавзеъгирии феълияш ақиб нишинад. Аммо ба ҳар тартибе ки бошад, ин дувумин торсакии як кишвари хурд ба сурати як давлати калонест, ки иддаои абарқудратӣ дорад ва ин торсакии обдорест, ки аҷаб баланд садо медиҳад. Орзу мекунам, хости он амалӣ гардад, то лоақал як бор кишварҳои бузург ҳам бидонанд, ки фарқе дар раъй ва мавзеъгирӣ бо кишварҳои кӯчак надоранд.

Аҳсан мегӯям ба Гурҷистон, ки чунин торсакиро зад ва худо кунад, боз дар лаҳзаи зарурӣ бизанад. Зимнан кишварҳо низ мисли одамонанд. Зӯру суст, ғаюру тарсу, марду номард. Намунаи Гурҷистон барои бисёриҳо сабақе барои омӯзиш аст. Кишвареро мешиносам, ки ғайрате дар ҳифзи манфиати хеш надорад ва чизе деҳ гӯянд, мисли як муттаҳам бо сари хаму бе ибо медиҳад. Хоҳ он қаламрави муқаддаси ниёгонаш бошад, хоҳ замине барои пойгоҳи бепули ҳарбии аҷнабиён, хоҳ Маркази назорати кайҳонии “Окно” ва акнуну боз ҳам бепул – фурудгоҳи ҳарбии “Айнӣ”, ки Ҳиндустон барояш тармиму бозсозӣ кардааст. Даъвати ман аз Гурҷистон ин аст, ки мисли чунинҳо ба худаш ва ояндаи миллияш хиёнат накунад!

09.10.2011 - Posted by | Баҳс, Равобити байнулмилалӣ, Сиёсат, Қонун | ,

4 Comments »

  1. :-)))) Ин кишвареро, ки Шумо мешиносед, мо хам мешиносем, устод. Аммо мо на танхо кишвар, балки мардумашро хам мешиносем. Ин кишвар барои он “ғайрате дар ҳифзи манфиати хеш надорад ва чизе деҳ гӯянд, мисли як муттаҳам бо сари хаму бе ибо медиҳад”, ки мардумаш хамин хуйро доранд. Аз “участковый”и махаллаашу котибаи раиси чамоъат сар карда то болотарин маком дех мегуянду медихад, аз як аскари катории узбак сар карда то “рэкет”-хои казоку кормандони ЧОП (частное охранное предприятие)-хои русия ва милисаву гумруку дигар кормандони фурудгоххову вокзалхо хама дех мегуянду медихад… Медихад ва хеч чизе барои бехдошти оилааш намемонад, ва хамин орзуро дар сар мепарварад, ки фарзандонаш шомили хамон гурухи дехгуяндахо – милиса, додситон, кози ё гумруки шавад.

    Comment by Farid | 09.10.2011 | Reply

  2. Xulosaash xele jolib!!!!!!!!!!!!!

    Comment by Salmon | 09.10.2011 | Reply

  3. Канд занед,дустам!Чи туре,ки аламовар набошад, фарки байни гурчию точик ” ин кучову он кучо”.Дар мо хам нодидахо хам будааст-да.
    Хар чи бошад хам мо набояд русияхро имкон дихем,ки дар хонаи худамон хучаини кунад.

    Comment by suhrob | 09.10.2011 | Reply

  4. Дустам, Аюбзод!
    На ба Саакашвили, ки мисли Чаноби Холии мо мардумашро истисмор мекунад ихлос дорам ва на баПутину Хирси вахши, зеро хамаи онхо дар мачмуъ фарзандонеро мемонанд, ки баъди марги нобахангоми волидайн хонаву чо ва ашёи рузгори волидон бо мехнату машаккат чамъ овардаро фурухта дар вайронахои хонаи замоне бузург айшу ишрат доранд.
    Аммо, чи суд аз мардуми Россия аз дохил шудан ба СЧТ??? Ё магар Шумо холо хам мисли кудаке ба афсонахое мисли Созмони Милал, ЮНЕСКО, Бонки Чахони (Меэдунар.Валют.Фонд), ВОЗ (всемирная охр.здоровья) ва гайрахо ки хама дар мачмуъ дар хидмати яхудиён ё одамсуратоне, ки бо чахони кардани сохторхои идори нияти гасби ин дунёро доранд, бовар доред???
    Ман фикр мекунам, дар асл Саакашвили худ надониста барои начоти Россия боз як шонси дигар дод… Бовар кунед ворид шудани Русия ба ин созмон фоли неке нест..
    Ва нуктае дигаре барои Шумо: дар баъзе навиштахои Шумо харфхо ва хулосахои ситезагарои нисбати русхо мебинам, ки шояд аз он аст, ки Шумо аврупоихое,ки холо бо онхо хастед, аз онхо авлотар медонед… иштибох мекунед, дустам, иштибох… адл аз Русия хохад омад…. ва бигзор вакт довари ин суханхо бошад.
    Боки, Шумову Худо…

    Comment by Аналитик | 17.10.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: