Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фарҷоми Қаззофӣ

Сараввал, рости гап, дилам ба ҳоли Муаммар Қаззофии хуншору ҳайрону бимзада сӯхт. Вале шояд ин таъсири манзараҳои видеоӣ буд ва бе ин тасвирҳо мумкин фарҷоми раҳбари барканоршудаи Либия ин қадар эҳсосбарангез намебуд. Вале садчандон беҳтар мешуд, ҷони ӯро ҳифз мекарданд ва пас аз табобат, бигзор ҳатто дар кати равон, ба додгоҳаш мебурданд.

Демократияи Либия намебоист бо чунин таърихчаи ногуворе оғоз меёфт ва наслҳои баъдинаи ин кишвар, ҷаҳони араб ва олами исломро аз нахустин қадамаш ба шакку тардид рӯбарӯ мекард. Дар филме бахшида ба Умар Мухтор, раҳбари муқовимати мардуми Либия зидди ишғолгарии итолиёиҳо, саҳнае ҳаст, ки яке аз фармондеҳони ӯ асиронро меорад ва мехоҳад, онҳоро бикушад. Вале Умар Мухтор ба ин монеъ мешавад ва дар посух ба иддаои он ки “онҳо бо асирони мо чунин мекунанд”, мегӯяд, “мо набояд шабеҳи онҳо бошем.” Яъне пас байни ду тараф фарқе боқӣ намемонад ва чархи хунин аз гардиш намеистад.

Қаззофӣ дар 42 соли раҳбарияш ба Либия афроди зиёде, аз ҷумла афроди пешқадам ва ватандӯстони ҳақиқии Либияро куштааст ва махсусан дар солҳои охир дар кишвараш рӯҳияи террор ва ҳаросро ба он нуқтаи авҷ расонда буд, ки либиягиҳо аз сухани озод дар ҳалқаи хонавода низ метарсиданд. Аммо онҳое, ки зидди ин шеваи раҳбарӣ бархоста буданд, намебоист, аз айни шева кор мегирифтанд. Баръакс мебоист, дар чунин лаҳзаи таърихӣ ба шаъну шараф ва номуси миллии худ меандешиданд, ки дар ниҳояти амр ба ҳамаи озодихоҳон ва ҳамаи олами ислом рабт мегирад.

ҚАЗЗОФӢ ЧӢ ГУНА КУШТА ШУД?

Пизишке, ки ҷасади Муаммар Қаззофиро колбадшикофӣ ва осебшиносӣ кард, мегӯяд, раҳбари барканоршудаи Либия аз тирҳое ба сар ва шикамаш мурдааст. Аммо рӯшан нагашт, ки Қаззофӣ баъд аз боздошт шуданаш кушта шудааст ё тавре раҳбарони феълии Либия гуфтаанд, дар ҷараёни тирандозии дутарафа миёни тарафдорон ва мухолифонаш.

Дар як порча видео, ки телевизиони СNN пахш кард, дида мешавад, ки Қаззофӣ аз тарафи “нерӯҳои мардумӣ” боздошт ва латукӯб шуд. Аз мӯйҳои ҷингилааш дошта, ӯро ҳар сӯ мекашиданд ва мезаданд ва ҳатто вақте ки ба замин афтода буд, барояш раҳм намекарданд. Сару як бари рӯяш хуншор ва либосаш хунолуд, аммо худаш зинда буд.

Хабарнигорон ва таҳлилгарон талош кардаанд, охирин соатҳои зиндагии диктатори Либияро лаҳза ба лаҳза, бо нӯги сӯзан ҷамъ оваранд ва ба ҳам бидӯзанд, то манзара рӯшан шавад, аммо гумон аст, чунин шуда бошад. Бино бар пажӯҳишҳои гармогарм дар ноҳияи дувуми Сирт пинҳон будани Қаззофӣ кайҳо маълум будааст. Иттилое пахш шуд, ки хадамоти махфии Олмон макони ӯро мушаххас кардааст. Қаззофӣ низ шояд дарк мекард, ки пинҳонгоҳи ӯ зиёд махфӣ нахоҳад монд ва дар ҳоли муҳосира шудани ин маҳал роҳи бурунрафт аз Сирт барояш баста хоҳад гашт. Зоҳиран, вай хост, фирор кунад.

Ба маълумоти НАТО соати 8:30 корвоне иборат аз 12-15 сабкурави “пикап” аз ноҳияи 2-и Сирт берун шудаву ба самти ғарб ҳаракат мекунад, то аз шаҳр хориҷ шавад. Ин корвон дар канораи шаҳр ҳадафи зарбаҳои ҳавопаймои амрикоии бидун сарнишин ва ҳавопаймоҳои ҷангии Фаронса қарор мегирад ва аз ҳаракат мемонад. Чанде аз мошинҳо сӯхта ва даҳҳо тан аз сарнишинони онҳо кушта ва захмӣ мешаванд. Ҳамзамон мошинҳои инқилобиёни Либия ба ҷои воқеа мерасад ва тирандозии дутарафа ҷараён мегирад.

Даргирии шадид, ба гуфтаи Питер Букарт, мудири барномаҳои изтирории созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар он лаҳзаҳо дар Сирт будааст, беш аз 3 соат идома кардааст. Вай ба СNN гуфт, дар ҷои воқеа 95 ҷасад ёфт шудааст.

Қаззофӣ ва чанд тан аз ҳамроҳонаш аз ин даргирӣ ҷон ба саломат бурда ва онҳоро дертар дар ҳоле ёфтаанд, ки дар лӯлаи заҳбур пинҳон шуда буданд.

ЛӮЛАИ ЗАҲБУР – МАКОНИ КАЛОМУШ

Яке аз инқилобиён ба номи Имрон Шаъбон ба хабарнигори Ню Йорк Таймс гуфтааст, Қаззофӣ хуншору хунолуд буд, аммо бо ҳамон лаҳни омиронааш суол кард: “Чӣ хабар? Чӣ гап аст ин?” Вале ҷанговари дигар, Боқир, гуфта, Қаззофӣ ваҳшатзада буд ва илтиҷо мекард, ки ӯро накушанд. Андаруни лӯла чанд ҷасад низ дида шудаанд, ки парешон афтодаанд.

Инқилобиён дар девораи ин лӯлаи заҳбур навиштаанд: ”Ин ҷои каломуш Қаззофист. Оллоҳу акбар!” Ишора ба он, ки Қаззофӣ дар паёмҳояш шӯришиёни Либияро “каломушҳо” меномид. Вай дар ин ҷо зинда боздошт шуд ва аз ҳамин пайт ҳикояти ширкаткунандагону шоҳидони воқеа дарҳаму барҳам шуда, хатти ягонаи достон аз байн меравад.

Шӯрои Миллии Гузори Либия мегӯяд, Қаззофӣ дар даргирии тарафҳо кушта шудааст. Вале Муҳаммад Сайёҳ, як узви ҳамин шӯро дар ҳамон лаҳзаҳо ба СNN гуфтааст, Қаззофӣ захмист ва ӯро ба шифохонаи Мисрата интиқол медиҳанд. Баъд аз чанд лаҳза вай иттилоъ медиҳад, ки ба сӯи Қаззофӣ тирандозӣ сурат гирифта, ӯ аз пой ва сипас аз сараш захмӣ шудааст. “Маълум нест, аз наздик ё аз дур, аммо на барқасдона,”—гуфтааст Сайёҳ, — ҳеч кас тасмим нагирифтааст, ки ӯ бояд кушта шавад.”

Ин иттилоъ то андозае яке аз видеоҳоро шарҳ медиҳад, аммо на комилан. Шахсе ба Би-би-сӣ гуфта, ки вай дидааст, Қаззофӣ аз силоҳи 9-миллиметрӣ ҳадаф қарор ёфта, аз шикам тир хӯрд ва ин воқеа тақрибан дар соати 12:30 рӯй додааст. Яъне чаҳор соат пеш аз он ки Шӯрои Миллии Гузор аз марги Қаззофӣ хабар дод. Букарт (намояндаи Ҳюман Райтс Вотч дар Сирт) мегӯяд, вай бовар намекунад, ки Қаззофӣ дар ҷараёни даргирӣ кушта шудааст ва мегӯяд, вақте ӯро боздошт карданд, аз пешонааш захмӣ набуд. Ба ақидаи вай, ин захм замоне пайдо шуд, ки ӯро латукӯб мекарданд ва мӯйҳояшро меканданд. Зеро ҳангоме ки мехоҳанд, Қаззофиро ба мошини боло кунанд ва баранд, Қаззофӣ мисли фалаҷе фурӯ меафтад…

Бархе аз шореҳони араб хашму ғазаби мардумиро сабаби эҳтимолии қатли Қаззофӣ номиданд. Гӯё ҷавоне ӯро аз туфангчаи тилоии худи Қаззофӣ куштааст, ки падараш аз дасти ин режим кушта шудааст. Вале ин ҳам баҳона шуда наметавонад. Махсусан барои онҳое, ки мегӯянд, дар ивази беқонуниҳои Қаззофӣ қонунро ба мардум ҳадя хоҳанд овард.

ФАРҶОМИ МУСТАБИДОН?

“Бохуномада” оё ҳатмист, ки бо хун равад? Қаззофӣ дар соли 1969 бо гурӯҳе аз афсарони артиши Либия ошӯб кард ва подшоҳ Идрисро аз мақомаш барканор ва худро раҳбари Инқилоби Либия номид. Ҳукумати ӯ, ки аз сароғозаш, яъне табаддулоти соли 1969 то вопасин нафасаш ғайриқонунӣ буд. Вай аз иҷтимоъгароӣ ва мардумсолорӣ шиор мезад, аммо ягон бор интихоботе баргузор накардааст, то ба ҳукумати худ лоақал ҷомаи қонунӣ бипӯшонад.

Вале дар он сароғоз вай барои Либия як мӯъҷиза буд ва тавонист, кишварро аз ақибафтодагӣ берун кашад. Барои он давра Қаззофӣ раҳбари маҳбуб, навгаро ва мардумӣ буд. Барномаҳои бузурге рехт ва аксари онҳоро амалӣ ҳам кард. Аксари пешрафтҳои Либия дар чаҳор даҳсолаи охир, бавижа дар иқтисодиёт ва таъмину ҳифзи иҷтимоии мардум ба номи Қаззофӣ пайванд доранд. Аммо як иштибоҳи кабирае кард, ки ба аксари раҳбарони бузургманиш хос аст. Вай натавонист, замоне ки тавонмандиҳои сарварияш ба поён расид, ҷойро барои дигарон холӣ кунад.

Маҳбубияти ӯ ба худхоҳӣ гароид ва қудраташ ба хидмати худкомагӣ бадал шуд. Дар ду даҳа дар атрофаш шабакае аз хешу табор, ҳамқабила ва ёру дӯст ба вуҷуд омад, ки нагузошт, ӯ тағйири замонаро дарк кунад ва бифаҳмад, ки мардумаш иваз шудаву мамлакаташ дигар шудааст, аммо ӯ ҳамон “Аҳмади порина” аст.  Ҳарчанд аз ҳақ нагузарем, дар арсаи ҷаҳонӣ Қаззофӣ аксаран худро як бозигари аршад ва муҳим нишон медод. Вай мисли Аҳмадинажод аз Ғарб интиқод намекард, балки аслан ба Ғарб нописандона ва тамасхуромез менигарист. Ҳатто ба сарони кишварҳои дигари арабӣ, ки сабаб шуд, ҳамагӣ ӯро радди маърака кунанд.

Ғурури ӯ бештар ба набуди сиёсати мӯшикофона ва ҷиддияш рабт мегирифт. Вай Ғарбро ба боди масхара мегирифт, аммо бо Ғарб ҳамкории наздик дошт. НАТО ин ҳама муддат анборҳои силоҳу таҷҳизоти ҳарбиеро маҳв мекард, ки худ ба Қаззофӣ фурӯхта буд. Вале дар соли 2004, зоҳиран таҳти таъсири ҷанги Ироқ ва сарнавишти Саддом Ҳусейн раҳбари Либия якбора нописандиҳояшро канор гузошт ва ба оғӯши Ғарб рафт. Вай товони бомбгузории Локербиро пардохт, барномаи ҳастаии Либияро баст, пизишкҳоеро, ки ба паҳн кардани СПИД дар кишвараш муттаҳам карда буд, раҳо намуд ва сафарҳояшро ба давлатҳои Ғарб шурӯъ кард.

Зимнан, кор ба сӯе мекашид, ки Ғарб метавонист, бо мурури замон аз Қаззофӣ як раҳбари мӯътадил созад ва ӯро ба ҳамкори наздики хеш табдил диҳад. Аммо мавҷи “Баҳори араб” ба Либия ҳам расид ва собиқаи Қаззофӣ дигарбора пеши назар омаду нишон дод, ки ҳеч ангезае барои ҳимоят аз ӯ вуҷуд надорад, баръакс танҳо бадиҳо дар миёнанд. Вақте раҳбаре чун Ҳуснӣ Муборак беқадр шуд, чӣ ҷое барои Қаззофӣ.

НАМУНАИ ҚАЗЗОФӢ

Намунаи Қаззофӣ ба таври барҷаста нишон дод, ки раҳбар бояд сиёсатҳои пухта, дурандешона ва боинсофона дошта бошад, бояд на ба гӯшона ё мадҳу ситоиши атрофиёнаш, балки ба эроду танқидҳои рақибону мухолифону душманонаш таваҷҷӯҳ кунад. Набояд ба ин андеша бошад, ки гӯё вай як паёмбар асту мардум аз ӯ замин то осмон розиянд ва шукрона мекунанду суруд мехонанду мерақсанд, балки бояд ба ҳар эҳтиёҷу дарди мардумаш малҳам шавад. Набояд мутмаин бошад, ки бо шиору барномаҳои рангоранг ва ҷашну маҳфилҳои бошукӯҳ метавонад, ҳукумати худро мустаҳкам кунад ва халқи худро зери пои худу қабилаи худ қарор диҳад. Ва аз ҳама муҳимаш, бояд рӯзе ки донист, тавоне барои сарварӣ надорад ва наметавонад, дар сафи пеши мардуми худ қадам задаву ҷомеаи наве офаринад ва мардумро аз паси худ барад, ҷойро барои дигарон, барои насли нави миллати хеш холӣ кунад. Он гоҳ ба чунин рӯзе нахоҳад расид, ки Қаззофӣ расид.

Зимнан, Қаззофӣ як истисно нест. Раҳбарон бояд ҳар рӯз як бор сарнавишти Чаушеску, Пиночет, Саддом, Норйега, Муборак, Зайнулоббидин Бен Алӣ, Аскар Оқоеву Қурмонбек Боқиев ё ҳатто Раҳмон Набиеви худамонро ёд кунанд. Бен Алӣ пас аз 24 соли сарварӣ ҳоло дар Саудия паноҳанда аст ва рӯзи якшанбе, 23-юми октябр дар кишвараш Тунис нахустин интихоботи озод ҷараён гирифт.

24.10.2011 - Posted by | Баҳс, Инқилоб, Сиёсат, Таърих, Қонун | ,

4 Comments »

  1. Мо аз Каззофии худ кай халос мешавем? Яъне аз Э. Рахмон.

    Comment by Карим | 24.10.2011 | Reply

  2. Tashakkuri ziyod ustod baroi sharhi xele mufassal va zebo!Darvoqe’ in jahon sozandae doradu nigahbon va baroi hamin ast ki hej amali xubu zisht be podosh namemonad.Zikri shohoni zolim ki dar kitobi Alloh omadaast misli Fir’avnu Namrud va amsoli ishon tanho torixi aqvomi guzashta nest balki darsi ibrat baroi nasli moba’d hast.Va in meros to abad boqi xohad mond to hushyorro az behush,zolimro az mazlum,mutavoze’ro az mutakabbir va bilaxira bandagoni xosi Allohro az toghiyonu sarkashon judo sozad.Bubined tajribai 42 solai Qazzofi bo in hama mushoviru muhofiz zarrae uro sud nakardand to xudro najot dihad va dar oxiri kor ba dast uftod.Dast ba surati xud memolidu xuni xudashro ba chashmi xudash medid va bovarash nameomad.

    “Har kasero ki Alloh hidoyat kunad hej kas uro gumroh karda nametavonad va har kasero ki U gumroh kunad hej kas uro hidoyat karda nametavonad”

    Va boz ham Alloh(j) buzurgtar hast!!!

    Comment by Imommuhammad | 25.10.2011 | Reply

  3. Дастатон дард накунад, устод!

    Comment by sohibyor | 04.11.2011 | Reply

  4. Чароги зулми золим то абад равшан намемонад…

    Comment by Шамсиддин | 17.01.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: