Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Корти сабз” сабзтар мешавад?

Соли гузашта 270 шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистон соҳиби “Корти сабз”-и Амрико шуданд, ки барояшон имкони зиндагӣ ва кору таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаро дод. Маълум нест, чанд нафар аз ин бурди толеъбозии хеш истифода кард. Аз Узбакистон дар соли гузашта 4800 нафар барандаи чунин корт шуд, ки қариб 18 баробар зиёдтар аст.

Сабаб чӣ бошад? Шояд шумораи ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин толеъбозӣ ширкат мекунанд? Ё шояд бахти баланд надоранд ва ҳамагӣ тан додаанд, ки ҷои онҳо барои муҳоҷират танҳо Русияи нажодпарастон аст?

ТАНОСУБ Ё НОМУТАНОСИБӢ?

Албатта, инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки тақсими “кортҳои сабз” мутаносибан бо теъдоди аҳолии ин ё ин кишвар низ рабт дорад. Вале таносуб низ дар шумораи шаҳрванду зодагони ду кишвар бо таносубе, ки ин ҷо мебинем ҳамхон нест. Бино бар омори расмӣ, аҳолии Узбакистон аз аҳолии Тоҷикистон 4 баробар бештар аст, на 18 баробар. Дар зимн, шумораи зодагони Узбакистон, ки дар Амрико паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардаанд, ба феҳрасти “корти сабз” шомил намешавад.

Дар соли 2010 ҷамъулҷамъ 178 зодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳида пазируфта шудаанд, ки 81 нафари онҳо мард ва 97 тан аз хонум ва бонувонанд. Дар ҳамин давра 1472 зодаи Узбакистон (616 мард ва 856 зан) соҳиби шиносномаи амрикоӣ шудаанд. Ин ҷо ҳам теъдоди зодагони кишвари ҳамсоя, ки шаҳрванди Амрико шудаанд, аз теъдоди зодагони Тоҷикистон 8 баробар бештар аст.

Бино бар қонуни Иёлоти Муттаҳида ҳар кишвар солона танҳо ба 7 дарсади “кортҳои сабз” ҳақ дорад ва шояд ин танҳо монеаест, ки ба афзоиши босуръати зодагони кишвари ҳамсоя дар Амрико халал мерасонад. Афзоиши бародарони мо дар Иёлоти Муттаҳидаро на бо мақсади ҳасаду кина ин ҷо зикр кардам, ба миллати фаъолу ғайратманд мебояд офарин гуфт, аммо барои он ки беғайратӣ ва сардаргумии зодагони кишвари худро дар як муқоисаи барҷаста таъкид кунам. Аз ҳамсоягон боз ин ифтихорро низ бояд кард, ки як бахши умдаи онҳо тоҷикони Узбакистонанд ва бо ҳамқавмони тоҷикистонии худ ба хубӣ “метананд”.

Шароити кору зиндагӣ дар Амрико назар ба Русия миллионҳо бор беҳтар аст, агар шумо муҳоҷири қонунӣ ҳастед. Вале бисёре аз тоҷикон дар Иёлоти Муттаҳида ғайриқонунӣ ба сар мебаранд ва ҳамеша имкони ба маҳбас афтодани онҳо зиёд аст. Навишта будам, ки ду духтари тоҷик бо иттиҳоми нақзи қонуни иқомат ва кори Амрико барои чаҳор ва шаш сол зиндонӣ шудаанд.

АММО 2 ХУШХАБАР

Вале ҳоло як хабари хуш. Дақиқтараш ду хабари хуш. Аввалан, шунидам, ки ду ҳуқуқшиноси тоҷик мехоҳанд, бо таъсиси як созмон ба ҳамдиёрони худ кӯмак кунанд. Онҳо мехоҳанд, торнамое дуруст кунанд ва ба тоҷиконе, ки ҳоло дар Амрико ҳастанд, дар масъалаи қонунӣ кардани иқомати онҳо барояшон машварат диҳанд, асноди онҳоро ройгон таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ин тоҷикдӯстдорон мегӯянд, дар ояндаи наздик метавонанд, ба он ҳамдиёрони хеш, ки орзуи кор ё таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаро доранд, роҳнамоӣ кунанд, то коргоҳ ва донишгоҳи хуберо интихоб намоянд, тарзи истифода аз кӯмакҳои пулии ҳукумати Амрико ва бунёду хазинаҳои бешуморро дар ин маврид дарёфт кунанд ва ҳатто дар одитарин корҳои зиндагии худ дар кишвари бегона иштибоҳе накунанду раҳгум назананд.

Ман аз ин ташаббус хеле шод шудам ва барояшон машварат додам, ки ба маҳзи таҳияи торнамои хеш онро дар Фейсбук, Мой мир ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд. Дар зимн, таъсиси як торнигор ё веблог дар ин маврид низ судманд хоҳад буд. Умедворам блогнависони тоҷик бо камоли майл нишонаи чунин торнигорро дар блогҳои худ ҷой хоҳанд дод.

Хушхабари дувумро аз ҳамин дӯстони нави худ шунидам. Маълум мешавад, ба зудӣ дар Иёлоти Муттаҳида қонуне ба тасвиб хоҳад расид, ки як навъи нави “корти сабз”-ро ҷорӣ хоҳад кард. Ин иҷозаи иқомат ва кор барои донишҷӯёне хоҳад буд, ки пас аз хатми донишгоҳ мехоҳанд, дар Амрико бимонанд. Қонуни нав чунин иҷозаро барои онҳое осон хоҳад кард, ки дар бахшҳои илм, фанноварӣ (технология), математика, ҳандаса (инженерӣ) ё барои гирифтани унвони докторӣ (Ph.D) таҳсил карда ва пас аз хатми таҳсил аз тарафи корхона ё ширкате пешниҳоди кор гирифтаанд.

Ҳукумати Амрико замоне дар пайи таҳияи чунин қонун гашт, ки садҳо нафар аз олимони ҷавон бино бар душвор будани дарёфти “корти сабз” бо вуҷуди он ки ҷои кор пайдо кардаанд, маҷбур ба тарки Амрико шудаанд. Ҳомиёни тарҳи нав омореро далел меоранд, ки аз соли 1995 то 2005 зиёда аз 25 дарсади ширкату корхонаҳои фанновариро дар Иёлоти Муттаҳида зодагони кишварҳои дигар ё таъсис додаанд, ё ба онҳо сарварӣ кардаанд. Ва ин ширкатҳо 450 000 нафарро бо шуғл таъмин намуда, танҳо дар соли 2005 ба иқтисоди Амрико 52 миллиард доллар фоида овардаанд.

ҚОНУН — ФАРДО, ВАЛЕ ҲОЛО…

Мухолифони тарҳи нав шикоят карданд, ки қонуни нав дар ҳоли тасвиб шуданаш, худи амрикоиҳоро аз ҷои кор маҳрум мекунад. Аммо тарафдорони тарҳ мегӯянд, сухан аз риштаҳоест, ки бекорӣ дар онҳо дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Аз сӯи дигар, гуфта мешавад, таҳсилкардагони ин риштаҳо, вақте мебинанд, дар Амрико бо вуҷуди пешниҳодҳои ҷолиб, солҳо бояд интизори иҷозаи кору зиндагӣ буд, ба мамолики дигар мераванд ва ба рақибони ин риштаҳои Амрико табдил меёбанд.

Ба эҳтимоли зиёд, ин қонун ба зудӣ қабул хоҳад шуд, вале маълум нест, ба донишҷӯёни тоҷик, ки орзуи кор дар беҳтарин ширкатҳои Амрикоро доранд, то куҷо имкони расидан ба орзуро фароҳам хоҳад кард. Ҳадс мезанам, ки шумораи тоҷикон дар чунин риштаҳо шояд ангуштшумор бошад.

Биноан, барои онҳое, ки мехоҳанд, на дар Русия, балки дар Амрико кору зиндагӣ кунанд ва пули ба маротиб бештар ба даст оранду на милисае ва на сартарошидае аз пойи онҳо бигазад, бояд толеъномаи “Корти сабз” пур кунанд ва роҳҳои муҳоҷирати қонунӣ ба Амрикоро пайдо намоянд. Орзу дорам, дӯстони ҳуқуқшиноси ман, зудтар созмони худро таъсис диҳанд ва кӯмаку меҳрубонии худро аз чунин шавқмандон дареғ надоранд.

31.10.2011 - Posted by | Амрико, Муҳоҷират, Тоҷикистон, Қонун |

7 Comments »

  1. “кӯмак” нодуруст аст. Дурусташ “кумак” аст.

    Comment by Rashid | 31.10.2011 | Reply

  2. корти сабзро ай кучо дасрас мумкин аст ва дар кадом сайт

    Comment by ilhom | 01.11.2011 | Reply

  3. Салом устоди гироми Салими Аюбзод. Аввалан мехохам шуморо бо ин иди саиди Курбон табрик бигуям. Илохо хамеша тансихату комёб бошед! Бигзор каламатон харгиз кунд нагардад. Баъдан чаро шумораи ками хамватанони мо сохиби “корти сабз”-и Амрикои шуданд? Шояд инчо ягон муамое бошад, ки мо аз он хабар надорем! Ин масъалаи корти сабзи Амрикои агар нохушкунанда хам бошад, лекин ман хеле хушнуд хастам, ки як бародари дусти наздикам бо зану фарзандонаш сохиби корти сабзи Амрикои шуда аз шумораи ин 270 нафар ба хисоб мераванд. Мумкин дар ин масъала моро “НОБОВАРИ” ва “БЕГАЙРАТИ”-ву “БЕЧУРЪАТИ” халал расонад, ки ин яке аз бузургтарин нуксонхои чомеъаи имрузаи мо ба шумор меравад. Мутаасифона имрузхо касе дар фикри ислохи ин камбудихо нест. Ин дог, чомеъаи моро мисли бемории фалач домонгир шудааст, хар як Точик алалхусус Равшанфикрон бояд дар фикру илочи муъоличаи ин дард бошанд. В-агарна…
    Мехохам бигуям: хамеша комёбихо ва мувафакиятхо дар пушти тарс карор доранд, хар касе ки, тарсро пушти сар кард ба комёбихо ва мувафакиятхо ноил мегардад. Инро бояд хар як Точик бидонад!

    Comment by Patriot-TAJ | 06.11.2011 | Reply

  4. Salom Ystodi Arjmand! Navishti xele oli! Ilhom, lottorei Korti Sabz baroi soli 2013 ba oxir rasid. Ammo, boz baroi soli digar sar meshavad. Dar in sahifa metavoned murojiat kyned “https://www.dvlottery.state.gov/”.

    Rashid, yakum inki in “weblog” meboshad va mavzui on muhim ast. Hynar boshad dar borai mavzu ‘comment” navised! Inchunin, va agar tahlili shymo dyryst boshed, va hynar doshta boshed, “spellcheck”-i Tojiki bo zaboni JAVA baroi “HTML” navised.

    Comment by Tajamerican | 15.11.2011 | Reply

  5. Man shahrvandi tojiktabori USA hastam ki solhost dar USA zindagi mekunam,medonam ki az Tojikston dorandagoni kordi sabz yo shahrvandi khele kamand. Man dar Houston iyolatiTexas zindagi mekunam, to hol faqat du nafar az tojikon dar in jo paido kardam. Kam budani Tojikoni Tojikiston dar USA fikr kunam ki onho kamtar kushish mekunand baroi taqozoi vizahoi amrikoi. Agar onho fa’olona baroi giriftani visa kushand miqdori tojikon niz ziyodtar khohad shud.

    Comment by Zolizar | 07.12.2011 | Reply

  6. Аз рӯи омори расмӣ барои “корти сабз”-2012 аз Тоҷикистон 18 917 нафар, аз Ӯзбакистон бошад 507 361 нафар супоридаанд, ки 26.82 маротиба зиёдтар аст: http://travel.state.gov/pdf/DV_Applicant_Entrants_by_Country_2007-2013.pdf

    Агар қиёсро аз дурустии эҳтимолияту омор гирем, он гоҳ соли гузашта аз Тоҷикистон мебоист 179 нафар соҳиби “корти сабз” мешуд. Ҳол он ки ин миқдор тахминан 1.5 баробар зиёд мебошад. Пас аз ин хулосаҳо бармеояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бобати “корти сабз” аз шаҳрвандони Ӯзбакистон 1.5 баробар хуштолеътар будаанд, агарчанде ~6.55 маротиба “танбалтар” (инаш аз омори нуфуси аҳолии ҳар ду кишвар).

    Comment by Farrukh | 20.12.2011 | Reply

  7. […] Агар он сол ҳамагӣ 270 шаҳрванди Тоҷикистон барандаи ин қуръакашӣ шуда бошанд, дар соли баъдан шумораи онҳо ба 330 нафар расид. Дар ҳамин солҳо барандагони “Корти сабз” аз Узбакистони ҳамсоя то 18 баробар бештар буданд ва соли гузашта теъдодашон ба 5101 нафар расид. Сабабу омилҳои чунин вазъро то ҷое таҳқиқ карда будам, ки мешавад, дар ин блог ба онҳо назаре афканд. […]

    Pingback by “Корти сабз” нест мешавад « Салими Аюбзод | 16.05.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: