Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

СММ моро ранҷонд-е…

Маълум мешавад, кормандони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) китоби Гиннесро намехондаанд. Агар мехонданд, ҳаргиз наменавиштанд, ки Тоҷикистон имсол ҳам аз лиҳози рушди инсонӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ дар ҷои охир аст. Э, чашматон оҷиз, магар надидед, ки ҳамин сол мо баландтарин парчам дар ҷаҳонро бардоштем. Магар ин рушд набуда, чист?

Имсол дар кишвари мо Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, садҳо мактабу муассиса сохта шуд. Танҳо дар рӯзҳои Иди истиқлолият ҷамъулҷамъ қариб 400 иншоот ифтитоҳ ёфт. Агар лентаҳои буридаро пайваст кунем, ду бор гирди кураи Замин давр мехӯрад. Дастҳо аз наворбурӣ обила карду чанд қайчӣ кунд шуд, инҳо мегӯянд, ҳеҷ пешравӣ нест.

Охир, ҳамин парчамро барои чашми ҳасудон ин қадар баланд бардоштем, ки ҳама онро бинад. Ё худ бунёди бузургтарин масҷид дар Шӯравии пешинро барои он эълон кардем, ки ҳама шунавад, фақат гӯши шабеҳ ба “девори қиёмат” нашуниду намешунавад.

126 кишвар, аз ҷумла ҳамин Узбакистонро, ки мардумаш гуруснаву ташнаву жандаанд ва Туркманистонро, ки озодии баён надоранд ва Қирғизистонро, ки ҳар сол дар гирдоби кашокаши қудрат аст, дар масъалаи рушди башарӣ аз мо пеш гузоштед. Ҳоло бигӯед, кадоме аз онҳо баландтарин парчам дорад ва бузургтарин масҷидро сохтанист? Ҳеҷ кадом! Хуб, Қазоқистон меарзад. Як Остонае сохт, ки шаҳри афсонавӣ дар биёбон аст. Аммо дигаронро беҳуда аз Тоҷикистон пеш гузоштед. Бовар намекунам.

Хайр, ун солҳои аввал ин хел менавиштед, мо қабул мекардем, зеро Тоҷикистон дар ҳоли ҷанг буд ё нав аз ҷанг раҳо ёфта буд ва албатта, ки на вақт буду на имкон, ки шароити рушди шаҳрвандонро фароҳам оварем. Он вақт мо ҳатто галстукбандӣ наметавонистем ва ҳама чиро оқибати ҷанг меномидем. Аз думи ҳамон Кофӣ Анантон канда намешудем, ки пул диҳад. Ҳоло ягон мушкили ҷиддӣ надорем. Ҳама чиз – 100 аст! Оё дар чиллаи тобистон дар маркази шаҳр сохтани “каток” ё майдони яхмолакбозӣ ба гуфтан осон аст? Ин пешравии инсонӣ набуда, чист?

Як бор ба ҷавону миёнсолони мо дар кӯчаҳои шаҳр нигаред. Ягон ришдор ё ришдарозро мебинед? Не. Агар бинед, хабар диҳед, мо онҳоро ба милисахона оварда, ришашонро пок метарошем. Аз сари духтарон ҳиҷобу русариро кашида, зери по меандозем, то ки ба ақиб, ба асрҳои миёна, давраи зоғию маймунию ҷоҳилӣ барнагарданд, балки рӯ ба сӯи пеш дошта бошанд. Ин рушди инсонӣ нест?

Ҳатто ҳамин “светкушӣ” ё “барқкушӣ” ҳам ба фоидаи одамон аст, ки камтар телек тамошо кунанд ё дар интернет гарданд, балки бо ҳам муошират кунанд ва пеш раванд. Худи шумо мегӯед, ки дар ҷаҳони имрӯза муоширати инсонӣ кам шудааст. Шумо оби ҷав ё пиворо барои ҷавонон манъ кардед, мо масҷидравиро – ҳарду барои пешрафт.

Ҳамин чанд рӯз пеш мо буҷаи соли 2012-ро тавсиб кардем. Хуб, агар китоби Гиннес намехонед, ҳамин буҷаи моро хонед, ки зиёда аз 50 дарсадаш иҷтимоист – барои мардум ва ба хотири пешрафти мардум. Бист сол боз мо аз ним зиёди буҷаро барои мардум номнавис мекунему бист сол боз шумо менависед, ки ин мардумро ҳеҷ пешрафте надорад. Ҳамин чанд сол пеш мардуми мо чӣ медонист, ки “оффшор”-аш чист? Ҳоло тақрибан ҳар вазиру муовинаш “оффшор” доранд. Мо роҳро пулакӣ кардем, то ки дигар аз Созмони Милал талбандагӣ накунем. Ин пешрафт нест?

Фаромӯш накунед, ба ғайр аз рушди башарӣ кишвари мо вазифаҳои муҳимтари дигаре ҳам дорад ва моро маҷбур накунед, ки танҳо барои беҳбуди инсон талош кунем. Давлати мо бояд аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд. Мо бояд Роғунро бисозем ва ба Афғонистону Покистон барқ бифурӯшем. Ва амнияти хӯроквориро таъмин кунем. Зимнан ин вазифаи савум ба рушди башарӣ ҳам рабт мегирад. Бо шиками гурусна мардум чӣ гуна пешрафт карда метавонад? Соли оянда ҳам ягон чизи бузургтарину баландтарин месозем, ягон коре мекунем, ки боз ҳам ба китоби Гиннес шомил шавем, ин дафъа онро ҳатман хонед ва моро дар ҷои охир нагузоред, ғамгин хоҳем шуд, ки ин қадар хизмати мо беҳуда будааст.

07.11.2011 - Posted by | Баҳс, Дурнамо, Инсон, Тоҷикистон |

2 Comments »

  1. Tashakkur. Dasthoi obilador az lentaburi ba man maqul omad. Salomat boshed.

    Comment by Samandar | 11.11.2011 | Reply

  2. Сипосгузорам. Нушатон бод.

    Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: