Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Посухи номутаносиб?

Аз Русия имрӯзҳо ба сӯи Тоҷикистон мавҷи таҳқиру тавҳин меборад. Мисли барфи сиёҳ. Ва ҳам ба суи Душанбе мушти таҳдид баланд мешавад. Русҳо девона шуданд. Сабаб — ду халабони ҳавопаймо дар додгоҳи тоҷик ба ҷазо маҳкум гаштанд. Додгоҳ онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз айбдор донист.

Русия мехоҳад, аз шаҳрванди худ дифоъ кунад. Ин як талоши табиӣ ва қобили фаҳм аст. Аммо ончӣ қобили дарки инсонӣ нест, ки чаро бояд тоҷикон “ваҳшитар аз аҳли Африқо”, “иғвогар”, “кӯрнамак”, “ҳарис”, “афроди дорои уқдаи норасидагии миллӣ (комплекс национальной неполноценности)” ва ғайра номида шаванд? Байни қазияи ҳавопаймоҳо, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирони корӣ чӣ рабт мавҷуд аст?

Оё раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба кишвари дигаре таҳдид карда метавонад, ки барои ҳукми додгоҳат мо “посухи ҳамвазн (мутаносиб) ё ноҳамвазн (номутаносиб)”(?) хоҳем дод? Ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба ягон кишвари дигар бо ин лаҳни ғайридипломатӣ ҳарф зада метавонад, ки “шаҳрванди Русия БОЯД ба ватанаш баргардонида шавад.”? Эҳсосот? Бале, вақте ин эҳсосот каме поин нишаст, гуфтанд, ки қарори додгоҳ бознигарӣ шавад. Аммо талаб ҳамон талаб.

Сиёсатмадори дигар Дмитрий Рогозин гуфт, хуб Амрико ин коро кард (қазияи тоҷири марг ва қочоқбари аслиҳа Виктор Бут), мо чизе карда наметавонем, зеро Амрико абарқудрат аст ва ҳақ дорад, чунин рафтор бикунад, аммо Тоҷикистон чӣ гуна метавонад, айни корро бикунаду солим бимонад. Баҳона ёфт шуд. Баҳонае, ки аз як сӯ уқдаи сахти гулӯи инҳоро боз мекунад ва аз сӯи дигар симои аслии шарики стратегии Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад.

Халабонҳои қочоқбари рус дар кишварҳои Африқо ҳам боздошт шудаанд, дар Афғонистон ҳам ва дар Таиланд ҳам. Аммо чунин мавҷи таҳқиру тавҳин дар нисбати ҳеҷ кадоме ба гӯш нарасид. Баръакс, талоши ҳалли қазия бо роҳҳои дипломатӣ, бо хоҳишу илтиҷо ва ваъдаву ҳадя. Ин ҷо мақоми тоҷик дар Русия ва давлати Тоҷикистон барои Русия рӯшан мешавад. Мо на танҳо барои галустянҳо Рашвану Ҷамшуд ҳастем, балки барои Медведеву Матвиенко ва ҳамаи дигар низ.

Хуб, додгоҳ ҳукми худро эълон кард. Агар як сари мӯ эҳтироми байнидавлатӣ вуҷуд медошт, мебоист, аввал ин ҳукм ва амалкарди халабонҳо, ки сабаби он гашт, баррасӣ мешуд. Танҳо он гоҳ арзёбӣ, даъво, талаб, аммо на ба ҳеҷ ваҷҳ таҳдид. Зоҳиран, русҳо мехоҳанд, алами Исоро аз Мӯсо, яъне алами Бутро аз Тоҷикистон биситонанд. Барои ин Рогозину дигарон батакрор мегӯянд, ки қазияи халабонҳо бо таҳрики амрикоиён ва НАТО ба миён омадааст. Охир, агар халабонҳо хидмати НАТО-ро иҷро мекарданд, чаро Бруссел ва Кобул ҳарду хомӯшанд?

То куҷо ҷурми онҳо исбот шуд, масъалаи дигар аст. Маълум аст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз на ба андозае қавӣ ва ҳирфаиянд, ки ҳукмҳои бебаҳс бароранд. Вале боз ҳам намешояд, кишваре мисли Русия, ки баъзеҳо гумон доранд, ҳақ ва ҳақиқат аз он ҷо хоҳад омад, чунин валвала бапо кунад. Аз моҳи март, замони боздошти халабонҳо то ҳоло ин ҳама муддаиёни интиқомҷӯ дар куҷо буданд? Чаро натавонистанд, далоилеро дар додгоҳ матраҳ кунанд, ки агар ҳақиқат аз онҳост, рӯшан гардад? Шояд, дарвоқеъ, тиҷорате дар паси парда ҷараён дошту бе созиш ба поён расид?

Шаҳрванди Русия дар додгоҳи Тоҷикистон муҳокима ва муҷозот шудааст, на ин ки мисли шаҳрванди Тоҷикистон сари ӯро бурида бошанду ба назди идораи ноҳиявии Маскав афканда бошанд. Сиёсатмадорони рус мебоист, пеш аз он ки даҳон во кунанд, ин рӯйдодҳоро низ ба хотир меоварданд. Ё онро ки қотилони Хуршеда Султоноваи 9-сола бо ҷазои сабуке озод шуданд ва додгоҳи Русия куштори духтарчаро “авбошӣ” шумурда буд. Магар ҳар рӯз чандин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо тӯҳмату найранг ба муддатҳои дароз зиндонӣ намешаванд? Эй кош, Тоҷикистон ҳоло аз ин баҳс биомӯзад, ки чӣ гуна бояд шаҳрванди худро дифоъ кард.

Чӣ қадар бузург ё кӯчак будани кишварҳо муҳим нест. Ин ҳам муҳим нест, ки онҳо силоҳи ҳастаӣ доранд ё на. Муҳим ғурури миллист. Танҳо ғурури миллӣ метавонад, даҳони онҳоеро, ки моро дар “норасидагии миллӣ” ё ваҳшоният айбдор мекунанд, адабан баста шавад. Ҳоло Тоҷикистон роҳе ба ақиб надорад. Коса шикаст ва мост рехт. Ханҷар аз наём кашида шуд. Бояд танҳо ва танҳо ба қонун такия кард. Агар Тоҷикистон худро муҷрим донад ва халабонҳоро озод кунад, дигар ҳаргиз соҳиби як сари мӯ эҳтироме дар ҷаҳон нахоҳад шуд. Аммо агар ҳукми додгоҳ такия бар қонун надошт, дигар ҷое барои сар боло кардан нахоҳад монд. Раққосон худ хуб медонанд, ки ба майдон даромадӣ, бояд бирақсӣ. Гузашта аз ин, дигар обрӯи миллӣ дар миён аст, на додуситади хусусӣ.

Албатта, бо таассуф бояд иқрор кард, ки қазия рӯи муҳоҷирони тоҷик таъсири бад хоҳад дошт. Вале ин ҳам ҳақиқат аст, ки вазъи онҳо дар Русия хуб ҳам набуд ва гумон аст, ба осонӣ тағйир кунад. Сониян, зимни валвалаи сиёсатмадорон ва расонаҳои русӣ, ин ҷо ҳам кор аз кор гузашта. Хабарҳои бадро ҳамин як-ду рӯзи оянда интизор бошед. Шебрачаҳои Путин ҳам баҳона ёфтаанд.

Зимнан, сабаби дигари ғавғо дар Русия интихоботи 4-уми декабр аст. Ҳукми додгоҳ барои ҳамаи онҳое, ки мехостанду мехоҳанд, бо ҳиссиёти интихобкунандагони Русия бозӣ кунанд ва раъйи онҳоро ба даст оранд, беҳтарин саҳнаи ҳунарнамоӣ дар “дифоъ аз манофеи миллати азияткашида рус” аст. Гумон мекунед, онҳо дар ҳақиқат ғами Садовничий ва Руденкоро мехӯранд. Иштибоҳ мекунед. Онҳо дар ғами худанд. Монанди ҳамаи мансабдорони дигар.

Дар зимн, чаро бояд барои хостҳо ё иштибоҳҳои мансабдорон мардуми одӣ заҷр бикашад? Ин ширкате, ки ба Афғонистон ҳавопаймо фиристодааст, моли кист, ки мисли бархе аз ширкатҳои гумномсоҳиби Тоҷикистон дар минтақаи оффшори Ҷазираҳои Вирҷиния сабтином шудааст? Даромади он на ба Русия, балки ба кадом бонки швейтсарӣ меравад. Чаро ҳавопаймоҳои он, пас аз лағви қайд дар Гурҷистон дар ҳеч кишваре қайд нашудаанд ва биноан, ғайриқонунӣ мебошанд, аммо раҳбарони Русияро ин ҷиҳати масъала мутаваҷҷеҳ накардааст?

Ба ҳар сурат, онҳое, ки аз тамаддун ҳарф мезананд ва дигаронро “ваҳшӣ” меноманд, бояд аввал ба маънии тамаддун сарфаҳм раванд ва масъалаеро, ки ҳалли қонунӣ дорад, ба говзӯрӣ накашанд. Дар ҳоле ки дар Русия доду фиғон ба ҳаво мепечад, Эстония ором аст ва талош дорад, бо роҳи мутамаддин мушкилро ҳал кунад.

Ниҳоят, барои он ки тоҷикон ва Тоҷикистонро ба ҳирси рабоиши ҳавопаймоҳои гӯё нодири Русия айбдор мекунанд, хуб буд, агар кишвар мегуфт, омодааст, ин ҳавопаймоҳоро ба соҳибонашон бармегардонад, аммо халабонҳоро озод намекунад, то замоне ки комилан бегуноҳ будани онҳо, тавре Лавров мегӯяд, ба исбот нарасад.

10.11.2011 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Русия, Тоҷикистон, Қонун |

14 Comments »

  1. Сахех, устод. Кор аз кор гузаштааст. Мо дар остонаи як руйдоди таърихи карор дорем. Ё Точикистон хукмро бетагйир мемонаду як каме обру касб мекунад (хам дар чахон ва хам дар дохил) ё обруи хечбудаи худро боз поёнтар меорад. Аммо бо ин хукумати мо варианти аввал баъид ба назар мерасад. Аммо варианти дуюм хам як чои хуби шояд дорад. ШОЯД гурури миллии мардум ба чунбиш ояду….

    Comment by Farid | 10.11.2011 | Reply

    • То ҳоло, сешанбеи 15 ноябр, агар афзоиши фишор ба муҳоҷиронро ба назар нагирем ё онро ба сурати умум як далели рушани фарҳанги бардагй нашумарем, Тоҷикистон дар ин қазия зоҳиран бохти бузурге надорад. Рӯҳияи хосу ом ба ҳаракат омадааст.

      Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply

  2. Ahsan ba shumo
    In matlabatonro khonda biser khursand shudam e kosh kulli khabarnigoroi tojik intavr fikr mekardan

    Comment by Tojdor Tojikon | 10.11.2011 | Reply

  3. Салом. Фикр мекунам ин навиштаро ба руси баргардон карда чоп кардан лозим. Дасти шумо дард накунад.

    Comment by yusufisufi | 10.11.2011 | Reply

  4. Устоди мухтарам, хуб мешуд агар дар бораи ин халабонхои кочокбари Рус, ба забони русси менавиштед!

    Comment by Patriot-TAJ | 10.11.2011 | Reply

    • Дуруст аст, аммо мухотаби ман дар ин навишта бештар ҳамватанони азизанд.

      Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply

  5. Корень зла – жадность бессмертной и всемогущей русской мафии.
    Главные действующие лица:
    русский Сергей Полуянов и еврей Валерий Пфефер против русского Олега Баранова и украинца Олега Лысенко.
    Русские говорят: жадность фрайра погубит!
    3 года назад Полуянов и Пфефер при прихватизации 3-х самолетов АН-72 российских ВВС “обделили” своих партнеров Баранова и Лысенко по захвату собственности российского государства по дешевке.
    Полуянов и Пфефер чтоб не платить налоги в российскую казну и чтоб солидно зарабатывать в свои карманы, 3-х “своих” самолетов выводят из под юрисдикции РФ и записывают на полочную фирму “Rolkan Investmens Ltd” в оффшорной зоне Виргинских островах, но при этом они по дешевке обслуживаются и ремонтируются на российских аэродромах по блату и по дешевке.
    Но, чтоб еще солиднее зарабатывать Полуянов и Пфефер 3-х “своих” самолетов сдают под “ну очень” выгодный контракт фирме оператору “Aerospace Consortium”, зарегистрированному в ОАЭ, владельцем которого является индусский бизнесмен-миллионер Джигиб.
    Господин Джигиб в Афганистане не совсем понятно какие грузы перевозил, но афганские власти к нему имеют конкретные претензий по перевозимым грузам, кроме этого, индус оказывается аферист и не миллионер, а настоящий мошенник, задолжал несколько миллионов Кабульскому аэропорту, да еще Джигиб, сговорившись с Барановым и Лысенко, ни копейки не заплатил Полуянову и Пфеферу за 2-х годичную аренду 3-х самолетов.
    Афганские власти не могли найти Джигиба, тогда афганцы стали иметь претензию владельцам самолетов, чтоб они рассчитались с аэропортом.
    Ну, тогда бегство из Кабульского аэропорта 3-х самолетов Полуянова и Пфефера (с их согласия) стали организовывать Баранов и Лысенко (а за ними стоял опять тот же самый Джигиб), через подкуп диспетчеров афганского аэропорта . Но, командир третьего экипажа не продался и не взлетел
    Ну а, тройка-афферистов – Джигиб, Баранов и Лысенко заранее договорились с президентом Таджикистана:
    – 2 самолета, которые будут арестованы, Таджикистан “тройке” продаст за символическую цену;
    – за то таджикский президент своих родственников наркобаронов, сидящих в российской тюрьме обменяет на 2-х русских летчиков.
    – 1 самолет останется у афганцев в залоге за задолженность

    И так:
    – афферист индус Джигиб в полном наваре;
    – русские мафиозники Полуянов и Пфефер – Баранов и Лысенко: 1-1, к статьи, никто из них в любом случае не помрет с голоду;
    – “простой” русский народ в шоке от “братского” народа таджиков;
    – беспомощный таджикский народ получает полный нагоняй от “старшего брата”;
    – президент Таджикистана в полном дерьме;
    – руководство России в полном трансе;

    Comment by Samandar | 12.11.2011 | Reply

    • Сипосгузорам барои иловаи ҷолиб ва нигоҳе ба паси пардаи моҷаро. Аммо он ҷо асрори бештаре нуҳуфтааст. Эй кош, касе ин асрорро фош мекард, то ҳақиқат рӯшан мешуд.

      Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply

  6. Ahsant ustod!!!bisyor jolib va bamavrid…
    Ajoib davru zamone shudai in bexiradon fikr namekunand ki az du xaloboni jinoyatkor va qochoqbar himoya mekunand.Xele daqiqan vozeh ast ki dar in jo mas’alai govzurist na himoyai huquqi shahrvandi na siyosati xoriji.Ba fikram soli 2006 bud vaqte haikali qahramoni jangi 1941-45 az maidoni Tallin bardoshta shud rusho on guna motamdor budand ki guyo nav poyoni jang ast.
    Dar barnomai “Sudite sami” safirzanaki estonira davat karda sharmandash kardand va bechora safirzan vaqte az istiqloliyatu ozodi harf zad yake az davlatmardon guft:
    если спишь рядом с медведем лучше не шевелись va safirzana sharmandavor berun kardand.
    Vale agar imruz hukumati mo az dodgohash himoyat nakunad va aqibnishini kunad ahvol badtar xohad shud na behtar
    Tanho ba pesh!!!!Roh ba qafo nest!!!!!

    Comment by Imommuhammad | 12.11.2011 | Reply

    • Гуфтам, ки додгоҳҳои мо ҳанӯз мустақил ва одил нестанд. Онҳо ба судури ҳукмҳои баланд одат кардаанд — 20 сол, 25 сол, 30 сол… Агар ҳукми ҳабси халабонҳо каме муносибтар мебуд, шояд худро зери зарба намегузоштанд.

      Вале ин ҷо “мантиқ”-и раҳбарони Русия ҷолиб аст — “агар рус (на шаҳрванди Русия) дар Тоҷикистон муртакиби ҷинояте шавад, набояд ӯро муҳокима ва муҷозот кард”. Ин “мантиқ” ҳамчун оруғи миллати дар гузашта империявӣ сабаби сиёсӣ шудани қазияи ҷиноӣ ва додгоҳӣ гашт.

      Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply

  7. Халабонхои рус барои давлати Руссия боз як бахонаи навбатие хастанд ки, бо ин рох мехоханд сари давлат ва мардуми Точикистон фишор биоранд. Хадафи онхо ба даст овардани марзи Точикистону Афгонистон аст, на Садовничий ва на Руденко! Фикр мекунам, то замоне ки, марзбонони Рус марзхои кишвари моро зери тасаруфи хеш нагиранд, аз онхо мо осудагиро намебинем! Харончие ки, мо имруз аз тарафи Руссия дида истодаем, айнан хамин холатхо соли 2004 рух дода буданд. Тахдиду фишорхо ва “депортация” мухочирони кории Точик, боз аз сари нав шуруъ шудаанд. Он рузхо хадафи онхо ба даст овардани маркази назоратии кайхонии “ОКНО” буд. Бо рохи тахдиду фишор ва фиребу найрангбозихо вактоки, “ОКНО”-ро ба даст оварданд, баъд Руссия ва Точикистон мувакати мисли ду бародар шуд. Вокеъахое ки, соли гузашта дар водии Рашт руй дода буданд, окубаташ низ ба фоидаи Руссия анчом ёфт, МАСКАВ-ДУШАНБЕ 49:0.
    Вактоки, дар ВАО-и Руссия сиёсатмадоронаш бар зидди Точикистон сару садохо баланд мекунанд, бе дард нестанд, албатта дар дил ягон хадафи нопоке доранд ва барои расидан ба хадафхои хеш аз хама гуна имконоти хеш истифода мебаранд!

    Comment by Patriot-TAJ | 13.11.2011 | Reply

  8. Вале фикр намекунед, ки Русия вориди бозии барояш хатарзое шудааст. Агар Тоҷикистонро аз даст диҳад, тамоми минтақа аз дасташ меравад. Идомаи фишор ба муҳоҷирони тоҷик табъан метавонад, даъвати ихроҷи фирқаи 201-и Русия аз Тоҷикистонро халқ хоҳад кард.

    Ҳатто ҳоло агар Тоҷикистон ақибнишинӣ кунад ҳам, ин ба обрӯи Русия дигар нахоҳад афзуд. Ҷаҳон шоҳиди он гашт, ки давлати, ба истилоҳ бузург, як давлати кӯчакро бо зӯру валвала шантаж кард, то иродаи сиёсии худро ба он бор кунад. Идомаи махмаса қарордодҳои гузашта ва ояндаи миёни Русия ва Тоҷикистонро зери суол қарор хоҳад дод. Розиед?

    Comment by aioubzod | 15.11.2011 | Reply

  9. Саломи гарм! Дастатон дард накунад! Бехтар мешуд агар баъзе аз нукоти ин навиштаро бо руси бармегардондед. Дуруст аст, ки ин матлаб барои хамватанон навишта шудааст ва хуб аст агар барои русхо низ чизе навишта шавад…

    Comment by mahbubtj.wordpress.com | 19.11.2011 | Reply

  10. Бале устод ман бо шумо сад дар сад розиам! Фикр мекунам то чанде, ки мухлати пойгохи низомии 201-Руссия кам мемонад, бозии сиёси боз хам хатарноктар мешавад! Лекин, ин чо суоле ба миён меояд ки хатари бузург киро зиёдтар тахдид мекунад, Точикистонро ё Руссияро? Чунки, сиёсатмадорони Рус хамаги шантажистони касбианд. Мутаасифона рахбарони хукумати Мо аз шонсхои худ истифода намебаранд ва ба хотири манфиатхои шахси ва ё курси, насли ояндаи Точикро дар хатар мегузоранд!

    Рости, калами хабарнигорони Точик хам як зарра кунд аст. Вакти сухани бурро ва калами тез расидааст. Дар хар коре ки, хукумат ором истад, бояд хбарнигорон ором наистанд, чи аз Ватан чи аз хорич! ВАО-и Россия хамеша “аз кил фил месозанд”… мо чи? Хади акал мебояд Точикон дар “НАБАРДИ ИТИЛООТИ” як зарра кобил бошанд!!!

    Comment by Patriot-TAJ | 26.11.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: