Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тамом шуд ё сар мешавад?

Дилам ба додрасе месӯзад, ки бо эҳтиром ба пешниҳоди додситонҳо ва бовар ба далелҳои гирдовардаи муфаттишон ҳукми 8,5 сол ҳабси халабонҳои русро бароварду рӯзи 21-уми ноябр ҳамин додситонҳо ӯро фурӯхтанд. Додситонҳоро дар навбати худ ҳукумати кишвар фурӯхт ва ҳукуматро сарвари он. Ҳама якҷо кишвару давлат ва нангу обрӯйи миллатро.

Раиси Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, Темур Боев дар мусоҳиба бо “Комсомолская правда” бо имони комил гуфтааст, ки ҳавонавардон гунаҳкоранд ва ҷурми онҳо дар ҷараёни тафтиш ва мурофиа исбот шудааст.

«Аз ҷумла дар баёнияи шоҳидон, аъзои экипаж, ки ҳоло ин ҷо нестанд. Онҳо ошкоро гуфтанд, ки ҳеч гуна иҷозаи парвоз надоштанд ва ягон асосе барои фуруди таъҷилӣ ҳам мавҷуд набуд. Вале фармондеҳони экипаж чунин тасмим гирифтанд. Бино бар маводи парванда парвози беиҷоза 100% исбот шудааст.»

Додситонҳо гуфтаанд, халабонҳо нағз мефаҳмиданд, ки дар чунин ҳолат ҳангоми убури марз мумкин аст, онҳоро ҳамчун ҳавопаймоҳое, ки ба Тоҷикистон ҳамла карданиянд, ҳадафи оташ қарор диҳанд ва сарнагун кунанд.

«Маҳз барои ҳамин, меафзояд Боев, — онҳо хостори фуруди садамавӣ шуданд, ҳарчанд дар тафтиши ибтидоӣ худ навиштанд, ки барои ин ягон сабаб мавҷуд набуд. Санади муоинаи ҳавопаймоҳо мавҷуд аст. Садовничий мегуфт, ки ҳавопаймояш нуқси техникӣ дошт. Аммо Руденко ба камбуди сӯхт таъкид мекард. Вале дар сӯхтдони Садовничий 2 тоннаву 900 ва Руденко 4 тоннаву 500 литр бензин буд. Ва ягон камбудӣ вуҷуд надошт.»

Дар мавриди қочоқ, банди дигари иттиҳомоти зидди ҳавонавардон, додвари тоҷик Темур Боев мегӯяд:

«Ҳар қисми эҳтиётӣ, ҳар абзор бояд ҳуҷҷати худро дошта бошад. Бояд шиносномаи фаннӣ ё декларатсия дошта бошад. Ҳеҷ гуна коғазе онҳо пешниҳод карда натавонистанд.»

Ба ақидаи ҷаноби Боев, мӯҳлати ҳабс метавонист, камтар бошад, вале барои ин ба шахс бояд аз ҷои кораш сифатномаи хуб дода шавад, қаблан суд нашуда бошад, фарзандони ноболиғ дошта бошад ва бо тафтишот ба таври комил ҳамкорӣ кунад. Аммо ҳарду ронандаи ҳавопаймо аз пазириши ҳама гуна ҷурм саркашӣ мекарданд ва талоши онҳо ба ин буд, ки муфаттишону додгоҳро ба саргумӣ кашонанд.

Дар навиштаи қаблиям ба забони русӣ (“Кого же защищает Россия?») ман аз пажӯҳишҳои журналистони маскавӣ даҳҳо далели ҷурми Садовничий ва Руденко ва ширкати Ролканро нақл кардам. Хулосаам ин буд, ки Русия ба хотири дифоъ аз ҷинояткорон садҳо ҳазор муҳоҷири бегуноҳи тоҷикро зулм мекунад.

Дертар андешаи ҳуқуқшиноси эстон, профессори ҳуқуқи байнулмилалӣ ва доктори илми ҳуқуқ Рейн Мюллерсонро хондам, ки мегӯяд, халабонҳо гунаҳкоранд ва ба таври оҷил Афғонистонро тарк кардани онҳо нишон медиҳад, сабабҳое дар миён будааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд, дар ҳоли пазируфта нашуданашон дар Тоҷикистон, ба Кобул баргарданд.

Додрас Боев низ ба ҳамин ақида аст ва мегӯяд, беҳуда нест, ки мақомоти афғон ҳавопаймои савуми ширкати Ролканро дар Кобул “ба ҳабс гирифтанд.” Мақомоти Афғонистон ҳамчунин 8 корманди фурудгоҳи Кобулро барои ҳамкории ғайриқонунӣ бо ширкати Ролкан ва эҳтимолан олудагӣ ба фасод боздошт кардаанд.

Хуб, шояд ин ҳама дигар ба дарде нахӯрад. Ҳеҷ тарафе ба ҳақиқат арҷ нагузошт, ҳарчанд бисёре аз сиёсатмадорон ва расонаҳои ахбори оми Русия, ки имрӯзи иди пирӯзӣ доранд, худ низ медонистанд, ки ин ҷо на ҳама чиз рӯшан аст. Дар ин тирагиҳо осон аст, ки тарафи дигаре “барбар” ва “норасида” номида шавад ва ё боздошти халабонҳо ба ҳукми фарзанди кадом мансабдору ақрабои Раҳмон рабт гирад, ҳарчанд мумкин аст, баъдан орзуи чунин тиҷорате ба миён омада бошад. Ба ҳар сурат ҷаҳон шоҳид шуд, ки Русия бо истифода аз ҳама анвои аслиҳаи дипломатияш Тоҷикистонро ба зону нишонд. Ин зоҳири вазъ, паси пардаро мо намедонем, ҳарчанд ҳадс мезанем, ки чи нопокиҳое он ҷо буда метавонад.

Аммо ҳайф, сад ҳайф! Дар ин 10 рӯзи валвалаи зидди-тоҷикӣ ва хатари беруна ба истиқлолияти кишвар мардуми тоҷик дар дуру наздик рӯ ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оварданд ва омода буданд, дар атрофи ӯ муттаҳид шаванду аз ном ва номуси миллат ва эътибори давлати худ дифоъ кунанд. Ҳазорон нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои гуногун тақозо мекарданд, ки маҳбусон, чун акнун ба омили фишору зӯроварии бераҳмонаи Маскав табдил ёфтанд, раҳо карда нашаванд.

Мардуми софдилу содалавҳу хушбовари тоҷик! Дар як они воҳид ҳамаи нуқсу найрангу нокомиҳоро ба Раҳмону авлодияш ва ҳамаи вазирону кабирони кишвараш бахшида буданд ва танҳо инро мехостанд, ки Худоё, дар ин лаҳазоти ҳассос Тоҷикистони азизро шармандаву сархам накун! Ин пайте буд, ки як миллат битавонад, нангу ори худро нишон диҳад ва барои муддатҳои мадид, агар на ҷовидонаҳо ному ҷойгоҳи маънавии хешро мустақар кунад. Ҳамагон дарк мекарданд, ки ҳарчӣ буд, буд ва ҳарчӣ шуд, шуд, аммо дигар лаҳзаи имтиҳон буд, лаҳзаи ҳақиқат, лаҳзаи ваҳдат ва ифтихоре баландтар аз парчами 165-метрӣ.

Дареғ ва ҳайф, ки охирин орзуи тоҷики бечора боз ҳам бешармона ва осону арзон, ҳатто ройгон ба фурӯш рафт. Он рӯзҳои каме, ки намояндагони милалу ақвоми дигар бо чашми ҳасад ва эҳтиром ба тоҷик менигаристанд, бодвор гузаштанду бечора аз фарози моҳ ба қаъри чоҳи сияҳтар аз чоҳҳои пешина афтод. Оре, рӯзу шабони осон набуд, чун подошаш ба ҷабраш меарзид. Таҳқиру тавҳин дуд медод, аммо тамоми ҷаҳон бо заҳрханд ба ғолмағоли русҳо менигарист, чун онҳоро ба дурустӣ мешинохт ва дар дил ҳавои тоҷиконро мехост, муқовимати онҳоро. Оре, чормағз ба сари муҳоҷири бечора шикаст. Вале ҳатто он ҷабрдидагон низ аз даруни маҳбасу зери калтаки милисаи рус рӯ ба Душанбе меоварданд ва зораву нола мекарданд, ки омодаанд, ҳама машаққаташро бикашанд, аммо кишвар иштибоҳи нангин накунад ва ба гунае аз мушкил берун ояд, ки обрӯи набуда ё ками он бирезад.

Магар ҳалли васате дар миён набуд? Чаро намешуд, ин халабонҳоро бо ҳамон парвандаҳояшон ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонуни Русия ва Эстония супурд ва дархост кард, ки худ онҳоро муҳокима ва муҷозот кунанд. Бигзор, баъдан русу эстонҳоро онҳоро озод мекарданд, аммо на додгоҳи Тоҷикистон, ки бо ин амал масхараи ҷаҳон будани худро нишон дод.

Магар аз лобалои доду фарёди русҳо шунида нашуд, ки “додгоҳи тоҷикӣ як ҳайвони дастомӯзи Раҳмон аст” ва бо амри ӯ якеро сафед мекунаду дигареро сиёҳ. Оё шарт буд, ин тавҳинро ба исбот расондан? Зарур буд, ба онҳое, ки хасмона рафтор мекарданд, шодмонӣ овардан?

Наход касе гумон дорад, ки Маскав он чизеро, ки шуд, фаромӯш мекунад ва акнун ба дӯсти ҷонӣ табдил меёбад? Наход баъди саросар маризи силу сифилису СПИД номидани муҳоҷирони миллатат, ту боз хезию чаҳорқад бизанӣ? Ва ҳам баъд аз он ки бигӯянд, маҳсулоти кишоварзии ту пур аз кирму кана аст, боз даҳон ба ханда кушоӣ? Дареғо, дареғ. Аммо, тавре русҳо мегӯянд, ҳеҷ бадие орӣ аз хубӣ нест. Яке аз он хубиҳо – бишиносед, ки чӣ касоне ба Шумо раҳбарию сарварӣ мекунанд. Агар онҳо беҳтаринҳои Шумоянд, пас он чӣ дар бораатон ин 10 рӯзи гузашта гуфтанд, ҳақ асту рост.

Ҳоло, ки “истиқлолият”-и додгоҳи Тоҷикистон дар пеши чашми аҳли ҷаҳон ошкор шуд, оё беҳтар нест, онҳоеро, ки бо ҳазорон айбнома ба 25 солу 30 сол ё ҳабси абад зиндонӣ кардед, озод намоед? Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Владимир Садовничий чӣ фарқ дорад? Ё Ёқуб Салим аз Алексей Руденко? Оре, фарқ ин аст, ки онҳо тоҷиканд, зодагони ҳамин марзу буманд, фарзандони ҳамин миллатанд. Ё Ғаффор Мирзоеву дигарон. Афсӯс падари пири Алии Бедакиро қонун ҳимоят мекард, ки кас ҳақ дорад, зидди наздикони хеш далели иттиҳом надиҳад, на Жириновский ё Онишенко. Маълум шуд, қонун дар Тоҷикистон ҳамин Рогозину Медведеву “Росселхознадзоранд”. Бузургтарин ва мӯҳтарамтарин қонун. Кӣ аз ин пас ба он ҳукмномаҳои шумо бовар мекунад? Кӣ дигар метавонад, бигӯяд, ки додгоҳи Тоҷикистон мустақил, одил ва қонунист? Дарахте куҷосту ресмоне куҷо?

Ба назари ман, бо ин амал ҳатто он иттиҳомоти русҳо низ тасдиқу исбот шуд, ки мегуфтанд, летчикҳо бо фармони худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҳбус шудаанд, то писари Ҳукумовро аз маҳбаси рус раҳо кунад. Танҳо амалкарди дигар метавонист, раҳбари давлатро аз ин иттиҳом наҷот диҳад. Фикри чӣ буд? Курсӣ? Магар дигар он устувор хоҳад монд? Тоҷикистон собит кард, ки аз бозгашти шаҳрвандони муҳоҷираш метарсад. Исбот кард, ки худ фавҷ-фавҷ ба мулки ғарибӣ ва ғуломӣ рафтани шаҳрвандонашро мехостааст ва суботу иқтисодаш ба ҳиҷрати зиёда аз 1 миллион нафари, ба гуфти Муҳидди Кабирӣ, ангезадор бастагӣ доштааст. Ва ҳунари раҳбарияш танҳо ба кампиракону мӯйсафедҳо мерасидааст.

Пас оё баъд аз ин “пирӯзӣ” Кремлин пирӯзиҳои нав ба навро орзу нахоҳад кард. Абзоре, ки кор дод, азиз мешавад. Акнун касе, на танҳо баъд аз ин шармандагӣ, балки баъд аз абзори санҷидашуда, дигар хоҳад тавонист, бигӯяд, ки мӯҳлати пойгоҳи русиро ба 49 сол дароз нахоҳад кард? Хоҳад тавонист, бигӯяд, фурудгоҳи Айниро ба дасти рус нахоҳад дод? Хоҳад тавонист, бигӯяд, марзашро зери назар дорад ва пеши роҳи ҳероини афғониро мегирад? Хестем, ки хобем. Ба гуфти русҳо, “бери шинел, пошли домой”, ё “приехали!” ё “сливай воду”. Таърихан ин русҳо буданд, ки зуд ба шикаст тан медоданд. Ин бор тоҷики табармусулмон дар 10 рӯз зону заду сар ба буридан хам кард.

Ба ҳайси нахустин паём ва “ташаккури самимона” ба раҳбари Тоҷикистон ва бо шунидани аввалин хабари озодии халабонҳо (ё галабонҳо), раиси Кумитаи Думаи Русия дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Алексей Островский, гуфт, озодии Садовничий ва Руденко як пирӯзии бузург аст, аммо Русия мебоист нисбати “баъзе раҳбарони баъзе давлатҳои пасошӯравӣ” аз пеш сахтгир мебуду онҳоро огоҳ мекард, ки “шӯхӣ кардан бо шаҳрвандони мо оқибати хуб надорад.”

Агар ҳанӯз ҳам қонун-қонун мегӯед, пас як бор бубинед оё дар қонунҳои Тоҷикистон банде ҳаст, ки фурӯшандагони номуси миллатро ҳабси абад кунад? Магар ин ҷурме ҳамвазни “хиёнат ба ватан” нест. Ҳабси абад, зеро Тоҷикистони одилу ҳуқуқбунёд ва башардӯст иҷрои ҳукми қатлро манъ кардааст.

22.11.2011 - Posted by | Русия, Тоҷикистон, Қонун | , ,

4 Comments »

  1. Ahsant, tashakkuri ziyod ustod. Tamomi dardi dilro gufted.
    Rosti in yak sharmandagii buzurge bud, ki mo khalki oddi bardoshtashro nadorem, ammo hayhot, afsuuuuuuus, hazoron afsuuuuus, ki in nojavonmardoni mo boz bo hamon pusti gafsu rui siyoh ba kori khud idoma medihand.

    Comment by Умед | 22.11.2011 | Reply

  2. Sad afsusu hazoru 10000000000000000000000000 afsus, ki hukamoi imruzai millati mo arzishhoe chun nomusu farru nangu…..ro sarfi nazar kardandu taxtu tojro bolotar guzoshtand va e`tibori beinham dar qa`ri zamin gurkardashudaro boz ham chuqurtar gur kardand.
    Va on “elita”hoi russiyoh ozodshavii du ivani mayzadaro “piruzi” gufta jor mezanand, ki zaifbudani onhoro nishon medihad. Harruze dar Avrupovu Osiyoi sharqiyu Xovari miyona duxtaroni rusro hamchun ashyo xaridu furush mekunand, lekin on mayzadaho az hukuki onho difo` karda nametavonand…………
    Ba har hol alamovar ast, ki sarvari millati man ba chunin jinoyati buzurg roh dod va moro solhoi ziyod zeri tahqiri ajnabiyoni mayzada guzosht…………

    Comment by Mullo | 23.11.2011 | Reply

  3. Rahmat Ustod!
    Voqe’an Joi Taassufu Norohatist Vaqte Ruhi Yak Qavm Ma’navan Kushta Meshavad Va Haisiyati Yak Millat Poyon Meravad.In Ham Baroi Yak Chizi Nochiz!Du Xaloboni Nobakor!Vale In Hukumati Russiya Az Xele Barvaqt Alaihi Xalqi Tojik Iqdom Mekunad Va Xiyonathoyash Sobiqai Torixi Dorad:
    Az Zamoni Az dast Raftani Samarqandu Buxoro To Janghoi Ziddi Ozodandeshoni Dinii Tojik (Bosmachiho),Roghunu Inak Qaziyai Gallabonho!!!
    Man 100 Dar 100 Mutmain Budam Ki Hej Yak Muhojiri Az Russiya Bargshta Dar Vatan Benoni Xuradani Namemond.Charo Ki Shukri Xudo Hama Hamvatanoni Mo Ki Az Dastranji Xud Ruzi Ba Dast Meovarand Dar Injo Niz Zindagii Xuda Idoma Medodand.Chun Aksaran Kosiband Va Ruzi Ham Dasti Xudost.
    Ammo Aknun Chi Shud?-Rusho Ba Mo Rahm Mekunand?Tojikhora Rui Dast Mebardorand?
    Haihot!Haihot!Hargiz Na!Pas Chi Meboisti Kard:
    Yo mo Sari Xasm Bikubem Ba Sang,
    Yo U Sari Mo Ba Dor Sozad Ovang.
    Alqissa Dar In Zamonai Purnairang,
    Yak Kushta Ba Nom Beh Ki Sad Zinda Ba Nang.

    Zihi Saodati Bosmachihoi Mo Ki Bo In Shiorho Binii Dushmanoni Xudro Ba Zamin Molidand Ki Imruz Az Javonmardii Ishon Qissaho Darovardaand,Ki T o Hanuz Shonahoi Dushmanoni moro Melarzonad.Ammo Mo Chi Dorem Mekunem??
    Va Chi Xohem Boqi Guzosht Ba Nasli Moba’di Xud??
    In Hama Nokomi!In Hama Muzduri!In Hama Ruhaftodagi!

    Bor Iloho Boz Qalami Avfe Ba Rui Mo Bikash Va Moro Az Sharri Fitnaho Dar Amon Bidor????
    Ki Mo Juz Tu Kase Nadorem

    Comment by Imommuhammad | 23.11.2011 | Reply

  4. Бародари азиз!
    Арзи сипос ва узри густохиямро кабул намо!

    Comment by Дарвеш | 23.11.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: