Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Садои шикастани ях

Гумон доштам, ин ҳисси танҳо ман аст, ки мардуми мо андак-андак тарсро канор мегузоранд ва дар талаби ҳаққи қонунии хеш мешаванд. Эҳсос мешавад, рӯҳи хуфта бедору рӯҳи бедор ба пой хестааст. Алорағми он навмедиҳо, ки рӯҳи ин қавм дигар шикастааст ва ҳаргиз ба танаш барнахоҳад гашт.

Аввал дӯстону ҳампешагонам гуфтанд, ки ин тағйирро дидаанд ва ҳис мекунанд. Чанд рӯз баъд натиҷаҳои як назарсанҷиро шунидам, ки бино бар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар баёни андеша ва пешниҳодҳои худ барои ислоҳи вазъ дар кишвар ба маротиб ҷасуртар шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду сол пеш мардум аз сӯҳбатҳои сиёсӣ парҳез мекард ё зидди ҳама гуна ишораи танқидӣ аз хубии вазъ ва қаҳрамониҳои сардори давлат шиор мезад. Албатта, он гуна бо доду фарёду асабоният шиор меафканд, ки дараҷаи ҳарорати сухан самимияти сухангӯро ва ҳақиқати гуфтаҳоро зери суол мебурд. Аммо ин гуна рӯҳияи муҷодала ва ҳақталошӣ аслан вуҷуд надошт.

Баъдаш як видеоро дидам. Гуфта будам, ки ҳеч чиз ба монанди гузориши видеоӣ эҳсоси ҳузури шахсӣ дар макони фарсахҳо дур ва замони ҳаминлаҳзаиро намедиҳад. Ин бор ҳам ҳамдиёрони азизам ва пушти сари онҳо кӯча ё боғчаҳои Душанбеи азизамро медидаму ҳис мекардам, ки ин лаҳзаҳо дар ҳамон ҷоям ва бо онҳо сӯҳбат мекунаму аз ҳарфашон ҳаловат мебарам. Баъзе манзараҳо – сохтмону иншоот бароям бегонаанд, зеро ҷузъҳои он Душанбеи даврони ман нестанд ва ин ҳолат ба сухани ҳамватанон шиддати бештар изофа мекунад. Гӯё онҳо пайвандҳои ҷонӣ бо манзараҳои атрофи хеш надоранд, манзараҳое, ки дастҳои бегона зимни тарроҳҳии бегонагон, бо пули бегонагон сохта шудаанду аз сари девори онҳо ҷисми даҳҳо бинокори дар он сохтмонҳо ҷонбохта ва бастаҳои долларии аз роҳи фосид ба ҷайбҳои ашхос воридшуда овезон аст…

Вале такондиҳанда ин буд, ки онҳо яке аз паси дигар ба як суоли саҳли мумтанеъ (осонмушкил) посух медоданд: “Агар ман президент мебудам, чӣ мекардам?..” Бо оғози видео фикр кардам, шояд як-ду нафар пеш хоҳанд омад ва сӯҳбатҳои “безарар”-и шиоргуна хоҳанд кард ва ҳар кадом дар поёни сухан “шукрона” хоҳад хонд ва бар президенти феълӣ дуруд хоҳад фиристод, ки яккаву ягона аст, “абармарди замину осмон”, “офтобе дар замин” ва монанди инҳо. Омурзиш мехоҳам аз ҳамаи суханварони ин видео, ки ман дар баробари онҳо камзарфона андешидаам.

Ин видеоро бубинед ва худ қазоват кунед. Пиру ҷавону тифл, марду зан дар ҳоле ин сӯҳбатҳоро мекунанд, ки ҳамагӣ 2-3 сол пеш сиёсатмадорони варзида мегуфтанд, ки раиси мо алтернатива надорад. Ҳатто нашрияҳои мустақили қобили эҳтиром навишта буданд, ки “Эмомалӣ Раҳмон баалтернатива аст!” Албатта, ҳанӯз ҳамон вақт афроде ҳам пайдо шуданду гуфтанд, агар як миллат ба ғайр аз як нафар дигар ҳеҷ шахсеро надошта бошад, ки ба он сарварӣ кунад, чунин миллат ҳаққи зистан надорад.

Инро ҳам мегуфтанд, ки агар дар бораи ҳатто орзуи дури президентӣ лаб во кунӣ, гӯратро мекананд. Гӯё чандин нафар барои ҳамин дар маҳбас асту чандин нафари дигар овораи мулки бегона. Тавре мебинем, ин тавр нест. Ҳатто мӯйсафеди бесавод, мегӯяд, агар вай президент мебуд, медонист чӣ кор кунад.

Ин ҳол баёнгари чӣ бошад? Шояд аломати он ки мардум дигар тасмим гирифтанд, ошкоро бигӯянд, ки президенти феълӣ аз уҳдаи иҷрои вазифааш набаромад? Мумкин аст, бигӯем, мардум дигар ба даъватҳои “шукрона кунед!” заҳрханд мезананд ва хотринишониҳои солҳои 1990-ро ҷиддӣ намегиранд? Эҳтимол насле ба воя расид, ки он давраро надидааст ва ин ёдовариҳои таҳдидомез барояш маъние надоранд?

Ин ҷавонон ҳатто аз калимаҳои “митинг”, “тазоҳурот” ва “эътироз” ҳам наметарсанд. Баҳси сахте дар Фейсбук ҷараён дорад ва даҳҳо нафар мехоҳанд, ба кӯчаҳо бароянд. Вақте калонсолон ба онҳо мегӯянд, ки ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин кор иҷоза намедиҳад ва иғвогарон хеле зуд, тазоҳуротро ба хунрезӣ мубаддал мекунанд, ҷавонон менависанд, хуб, агар ин тавр аст, лутфан, дигар шикояте аз вазъи зиндагӣ накунед ва беҳтар аст, ба ғорҳо раведу биншинеду аз ҳамон ҷо шукрона хондан гиред. Калонсолон намедонанд, дигар чӣ бигӯянд.

Ман фақат як пурсиш аз хештан дорам, ки оё онҳое, ки дар “болоҳо” нишастаанд, ин ҳамаро мебинанд, мешунаванд ва мефаҳманд ё ҳамон ба умеди ёдовариҳои таҳдидомези рӯзҳои хунин дар пайи афзудани сарвати худ, хариди хонаву мошин, ба ҷои “сердаромад” шинондани хешу наздикон, саёҳати хориҷӣ ва орзуи зани дувуманд? Онҳо ҳис мекунанд, ки дар берун дунё дигар шудааст ва мардум ҳам тағйир кардаанду танҳо худ дар ҳамон мафкураи 20 сол пеши хеш дармондаанд?

На, ҳамаи ин андешаҳоро танҳо видеои кӯтоҳ дар зеҳни ман ба ҷунбиш наовард, балки наздик ба 100 шарҳе, ки хонандагон дар ҳошияи он навиштаанд, низ таъсири худро дошт. Дар ин номаҳо вазъи имрӯзаи Тоҷикистон аз ҳар ҳашт ҷиҳат баррасӣ шудааст ва аз ҷамъи онҳо мешавад, барномаи кори фавқулода ва фаврии ҳукумати кишвар ва раҳбари онро таҳия сохт. Кош, ҷаноби президент онҳоро бихонад ва аз ҳар кадом як сатр барои худ бигирад. Он гоҳ на танҳо дунёи имрӯзаи атрофашро дарк хоҳад кард, балки хеле зуд, дар зарфи чанд сония, роҳи ҳаракат ва нахустин қадамҳояшро низ ба таври рӯшан хоҳад дид. Мехонда бошад?

Замима: Се намуна аз 100:

Ман президент мешудам корхои зерро анчом медодам

1-дар хар кор аз донишмандон равшанфикрон машварат мепурсидам
2-инсонхои самими кордон миллатдустро аз хамаи минтакахо Точикистон вазифа медодам
3-махалгарои шахспарсти ва хешутаборбозиро дар интихоби шахс ба мансаб рох намедодам
4-робитаро бо тамоми кишвархо бар асоси эхтироми мутакобил ва на ба хайси шоху гадо ба рох меандозам
5-заводу фабрикахоро хар чи бештар месозам то ки мардумам ба чои кор тамин шуда аз гурбату мусофири начот ёбанд
6-ба бахши талиму тарбия,тандурусти ва куваи додгустари одилона тавачухи хос медодам
7-як веб сайти хусуси боз карда ки 24 соат тавасти лип топ ва ё телефони дасти хамеша бо мардуми Точикистон дар тамос бошам ва аз масоилшон бохабар ва дар рафу хали масоилшон ба зудтарин фурсат кумак расонам

…………..

Агар ман президент мебудам, мисли мардуми кишварм дар руи колин не, дар рузи замин мегаштам, ба минтакахо бе тайёрии пешаки мерафтаму мардумро озор намедодам, ки як сутка пеш аз омадани президент таги барфу борон ва офтоби сухон ба кучахо бароянд, хукуматхои махаллиро манъ мекардам ки сценарияи сафари президенту шеъру санохониро пешаки кашанд, махфили адабиро манъ мекардам, камтар аз ибораи нангу номус мегуфтам, хар кадар бисёр ин калимаро истифода бари гуё хали точик нангу номус надошта бошад. Як чахон ташаккур. Ояндаи Точикистон дурахшон…

…………..

Агар ман призидент мебудам аввал мубориза бо лаганбардорхо мебурдам хусусан бо ширинзабонхояшон.–то манро рохгум наандозанд.Баъд аз 50 -сола зиёдро дар хукумат рох намедодам.Сафи вазиронро ба 4 нафар мерасондам–иктисодиёт-фарханг–хукук—саноат.4-вилоятро–4нохия мекардам.Хамаи раисхои нохияхо раиси чамоат мешуданд.Ягон касро гуш намекардам хусусан аз берун маслихатчихоро.Танкид мекардагихоро агар дуруст гуянд ба кор даъват мекардам.Ягон шинос ва хешу таборамро дар наздикиам рох намедодам чунки бегоно гунох кард чавоб мегуяд—зиндонхо интизор.Хешу табора нигох кардамеисти.Ягон кас аз 10-сол зиёд бояд кор накунад.–дар як кор.Авал худам…..

Акс ва видео аз торнамои Радиои Озодӣ

04.12.2011 - Posted by | Баҳс, Ватан, Матбуот, Сиёсат, Таҷриба, Тоҷикистон, Худшиносй

1 Comment »

  1. Устод шумо садои шикастани яхро шунидед аммо вақте дар Маскав яхро ҷавонони тоҷик мешикастанд худро нодида гирифтед. Манзур пикети назди сафорати Тоҷикистон аст. ВАО аввал онро як тазоҳури танҳо ба хотири дифоъ аз Хонадони Тӯраҷонзодаҳо эълом доштанд сипас ба кори дасти Узбакистон ё Русия буданаш бадном карданд.Маълум шуд ки касе аз рӯзноманигорону таҳлилгарони тоҷик ҷавононро намешиносад, онҳо фикр мекунанд ки мо ҷавонон фақат сари кафида зери тоқӣ мегардем ё қисми аз мо худкори Калашникуф гирифта ба кӯҳҳо меравем. Сомонаи Озодӣ ҳатто як аксро аз ин тазоҳур чоп накард. Шумо ки як карманди аршади бахши тоҷикӣ ҳастед чӣ “отмазка”-е метавонед бигуед?

    Comment by sufi | 02.01.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: