Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Қонунсолор

Ин сатрҳоро дар ҳошияи як матлаби торнигори “Пайкон” навишта будам. Танҳо барои ҳамин пойгоҳ ва хонандагони он. Хеле вақт гузашту ҳар бор ки он гӯшаро боз мекунам, суханони худро намебинам ва фикр кардам, бояд онҳоро ҳамин ҷо бигузорам. Лоақал барои онҳое, ки гаҳ-гоҳ сар ба ин кулба мезананд.

Ин ҷарақае аз ёдбудҳои гузаштаи дур аст, ки хабари даргузашти Ҷумъаи Толиб дар зеҳни ман зинда кард ва рӯзҳову ҳафтаҳост, ки ба ман бармегардад. Мечархад. Дареғ, дар ин сӣ соли гузашта фурсате даст надод, дигарбора сари як сӯҳбат биншинем. Фаромӯш кардем, ки дам ғанимат ва одам ғанимат аст.

Коре, ки Ҷумъабойи азиз кард, шояд яке аз муҳимтарин рисолатҳои рӯзноманигорӣ буд – шунидани дарди дили ҷабрдидагон ва садо баланд кардан дар ҳимояи онҳо. Худ, ки қурбони беадолатӣ ва муштзӯрӣ гашта буд, беҳтар аз ҳар каси дигар ин офатро мешинохт. Таҷрибаи шахсӣ ва нигоҳи амиқ ба вазъи ҷомеа барояш рӯшан карда буд, ки муҳимтарин масъалаи имрӯзаи Тоҷикистон қонун аст. Қонун ба маънои беқонунии бадавронрасидаҳо ва саркӯби инсонҳои бепаноҳ аз номи қонун.

Ҷумъабой гӯё дунболи ин савол мегашт, ки оё қонун барои ҳама навишта шудааст ё танҳо барои як бахши аҳолӣ ва чаро он барои ҳар қишри мардум ба гунаи мухталиф ва ҳатто гоҳе тазодомез иҷро мешавад? Вай барои ҷомеаe метапид, ки шоҳу гадояш дар баробари қонун ва додгоҳ яксон бошанд. Оҳ, аз хаёлпарасти Испағн!

Ин сатрҳоро ҳоло навиштам. Худо нафасам диҳад, сари фурсат баргардам ва бештар бинависам, вале шарҳи худро дар ҳошияи “Пайкон” барои он ки “гум” нашавад, ин ҷо ҷой медиҳам.

Дар сӯги Ҷумъабой

Ҷумъабойро аз замони донишомӯзияш мешинохтам. Аз мо як ё ду сол баъд ба таҳсил омада буд, яъне дар курси поёнтар мехонд, вале дар сӯҳбату баҳсҳое, ки байни ҳамаи мо иттифоқ меафтод, ду чиз маро мутаваҷҷеҳ мекард. Яке — лаёқати таҳлили рухдоду падидаҳо ва дигаре — муҳаббати бекаронаш ба миллат ва Ватани хеш. Муҳаббате, ки дар он ҳаргиз кам намеовард ва ҳеҷ гузаште ба душманони ин миллат надошт. Дар он давраи фишори сахти болшевикӣ ба андеша ва афкори озод, он сӯҳбатҳо намунаи шуҷоат ва мардонагӣ буд. Онҳое, ки бидуни ҳарос дили худро боз мекарданд ва аз ноҳаққиҳо мегуфтанд, ангуштшумор буданд, чун агар ду нафар рӯбарӯ мешуд, аз ҳам бим доштанд ва яке дигаррову дувумӣ аввалиро суханчини Кумитаи амнияти Шӯравӣ мешумурд. Ҷумъабой метавонист, дар назди чандин нафар, ба зарраи ҳарос ақидаи ҳақиқии худро ифшо кунад.

Вақте ӯ донишгоҳоро хатм кард, дар як дидори тасодуфӣ дар кӯчаи сарсабзи Душанбеи азиз, ба ман гуфт, ки ба ноҳияаш меравад. Ҳарчанд исрор кардам, ки нарав, ҷои ту ин ҷост, дар Душанбе бимон ва ҳатто гуфтам, ба «Комсомоли Тоҷикистон» биё, ҳамкорӣ кун, рад кард. Гуфт, ҳам мушкили хонадводагӣ ӯро ба зодбумаш мекашад ва ҳам аз диди худаш гумон аст, ин ҷо бореро кашида тавонад.

Он ҷо ҳам ҳамон Ҷумъабое буд, ки мешинохтем. Вақте қазияи кашокаши ӯ бо додситони ноҳия ба гӯшам расид, боз ӯро шинохтам ва боз ҳамон андеша ба сарам омад, ки ҷои ӯ паҳлуи ҳамаи журналистони хуби Душанбе буд. Вале аз сӯе ҳам ба он меандешидам, ки хуб аст, он замон он ҷо набуд, вагарна сарнавишташ мешикаст. Аммо рӯзгори навини кишвари мо чунин буда, ки инсонҳои неку пок ва боистеъдодро дар куҷое ки бошанд, мешикастааст. Ӯро дар ҳамон зодгоҳи кӯчаки байни кӯҳу сангистонҳо дарёфт ва хост, бишканад.

Лек, боварнакарданӣ буд, ки ӯ нашикаст, балки пирӯз шуд ва ниҳоят ба Душанбе омад, то орзуҳои деринаи сухани озодро ҷомаи амал бипӯшонад, то он аташи сухани озоду ҷасуронаро бишканад. Ин бозгашти ӯ шикасти ҳамаи онҳое буд, ки мехостанд, ӯро бишкананд. Ва имрӯз ҳам, агар он одамшиканҳо бар инанд, ки пирӯз шуданд, иштибоҳ мекунанд. Онҳо бохтанд! Зеро рӯҳи қавиеро, ки Ҷумъабой дошт, надоштанду надоранд ва медонанд, ки ҳастаи он рӯҳи қавиро ишқ ба ҳақиқату адолат ва муҳаббат ба миллату ватан ташкил медиҳад — мафҳумҳое, ки ба ин афроди хабис бегона буданд ва ҷовидона бегона хоҳанд монд.

Рӯҳи ӯ акнун дар ҷамоаи қудсиён нишастаасту поку самимона сӯҳбат мекунад, гуфтори мардонаеро, ки дар замин сар карда буд, дар осмонҳо давом медиҳад ва онҳое, ки талош карданд, аз умри ӯ бидузданд, ҳаргиз ба он баландиҳо нахоҳанд расид.

Равонат шод, шаҳиди сухани озод, Ҷумъаи Толиб!

08.12.2011 - Posted by | Инсон, Озодии сухан, Рӯзгор, Сарнавишт, Қонун |

3 Comments »

  1. Дуруд, устоди азиз! Банда масъули гузоштани матлабҳо дар торнигори “Пайкон” будам ва ҳастам. Ҳамин имрӯз боз кардам ва дидам, ки мардум ин торнигорро суроғ доранд ё на? Дидам ҳанӯз торнигорро суроғ доштаанд. Воқеан устоди мо- Ҷумъаи Толиб намурдааст, бо маргаш у зиндатар шуд. Марги у барои душманонаш зиндатар мондани уро нишон дод. Имрӯзҳо вақте дар кучаҳо мегардам ё аз назди бинои маҷмааи “Шарқи Озод” мегузарам симою қиёфаи ӯро меҷӯям. Бо як қиёфаи хос аз дигарон фарқ дошт… у дар ҳама кор хос буд. Навиштанҳо, пайгириҳо, муносибат, самт… ягона буд.
    Устоди азиз, мо-шогирдони Ҷумъаи Толиб тасмим дорем дар арафаи иди матбуот маҷмуи мақолот ва хотироти дустони эшонро дар шакли китоб руи чоп биоварем. Аз ин хотир, аз Шумо хоҳиш, ки ҳар хотироте аз эшон доред, барои мо бифиристед. Саломатии Шуморо аз Худо хосторем.
    Бо эҳтиром, Аҳлиддин Салимов

    Comment by 115k | 23.12.2011 | Reply

  2. Зихи ба устоди хакикатпараст ва хакчуй-шодравон Чуъмаи Толиб. Фаркият ва нотакрории чунин шахсиятхо дар таърих ин доштани шараф аст, ки монанди Устодони бузургвор-Рудаки, Сино, Хилоли ва бисёр дигар бузургони озодмард ростиро пеша карда ранч диданд вале дар таърихи инсоният сарбаланд монданд. Устод Чумъаи Толиб дар дили мо хамеша зинда хохад монд.
    Бо эхтироми хоса ба Устод, Садриддин Акрамов

    Comment by Sadriddin Akramov | 25.12.2011 | Reply

  3. Равонат шод бод, додарам Чумъабой!

    Comment by Zarowadk | 18.08.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: