Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бист сол бе СССР

Ширкат дар таҳияи як асари чандрасонаӣ бо номи “Фурӯпошӣ. 20 сол бе СССР” кори воқеан сангин, аммо шавқангез буд. Сангин аз он лиҳоз, ки мебоист, маводи зиёде ҷамъоварӣ ва барои раҳбарони тарҳ пешниҳод кард, мустанадҳои кӯтоҳ ва наворҳои видеоро ба тоҷикӣ гардонд ва шохисҳои асосии бист соли охири Тоҷикистонро раддабандӣ намуд.

Шавқангез аз он лиҳоз, ки маро ба ёди он солҳо бурд ва маҷбур кард, бори дигар рӯйдодҳоеро, ки ба суқути як мамлакати бузург ва сермиллат сабаб шуданд, паси ҳам бичинам ва сари онҳо биандешам, хотираҳои дигаронро бишнаваму баргардон бикунам ва ҳангоми ин кор рӯзгору афкори ононро дар масири як порчаи муайяни замонӣ ба худ тасаввур кунам.

“Имтиёз”-и дигар ин буд, ки бори дигар рӯзҳову лаҳзаҳоро дар он соли шикасти Шӯравӣ зиндагӣ кунам, то битавонам ба дигарон бигӯям, ки ман он замон куҷо будам, чӣ мекардам ва дар кишвари азизам Тоҷикистон чӣ чизҳое иттифоқ меафтод.

Ин мурур бар гузашта имкон дод, дар бораи худам ҳам биандешам ва чизҳоеро дарк кунам. Ғайриихтиёр пурсише пешам пайдо мешуд, ки нақши шахси ман, навиштаҳои ман, суханони ман дар он давра мусбат буд ё манфӣ? Қазоват аз дидгоҳи имрӯз мушкил аст. Мегӯянд, агар медонистам, ки рӯйи санг меафтам, он ҷо кӯрпа паҳн мекардам. Ҳеч каси мо, онҳое, ки барои озодии сухан ё истиқлолияти бештари Тоҷикистон, эҳёи забону фарҳангу дин ё низоми чандҳизбӣ мубориза мекарданд, гумон надоштанд, ки кишвари кӯчаки мо ба чӣ мусибат хоҳад печид ва ба куҷо хоҳад расид.

Шахсан ман хостори озодии сухан будам. Ҳар бор ки муҳаррирон хунсардона ба рӯйи ҷумлаҳои ман хатти бутлон мекашиданд, фикр мекардам, ба чеҳраи ман хат мекашанд, ба дили ман қалам мехалонанд ва ришта-ришта ҷони маро аз танам берун мекашанду онро ба сабади партовҳо меафканданд. Ҳар беадолатӣ маро ба шӯр меовард ва ба набард мехонд.

Ман зидди зулм будам ва агар барои ман ин зулм бастани даҳони журналистон буд, барои дигарон бастани роҳи онҳо ба зинаҳои қудрат ё бунёди як сулолаи маҳалгарои ҳоким ё таҳоҷум ва фишори фарҳангу забони бегона, беҳуқуқии тоҷик ва чизҳое монанди ин. Аммо, ҳоло фикр мекунам, на инҳо СССР-ро суқут доданд. Ландаҳурист, агар фикр кунӣ, ин ё он мақоларо наменавиштӣ, Шӯравӣ фурӯ намепошид. Онҳое, ки имрӯз нерӯҳои миллию мардумии солҳои 1990-и Тоҷикистонро дар суқути Шӯравӣ муттаҳам мекунанд, ё ҳатто дар оташ додани ҷанги Тоҷикистон, ба ҷуз аз шиорҳои забонзади таблиғотӣ чизе дар даст надоранд.

Онҳое, ки мегӯянд, Ғарб СССР-ро маҳв кард, низ ҳақ ба ҷониб нестанд. Дар филмҳои кӯтоҳ хоҳед дид, ки мушкилҳои СССР аз куҷо сар шуда чӣ гуна ба авҷ расиданд. Дар нақли нутқнависи собиқи Маргарет Тетчер хоҳед шунид, ки хабари суқути ШӮравӣ то куҷо барои “Бонуи оҳанӣ” ногаҳонӣ буд. Дар ҳикояти президенти пешини Украина, Леонид Кравчук хоҳед дид, ки чӣ гуна дар сари кайф Сегонаи Беловеж гӯри СССР-ро  канд. Ва аз мушовири пешини амнияти миллии Амрико Скоукрофт хоҳед шунид, ки Иёлоти Муттаҳида интизор надошт, СССР ба чунин зудӣ аз байн хоҳад рафт. Вай Горбачевро масъули он медонад, ки аввал нерӯи сиёсии худро пароканда кард ва сонӣ хост, ба ҳалли мушкилоти Шӯравӣ бипардозад.

Аммо ҳеч яки онҳо ҳасрат намехӯрад, ки чунин кишвар маҳв шуд. Махсусан, вақте ба Русияи феълӣ ва муносибати ӯ ба дигарон менигарем, аслан ҳисси ғам аз фурӯпошии Шӯравӣ гум мешавад. Барои ман ҳам шикасти он кишвар ғамангез нест, балки ғамангез аст, ки ҷасади ин абулҳавл ба рӯйи мардуми мо ғелид ва даҳҳо ҳазор нафарро қурбон кард. Ин ҳам дар ҳоле ки товони хуни ҳазорон нафар аз қурбониёни солҳои 1920-31, 1937-38, 1941-45-ро напардохта буд. Бо хун омада буд, бо хун рафт. Ва шояд ҳанӯз нарафтааст. Ҳанӯз хун мехоҳад.

Андӯҳи ман аз он аст, ки ин қадар нерӯву ғайрату илҳому шӯру шавқи мардуми ман, ки як Тоҷикистони озоду ободу шукуфон мехостанд, ба қабрҳои белаҳади дастҷамъӣ гузошта шуд ва сари он мазори орзуҳо ҳатто кулӯхе нест, чӣ монад ба ёдгоре. Он рӯҳи озода, ки ҳамагонро фаро гирифта буд, парвозе накарда, аз нав ба хоки сиёҳ афтод ва малулу сархаму фармонбардору зулмпараст шуд. Инро онҳое мехостанд, ки ин мардумро аз истиқлолияташ, ҳувияташ, забонаш, фарҳангаш ва динаш пушаймон кунанд. Онҳое дар дуриҳои дур ва дар ҳуҷраи шафат ё ноҳияи ҳамсоя…

Фикри маро замоне дарк хоҳед кард, ки ин торнамои кӯчакро бо ҳама филмҳои кӯтоҳ ва нақли видеоии шоҳидонаш, аксҳову санадҳо ва шохисҳои ҳаракати кишвари хеш бубинед. Аз оғоз то анҷом. Агар ҳамфикри ман нашудед, омодаам, далели Шуморо бишнавам.

25.12.2011 - Posted by | Матбуот, Сиёсат, Таърих, Таҷриба, Тоҷикистон | ,

4 Comments »

  1. Аз Фейсбук:

    Farhod Odinaev
    Бо арзи салом бародари азизу мехрубон акаи Салим чун хамеша андешаи шумо олист дурустаст ки шурави аз омадаш то рафташ олуда бо хун буд ва сардорони пасошуравихам тарбияи хамон мактабро доранд ва бе хун рафтан намехохан Назарбоеверо ки таъриф мекарданд ки окиласт дасташ олудаи хун шуд Каримов дар хуну зулм охуштааст ачоибиаш инаст ки чаро сардорони мо чун Кучма рафтан намехоханд албата дар таърих номашон ба бади мемонад лекин мо бояд чикор кор кунем ки мо аз хама дида бештар дар ин тахавулоти асри бист зиедтар зарар дидем аз сарзамини худро аз даст додем олимони бехтарини даврро аз даст додем таълими ниегонамон ки хазорсол мехнаткардабуданд аз даст додем инак дар асри нав чи бояд аз даст дихем мо Сар кардем Як фоизи ватанро фурухтем хама хапан хоб аз пеш ходисахои гиополитики ки давлатхои абаркудрат дар остер миена барномарехтаанд мо чиро аздаст медихем чаро мо решает таер набошем ое мо ягон Барномаи дорем дар ин бора чаро мо имруз хукуматро мардуми накунем бо ин хукумати ( клановий) то кучо мерем ое мардум таераст ба мисли афгонхо то охир бичанган лек ба душман як порчам ватанро надиханд ое мо дар ин аср метавонем бо ин сиесатмадорони бесаводу беандеша чойгохи худро дар ин аср доштабошем? Савло аз чавоб бисер. Базе аз сиесатшиносони чахони хато олимони асри гузашта гуфтан асри 21 асри исломист бале мо шохиди бедории исломи шудем шояд онхо хак бошанд вале мо инро чи гуна кабул мекунем ое мо омода хамьем е боз ба хотири курси шуда зиди тахавулоти чахнет мубориза мебарему боз ба хун ин милатро огулом мекунем. ХУДОЕ моро аз балохои замини осмони нигахбон бошад васалому алейкум.

    9 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 26.12.2011 | Reply

  2. Аз Фейсбук:

    Bakhtiyor Aminov ‎.., орзухо хануз гур нашудаанд , аммо пар шикаста шудаанд. Ин бахор , худо хохад , сабзбахори Орзухо хохад буд.Бахори Шукуфтанхо, бахори Сохтанхо… Ва рухи озодаи Озоди хам дорад охиста-охиста мехезад , на аз хоки сиёх , балки аз жарфи синаи хар як точик….чун мачбур хастанд пинхон кунанд он чо..то расидани ВАКТИ МУНОСИБ…

    11 hours ago · Like · 1

    Comment by aioubzod | 26.12.2011 | Reply

  3. Аз Фейсбук:

    Dilovar Ashurov
    Чаноби (узр) Салими Аюбзод!!..Ман Сад фоиз тарафдори гуфтахои шумо! ,,,Аммо он инсонхоеро ки шахрвандони Точикистонанд бубинед!..(хазор афсусу андух) то хол дигар нашудаанд..Танхо ва танхо хохони “Тинчи”.(стабильность)..Ана хамин яроки онхоест бар зидди халки точик (Хоть к ЧЕРТУ только не было война)………………………………………………………………………………………………………….

    5 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 26.12.2011 | Reply

  4. Har ogozero anjome hast. Barhamxurii sistemai SSR(Kommunism) na bo aibi Garb yo nafare, balki bo taqozoi zamon ba vujud omad. Xudoro shukr Tojikistoni kuchaki mo az harguna jangu igvo darpanoh ast, ba oyandai duraxshoni on umed dorem.

    Comment by Gul | 07.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: