Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Посух ба Суфӣ

Чанд нома ин ҳафта дар ҳошияи навиштаҳои ман ҳуруфчинӣ шуд, ки ғолибан мояе барои гуфтугӯ надоштанд ва беҷавоб монданашон беҳтар аст. Вале ин нома на танҳо дорои иттиҳоме ба унвони банда аст, балки ҷое барои сӯҳбат низ дорад.

“Устод шумо садои шикастани яхро шунидед аммо вақте дар Маскав яхро ҷавонони тоҷик мешикастанд худро нодида гирифтед. Манзур пикети назди сафорати Тоҷикистон аст. ВАО аввал онро як тазоҳури танҳо ба хотири дифоъ аз Хонадони Тӯраҷонзодаҳо эълом доштанд сипас ба кори дасти Узбакистон ё Русия буданаш бадном карданд. Маълум шуд ки касе аз рӯзноманигорону таҳлилгарони тоҷик ҷавононро намешиносад, онҳо фикр мекунанд ки мо ҷавонон фақат сари кафида зери тоқӣ мегардем ё қисми аз мо худкори Калашникуф гирифта ба кӯҳҳо меравем. Сомонаи Озодӣ ҳатто як аксро аз ин тазоҳур чоп накард. Шумо ки як карманди аршади бахши тоҷикӣ ҳастед чӣ “отмазка”-е метавонед бигуед?”

Суфии азиз! Агар аз “отмазка” сар кунем, ростӣ, ба маънои ин вожаи бегона чандон сарфаҳм намеравам ва ҳам намедонам, аз кӣ ва чаро бояд “отмазка” кунам.

Сониян, торнамои Радиои Озодӣ агар аз ин ҳамоиш аксе нашр накард, намедонам чаро ин бояд ҷурм бошад. Аммо дар бораи он ду хабар ва як гузориш мунташир кард ва хонандаашро аз ин рӯйдод огоҳ намуд ва ҳамчунин фикру андешаҳои ҷомеаи фаъоли тоҷикро дар ин бора бозтоб дод.

Вале натиҷагирии Шумо, ки “касе аз рӯзноманигорону таҳлилгарони тоҷик ҷавононро намешиносад, онҳо фикр мекунанд ки мо ҷавонон фақат сари кафида зери тоқӣ мегардем ё қисми аз мо худкори Калашникуф гирифта ба кӯҳҳо меравем”, комилан дуруст аст, зеро ин ҷавонон ҳанӯз худро ба таври бояду шояд муаррифӣ накардаанд ва ҳамчун як нерӯи пухтаву солиму борикбину дурандеш нишон надодаанд. Чӣ гуна мешавад, онҳоро шинохт?

Ва дар бобати пикет. Ҷомеа ба он чӣ баҳо медиҳад, ба ман ё кас дигар бастагӣ надорад. Ҷомеа дар ниҳояти амр ба ақидаи хеш ҳақ дорад ва ин ақидаро баён мекунад. Агар фикр мекунед, дар бораи он пикет афкори ҷамъ нодуруст буд, нахуст бояд ба он андешид, ки чаро чунин ақида пайдо шуд. Ман фақат ҳадс мезанам, ки ин ҷо чанд сабаб вуҷуд дошта метавонист.

Аввалан, тазоҳурот дар назди сафорати ҳар кишвар дар хориҷа, ҳарчанд зери шиорҳои зидди ҳукумати он кишвар ҳам баргузор гардад, дар ниҳояти кор амале зидди куллан он кишвар ва мардуми он шумурда мешавад. Баъдан пикет дар қаламрави кишваре, ки амалан нишон дод, душмани Тоҷикистон аст, аллакай назари мусбатеро ба он ба миён намеорад. Аммо сабаби асосии назарҳои манфӣ ба пикет шояд ин буд, ки касе дар Тоҷикистон пикеткунандаҳоро намешинохт. Дар дифоъ аз хонадони Тӯраҷонзодаҳо баргузор шудани пикетро яке аз масъулони он дар аввалин қадам эълом дошт ва расонаҳои ахбори ом ҳарфи ӯро нашр карданд.

Дар рӯзҳои ҳамоиши сарони ИДМ ҷараён гирифтани пикет дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ шубҳаҳоеро ба миён овард. Магар он рӯзҳо Ислом Каримов ҳам дар Маскав набуд? Магар дар Узбакистон ҳуқуқи инсон беҳтар аз Тоҷикистон риоят мешавад? Ё магар додгоҳи Қирғизистон нест, ки як ҳомии ҳуқуқи башарро бештар барои узбак буданаш дар рӯйдодҳои Уш айбдор кардаву ба ҳабси абад маҳкум кардааст?

Шояд масъулони ин пикет бе омодагӣ ва барномаи фарогир даст ба як амали шитобкорона задаанд. Агар онҳо, тавре мегӯянд, барои ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи ҷабрдидагони Осиёи Марказӣ ба майдон баромада бошанд, чаро пикетро дар назди сафорати Тоҷикистон баргузор намуданд, на дар назди меҳмонсарои президентҳо ё ҷои мулоқоти онҳо?

Он ки ман садои шикастани яхро шунидам, комилан рӯшан шарҳ додам, ки чанд сол пеш касе дар Тоҷикистон аз гуфтани ибораи “агар ман президент мебудам”, меҳаросид. Ман худ дар Душанбе шоҳиди чунин вазъу ҳол будам. Ҳоло худро президенти Тоҷикистон тасаввур кардан барои як пири солманд ва ҷавони донишҷӯ ҷое барои тарс надорад. Чанд сол пеш одамон ҳатто ишорае намкарданд, ки мумкин аст, дар кори раисиҷумҳур нуқсе мавҷуд бошад. Акнун ошкоро мегӯянд ва дидгоҳи худро ба ҳалли масъалаҳо дар миён мегузоранд.

“Шикастани ях” даъват ба тазоҳурот нест, балки нишон додани рӯҳи бедор ва ҳақталаб аст, ки ҳоло танҳо садои онро шунидаем. Тоҷикистони мову Шумо давраи тазоҳуроту гирдиҳамоиҳоро кайҳо пушти сар кардааст ва бояд бо роҳе биравад, ки ҳам сулҳу амниятро ҳифз кунад ва ҳам ба дигаргуниҳои сарнавиштсоз ва пешрафтҳои муҳим даст ёбад.

02.01.2012 - Posted by | Баҳс, Ватан, Сиёсат, Тоҷикистон, Худшиносй |

6 Comments »

  1. Устоди азиз! Аввалан маъзарат мехоҳам аз шумо ки мебинам дарди саре ба шумо эҷод кардаам, ки ҳатто як навиштаи алоҳида дар паи он назари густохонаи ман навиштаед. Ростӣ фикр намекардам ки кадом иттиҳоме ба шумои азиз мекунам. Шояд ҳамон “пухтаву солиму борикбину дурандеш” набудани ман сабаби он гашта.
    Бале, ҷавонон нерӯи пухта нашудаанд. Ва ҳам як лидере ки масъулиятноке ҳам надоранд. Сабаби он пикетро сарварӣ кардани як шахси узбактабору шаҳрвандии русиядошта ҳам дар он аст ки ҳам чунин шахсе ки равиши ташкили чунин корро донад ва тавонад дар байни мо набуд ва агар ҳам буд намехост ба чунин коре даст занад. Зеро бисёрии аз мо пикету тазоҳуротро чун як коре ки ба чигилтару печидатар кардани вазъ мебарад, мешиносем. Гарчанд ин як корест ки қонун онро иҷоза медиҳад ва як навъи аз демукросӣ ҳам ҳаст.
    Вақте ки расонаҳои ИМА аз харакати “Уоллстритро ишғол намо” кам хабар нашр мекарданд ва ҳатто хомушӣ ихтиёр карда буданд дар аввал ин мӯҷиби он гашт ки “сангҳое ба ҳотаи онҳо ҳавола шуд”. Аммо бубинед ки расонаҳои мо дар як давлате ки зиёда аз миллион ҳамватанони мо онҷоянд қариб ки хабарнигоре надоранд ва ё чанд нафари ғайриҳирфаӣ ба унвони хабарнигор фаъолият доранд. Ҳатто бархе аз расонаҳои мустақил навиштанд ки пикет умуман баргузор нашуд. (Танҳо фикр накунед ки ин суханҳо ба шумо нигаронида шудаанд).
    Рӯҳи бедор ва ҳақталаб чӣ кор бояд бикунад? Ба назари мо садои онро на дар ҳама доираҳо мешунаванд. Агар мешуниданд чанд қонуну чанд рафтору кирдоре ки соли ахир шуд ба вуқӯъ намепайваст. Ростӣ “ба гӯши кар азон гуфтан”-ро мемонад. Мо имрӯз аз он метарсем ки шиори “бардорад зам кун” ба шиори рӯз табдил нашавад. Оҳ -оҳ аз он гузаштаи наҳс ки роҳи ояндаи моро пурнишебу фарозтар кардаст….
    боз як бори дигар узр мехоҳам

    Comment by Суфӣ | 02.01.2012 | Reply

    • Бале, Суфии азиз. Ба бисёре аз суханони Шумо мувофиқам. Ин ҳам дуруст аст, ки расонаҳои ахбори ом масъулияти бузурге дар назди ҷомеа доранд ва бояд ба он бирасанд. Вале воқеияте, ки қаламдод мекунед, зоҳиран, бо идроки тамоми нозукиҳояш, аввалан чанд пешгомеро мехоҳад ва сониян, тарҳҳои дурусту ҳисобшудаеро, ки битавонанд, натиҷаҳои нек диҳанд. Ҳар иқдоме вокунишҳои худро дорад ва бояд ин пайомадҳо якояк шумурда шаванд. Умед ба ин метавон баст, ки таҷрибаҳо донише аз худ бигузоранд ва мисли чароғи равшан андар дил роҳро нуронӣ кунанд. Узратон қабул ва агар аз ман ҳам кӯтоҳие гузашта бошад, самимона узр мехоҳам.

      Comment by Салими Аюбзод | 04.01.2012 | Reply

  2. Az Facebook:

    Farhod Odinaev
    Бо арзи салом бародари азиз акаи Салим дар хакикат пикете ки шумо бе барнома муарифиаш кадед чунин буд вале сабаш он бародарони дар тазахурот будаги набуданд боз хам он барномахоро аз ватан занг зада вайрон карданд агар онхоро шумо Абдукаюм,устод Турачонзода, устод Кабири,Олга Тутубалина , Рачаби Мирзо, устод Каноат, бубахшан устодонеки номашонро нагирифтем дастгири мекарданд акалан дуои хайр медоданд иншолох барномахоашонам мунтазам бо маъне бо як рухияи баланди озодихохона мегузашт. Вале афсус чи кунемки дар ватан шумобарин устодони босабру тахамулпазири зулмро дорем албата ин дафъ нашуд шояд дар оянд хубтару бехтар шавад вале устод мо натонистем шумо онро хубтару бехтар метавонед дар ватан гузаронед. Сипозгузора мухочири яхшикани точик аз маскав.
    Yesterday at 8:32pm · Like

    Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  3. Farhod Odinaev Уу
    Yesterday at 8:35pm · Like

    Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  4. Farhod Odinaev Устод бубахше дар ончо рузноманигоре худро аз озоди муарифи кардабуд у аз бародарон мусохиба гирифт чаро чизе чор нашуд дар сомонаи точнюс бошад гуе рузноманигори точнюс аз соати12 то15 дар ончо будаст ва хечгуна пикет гуе нашудабошад дигар мо бояд чи фикр кунем малумаст инчо дасти ки буд гуе пикетчикоро кадоме ба манфиати худ истифода бурдабошад магар шуморохам истифода мебаранд?
    Yesterday at 8:47pm · Like

    Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  5. салому алаек устод бале дар ватан тахлилгароне хастанд ки базе чизхоро носанчида мегиранд бале ин кадами аввали мо чавонхо буд мо дар инчо лидер надорем ки ин тав ташкил кунаб мо пагох боз бар ягон урус ё амрикои дархост мекунем ки яг пикет ё тазохурод ташкил кунад лидерои мо дар хобанд ба он мано ки дар сабран то кай 20сол зиёд шуд ю

    Comment by шерози яхшикан | 04.01.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: