Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Куштори нангин

Хабари қатли ҷавоне дар пойтахти Тоҷикистон, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, дар расонаҳои ахбори оми дунё ба гунае тафсир шуд, ки “фанатикҳои исломӣ” масъулону омилони ин кор будаанд. Беш аз ҳама расонаҳои Русия ин хабарро дар омехтагие бо мурчу қаламфур мунташир карданд.

Комилан рӯшан аст, ки ин хабар барои Тоҷикистон обрӯрезии дигар шуд ва ҳам доғи наве рӯи дини ислом ва пайравони он гузошт.

Аммо бадтар аз ҳама як ҷавони 24-сола, Парвиз Давлатбеков зимни гапи беҳуда ва ҷаҳолату авбошии ҷавонони дигар кушта шуд.

Дареғ. Кош ин ҳодиса рӯй намедод. Ҳоло баҳси сахте сари он идома дорад, ки оё ин натиҷаи исломитар шудани ҷомеа аст ё пайомади бетарбия мондани ҷавонон. Ё чизи дигаре? Лутф мекардед ва назари худро баён медоштед, ёрон.

03.01.2012 - Posted by | Баҳс, Сарнавишт, Сиёсат, Тоҷикистон, Фалокат, Худшиносй, Қонун

10 Comments »

  1. Ин вокеа баенгари исломи шудани чамъият аст, аммо исломи шудани галат зери таъсири аносири бегона ва бегонапараст. Мазхаби Имом Абуханифа бехтарин мазхаб аст, аммо имому муфтихои имрузаи мо ки тахсилкардагони Покистону Саудиянд, мехоханд аз точик араб созанд, хол он ки худи арабу покистонихо аз чунин ислом безоранд ва ба дод омадаанд. Худо ояндаи кишвари моро ба рохи хубу дуруст хидоят намояд.

    Comment by Samandar | 03.01.2012 | Reply

    • From Facebook:

      Ilhomi Ibrohim ‎”..оё ин натичаи исломитар шудани чомеа аст ё пайомади бетарбия мондани чавонон. Ё чизи дигаре?..”
      Ба назари ман ин исломитаршавии чомеа нест, баръакс аз ислом дуршавии чомеа аст. Агар ин ё он чавон дониши дурусти исломй медошт ба ин кор харгиз даст намезад.
      Шояд сабабаш факириву камбизоатй ва бекорию нодорй бошад.
      10 hours ago · Like · 2

      Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  2. Az Facebook:

    Firuz Shams Ин як бахонае дигари номи исломро паст кардан… Бовари дорам котил мусулмони хакики нест
    8 hours ago · Like

    Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  3. Ilhomi Ibrohim Як назар аз бахсхои торнамои Озодй:

    Ном: ТОЧИК аз: КУЛОБ
    03.01.2012 00:53 Посух
    Ба хонадони мархум сабри чамил хохонам.
    Бародари Беном рост мегуяд.Ман хам дар гузаштаи начандон дур(6-7 сол пеш) бисйор одами бад будам.Аз бадии ман ва аъзойони”гурухамон” тамоми мардуми махаллахои гирду адроф ба ДОООООД омада буданд.Корамон факат лату куби хамсолон буд.Чавонони дигар минтакахои Точикистонро аз чи бошад,ки бад медидем ва хамеша зада хуншорашон мекардем.( вакти таътили тобистона ба Душанбе мерафтем ). Ба кавли дигар”беспредел” будем. ЛЕКИН !!!
    Бо хости Худо, Хочи Мирзо моро аз ин корхоибад бо мавъизахояш боздошт.Суханхояш чунон асар кард,ки равиши зиндагиамонро куллан таfйир додем. 1.Намозхон шудем, 2.майнуши,сигор-носкаши,хулиганиро БАС кардем,3.аксарамон ба макотибхои олии кишвардохил шудем,хулоса ИНСОНИ КОМИЛ шудем.
    Бахшиш,ки суханро ба дарозо бурдам.Нафаре,ки таълими исломи дорад,харгиз ва харгиз мусалмонкуш шуда наметавонад,зеро аз ояти 93-и сураи Нисо сахтметарсад! Рахмати Худо ба Хочи Мирзо ва ба кулли мусалмонону дастандаркорони Озоди бод.Омин
    7 hours ago · Like · 1

    Comment by Салими Аюбзод | 03.01.2012 | Reply

  4. Ин натичаи аз ислом дуршавии чавонон ва касодии макотиби тахсилоти умуми ва инчунин натичаи аз ухдаи кори худ набаромадани ВКДТ аст. Вакти он расидааст, ки А.Рахмонов ва Чаборовро бо моддаи 69 шинос намоянд.

    Comment by Исфандиёр | 04.01.2012 | Reply

  5. Az Facebook:

    Muslima Zardodkhonova Ba xeshu tabori shahid Parvizi 24 sola ,sabri jamil xohonam .Joyash dar jannat ruhashon shod va ba asli xesh payvasta bod Musulmone, ki az bimi tequ tabar musulmon shudand, dar chahorchubai shaxshudai fahmi xesh bo ham buqzu kin mevarzand.Imonro bo ilm bedor kardan zarur, bo ILM imo dorad Hazrate..
    19 hours ago · Like

    Comment by Салими Аюбзод | 04.01.2012 | Reply

  6. IN boz yak zarbai sakht bud baroi sulhu amniyati Tojikiston, Onhoe ki in javoni begunahro kushtand boyad dar nazdi qonun ba javobgari kashand. Ba fomili in javon sabr va toqat az dargohi yazdon mekhoham, bvigzor Yazdon in zakhmi onhoro davo dihad.
    Bar kushandagoni in javon bigzor to abad zindoni shavand, bigzor in yak dars baroi digaron shavad, imom khatibi Tojikiston ba javobgari kashida shavad baroi angekhtani nafrat va judoi.

    Comment by Zolizar | 05.01.2012 | Reply

  7. ин нищондихандаи он аст ки мардуми мо аз ислом дур шудаанд онхое ки ин чавонро куштанд котиланд онхоро мусалмон гуфтан нашояд кормандони вкд бояд онхоро ёбанд ва онхо бояд дар назди конун чавоб гуянд чунки соли нав ё навруз ба ислом хеч алокае надорад муфтиёти мо мардкмро аз ислом дур мекунанд ва бо изхороти гуногуни хеш дар чомеа тухми тафрека андохта бо дасисаи худ дар кишвар низоъи наверо бадтар аз чанги шахрванди ба вукуъ мепайванданд ки окибати хуб надорад

    Comment by orien | 09.01.2012 | Reply

  8. Муттаасифона ислом дар назари мардум як манбаи хатар нишон дода мешавад.Аз чониби ки аз чониби хамон мунофиконе ки таълимоти исломи зиди карру фарру савлати аз рохи гайр ба даст омадаашон мебошад.Масалан Шаробхори зинокори порахури рибохури фиску фуҷур дар ислом харом аст. Маълум шуд ки ки исломро намехохад? Ё барои Шумо танхо он мусалмон хуб аст ки сархаму хомуш бишинад!

    Comment by salmon | 20.01.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: