Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ба рашки Ави Лузон

Ин як торнамои хабарӣ буд ва кӯтоҳу рӯшан аз навтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишии ҷаҳон паём медод. Вале хабаре, ки ин бор дар торнамои “Миг” хондам, бо ҷумлае сар шудааст, ки чандон ба хабар монанд нест…

Худ бихонед ва қазоват кунед. Аслан, сарлавҳааш ҳам хабарӣ нест. Муддатҳост, саре ба ин торнамо назада будам, шояд тағйир карда?

«На зависть Ави Лузону: сын президента возглавил федерацию» — ин сарлавҳа. Агар айнан баргардонем: «Ба рашки Ави Лузон: писари президент сарвари федератсия шуд». Мазмун – чизе рӯй дод, ки ҳасади Ави Лузонро хоҳад овард.

Ва матн: «Вот мы в Израиле ругаем президента федерации футбола Ави Лузона,за то что все его близкие родственники тепло пристроены на футбольных постах. А зря, по сравнению с Таджикистаном у нас просто идиллия: федерацию футболу этой страны СНГ возглавил сын главы государства, Рустам Эмомали.

Он сменил на этом посту Сухроба Касымова, пребывавшего в должности десять лет.»

Маълум мешавад, дар Исроил раиси федератсияи футбол Ави Лузон барои дар мансабҳои «футболӣ» ҷобаҷо кардани ҳамаи хешони наздикаш ҳадафи танқид қарор доштааст. Набояд ӯро танқид кард, зеро дар муқоиса бо Тоҷикистон вазъи масъала дар Исроил роҳату фориғболу ором будааст. Ва баъд аз ин қиёс, ниҳоят хабар дода мешавад, ки дар Тоҷикистон писари раисиҷумҳур раҳбари Федератсияи футбол шуд.

Намефаҳмам, чаро амалкарди Ави Лузон дар муқоиса бо Тоҷикистон «идиллия» будааст. Ё шояд муаллифи хабар ба чизҳои бештару амиқтаре ишора мекунад?

Иттифоқан бисёре аз расонаҳои ахбори ом раҳоии писари Ҳукумовро зери сарлавҳаи «Озодии домоди президент Раҳмон аз маҳбаси Русия» ба чоп расонданд. Нафаҳмидам, магар воқеан Рустам Ҳукумов домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон аст?

Хуб, пешрафтҳои Тоҷикистон қобили таҳсин аст. Як хабар аз дигаре ҷолибтар. Вале оё федератсияи футбол трамплин ҳам дошта бошад? Зеро бархе аз коршиносон дар гузориши ҳамкорам Фарҳоди Милод ҳадс задаанд, ки роҳ аз майдони сабзи футбол то саҳнаи сиёсӣ чандон дароз ва душворгузар нест. Албатта, гуфтаанд Онҳо, бастагӣ дорад барои кӣ?

08.01.2012 - Posted by | Дурнамо, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: