Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Блог ё Фейсбук?

Вақте блогнависиро сар кардам, кори нависандагиям ақиб афтод. Агар ҳар сол 3-4 достони кӯтоҳ эҷод мекардам ва навиштани ду қиссаву як румонро камобеш идома медодам, порсол ба ҷуз аз ду ҳикоя чизе нанавиштаам. Вақте сари онҳо менишастам, шайтон ба гӯшам мегуфт, “нигоҳе ба блогат бикун, касе паём фиристодааст.”

Воқеан паёмҳое нав ба нав мерасид ва аҷиб буд, ки шайтон дуруст мегуфт. Ин номаҳо чӣ дар ситоишу чи дар накӯҳиши банда хеле самимӣ буданд ва наметавонистам, онҳоро беҷавоб гузорам. Мисли он мешуд, ки касе туро салом медиҳад, ту рӯй метобӣ.

Саргарми сӯҳбат ва гоҳе баҳс мешудам ва баъдаш на вақт мемонду на илҳому нерӯе, ки сар ба достони нотамомам бизанам. Ба хотири бозгашт ба нависандагӣ, ки оромии тамоми рӯҳу равон ва буридагии комил аз кори ҷаҳонро мехоҳад, муддатҳои дарозе блоге намаенавиштам, аммо боз ҳам нома мегирифтам. Хонандагони ангуштшуморе, ки оқибат танҳо яке аз онҳо пойфишор боқӣ монд, менавиштанд, ки чаро хомӯшам, магар инрову онрову ваеро намебинам, нашунидаам, нахондаам.

Андарзи бузургворе ба ёдам мерасид, ки ҳатто агар як хонанда дорӣ, бояд барои ӯ, ба эҳтироми ӯ бинависӣ. Ин як хонанда на танҳо дар ҳошияи блоги ман менавишт, балки имейли маро пайдо кардаву паём медод, ки набояд сокит бошам ва паёми ӯ бо садои виждонам бо ман сӯҳбат мекард. Шабҳо хобам намебурд, ғизо аз гулӯям намегузашт, то ин ки ҳарфи диламро нависаму дигар аз ин дӯсти ношиносу раҳдур ва ҳам аз виждони худ “калтаки сухан” нахӯрам. Ҳоло каме осудаам, ки ӯ дигар оби сард аз фарқи сарам намерезад ва виждонам ҳам, ки бе пуштибон мондааст, ба сукути ман аз паси панҷа менигарад.

Аммо ба сари ҳикояву қиссаҳо барнагашта будам, ки давраи Фейсбук даррасид. Дидори виртуалӣ бо ёрони дерин дар ин “ҳазорхонаи гов” (ибораи яке аз онҳо) шӯру шавқе дар ман эҷод кард. Оташи баҳс забона мезад. Он замон тоҷикон дар Фейсбук ангуштшумор буданд ва пайдо шудани ҳар яке аз онҳо барои ман иде буд. Шайтон меҳмони ин ид. Субҳ ё шом, аввали шаб ё нимашаб ба гӯшам мехонд, ки фулон дӯсти воқеии ту акнун дӯсти виртуалии ту шудааст. Бархезу Фейсбукро боз кун ва дӯстгонии ӯро ба ҷон бипазир. Лаъин боз ҳам рост мегуфт. Шумораи дӯстону ошноён ва тоҷикону эрониҳову афғонистониҳову амрикоиҳои шиносу начандон шинос ва аслан ношинос ҳоло дӯстони виртуалии бандаанд ва теъдоди онҳо аз 3500 нафар гузаштааст.

Дигар қиссаву румон як сӯ, блогнависӣ ҳам тақрибан ба охир расид. Ҳамаи вақтро Фейсбук гирифта буд. Дӯстон хондани кадом матлабро тавсия мекунанд? Дар ҷаҳон чӣ мегузарад? Кадом хабаре аз чашми ман пинҳон мондаву ин ҷо ҳозир ва нозир аст? Баҳс бар сари чист ва оё назари ман то куҷо ба ҳалли он мадад хоҳад кард. Шайтон маро ситоиш мекард, ки ту поёндиҳандаи баҳсҳоӣ, зеро ҳарфи охирро мезанӣ ва баъд аз суханони ту матлабе барои гуфтан намемонад. Ту хеле ва хеле бузургӣ! Оё ин ситоишро ҳам шайтон мекард ё худам, дар ёдам нест, вале шабҳо хоби ман роҳат буд ва ёде аз навиштаҳои нотамом намекардам. Издиҳом дар Фейсбук рӯз то рӯз бузургтар мешуд ва мавзӯъҳо рангинтар.

Ман фикр кардам, шояд ҳамин сарфи нерӯи умум ба Фейсбук аст, ки дар ду соли охир дар ҷаҳони интернетии тоҷикон ягон блогнависи чирадасте падид наомадааст. Ва блогҳо, ба истиснои чандтои ангуштшумо дар тобистону тирамоҳҳои пор ё ду сол пеш дармондаанд. Мисли мошинҳое, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунад, аммо ронанда ногаҳон ба фишанги ист пахш мекунад. Ронандаҳо акнун фейбукнишинанд.

Нахустин блогнависи тоҷик, бону Шаҳзода Назарзода, ки блоги “Самарқанд – Малакут”-ро ҳанӯз дар соли 2003 таъсис дода буд, ба як шарҳи фейсбукии ман дар ин бора на танҳо посух, балки блоге навишт ва ақидаи худро баён дошт. Натиҷагирии ӯ ин аст, ки блог ва Фейсбук бо ҳам рақиб нестанд, аммо ба ҳам зиёд кӯмак ҳам намекунанд. Дар блоги баъдияш вай бо дард қисса кард, ки чӣ гуна яке аз издиҳоми Фейсбук барояш ҳамла кардаву суол аз дину ҳиҷобаш кардааст.

Гумони ман ин аст, ки журналистон ва блогнависон бояд аз Фейсбук ҳамчун манбаи маълумот истифода кунанд ва ба баҳсҳо шарик нашудаву ҷараёни онҳоро мушоҳида намоянд. Боз кунеду бубинед, ки чӣ кашокашҳои дилсардкунандае он ҷо идома дорад. Ва бо чӣ лаҳну вожаҳое! Аз рӯҳия огоҳ хоҳед шуд ва ҳам гоҳе иттилои ҷолибе ба огоҳиатон хоҳад расид. Ва агар аз фарҳанги тазоҳурот ё “митинговшина” ва “туссовка” хабаре доред, айни онро дар шакли электронияш хоҳед дид. Хуб, шояд замон мехоҳад, ки ин сел ба рӯдхона табдил гардад.

Аммо ман вақт надорам. Умр рӯ ба поён аст. Аз ман қиссаҳову достонҳоям мерос хоҳад монд. Ҳар қадар, ки онҳоро хубтару комилтар нависам, ҳамон қадар умр хоҳанд дид. Шайтон дигар маро ба кашокашҳои фейсбукӣ нахоҳад кашонд, чун калима хоҳам гардонд. Сари чанд гоҳе блог хоҳам навишт – лаҳзаҳое, ки дилам хост. Ёддоште, орзуе, ҳикояте, ва ё тавре Шаҳзода мегӯяд, “румон дар веблог” (Ман намедонам, чӣ гуна ӯ фурсат ёфт, румони “Замини модарон”-ашро бинависад). Ҳоло меравам сари достони нимакораи “Офтоби сиёҳторик ё ҷанги ду деҳа”. Қиссааш ҷолиб аст. Дуои хайр кунед, рӯзе хоҳед хонд, агар насиб буд…

28.01.2012 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Матбуот, Фарҳанг |

11 Comments »

  1. Xudovand barori kor dihad!!!!!!

    Comment by Mullo | 29.01.2012 | Reply

    • Саломат бошед. Худованд ба Шум хам барори кор дихад.

      Comment by Салими Аюбзод | 30.01.2012 | Reply

  2. Oqoi muhtaram Sumo shukr kuned, ki 103 obunachi dored va hatman boz beshtar az in te’dod khonanda. Chun khub gufted, ki boyad baroi 1 nafar ham agar boshad, binavised, chi guna metavoned in 103 nafarro nodida bigired. Man blogi bonui Shahzodaro khondam, ki gufta dar davrae ki behtarin kitob 500 nuskha chop meshavad, boyad shukr kard, ki az blogi Shumo ruze 50 nafar didan kunad. Samimona komyobi orzu mekunam. Obunachii 103.

    Comment by Samandar | 29.01.2012 | Reply

    • Дуруд бар Самандари азиз. Машварату насиҳатҳои Шуморо хуб дар ёд дорам. Ман сидқан шукр мегузорам ва рӯҳбаланд мешавам. Инро ҳам медонам, ки бархе аз блогҳои бандаро нашрияҳо чоп мекунанд ва ба ин васила шумораи бештари хонандагон аз онҳо истифода менамоянд. Аммо вақт гарон ва зудгузар аст, набояд онро аз даст дод. Зинда бошед!

      Comment by Салими Аюбзод | 30.01.2012 | Reply

  3. 100 dar 100 muvofiqam va inshaAllah maslihati kor dar hamin ast Ustod !chun ba izdihomi facebook va ghaira vorid shudan kori har kase metavonad boshad ammo kori ejodi na…….!

    Bo umedi ruzi muvaffaqiyat!

    Comment by Imommuhammad | 30.01.2012 | Reply

    • Саломат бошед, Имоммуҳаммади азиз. Сипсои бекарон.

      Comment by Салими Аюбзод | 30.01.2012 | Reply

  4. Дуруд, устод. Агар бо хотир доред, боре банда бо ранчиш навишта будам, ки чаро мо хар руз дах бор ба сахифаи Шумо сар халонему Шумо дар се мох як бор нависед. Шумо ваъда додед, ки бештар хохед навишт, аммо вафо накардед. Ман гумон кардам шояд хаваси навиштан аз Шумо салб шудаасту ба ягон “бизнес”-и дигар гузаштаед. Аммо агар ба хотири румону киссахои Салими Аюбзод наменависед, бошад, мо сабр мекунем…

    Comment by Farid | 30.01.2012 | Reply

    • Дуруд бар Фариди фарзона. Оре, хуб дар хотир дорам ва Шумо сабаб будед, ки чанд навишта дар ин торнигор рӯ зад. Бале, ваъда ҳам дода будам ва вафо ҳам накардам ва шояд ин навишта узрхоҳие аз Шумо ва дӯстони мисли Шумо бошад. Эй кош ба ягон “бизнес” мегузаштам, вале чи кунам, навиштани ман бемории ман аст, куҷое ки бошам, аз он натавонам гурехт. Вақте медонам, вазъи Шумо ва дигар дӯстон дар Ватан чи гуна аст, вижлонам азобам медиҳад. Навиштаҳои ман чизи зиёдеро тағйир нахоҳанд дод, вале кош малҳаме ба захмҳои рӯҳи дӯстон бошад, лоақал барои чанд лаҳза. Сарбаланд бошед.

      Comment by Салими Аюбзод | 30.01.2012 | Reply

  5. Салом устоди азиз,Салими Аюбзод.
    Рости баъд аз хондани маколаи ахиратон,боварам набуд,ки маро ба сафи дустони фейсбукиатон кабул мекунед.шукри Худо,ки шайтон ноумед будааст.ачибаш хамон шайтоне,ки шуморо нохоста руи сафхаи фейсбук мебарад. Ман мухлиси шумо,ки нав бо интернет ошно шуда хушбахтона ба навиштахои шумо дастраси пайдо кардам.навиштахои шумо охирхои солхои 80 ва аввалхи 90ро пайваста мехондам.хикояхоятонро хам дар китобе дастчамъи хонда будам,мутаассифона он китоби сабзро ба хотири хикояхои шумо аз ман гирифта дигар надоданд.барои навиштани “чанги ду деха”ба шумо кувату сабр орзу мекунам.аммо фаромуш накунед,ки шумо пеш аз хама журналист хастед ба сахифахои газетахо (интернет)нигох кардан вазифаи касбии шумост.

    Comment by Саттор | 30.01.2012 | Reply

    • Саломат бошед, Саттори ҷон, ёроне мисли Шумо ҳастанду ман менависам. Агар “Ҷанги ду деҳа”-ро аз хеле муддат пеш ба равони инсони покзамир Аслиддини Соҳибназар набахшида будам, ҳатман онро ба дӯстоне мисли Шумо мебахшидам. Ё яздон, мадад…

      Comment by Салими Аюбзод | 30.01.2012 | Reply

  6. Salomat boshed, akoi Salim!

    Tasmimi na tanho oqilona, bal odilona baroi onhoye ki mekhohand chize behtar az siyosatnigori az qalbu dasti navisandai khube bigirand…

    Baroyaton Ilhomi baland mekhoham!

    Bo sipos va ikhlos,
    Muborak

    Comment by Muborak | 09.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: