Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Офтоби сиёҳторик

Ду қисмати аввали ҳикояи “Офтоби сиёҳторик ё Ҷанги ду деҳа”-ро, ки аз 7 қисм иборат аст, ба хонандагони азиз пешкаш мекунам ва умедворам, назари худро ба оғозномаи ин қисса баён кунанд. Нақшаи ман ин аст, ки дар силсилаи достонҳои кӯтоҳ солҳои ҷангу нооромии ватани азизамонро ба тасвир гирам. Ҷӯёи он набошед, ки ин ё он тараф ва ё афродро ба чизе гунаҳкор хоҳам кард. Ман фақат мехоҳам, дардеро, ки аз он айём ба дил мондааст, берун бирезам ва эй кош, битавонам, аз он бираҳам.

Инак, оғози достон. Ваъдаи ман ба хонандаи донову зирак ин хоҳад буд, ки агар нуктаи ҷолибе дар миён гузошт ё эроди муҳиме гирифт, ҳатману ҳатман ба онҳо биандешам ва дар нусхаи ниҳоии асар ислоҳу тағйир ворид намоям. Ва ҳатман бо сипосгузории самимонае аз ҳама гуна изҳори назар дар бораи ин навиштаи худ. Саломат ва сарбаланд бошед, дӯстон!

Офтоби сиёҳторик ё Ҷанги ду деҳа

Ба ёди Аслиддини Соҳибназар

1

Аз баландии сафедор дурбин ба чашм гузоштану соатҳои дароз ба деҳаи ҳамсоя нигаристан кайҳо ба дили Акобир зада буд ва ҳарчӣ зиёдтар ин ҷо менишаст, ҳамон андоза дилпуртар мешуд, ки бояд нақшаи махфии худро амалӣ кунад. Чораи дигаре ба зеҳнаш намеомад. Аммо вазифашиносӣ ӯро ҳамон дар сари сафедор нигоҳ медошт ва ғашашро меовард. Ба болои ин хокборише, ки ду рӯзи охир давом дошт, ва ҳам манзараи беҳаракати деҳаи ҳамсоя ӯро бадтар олуғда мекард. Имрӯз чангу ғубор дар ҳаво ончунон зиёд буд, ки дар паси пардаи ғализ офтоб ба як нуқтаи хурди беранг табдил ёфтааст. Ҳаво гарм ва дам асту Акобир арақшор мегашт. Хоке, ки аз осмон меборид, ба пӯсташ менишаст ва ҳамроҳи арақ шах мешуд.

Аз сари сафедор киштзорон ва раддаҳои тути калакшуда, боғи колхоз, канал, адир, кутал ва кӯҳҳои паси он андаруни хокбориш намуди ғайритабиӣ ва афсонавие гирифтаанд. Ҳарири ғубор онҳоро дуру бенур ва хаёле ваҳмангез кардааст. Акобир дареғ мехӯрд, имрӯз ҳам маҷбур аст, ба пурсишҳое, ки оё ҳамлаи мусаллаҳони деҳаи ҳамсоя сар шудааст, посухи рад диҳад. Ҳафтае пеш вай шод буд, ки барояш вазифаи махсус додаанд, вале ҳоло пушаймон аст, ки бояд соатҳои дароз сари душохаи сафедор биншинад ва чашм аз деҳаи ҳамсоя наканад. Сар аз имрӯз ба ӯ супурда буданд, ки ҳатто шабҳоро дар сари сафедор рӯз кунад. Агар хаста шуд, додараш Нозим бояд ӯро иваз намояд.

Дирӯз вай аз Нозим хост, зини бобояшро биёрад, то ӯ онро дар душохаи сафедор бубандад ва мехкӯб кунад. Ҳамон зини дорчинранги фарсударо, ки дар анборхона, паси қуттиҳои кӯҳна мисли ҷонвари мурдае хобида буд. Зине, ки як замон савори қоматбаланд ва таҳамтане бар он нишаставу дар шикори оҳу кӯҳу дараҳоро мегашт. Ё хеле пештар аз ин шахси дигаре ба он боло шудаву ба ҷанги аҷнабиён мерафт. Ва аммо шояд захмӣ ё кушта шуд, ки дар нақшунигори рӯкаши чармии зин хуни ӯ хушкидаву доғи қаҳваие гузоштааст. Вақте ки Акобир печидаву часпида ва чусту чобук аз танаи лағжони сафедор боло мерафту ба ин душоха мерасид ва сари зини кӯҳна менишаст, фикр мекард савори аспи азими абӯҳавлиест, ки қаддаш ба нимаҳои осмон мерасад.

Ҳамин гуна нишаста буд, ки аз поён садои гуфтугӯ омад. Аз миёни шоху баргҳо ба зер нигарист ва амаки Ҷалолро дид, ки чизе оварда буду ба Нозим дароз мекард. Акобир бештар  интизори омадани генерал Қурбон буд, аммо аз дидани пирамард низ хурсанд шуд. Вай аз зин бархост ва бӯзинавор аз шох ба шох танида, дар они воҳид пой ба замин гузошт ва паҳлуи Нозиму дар пешорӯи пирамард қомат кашид.

“Маҳ, барои худат овардам,” — гуфт амаки Ҷалол ва бастаеро, ки то ҳоло ба Нозим доданӣ буд, ба дасти Акобир часпонд ва ҳамзамон афзуд, — “қасам ба номи Худо, камарбанди хуб аст.”

Ин як камарбанди нимакарбосӣ ва нимаоҳание буд, ки се сагак ва як занҷир ҳам дошт.

— Шаб худатро мебандӣ ва агар хобат барад ҳам, намеафтӣ, — гуфт амаки Ҷалол.

— Рост? Чӣ аҷаб! – хитобид Акобир.

— Қасам ба номи Худо. Хуб кардӣ, ки он ҷо зин ҳам гузоштӣ. Ҳоло ҷоят роҳат шуд. Қасам ба номи Худо.

Ин ҷумла акнун дар аввалу охири ҳамаи сӯҳбатҳои амаки Ҷалол садо медод. “Қасам ба номи Худо, оилаи Аббосро ҷавонони деҳаи ҳамсоя ба қатл расонданд”. “Қасам ба номи Худо, як чарбхоли сиёҳ дар кутали паси деҳи ҳамсоя нишаст”. “Падарсӯхтаҳо ҳафтод марди мусаллаҳ доранд, қасам ба номи Худо.” Ҷалол пештарҳо аслан номи Худоро ба забон намеовард.

Акобир ташаккур кард ва гӯё ногаҳон чизе ба ёдаш омада бошад, лабханд задаву аз остини амаки Ҷалол дошт ва кӯдаквор ба зора даромад: “Ам-м-аки Ҷал-л-ол як рақси шикам шавад, ҷон амаки Ҷа-ллл-ооол…”

Дар давраҳои пеш амаки Ҷалол бо рақси шикам ва қиссаҳои аҷибу ғарибаш машҳур буд. Тӯю суре набуд, ки бачаҳо аз вай рақси шикамро нахоҳанд. Вай барҳои куртаи фарсудаашро мебардошт, чашмони оташбори зери абрӯвони пайвасташро чапу рост мебурд ва шикамашро меҷунбонд. Аз дидани ду чаҳоркунҷаи пурмӯй дар ду бағалаш ва ҳаракати онҳо ба чапу рост қиву чуви бачаҳо ба ҳаво мехест. “Пайи дандонҳои аждаҳо!” – Нидо мезад амаки Ҷалол ва бисёриҳо бовар мекарданд. Аммо Акобир асли воқеаро медонист. Падараш, ҳанӯз вақте ки зинда буд, нақл мекард, ки Ҷалол устои барқ буд ва боре ҳангоми кор дар сари симчӯб касе нафаҳмида, тасодуфан сими барқро васл кард ва Ҷалол ба зарбаи 3000 волт аз он баландӣ ба замин парт шуд.

Пизишкон  ҳайрон монданд, ки ӯ ҳанӯз зинда буд, аммо ду бағалаш, дар ҷое, ки парчҳои оҳании камарбанд либосашро сӯзонда, ба пӯсташ расида буд — шикоф. Ҳама ҷои камарбанд карбосӣ ва ин ду гӯша филизӣ буд. Карбос сӯхт, камарбанд раҳо рафт ва ҳамин чиз Ҷалолро наҷот дод. Мегӯянд, агар камарбандаш намесӯхт, вай дар ҳамон сари симчӯб ба як тӯда хокистар бадал мегашт. Аммо дар он чанд нимсония ё шояд ними нимсония, расиши парчҳои филизии камарбанд кори худро карда буд. Ду ҷои шиками Ҷалол пӯст надошт. Ҷарроҳон маҷбур шудаанд, аз пойҳояш пӯст бурида, ба ин ҷойҳо часпонанд. Ин пайванди пӯст гирифтааст ва баъд аз чанд сол он ду чаҳоркунҷаи рӯйи шиками Ҷалол бо гумони он ки пӯсти пойи ӯянд, мӯйи зич баровардаанд. Аз ҳамон вақт шиками амаки Ҷалол мавзӯи сӯҳбатҳои сарикӯчагии аҳли деҳа буду бачаҳо, аз ҷумла Акобири он вақт хурдсол, дар тӯю сур бо зораву илтиҷо ӯро ба гӯшае мекашиданд, то бо чашмпесонию абрӯпаронӣ “рақси шикам” кунад. Мегӯянд, дар он фалокати 3000-волтӣ мағзи сари Ҷалол ҳам такон хӯрда буд ва ӯ баъзан худ намедонист, чӣ мегӯяд. Аммо ҳоло ӯ хоҳиши Акобирро рад кард:

— Мамлакат оғуштаи хуну ту рақси шикам мехоҳӣ. Девонаӣ, қасам ба номи Худо.

Акобир лабханд зад ва пурсид:

— Ин аз ҳамон камарбандҳое нест, ки ту дар сари симчӯб мебастӣ? Зарбаи чанд волта мебардорад?

Амаки Ҷалол, ки одатан шӯху базлагӯ буд, абрӯвонашро дарҳам кашиду ба Акобир бад-бад нигарист ва даст афшонду рафт. Нозим мехост, чизе бигӯяду ранҷиши ӯро бартараф кунад, аммо пирамард нигоҳе накард. Сипас, Нозим ба Акобир рӯ овард ва бо қиёфаи як шахси раҳмдил гуфт:

— Зиқай, бечора. Генерал Қурбон ба қафояш як лагад задааст. Гуфтааст, аз ту баринҳо дар ҳимояи деҳа ягон фоида нест.

— Чаро ин хел гуфтааст, мӯйсафед хабарҳоро ҷамъ мекунаду мерасонад, магар бад аст?

— Ин генерал худаш девона аст. Ҳоло гапи ҳеҷ касро гӯш намекунад ва исрор дорад, ки занону духтаронро ҳам мусаллаҳ кунаду машқи ҳарбӣ диҳад.

Акобир, ки ҳеҷ ҳарфи бад нисбати фармондеҳро қабул надошт ва акнун бо сари хаму диққати тамом камарбандро аз назар мегузаронд, шитобкорона гуфт:

— Ҷанг ҷанг аст, додар. Агар одамони деҳаи ҳамсоя ду баробар аз мо зиёдтар бошанд, чӣ илоҷи дигар мемонад?

Акобир нахост, ин сӯҳбат идома кунад ва биноан як “оҳу уҳ” кардаву камарбандро ба миёнаш баст ва ба қадди сафедор боло рафт.

2

Генерал ба Акобир бисёр маъқул буд. Вай як шахси тануманду човандоз буда, абрӯвони сермӯяш мисли шоху барги дарахтон ба рӯи чашмҳои зардгуни тезҳаракаташ ҳамоил буданд, манаҳи паҳн ва садои ғафсу ғуррие дошт ва мардҳои аз 15 то 60-солаи деҳаро қатор карда, дар кӯчаи марказӣ, кӯчаи ба номи Ленин, пасу пеш мебурду машқ медод. Қурбон қадбаланд набуд, аммо дар ҳамаи бузкашиҳо ва гӯштигириҳо пирӯз мегашт ва ҳоло пирони деҳа ӯро фармондеҳ таъин карда буданд. Мегуфтанд, ки панҷ сол зиндонӣ буд ва дар он ҷо ҳам ба гапи касе тан надодааст. Зану фарзанд надошт, аз ҳеч чизу ҳеч кас наметарсид ва мегуфт, омодааст, барои деҳааш ҷон диҳад. Акобир ҳоло ҳарчанд фикр мекард, ба ёд оварда наметавонист, ки генерал чӣ хел ва кай дар деҳа пайдо шуд. Аслан, ин ҳам як овоза аст, ки пирони деҳа ӯро фармондеҳ интихоб кардаанд. Худаш яке пайдо шуду гуфт, ки ӯро фармондеҳ мондаанд ва барояш унвони генералӣ додаанд. Мегӯянд, кишвар ҳоло пур аз генерал шудааст. Аммо Қурбон дар назари Акобир як генерали ҳақиқист ва генерал, аз нигоҳи ӯ, ба гунаи дигар ҳам буда наметавонист.

Акобир дар душохаи сафедор, сари зин ҷунбиду худро хубтар ҷой кард ва аз дил гузаронд, ки акнун ҳама чизи зарурии як марди ҷангро дорад, ба ғайр аз силоҳ. Агар як винтовкаи снайперӣ медошт, ё калашникови одӣ, ё ҳатто як туфангча, ҳама кор олӣ мешуд. Ин дурбинро барояш генерал Қурбон тӯҳфа кардааст. Як рӯз, айнан монанди имрӯз, сарусадоеро шунида, ба зер нигарист ва кулоҳи лапардору аблақгуни генералу ҷонпосҳои ӯро дид. Фармондеҳ аз поён ба боло, ба Акобир нигариста, дар ҳоле ки зери абрӯвони ғулияш зуд-зуд мижа мезад, хитоб кард, ки Акобир поён фурояд. Маълум набуд, чаро омадааст. Акобир бо чолокии ҳатто барои худаш ҳайратовар аз шох ба шохе парида, сарозер шуд.

Генерал Қурбон, ки зоҳиран аз чобукии Акобир қонеъ ё ҳатто то ҷое хурсанд шуда буд, даст ба китфи ӯ гузошт ва гуфт:

— Э офарин, герой! Он сӯ чӣ хабар? Ягон хабисе ба ин тараф ҳаракат надорад?

Баъд аз каме ҳолпурсию сӯҳбати умумӣ худи генерал хост, боло, сари дуқӯшаи сафедор барояд, то мавзеъҳои душманро бубинад, аммо ҳарчанд панҷ ҳозирбошаш аз пойҳои ғафси ӯ доштанду боло карданд ва ҳарчанд худ зӯр зад, натавонист то шохи аввали сафедор барояд. Баръакс, қариб буд, биафтад ва дар часпу талоши наафтодан кулоҳ аз сараш парид. Уф кашид, даст ба даст зад ва ба замин туф кард. Сипас, аз бағалаш дурбинро бароварда, ба Акобир тақдим кард ва дар посух ба дархостҳои Акобир, ки акнун силоҳ зиёд шудааст, ӯро ҳам ба артиши деҳа гиранд, даст афшонду рафт.

Акобир на танҳо аз ҳадияи фармондеҳ шод гашт, балки ҳамчунин аз он ки вазифаи муҳими ӯро ҳатто генерал Қурбон натавонист, иҷро кунад. Вай натавонист, сари сафедор барояд. Кори осон набудааст. Наздик ба ду метр сафедор шоху гурме надошт, ки фармондеҳ аз он бигирад ё ба он пой ниҳад. Сипас, болотар шохи каже ҳаст, ки бояд чобуку сабук бадани худро тоб дод ва аз зери он боло рафта, пой ба шох ниҳод. Вале барои то он расидан, аввал ин ду метр танаи лайсу ҳамворро бояд баромад. Пас, Акобир, дарвоқеъ як қаҳрамон аст. Ҳарду ҳамсинфаш, ки аз ҷонпосони Қурбон буданд, бо хушҳолӣ ба Акобир менигаристанд ва дар чашмонашон ба ӯ ишораи хуб карданд, яъне иқрор намуданд, ки вай кори муҳимеро анҷом медиҳад. Он қадар муҳим ва душвор, ки ҳатто худи генерал ҳам наметавонад, аз ӯҳдаи он барояд. На генерали одӣ, балки мардумӣ.

Як ҳафта пеш, вақте ҳама, тамоми аҳли деҳа, дар майдончаи сари кӯчаи марказӣ ҷамъ омаданд ва ҳама ошуфтаву хашмгин буданду ҳар кас андешае пеш мениҳод, Акобир аз ҷой хест ва гуфт, агар барояш силоҳ диҳанд, вай ҳам омодаи ҷанг хоҳад буд, вале чун он вақт ба ғайр аз ду калашников ва панҷ милтиқи кӯҳнаи шикорӣ дар деҳа силоҳе набуду онҳоро ҳам ба ҷавонони калонсолтар додаанд, вай метавонад, сари сафедори боғи деҳа барояд ва соатҳо он ҷо нишаста, вазъияти атрофро бубинаду ба калонҳои деҳа хабар диҳад.

Ин пешниҳоди ӯро бо хурсандӣ пазируфтанд. Барои ҳамагон хеле муҳим буд, аз ҳама гуна ҳамла пешакӣ огоҳ шаванд, то битавонанд, ҷони худу ҷони фарзандони худро ба саломат баранд. Ва акнун ҳар рӯз ӯ сари ин сафедор менишинад ва чашм аз деҳаи ҳамсоя ва атрофу акнофи он намеканад. Вай вазифадор аст, ки дар ҳоли камтарин ҳаракат дар масири дидбонияш ба калонҳо хабар диҳад. Дар пояи сафедор додараш Нозим нишастааст, ки дар аввалин фурсат, бо гирифтани аввалин хабар, то бинои мактаб медавад ва ба онҳое, ки он ҷо навбатдорӣ мекунанд, хабарро мерасонад.

(Идома…)

07.02.2012 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Китоб, Фарҳанг, Ҳикоя |

7 Comments »

  1. Salomu alaykum! Ogozi oli! Davomashro intizorem!! Solim boshed!

    Comment by Mullo | 09.02.2012 | Reply

  2. […] Агар аввали ҳикояро нахонда бошед, лутфан ҳамин ҷумлар… […]

    Pingback by Сиёҳторик – 2 « Салими Аюбзод | 12.02.2012 | Reply

  3. […] Қисматҳои 1 ва 2-и достон. […]

    Pingback by Офтоби сиёҳторик – 3 « Салими Аюбзод | 18.02.2012 | Reply

  4. Акои азиз , хело киссаи чолиб ва шавкманд пешкаш кардаед, бо чунин чумлахои зебо.Худованд нигахбонатон бодю

    Comment by Behruz Yodgorov | 19.02.2012 | Reply

  5. […] Қисматҳои 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. […]

    Pingback by Сиёҳторик — 4 « Салими Аюбзод | 25.02.2012 | Reply

  6. […] Қисматҳои 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. Қисматҳои 6 ва 7-и достон. […]

    Pingback by Сиёҳторик. Поёни достон « Салими Аюбзод | 05.03.2012 | Reply

  7. Басе чолиб, чунин навиштахои асл, ки вокеиятанд дар бисот дорам, аз вазъи мардуми навохии Шахриту Кубодиён

    Comment by Idiev | 31.10.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: