Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Падруд, Олими Искандарӣ…

Овозхони бузурги тоҷик Олими Искандарӣ (Олим Бобоев) писари Искандари Танбӯрӣ, рӯзи 8-уми феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ҳунарманди асиле аз миён рафт, ки натавонист, баъд аз ҷанги Тоҷикистон дубора ба худ ояд ва ба пайроҳаи худ идома диҳад. Шахси ҳассосе, ки захмҳои равонияш дигар шифо наёфт ва марди боғуруре, ки натавонист, сари тамаллуқ ва замонасозӣ хам кунад…

Агар аз садои худодод ва нодири ӯ (тенор-алтинои драматик) ва донишҳое, ки дар илми мусиқӣ ва адабиёт андӯхта буд, беҳтарин истифода сурат мегирифт, садҳо шоҳкоре ба махзани мусиқии тоҷик мерехт ва ҳаққи моликияти ин миллат ба шоҳасари мусиқии ҷаҳон – “Шашмақом” бо далелҳои раднопазире мусаллаҳтар мегашт. Дареғу ҳазор дареғ, ки солҳои дароз нисбати ин ҳунарманди нодир нописандию беэътиноӣ шуд ва узлатнишинии Олим низ наслҳои баъдиро аз арзишҳои бузурги мусиқӣ маҳрум намуд. Вай аз хунёгароне буд, ки шояд дар як сада як бор насиби қавме шаванд.

АШКҲОИ НОГИРИСТА

Дилам мисли осмони ин шаҳри бегона гирифта ва дар сардӣ шабеҳи ин зимистони устунхонсӯзи ғурбат аст. Маъюс ва бечораам. Зарраҳои барф ба шишаи тиреза менишинанд ва монанди ашк ҷӯя мешаванд. Дилам мегиряд, аммо чашмам на. Маъюс нестам, балки ваҳшатзадаам. Аз хабари марги Олим…

Фикр мекунам, ҳастам, аммо бо худ нестам. Рӯҳам ин колбади фарсударо дар гардиши чиркини Страшниска рӯйи пиёдароҳи норӯфта партофтаву дар дурии ҳазорон фарсах бо рӯҳи ӯ, рӯйи сабзаҳо нишаста ва ин қадар гарму зебо дар сӯҳбатанд, ки беду сафедорон, буттаҳои питу хорҳои ангат ба тасдиқи суханони ду рӯҳ сар хам мекунанд, гулпараку сӯзанакҳо ба даври онҳо мечарханд, насими дарё бӯйи покию озодагӣ меорад, кӯҳҳои сарафроз паёми ғурур медиҳанд. Ва садои булбул ба гӯш мерасад. Балки садои худи ӯ, садои гӯшнавозу дилрас, бехалал, рангомез, беохир, махмалӣ, фоҷианок ва пурҳаҷм.

Як бор аз ӯ хоста будем, нолае сар диҳад ва бишнавем, то чанд давом хоҳад кард. Аммо фақат бо як нафас кашидан ва ба шарти на баланду на паст кардани овоз. Якмаром. Мисли “зув” дар бозии қилу асо. Бозигар метавонист, то поёни зувви садояш бидавад. Садои ӯ 4 дақиқаву 35 сония дар як сатҳ, ба як лаҳн ва бо ҳамон як нирӯ идома кард. Намедонам, инсон чӣ қадар метавонад, як нафас ба шуш гираду дар зери об биистад? Аммо агар садояшро бозӣ медод, шояд аз 5 дақиқа ҳам мегузашт.

Кормандони бахши мусиқии радиои Тоҷикистон мегуфтанд, вақте ки аввалин бор хостанд, суруди Олим Бобоевро забт кунанд, ҳамаи садогир (микрофон)-ҳои студия вайрон шуданд. Зоҳиран ин садогирҳоро бо назардошти овози ӯ насохта буданд. Оҳангсозон аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки нотаи “Сӣ”-ро зиёд баланд нагирад.  Худо ба ӯ садое дода буд, ки ба кам касон насиб мегардад. Охир агар ба ҳама медод, ҳама Павароттӣ ё Бочеллӣ мешуд.

МИСРАЪҲОИ САЙИДО

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар “Гулистон” панҷ тоифаро арҷ мегузорад, ки хушсадоён дар ин радда дар ҷои чаҳоруманд. “Чаҳорум, хушовозе, ки ба ҳанҷараи (гулӯи) довудӣ об аз ҷараёну мурғ аз таярон (парвоз) боздорад ва ба василати он фазилати дили мардумон сайд кунад ва арбоби маъно ба мунодимати ӯ рағбат намоянд ва ба анвоъ хидмат кунанд.

Чӣ хуш бошад овози нарми ҳазин
Ба гӯши ҳарифони масти сабӯҳ
Беҳ аз рӯйи зебост овози хуш,
Ки аз ҳаззи нафс асту он қути рӯҳ.”

Бо ин иқтибос як одати Олимро ба ёд овардам. Вай метавонист, сари ҳар мавзӯъ аз Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ё Мавлоно байту қитъа орад ва сӯҳбатро ба сатҳе барорад, ки норасиданӣ, ҳамон гуна ки овози ӯ дар авҷи таронааш норасиданист. Мегуфт, гузаштагони бузург ин қадар ғазале мерос гузоштаанд, ки мешавад, бо корбасти онҳо як системаи нави мусиқӣ сохт. Мегуфт, хушбахт аст, ки Худо ӯро тоҷик кардааст. Мегуфт, ҳаргиз ба забон ё лаҳни дигаре суруд нахондааст ва нахоҳад хонд. Мегуфт, ба рағми таънаи он ки мусиқии тоҷик яковоза аст, на полифонӣ (чандсадоӣ), мехоҳад, “Шашмақом”-ро ҳамроҳ бо оркестри симфонӣ иҷро кунад. Мегуфт…

МАФҲИЛИ ИСКАНДАРИ ТАНБӮРӢ

Аз рӯйи нақлҳои ӯ дар вохӯриҳои гуногун давраи кӯдакияшро ин гуна тасаввур мекунам, ки аксаран дар маҳфили созандагону хонандагон сипарӣ шудааст. Дар ҳавлии ӯ болохонае ҳаст, ки мегуфт, аз падараш ба мерос мондааст ва дар он ҳамеша садои мусиқӣ баланд мешуд. Хонаи онҳо аз масҷид ва бозори шаҳр ду маҳалла фосила дорад ва тақрибан ҳамеша пур аз меҳмон будааст.

Падари ӯ, ки бо номи Искандари Танбӯрӣ шӯҳрат доштааст, аз хонандагони “Шашмақом” буда, суру маъракаи мардумро ободу шодоб мекардааст. Олим ҳанӯз чаҳорсола будааст, ки падараш ба устои шиноси худ танбӯрчае барои ӯ фармоиш медиҳад ва кӯдак ин соз дар даст бузург шуда, ҳатто кӯшидааст, ки дар маҳфилҳои падар навозандагӣ кунад. Модари Олим низ зани босавод буда, ӯ нақл мекард, ки дар кӯдакӣ борҳо шоҳиди байтбараки волидайни худ шудааст ва ашъори Рӯдакию Ҳофиз ё Бедилу Саъдиро нахустин бор аз модараш шунидааст.

ЗИНАҲО, ЗИНАҲО…

Дар давраи мактабхонияш Олим узви шинохташудаи дастаи ҳунарӣ буд ва борҳо дар озмунҳои вилоятии ҳунармандони наврас пирӯз гашт. Соли 1975, вақте мактаби миёнаро хатм кард, нахуст ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе шомил шуд, аммо пас аз ду соли таҳсил ҳис кард, дилгармие ба риштаи омӯзгорӣ надорад. Вай ба хидмати ҳарбӣ рафт ва пас аз бозгашт дар соли 1979 ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ворид шуд. Мегӯянд, ӯро ба ин ҳунаристон беимтиҳон, танҳо бо шунидани таронааш қабул кардаанд. Андӯхтаҳояш аз падар ин ҷо кор дод. Аз сӯе ҳам ин аввалин ҳайати бахши тозатаъсиси Мусиқии Шарқ дар донишгоҳ буд ва шогирдонеро мехост, ки мушахассоти табиии онҳо ба талаботи ин мусиқӣ ҷавобгӯ бошад ва чунин довталабон кам буданд.

Панҷ сол Олим дар ин ҷо асрори мусиқиро аз устодоне чун Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова ва Нериё Аминов омӯхт. Дар ҳамин давра, ҳамзамон бо таҳсил дар симпозиуми байнулмилалии мусиқӣ дар Хива ва анҷумани мусиқишиносони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Самарқанд ширкат кард. Дар ҳамоиши дувум мероси мусиқии мардуми Шарқ мавриди баррасӣ буд. Соли 1986 Олим таҳсилро ба поён расонд ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор сар кард.

“ШАШМАҚОМ”-И АСИЛ

Агар гӯям, ки маро хонданҳои Олим дӯстдори “Шашмақом” кард, ғалат намешавад. Ростӣ, вақте дигарон мехонданд, аз ҷумла нухбагони ин мусиқӣ, ки бархе аз нависандагонамон ба онҳо очеркҳои тӯлонӣ бахшидаанд, фақат барои нарасидан ба иззати нафси ин мубаллиғон, ҳамнавоӣ мекардам. Дар асл хондани бисёре аз он нухбагон ба дилам наменишаст. Ба назарам ин гуна меомад, ки онҳо зиёда аз ҳад зӯр мезананд ва сурудро ба фарёд табдил медиҳанд. Дар чунин лаҳзаҳо зебоии садои онҳо аз байн мерафт.

Сониян, дар ин ҳангом онгуна саргарми риояти нозукиҳои садоии “Шашмақом” мешуданд, ки иҷрои онҳо ҳолати сунъӣ ва намоишӣ ба худ мегирифт ва дилам сидқу самимияти онҳоро ҳис намекард. Танҳо баъзе ангезаҳо дар хонданҳои устод Маъруфхоҷа Баҳодуров камубеш маро ҷазб мекард, вале шояд ин ангезаҳо кофӣ набуд, ки ошиқи мусиқии классикӣ шавам. Зимнан, ин масъалаи синну сол ҳам буда метавонист.  Баъд суруди Олимро аз телевизион шунидам ва аввалин бор бузургии ин мусиқии қадимиро ҳис кардам. Овози махмалӣ ва нерӯманди ӯ гӯшу ҳуши касро пур мекард ва ӯ он гуна озоду табиӣ ё бемашаққат мехонд, ки беихтиёр маънии шеър барои шунаванда рӯшан мешуд ва ин ҳамнавоӣ ё гармонияи комили овоз, мусиқӣ ва маънӣ касро мафтун ва мабҳут мекард. Пас аз шунидани баъзе аз хонданҳои ӯ, махсусан “Ушшоқи Самарқанд” ё “Тановор” кас мисли ин ки дил холӣ карда бошад, сабук мешуд ва ҳисси осудагии амиқи дарунӣ ба кас даст медод.

НАСЛИ ШИКАСТА

Ёд дорам, дар ҳунарнамоии асосӣ бахшида ба 1400-солагии Борбади Марвазӣ дар соли 1992 баҳсе бапо шуда буд, ки барномаро кӣ ифтитоҳ диҳад? Ҳунарпешаи халқӣ ё овозхони ҷавон Олим Бобоев. Шояд ин оғози низоъи наслҳо дар ҳунари мусиқӣ буд, аммо тарроҳони консерте, ки мебоист дар ҳузури садҳо меҳмони олиқадри хориҷӣ ҷараён гирад, бартариро ба Олим доданд ва ӯ ба беҳтарин шакл шоистагии худро собит кард. Дар ин консерт меҳмонон аз Фаронса ҳам буданд ва Олимро ба Порис хостанд.

Бо талошҳои Софӣ Шаҳоб, ки аз мушовирони фарҳангии раисиҷумҳури Фаронса Жак Ширак буд, Олим Бобоев бо чанде аз ромишгарон ба Фаронса рафт ва дар чанд шаҳр консерт дод. Иттифоқан ӯ нахустин сафири фарҳангу ҳунари тоҷикон дар Фаронса буд, ки роҳро барои баъдинаҳо боз намуд. Мусиқидонони фаронсавӣ аз ӯ даъват карданд, се моҳ бимонад ва дар Консерваторияи Порис аз “Шашмақом” ва мусиқии мардумии тоҷик дарс диҳад. Мегӯянд, пас аз консерти ӯ дар Нант ба ҳуҷрааш ин қадар гул меоранд, ки барои худаш ҷой боқӣ намемонад.

Субҳи “ситоракуш”-и истиқлоли Тоҷикистон (ибораи шодравон Аслиддини Соҳибназар) ситораи нави мусиқии касбии кишвар Олим Бобоевро ҳам кушт. Сарнавишти на танҳо ӯ, балки садҳо, шояд ҳазорҳо нафари асилро ҷанги дохилии Тоҷикистон бераҳмона шикаст. Эй кош, як бор ҳама дар хилвате менишасту аз хештан мепурсид, ки агар ин ҷанг намебуд, ӯ ҳоло куҷо буд ва чӣ мекард. Падидаеро шоҳид шудем, ки андарзи деринаро рад мекунад. Ин андарзро, ки дарё хасухорро ба соҳил меафканад. Магар ин ҳазорон нафаре, ки дар арафаи ҷанг роҳу ситораи бахти худро ёфта буданд, хасухоранд? Чаро онҳо ба канор афканда шуданд?

РИВОЯТИ ДАРҲОИ БАСТА

Ин қавми парешон наслҳоеро ба ёд меорад, ки инқилобҳо ҳаёт ва нақшаи онҳоро баҳам мезанад. Бахше гуреза, бахше муҳоҷир, бахше ҳошиянишин, бахше саргардон. Низоми нав ба онҳо ниёз надорад? Онҳо асири ҳасрати ҷойгоҳе мешаванд, ки аз даст медиҳанд ва наметавонанд, ҷойгоҳи наве пайдо кунанд? Кодҳои иҷтимоӣ иваз шудаанд ва дарҳои ҷомеа барояшон бастааст? Забони иҷтимоӣ тағйир ёфтааст ва онҳо онро намефаҳманд ё наметавонанд, манзури худро бо гӯиши нав бифаҳмонанд? Шояд посухи ин суолҳо муҳим нест, балки он муҳим аст, ки тавонмандиҳо ё потенсиали ин бахш аз ҷомеа дархостнашуда мемонанд? Ё вазъи муайяни кишвар сабаб гаштааст, ки ба ҳамгироии ин тавонмандиҳо ва корбурди онҳо ба манфиати миллат ва мамлакат имконият намедиҳад?

Тавре дидем, сулҳи Тоҷикистон низ ин беадолатиро ислоҳ накард. Мебоист, ҳамаро ба ҷой ва ҷойгоҳи худ баргардонд ва равандҳоеро, ки ҷанг ба таври ногаҳонӣ қатъ карда буд, аз он нуқтаи қатъшуда дигарбора оғоз дод. Аз рӯйи адл ва ба гунаи шаффоф. Он гоҳ шояд кишвар ба “гурези мағзҳо” рӯбарӯ намегашт ва сарватҳои зиндаи худро нигоҳ медошту қадр мешинохт. Агар сӯҳбат аз афроди боҳунар аст, касе хоҳад гуфт, ки ҳунарманд бо ҳар роҳе, агар на имрӯз, рӯзи дигаре роҳи худро пайдо хоҳад кард. Вале таҷрибаи чӣ замони шӯравӣ ва чӣ бист соли охир нишон медиҳад, ки ин гуна набуду нест. Русҳо як матал доранд, ки дасти афроди боистеъдодро бигиред, белаёқатон худ роҳи хешро меёбанд. Дасти Олими Искандариро касе нагирифт…

09.02.2012 - Posted by | Ватан, Сиёсат, Фарҳанг, Ҳунар | ,

2 Comments »

  1. Салом, устод Аюбзод. Имруз мусикии точик дар хакикат аз бузургмарде, гуфтан мумкин аз Борбади дуюми худ ба таври абади махрум шуд. Мо бо у дар хамсояги мезистем ва шохиди фарозу нишеби зиндагии у будем. Ман борхову борхо аз худ мепурсам, ки чаро Олим ба авчи шухрат намерасад. Охир хунаре, ки у дар интихоби шеър ва ичрои он дошт, хеле-хеле кам вомехурад. Овози богурури у зеби туйхои Панчакент буд. Уро асосан ба хатнатуйхо даъват менамуданд. Овозаш Панчакентро пур менамуд. Холо у рафт ва шахр хам холи шуд…
    Ман дар хайрат шудам аз ин ки чигуна Шумо санъати Олимро хеле амик дарк намудаед, ки аз навиштаатон хувайдост.Вале сад афсус, ки Олим ними он чизеро, ки дар туйхои Панчакент бо тори худ ва ду нафар мусикигари худ ичро намудааст дар ягон навори расми ёфт намешавад. Барои он ки бузургии уро хис намоед, бояд дар Панчакент мезистету медид, ки у чигуна бо овози зинда сурудхои душвортарини классикиро ичро менамуд. Ба дарди худ мехонд, парво надошт, ки ки меояду ки меравад. ..Борхо мегуфтем, ки архиви сурудахои худро сомон дихад, механдиду мегуфт, ки ба касе ки даркор бошад, кунад.
    Як вакт у бо хамрохи худ гижакнавози он вакт на он кадар машхур, вале холо машхур Бахтиёри Баёниро гирифта мегашт. Ин ба хам омадани шамсу камар буд. Бахтиёр бо чунон санъати баланд навои гижакро ба овози Олим васл менамуд, ки мусики ба таври муъчиза садо медод Ин байни солхои 1994-1998 буд. Овози Олим хам дар авчи камоли худ буд. Афсус, ки аз сурудахои он замон чизе боки намонд Агар монда бошад хам наворхои туйхонаиро худатон медонед, ки чигуна сифаташон паст аст.. .Баътар Бахтиёрро самаркандихо кашф намуданду гирифта рафтанд. .
    Солхои минбаъдаро низ Олим бе самар нагузаронидааст. Хар вакт таронаи нав ичро менамуд, ки баъзеаш дар як туй садо медоду баъд дигар ба он барнамегашт. Мегуфтем, ки дар туй нагз сабт нашуд, якбори дигар хонед, хушру сабт кунем, мегуфт, ки фаромуш кардааст. Баъзан газалхои Хофизу, вале аксаран Бедилро тафсир мекард, ки аз дониши у дар хайрат мешудем. Ин хофиз буд ё олими адабиётшинос?
    Афсус, афсус, ки ба таъбири Шумо бо замони худ рост наомад. Бахили карданд. Аз Муродов сар карда то Мастнаю, Давлатманд бо хама ихтилоф дошт. Намонданд, ки дар сахна гунчад. Хатто вакте, ки дар робита ба чашни Рудаки Президент ба Панчакент рафт, нахостанд, ки у дар катори дигар хофизони аз Рудаки тамоман бехабар дар сахнаи чашн суруд хонад. Ин чой як дафъа нагузошт, ки уро аз ин шараф, махрум кунанд Бо чангу чидол худро ба сахна баровард ва он чашнро шукухи хакики бахшид: номардхо, маро дар шахри худам намегузоред, ки хонам.
    Худованд охираташро обод намояд, ки дунёи мардуми зиёдеро обод намуд.
    Як хощиш дорам аз Шумо ва дастандаркорони Радиои Озоди, ки агар тавонед ба рагми саррофони санъатношинос, сабтхои парешони уро аз миёни мардуми Панчакент чамъу гир намоед. Як нафаре аст дар Панчакент бо номи Умар Бобомуродов, ки мухлиси ашаддии Олим аст.У метавонад ба шумо кумак намояд, хеле наворхои хуб дорад, вале у хам ба хар кас намедихад. Як дафъа захмати панчсола сабтхои чамъкардаашро барбод доданд, дигар ба касе бовар намекунад. Вале мутмаинам бо шумо хамкори хохад кард. Илова ба у боз шахсони дигар хам шояд ёфт шаванд.
    Аз Шумо ташаккур мекунам, ки вокеан мунсифона менависед ва шахсияти хеле нотакрор дар аабиёту журналистикаи точик хастет. Худо ёратон бод!

    Comment by Шоди | 09.02.2012 | Reply

  2. Ay Daregh, bechora hamty gyzashty raft…ohista ohista hama “Olimon” gyzashta meravandy kishvar tamoman dar dasti akhmaqon memonad! Holo on ki mymkin syrydi behtarinash naboshad ham ki, bo dardi dil mexonadash…dardi many shymo, dardi hamai mo….

    MEMIRAM OXIR!!!!

    While not his best performance, he sings it with all the pain and sorrow within…Olim Boboyev, rest in peace! You are in a better place now!

    Comment by Tajamerican | 12.02.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: