Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сиёҳторик – 2

Дар ду бахши гузаштаи достон шиносоии ҷавоне сар шуд, ки кадом нақшаи пинҳоне дорад дар фазои як деҳаи ваҳмзада аз қатлу куштор. Инчунин ошноии хонанда бо се симои дигар оғоз ёфт – амаки Ҷалол, генерали “мардумӣ” Қурбон ва додари қаҳрамони асосӣ — Нозим. Дар ду бахши нав шиносоӣ амиқтар меравад ва воҳимаи ҷанг бештар мешавад. Ҳама гуна шарҳи Шумо бароям дилнишин аст, махсусан танқидҳо…

Агар аввали ҳикояро нахонда бошед, лутфан ҳамин ҷумларо “ангушт” занед ва қисматҳои 1 ва 2-ро бихонед. Бе онҳо ин бахшҳои нав шояд бароятон фаҳмо набошанд.

3

Дурбин ҳама чиро пеши чашм меовард. Гӯё мешуд даст дароз кард ва онҳоро гирифт. Вақте Акобир чашмакҳои онро ба тарафи деҳаи худ мегардонд, низ кӯчаҳои беодамро медид. Воҳимаи ҷанг ҳамаро хонашин кардa буд. Танҳо дар мактабхона, ки акнун ситоди нерӯҳои деҳа буд, ҷунбуҷӯше ба назар мерасид. Акобир нигоҳашро бозмедошт ва чеҳраҳои шиносро медид. Аммо садои онҳоро намешунид. Дурбин садоро наздик намекард.

Медид, ки генерал Қурбон ба қадамзании ҳаммароми сарбозонаш назорат мекунад, амаки Ҷалол, бо қомати нимахам дар саҳни мактаб мегардад. Аз майдони баскетбол дуд ба ҳаво мехезад — Карими ошпаз дар деги маърака барои сарбозон ғизо мепазад ва аз гармӣ худро ба сояи кӯчаки тахтаи сабаддори баскетбол мегираду бо пушти даст арақи ҷабинашро пок мекунад. Мудири мактаб, муаллим Абдуллоев мисли мурғи посӯхта ин сӯву он сӯ медавад. Вай ба ҳеч ваҷҳ розӣ набуд, мактабро ба ихтиёри генерал диҳад ва мегуфт, вақти тармими тобистона асту бояд деворҳоро сафед ва партаҳову фарши синфҳоро ранг кард.  Сардори деҳа Неъматуллоҳ бо генерал Қурбон сӯҳбат дошт. Аслан генерал ҳарф мезаду ӯ дастҳояш пеши бар бо сари хам гӯш мекард…

Акобир аввалҳо бисёр мехост, дар паҳлуи генерал Қурбон бошад. Ҷонпоси ӯ шавад. Яъне муҳофиз. Он вақт мумкин ба ӯ либоси сабзу сиёҳи ҳарбӣ, мӯзаҳои бандакдор, тасмае бо ситораи панҷгӯша дар сагакаш ва кулоҳи лапардор медоданд. Он вақт вай метавонист, дар паҳлуи генерал қадам занад, ҳамеша ҳамроҳи ӯ гардад ва ҳама ӯро бубинанд. Мумкин буд, ҳатто ба ҷанг равад, тирандозӣ кунад, душманро маҳв намояд ва ҳамчун қаҳрамон баргардад.

Аммо шояд аксари ҷавонону наврасони деҳа ҳам ҳаминро мехостанд ва генерал панҷ нафари онҳоро интихоб кард, аз ҷумла ду ҳамсинфи Акобирро, ки ҳарду ба назараш гӯлу лаванд буданд. Вай ба онҳо ҳасад намебурд, аммо барои худ кореро мехост, ки аз дигарон фарқ кунад. Бино бар ин пешниҳод кард, ки нақши разведкачиро бозад. Яъне кашшоф. Аммо бачаҳо намехостанд, ӯро “кашшоф” номанд. Онҳо мегуфтанд, вай як дидбон аст. Ё посбон. Шунида буд, баъзе баддаҳанҳо гуфтаанд, ки Акобир аз тарси кушта шудан ба сари сафедор гурехтааст. Ин овозаҳо дили Акобирро сиёҳ мекард ва ӯ бисёр мехост, ҷасорати хешро нишон диҳад. Ба хештан мегуфт, ҳатман исбот хоҳад кард, ки тарсу нест. Амаки Ҷалол ба ӯ мегуфт, бояд эҳтиёт кунад, зеро тирҳо аксар вақт ба боло мепаранд. Ба тарафи бомҳо ва шоху барги дарахтон.

“Танҳо як роҳ мемонад,” – мегуфт ӯ худ ба худ ва ҳарчӣ бештар мутмаин мегашт, ки бояд нақшаи пинҳони худро амалӣ ва ҳамаро қоил кунад. Тарҳе, ки дар сар мепарвард, мисли хоре буд, ки ба торҳои нозуки асабаш мехалид ва ӯро ба фиғон меовард.

4

Деворҳои деҳаи ҳамсоя дар паси теппаҳои сари селроҳа андаруни хокбориш хаёле сафедӣ мекарданд. Бомҳои кабудтоби шиферӣ ҳам акнун хокранг буданд. Аз миёни онҳо ҷо-ҷо сари гунбазшакли дарахтон дидa мешуд. Хоке, ки аз осмон мерехт, ҳамаи онҳоро ба деворҳову бомҳову дарахтони коғазӣ монанд карда буд. Ва азбаски ҳеҷ чиз таконе намехӯрд, манзара ба як сурати ноҷунбон шабоҳат дошт. Акобир фикр кард, агар хокборро ба ҳисоб нагирад, ин аслан бад ҳам нест, ки табиат шах шудааст, зеро дар чунин манзара хурдтарин ҳаракат метавонист зуд ба чашм бирасад. Аммо изтироб ӯро шиканҷа медод ва дилаш танг мешуд. Барояш ҳаво намерасид ва чашмонаш мехориданду месӯхтанд. Намедонист, бухси дилаш аз нафастангист ё чизи дигар.

Поён нигарист. Додараш Нозим ҳаргиз зиқ намешавад, зеро ҳамеша машғул ба хондани китобест. Акобир китобро аслан дӯст намедошт ва ба фарқ аз Нозим дар мактаб фақат баҳои паст мегирифт. Падараш то замоне ки зинда буд, Акобирро барои ин азият медод. Модараш коре ба мактабхонии ӯ надорад. Баъд аз сари падар Акобир сардори хона аст.

Нозим пешаи баргузидаи Акобирро хуш надошт ва мегуфт, аз оғоз намебоист, ба ин моҷаро шарик шуд. Хуб, Нозим умре бо касаливу бемориҳо калон шуда, ҷисми наҳифу нозуке дошт ва аз диди Акобир касе буд, ки умуман ба дарде даво намешуд. Акобир ҳамеша ӯро “занак” ё “занфеъл” меномид. Вақте дар сояи сафедор бо ҳам таом мехӯрданд, ба ҳоли Нозим механдид, ки агар ҳоло як урду аз деҳи ҳамсоя ба ин ҷо ҳамла кунад, Нозим мисли заргӯш ҷуфтакзанон хоҳад гурехт.

Гоҳе аз ғояти гармо, хокбориш ва хастагӣ ба чашми Акобир чунин мерасид, ки дар ҳақиқат издиҳоми сиёҳе аз деҳаи ҳамсоя сӯи деҳааш ҳаракат дорад. Онҳо қомати худро хамонда, мили силоҳҳои хешро пеш афканда, бо қадамҳои хурд, аммо суръати тез ба ин сӯ меоянд. Мисли мӯру малах. Ва танҳо як ҳадаф доранд, ки ҳама мавҷуди зиндаро дар ин деҳа аз байн бубаранд. Ду чиз буд, ки медурахшид — чашмони хашмгин ва мили силоҳи онҳо.

Генерал Қурбон мегуфт, онҳо хунхоранд ва ба касе раҳм намекунанд. Онҳо мехоҳанд, ҳамаи мардинаро нест ва модинаро дасти зӯрӣ кунанд ва дороии деҳаро ба яғмо баранд. Мудири мағозаи деҳа Нусрат ва амаки Ҷалол ҳам айни ҳамин чизҳоро мегуфтанд ва мехостанд, ба ҷои интизор нишастан бояд ба деҳаи ҳамсоя ҳамла карду ҳамаро кушт. Фақат сардори деҳа Неъматуллоҳ  мисли муаллим Абдуллоев камтар аз ҳамаи дигарон ҳарф мезад. Вай бисёр вақт ба як нуқта чашм дӯхтаву беҳаракат менишаст. Ба ҳамаи пурсишҳо генерал посух медод ва ҳама низ аввал назди ӯ мерафтанд. Вале мегуфтанд, генерал боз мушовироне дошт, ки шабона аз марказ меомаданду чашми рӯз накафида мерафтанд ва касе онҳоро надидааст. Ба ҳар сурат мардум вазъро пурхатар мешумурданд ва такия ба генерал зада буданд.

Акобир ду рӯзи охир барои худ тарҳе мекашид, ки ҳамдеҳагонашро аз ин вазъи пуризтиробу нороҳат наҷот диҳад. Вай намехост, касе аз нақшаи ӯ огаҳӣ ёбад ва бовар дошт, ки дар замираш нутфае аз қаҳрамонӣ ва ҷонфидоӣ дорад.

Радиои сари кӯча, баъд аз он ки ду бор азон дод, аз кор афтод. Дар марказ ҳокимият иваз шудааст ва онҳое омадаанд, ки акнун азону намозро аз радио пахш мекунанд. Ягон телефон кор намекард, рӯзномаҳову маҷаллаҳо дигар ба ин ҷо намерасиданд ва касе хабар надошт, дар олам чӣ мегузарад. Аслан муҳим ҳам набуд, ки кори дунё чӣ шудаву чӣ нашуда, ҳама ба деҳаи ҳамсоя фикр мекарданд. Мегуфтанд, як ҳафта пеш бачаҳои деҳаи ҳамсоя вориди деҳаи Акобирино шуда, як зану шавҳари ҷавонро куштаанд ва сарвати онҳоро бурдаанд. Баъд гуфтанд, нафаре аз деҳаи ҳамсоя омада гови Усто Ширинро бурдааст. Агар себе аз дарахт меафтод, ҳатман боде гунаҳкор буд, ки аз деҳи ҳамсоя вазидааст. Деҳи ҳамсоя акнун дар марказу меҳвари тамоми гапу кор буд.

Бисёрии хабарҳои воҳимаангезро амаки Ҷалол ба аҳли деҳа мерасонд. Вале муаллим Абдуллоев ба ҳар гуфтаи амаки Ҷалол шубҳа мекард. Вай бе он ки ба чашми ҳамдеҳагонаш бингарад, мегуфт, мардуми деҳаи ҳамсоя ҳам айни моянд ва фарқе аз мо надоранд ва ин ки дар пойтахти кишвар ду гурӯҳ дар ду майдон ҷамъ омадаву бо ҳам талху тунд мегӯянд, набояд ба мову ҳамсоягони мо рабте дошта бошад. Вале ҳама ба “эъ”-у “аъ”-гӯӣ медаромаданд ва намегузоштанд, ӯ суханашро ба фарҷом барад.

Акобир дар ин миён танҳо ба як ҳарф бовар дошт, ки оре, аҳли он деҳа низ мисли ин деҳа буданд, фарқе намекарданд, зеро чанде аз бачаҳои он деҳаро дида буду мешинохт, ки дар мактаби Акобирино мехонданд, он мактабе, ки акнун аскархона шудааст. Яке аз онҳо Назокат духтараки сафедак буд, ки дили бисёре аз ҳамсинфонашро рабуда буд. Аммо Акобир фикр мекард, вай аз он гурӯҳи дилбохтагон набудаасту нест. Ҳарчанд вақте ки чеҳраи латифи Назокат ва қатори кокулчаҳои бешумори ӯ пеши назараш меомад ва дилаш хаёле фишурда мешуд. Ба ҳар ҳол, бачаҳои деҳаи ҳамсоя фарқ доштанд. Онҳо ҳамеша бо ҳам мегаштанд, ба бозиҳо шарик намешуданд ва баъзан чизҳое мегуфтанд, ки ҳамдеҳагони Акобир ба фаҳмашон намерафтанд.

Ин андешаҳо дар сар Акобир дурбинро аз чашм гирифт ва ба латтаеро аз ҷайб берун оварда, ғубореро, каи рӯйи шишаҳои он нишаста буд, пок кард. Ранги мустаҳками сиёҳу хурмоии ин дурбини ҳақиқии ҳарбӣ ҳар дафъа дили Акобирро ба тапиш меовард. Вай онро аввалин ҷоизаи ҷангии худ медонист, ки аз дасти ину он на, балки аз дасти генерал Қурбон гирифтааст. Ин дурбини душоха замоне пайдо шуд, ки ҳамчунин аслиҳаи зиёди нав, ҳамон либосҳои алобуло ва мӯзачаҳои бандакдор пайдо шуданд. Муаллим Абдуллоев мегуфт, ки русҳо овардаанд. Аммо амаки Ҷалол ба номи Худо қасам мехӯрд, ки кадом чархболе шабона аз осмон партофтааст. Ба Акобир аз он либоси ҷангӣ ва мӯзачаҳои сиёҳ чизе нарасид ва ин беэътиноӣ ӯро бисёр озурда кард. Магар кашшофӣ муҳимтар аз машқи қадамзанӣ нест? Магар ӯ дар сафи пеши ҷабҳа қарор надорад? Гуфтанд, либоси ҳарбӣ ва мӯзаҳои сарбозӣ тамом шуд, агар боз бифиристанд, ин дафъа ба ӯ ҳам хоҳанд дод. Вай он рӯз бо чеҳраи гирифта, аз мактаб баромад ба ҷойгоҳи худ, сари сафедор баргашт.

12.02.2012 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Таҷриба, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳикоя

5 Comments »

  1. Salom! Idomai oli! Kalimai Ҷонпос xele zebo menamoyad va pesh az in hikoyaro xondar dar joe vo naxurda budam. Shoyad shakli digarshudai jonboz (fidokor) boshad? Ammo man az kujo va chixel soxtashudaast kore nadoram, zebost! Ba fikram chunin kalimavu iborahoro bisyortar istifoda bared ba shakle ki dar bolo ovardaed yo ki bo jufti sinonimiash hikoya boz ham xondanibobtar meshavad. Muvaffaqiyat!!!!!!!

    Comment by Mullo | 15.02.2012 | Reply

  2. […] Қисматҳои 3 ва 4-и достон. […]

    Pingback by Офтоби сиёҳторик – 3 « Салими Аюбзод | 18.02.2012 | Reply

  3. […] (Идома…) Ирсол ба:FacebookTwitterEmailPrintLike this:LikeBe the first to like this post. […]

    Pingback by Офтоби сиёҳторик « Салими Аюбзод | 25.02.2012 | Reply

  4. […] 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и […]

    Pingback by Сиёҳторик — 4 « Салими Аюбзод | 25.02.2012 | Reply

  5. […] 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. Қисматҳои 6 ва 7-и […]

    Pingback by Сиёҳторик. Поёни достон « Салими Аюбзод | 05.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: