Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Офтоби сиёҳторик – 3

Ин қисмат аз достон хеле ба осонӣ навишта шуд, зеро онро на ман, балки қаҳрамонони ҳикоя худ “навиштанд”. Хотираҳои нависандаеро хонда будам, ки мегуфт, заҳмати аслии ӯ ба офаридани персонажҳо сарф мешавад ва идомаи кораш сабук аст, зеро қаҳрамонони асар дигар худ ба ҳаракат меоянд ва достонро ба вуҷуд меоранд. Ин муаллиф мегуфт, кор ба дараҷае мерасад, ки ӯ дигар назорате ба ҳаёти қаҳрамонон надорад ва наметавонад, ба таври маҷбурӣ сарнавишти онҳоро муайян кунад.

Дар ин бахш аз ҳикоя тақрибан чунин ҳодисае ба ман даст дод. Ростӣ, ман интизор надоштам, ки Нозим – додари қаҳрамони асосӣ Акобир – аз пеши худ корҳое мекунад, ки маро дар ҳайрат мегузоранд. Худо шоҳид, ман аслан рафтореро барои ӯ тарҳрезӣ накарда будам, вай худ бо саркашии хоссе даст ба амал зад ва дар натиҷа, сипосгузорам, ки кори маро осон кард. Хуб, аз ин беш вақти хонандаи арҷмандро намегирам ва инак, идомаи достон. Боз ҳам интизори ҳама гуна танқид, баррасӣ, пешниҳод ва дархости Шумо хоҳам буд.

Қисматҳои 1 ва 2-и достон.

Қисматҳои 3 ва 4-и достон.

Офтоби сиёҳторик ё Ҷанги ду деҳа

5

Манзараҳо андаруни дурбин ба оҳистагӣ аз рост ба чап ҳаракат мекунанд. Нигоҳи бодиққат ва пажӯҳандаи Акобир мисли нурҳои лазер аз хилоли шишаҳои дурбин гузашта, пойи ҳар девор ва сари ҳар сангро як ба як мегардад. Касе нест, ҳаракате нест, боде нест… Ногаҳон дар анбӯҳи дарахтони деҳаи ҳамсоя чизе дурахшид. Хеле кӯтоҳ, аммо тунду барқосо. Гӯё касе аз шохсори он боғҳо ойинаи кӯчакеро ба сӯи Акобир гардонд. Ин ҷарақаи кӯтоҳ тамоми ҳушу вуҷуди Акобирро ба худ кашид. Вай мурвати дурбинро тоб дод, то манзараро барои худ рӯшантар кунад. Аммо ин дурахшиш хеле кӯтоҳ давом карда ва дигар пайе аз он намонда буд. Вай як сония чашмонашро пӯшид ва онро бори дигар дар пилки чашмони худ тасаввур кард. Хотираи нур мисли сӯзан ба чашмаш халид.

Акобир боз хеле фурсат дунболи ин тоб гашт, аммо чизе надид. Вай чашмонашро молид, дар сари зин худро чапу рост ҷунбонду дурусттар нишаст ва аз нав дурбинро ба чашм гузошта, бо диққати тамом ба деҳаи ҳамсоя хира шуд. Аммо ҳарчанд бо нигоҳаш ҳар ваҷаби он ҷоро гашт, чизе надид ва фикр кард, шояд фиреби назар буд ё акси нур дар барги дарахте. Вале барои ин барг бояд ҷунбад ё таҳурӯ шуда бошад, то сароби дурахшиш ба вуҷуд ояд. “Шамол нест, чӣ гуна барг такон хоҳад хӯрд,” — фикр кард Акобир ва дилаш хаёле фишурда шуд.

Қатли ҳашт тан аз ҳамдеҳагон ва овозаҳои ҷанг дар сартосари кишвар ҳамаро васвосӣ карда буд. Автобуси зарде, ки ҳар рӯз се дафъа ба деҳа омадаву одамонро то маркази ноҳия мебурд, дигар нопайдо гашт. Амаки Ҷалол мегуфт, бачаҳои деҳаи ҳамсоя ба он оҳан кафшер кардаву автобусро ба зиреҳпӯш табдил додаанд. “Қасам ба номи Худо, ранги танка аст! Як лула аз пешаш баромадааст, ки ба фикрам, оташгулӯла мепартояд. Як бор занад, аз ин деҳаи мо хасе намемонад, қасам ба номи Худо!”

Ҳамин амаки Ҷалол мегуфт, ронандаи автобусро бензин нӯшондаанду баъд ӯро оташ задаанд. Аз дарун таркидаву порчаҳои баданаш ба рӯйи бому дарахтон фуруд омадааст. Аммо ин бор ба номи Худо қасам намезад ва касе ба ин ҳарфаш бовар ҳам намекард, ҳарчанд гурги шубҳа ба дили одамон роҳ меёфт ва чангол мезад. Мегуфтанд, аз ҳашт мурдаи деҳа қотилон якеро пӯст кандаву чашми чаҳор нафари дигарро кофтаанд  ва се тани дигарро гӯшу бинӣ буридаанд. Акобир надидааст, вале ҳамсинфонаш, ки акнун аз ҷонпосони генерал Қурбонанд, савгандҳои сахт мехӯрданд, ки дидаанд.

Дилаш дар шиканҷаи ин ваҳшат Акобир ҳамоно дунболи он дурахши ногаҳоние мегашт, ки дар шохсори деҳаи ҳамсоя тобе заду нопадид гашт. Чӣ чизе метавонист, ин гуна барқ занад. Оина, мили силоҳ ё кулаҳхӯди оҳанӣ? Ин пайт боз сари нақшаи худ баргашт ва фикр кард, Нозимро дар ҷои худ бигузораду шабона, пинҳонӣ ба деҳаи ҳамсоя равад ва билоахира, бо чашми сару аз наздик бубинад, ки он хунхорони ваҳшӣ бо чӣ машғуланд, чанд нафаранд ва чӣ омодагиҳо доранд. “Ин дарвоқеъ як қаҳрамонӣ мешавад!” – дар дил хитобид Акобир. “Ман ҳамаро қойил мекунам, ҳатто генерал Қурбонро.” Аммо аз сӯи дигар дилашро ваҳм пахш кард, ки мабод ӯро асир гиранд ва мисли ронандаи автобус ё ин ҳашт ҳамдеҳааш ваҳшиёна ба қатл расонанд? Дурбин ба чашмон гузошт ва бори дигар ба деҳаи ҳамсоя чашм давонд, ин бор мисли шахсе, ки бояд аз роҳу дӯнгиҳои он гузарад ва дохили деҳа равад.

Дилаш хост, бо додараш Нозим машварат кунад. Вале зуд аз райъяш гашт, зеро фикр кард, Нозим сирнигаҳдор нест ва ин кор бояд зери пардаи ситабри асрор ба вуқӯъ пайвандад.

Вай тасаввур кард, дар саҳни мактаб истодааст. Генерал Қурбон дар рӯбарӯяш ва дар паси ӯ ҳамаи артиши деҳа, дар китфи рост сарвари деҳа Неъматуллоҳ, амаки Ҷалол, Нусрат, Карими ошпаз, муаллим Абдуллоев, зану марди деҳа… Ва ӯ нақл мекунад, ки чӣ хел аз байни буттаҳои сари роҳ дилғеҷ рафту ба деворҳои хокрез расид ва аз обмӯрӣ ба боғе даромад ва ба кӯчаи марказии деҳаи ҳамсоя расиду дид, ки…

Нозим аз поён ӯро фарёд кард, ки фурояд, ғизо овардаанд. Ғизои сарбозӣ, ки Карим дар саҳни мактаб омода кардааст. “Махсус барои кашшофон,”– ба худ гуфт Акобир ва дилашро ифтихор пур кард. Вай кашшофи ҳарбист ва бояд вазифаашро то охир иҷро кунад. Вазифаи кашшоф танҳо нишастани сари сафедор нест. Бояд пинҳонӣ ба деҳаи ҳамсоя равад, авзоъро бубинад ва агар ҳатто тавонад, ягон фисинро ба ҳайси “забон” асир гирифтаву ба деҳаи худ орад. Ин аст қаҳрамонӣ!

Чаҳор нафар дар ду фалаки сабзи сарбозӣ, ки рӯяшон ситораҳои панҷгӯша ва досу болға доштанд, барои артиши деҳа хӯрок мекашонданд. Ба сари ҷӯ — посгоҳи 1, ба сари роҳи самти деҳаи ҳамсоя – посгоҳи 2, ба сари роҳи самти маркази ноҳия – посгоҳи 3 ва ба пойи сафедори Акобир – посгоҳи 4. Шуллаи сарбозӣ. Биринҷи ҷӯшида, порчаҳои хурди гӯшти чарбудор, оби ширешвор часпак. Ҳунари Карим, як вақтҳо барои чашидани оши ӯ аз ҳама деҳаҳои атроф одамон меомаданд, акнун фақат ба ҳамин мерасид.

Вақте ки Акобир ҳамроҳи Нозим хӯрок мехӯрд, чанд бор базӯр худро нигаҳ дошт, то сирри ҳарбӣ ё нақшаи махфи худро ифшо накунад. Гӯё бадқасдона Нозим фақату фақат дар бораи ҷанг ҳарф  мезад ва суол медод:

— Акобир, ҳамин ҷангро дар ватани мо кӣ сар кард, ту медонӣ? Охир, чӣ зарур шуд, ки одамон ҳамдигарро бикушанд? Як рӯз мешавад, ки аз карда пушаймон мешаванд, аммо суде ку?

— Хунхорҳои деҳаи ҳамсоя сар карданд. Онҳо омаданду авлодии Аббосиҳоро куштанд. Онҳоро бояд аз дами теғ гуза…

Нозим нагузошт, ки Акобир ҳарфашро тамом кунад:

— Шояд ин як дуруӯғ аст? Ту ки надидӣ мурдаҳоро. Баъдан ман ин ҷоро намегӯям, ҳамаи мамлакатро мегӯям, деҳаи мо ҳамаи ватан нест ку. Нигоҳ кунӣ, дар ҳама ҷо ҷанг, одамкушӣ, мегӯянд, ки  ҳазорон нафар лоқу пар сари китф дар роҳҳо гуреза шудаанд.

Ба назари Акобир чунин меомад, ки Нозим аслан чизе намехӯрад ва хуш дорад, сафсаттасароӣ кунад. Посухе надод ва зуд-зуд, луқмаҳоро нохойида фурӯ бурду бархост.

— Вақти пак-пак нест. Ҷанг аст, бародар. Генерал Қурбон шунидӣ, чӣ мегуфт, вақти хун ба хун аст!

— Акобири ҷон, — гуфт Нозим, — биё, бас кун ба ҳаминҳо шиштану хестанро. Касе ҳаст, ки ҳамаи моро фиреб медиҳад, ки хуни ҳамдигарро ошомем. Як бор фикр кун, ана, рафтему ҳамаи мардуми деҳаи ҳамсояро куштем, баъдаш чӣ? Давомаш чӣ мешавад? Чӣ кор мекунем? Дигарон меоянду ҳамаи моро мекушанд ва ҳамин тавр ин чархи дев мегардаду мегардад, то ки як каси зинда намонад. Баъдаш чӣ мешавад? Кӣ аз ин бурд мекунад?

Акобир, дар ҳоле, ки чумча дар даҳонаш буд ва ба Нозим менигарист, аз ҷой бархост ва чумчаро аз байни дандонҳояш гирфту ба дур партофт ва наъра зад:

— Ба ҳурмати рӯҳи падар, бача, сари маро гаранг накун. Фикр мекунӣ падари мо дар садама мурд? Амаки Ҷалол ба ман гуфт, ки ӯро дар деҳаи ҳамсоя кушта, баъд бо мошинаш аз ҷарӣ партофтаанд. Ман қасди падарамро мегирам…

— Номаъқул кардааст, амаки Ҷалол. Ин воқеаи нӯҳ сол пеш буд ва исбот ҳам шуд, ки як садама, як тасодуф буд. Туро гӯл задаанд.

Акобир ба фарёдзании таҳдидомез гузашт:

— Ту ҳеҷ чиза намедонӣ. Ту як тарсуӣ. Агар мо ҳозир ба мурдан тайёр набошему қаҳрамонӣ накунем, рӯҳи падар моро намебахшад. Мо як роҳ дорем, ки бояд ғалаба кунем.

Ногаҳон Нозим ҳам бархост ва бо тамоми нерӯ Акобирро ба оғӯш гирифт. Акобир ҳайрон шуд. Инчунин хислати додарашро бори аввал буд, ки медид. Ҳис кард, ки китфаш дар он ҷое, ки сару рӯйи додараш фурӯ рафта буд, тар мешуд. Ба шаст худро канор кашид ва фарёд баровард:

— Чӣ?! Гиря мекунӣ?! Эҳ, малакасос-кӯдак. Ту бояд равию дар хона шинӣ, ҷои ту ин ҷо нест. Рав! Косаҳоро ҳам бар, модар бишӯяд. Ман вақти “изи-мизӣ” надорам…

Чеҳраи додараш алвон шуда буд. Он қадар сурх гашту буд, ки гӯё рӯяшро бо хун шуста бошад. Ашк аз чашмонаш шашқатор мерехт. Акобир хам шуда, косаҳои алюминро ба рӯмол печонд ва ба дасти Нозим дод. “Рав! Ман имшаб худам танҳо посбонӣ мекунам…”

Вай хаёле Нозимро тела дод. Ва баргашту ба сафедор часпид. Чобук, тунд ва бадхашмона…

То шом ҳанӯз фурсат зиёд буд ва Акобир метавонист, бо диққати тамоми масири шабехуни кашшофонаи худро пажӯҳиш ва танзим кунад. Дурбин ҳама ҷузъиёти ин роҳро барояш муайян мекард. Беҳтарин масир аз поёни боғи деҳа сар мешуд. Ҷое, ки аз посгоҳи дувум қариб дусад-сесад қадам дуртар буд ва агар боэҳтиёт аз он ҷо замоне барояд, ки дидбонҳои гаштӣ дур рафта бошанд, касе вайро нахоҳад дид. Сипас аз нишебӣ ба тарафи деҳаи ҳамсоя меравад, зеро агар аз роҳи нима равад, шояд дидбонҳои деҳи ҳамсоя ё дидбонҳои худӣ ӯро пайхаст кунанд. Хоктӯдаи баланди деҳаи ҳамсоя низ метавонад, хатарнок бошад, зеро одатан дар чунин мавзеъҳо камин мегиранд. Пас Акобир бояд ба шакли нимдоира роҳи тӯлонитареро равад ва аз паҳлу, аз гӯшаи шимолии деҳа вориди он шавад…

Вай тоб хӯрд ва ба самти ғарб нигарист. Суроби додараш Нозимро дид, ки ба хона, тарафи офтобшин мерафт. Сархаму сангин, гӯё дона-дона қадам мегузошт, оҳиста мерафт, китфҳояш гӯё аз бори вазндори ноаёне хамида буданд ва ҷуссааш ба пирсоле мемонд, ки чизе дар пушти сар надорад, ки дилвопасаш бошад ва дар пешорӯ чизеро дорад, ки чӣ будани онро дақиқан медонад ва атрофашро нури гулобии офтоби аср фаро гирифтааст. Аз чӣ бошад, дили Акобир сих зад. Ба як бор худро дар ин баландии тори сафедор танҳову бекас ҳис кард. Шояд дуруст набуд, ки додарашро ба хона фиристод. Ва ҳамроҳаш рафтори хуб накард. Худаш надонист, чаро ва чӣ гуна чунин шуд. Шояд беҳтар буд, ки сирро мекушод ва онҳо додару ако, китф ба китф, ҳамроҳ ба кашшофӣ мерафтанд? Ҳоло нақша барояш сангин ва ваҳмангезтар менамуд. Фикр кард, мумкин аст, тани танҳо аз пайи он шудан ё посгоҳи худро холӣ гузоштану рафтан дар дилаш шубҳа ангехтааст. Худро таконе доду пеш нигарист ва аз нав чашмҳои дурбинро ба чашмонаш ниҳод. Ба ҳар ҳол он дурахши ногаҳонии миёни шoхсорон оё чӣ буд?

(Идома хоҳад дошт…)

18.02.2012 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳикоя

4 Comments »

  1. Офарин, Устод! Кори хубу заруриеро огоз кардаед. Он хатое, ки аз мо сар зад, бояд дар сафхахои таърих бе каму кост сабт шавад, то акалан наслхои баъди ибрат гиранду такрор накунанд. Муваффак бошед!

    Comment by Фарид | 23.02.2012 | Reply

  2. Дастатон дард накунад! Мавзуъ хеле чолиб ва мохирона инъикос ёфтааст. Давоми киссаро бесаброна интизорем. Хамеша комёб бошед!
    Камоли

    Comment by Камоли | 23.02.2012 | Reply

  3. […] Қисматҳои 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. […]

    Pingback by Сиёҳторик — 4 « Салими Аюбзод | 25.02.2012 | Reply

  4. […] 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. Қисматҳои 6 ва 7-и […]

    Pingback by Сиёҳторик. Поёни достон « Салими Аюбзод | 05.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: