Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сиёҳторик — 4

Самимона сипосгузорам аз ҳамаи онҳое, ки бо номаҳо ё ишораҳои хеш ба ман ёрӣ ва нерӯ медиҳанд, то кореро, ки сар кардаам, ба поён расонам. Онҳо бароям ҳолати гуфтугӯи зиндаро меофаранд, ки медонам, барои кӣ ва чаро ин ҳамаро менависам. Ман бо сипоси бекарон ҳузури ҳар яки Шуморо ҳангоми навиштан ё веросторӣ ҳис мекунам. Аммо боз ҳам интизори назарҳои танқидгарона боқӣ мемонам. Бигзор дӯстон бизананд табарвор…

Чунин назарҳо хеле муҳиманд, зеро ин варианти аввали асар аст ва агар нуқсе дошт, ба ман нишон диҳед, то ислоҳ кунам. Ва ҳам нависед, ки бардошти Шумо чист. Талош кардаам, назар ба гузашта содатар бинависам, то хонанда дар дарки матлаб мушкили суханнбозӣ надошта бошад.

Қисматҳои 1 ва 2-и достон.
Қисматҳои 3 ва 4-и достон.
Қисмати 5-и достон.

Офтоби сиёҳторик ё Ҷанги ду деҳа

Акобир занҷирҳои камарбандро аз шох гузаронд ва ҳис кард, ки акнун бо сафедор на танҳо рӯҳан, балки ҷисман низ як шудааст. Тани худро сар дод ва донист, ки агар дар ин баландӣ хобаш барад ҳам, поён нахоҳад афтод. Шом мерасид ва гармои хоколуд хобовар буд.

   6

Аз сари дарахтони деҳаи ҳамсоя, аз ҳамон ҷое, ки чизе барқосо сечида буд, хатти борику ларзони сафеде ба сӯи осмон ҳаракат кард. “Мушак,”— ангошт Акобир, — “ана, ин чӣ будааст!” Хатти сафеди каҷукилеби тобон ба як баландии муайян расиду аз онҷо ҳамон гуна каҷала сарозер шуд Мушакпарониҳои тӯй ва идҳо ба ёдаш расид. Вақте поинтар омад, даргирифт ва нав тамоми атрофро рӯшан карда буд, ки душман мушаки дуюмро сар дод.

Дандонҳои Акобир дарднок ба ҳам фишурда шуд ва нафасаш гӯё дар гулӯ дармонд. “Касифҳо! Хун мехоҳед? Ҷони бегуноҳонро мехоҳед? Арвоҳзадаҳо… Сар шуд!” –  Нидо кард Акобир дар ҳоле ки даступояшро ларза гирифта буд. Ин лаҳза рӯшании азиме пардаи нимторики шомро дударрон кард. Атроф мисли рӯз рӯшан шуд. Осмон пур аз мушак буд ва яке паси дигар даргирифтаву ҳама ҷоро сафед мекард. Аз чаҳор сӯи деҳаи Акобирино нурафканҳои қавӣ баробар рӯшан шуданд, ки ба прожекторҳои пурқудрат монандӣ доштанд ва Акобир фикр кард, ин чароғи танку зиреҳпӯшҳоест, ки акнун ба деҳаи ӯ ҳамла хоҳанд кард. На, ин ҳама нурафканҳо дар атрофи сафедор буданду дастаҳои рӯшании чашмхиракунандаи онҳо ба сӯи Акобир равона шудааст. Онҳо ситоди Акобирро кашф кардаанд ва зери ҳамлаи нур гузоштаанд.

Дар ин рӯшании рӯшантар аз рӯз Акобир дид, ки сафедор ягон барг надорад, мисли он ки дар фасли зимистон бошад, тамоми баргҳояш рехтаанд ва шохҳои хушкаш, ки аслан ҳамагӣ бояд сафедранг бошанд, зери шуъои кӯркунандаи нурафканҳои азим, мисли осӯхтаҳо сиёҳанд. Дар поён, гирдогирди сафедор мардони таҳамтани мусаллаҳ ба тарафи Акобир ангушти ишора боло кардаву баробар механдиданд. Бо мӯй ва ришҳои расида, бо чашмҳои хунгирифта, кулоҳу либосҳои жанда ва панҷаҳои чанголмонанди худ онҳо ба шеру палангу гургҳо монанд буданд, ки сайдеро дар миёна гирифтаанд. Дандонҳои калони онҳо дар рӯшании нурфаканҳо медурахшад. Ба ҳоли Акобир механданд ва сипас, ҳама баробар мили силоҳҳои худро ба сӯи ӯ мегардонанд. Садҳо силоҳ, садҳо тир омода ба шикори ҷони Акобир…

Вай такон хӯрд, бедор шуд ва ҳаросон ба атроф нигарист. Баргҳои сафедор дар ҷои худ буданд. Шом расида буд ва атроф сокит. Оҳи сарде бо дарди бузург аз дилаш берун рафт. Вай надонист, чӣ вақт ва чӣ гуна ба ғанаб рафтааст. Манзараи чашмхиракунанда ҳамон дар пеши чашмаш буд ва ҳавл дили ӯро мефишурд. Сараш чарх мезад, тамоми ҷисмашро арақи сард пахш карда буд ва қай кардан мехост.

7

Барои кашшоф, он гуна ки Акобир аз филмҳо дар ёд дорад, муҳимтарин чиз ҳаракатест, ки ба чашми дигарон аён набошад. Бояд садое барнаояд ва сояе наҷунбад. Акобир вақте ба ин чизҳо фикр мекард, ки аллакай аз паси буттаҳои подомани полези касе ба кӯчаи марказии деҳаи ҳамсоя менигарист. Вай кайҳо аз сари сафедор фуромада, калтакеро, ки дирӯз сохта буд ва ҳам корди калонро, аз махфигоҳаш гирифта, зери пардаи торикии шаб худро ба ин ҷо расонда буд. Ягона ҷои хатарнок дар ин масир барояш сойи беоб буд, ки тавонист, бо қомати хамида ва эҳтиёти тамом пой аз санг ба санге гузоштаву ба соҳили беоб расад ва чанд дақиқа дар паси хоктӯдаҳо интизори сару садое аз деҳаи душман пинҳон бихобад.

Ҳанӯз пеш аз ҳаракат, аз сари сафедор дида буд, ки дар деҳаи ҳамсоя ягон чароғ рӯшанӣ намекард ва ҳоло, вақте бовар кард, ки садое низ нест, пеш хазид ва аз боғе гузашта, ба самти кӯчаи байни деҳа омад. Ҷое чӯбу сангҳое дар чашмаш монанди устухони одамӣ сафедӣ кардад. Аз ваҳшат ба баданаш мурғак дамид. Нафаскашиюш тунд шудаву гоҳо фикр мекард, дил аз қафаси синааш берун меҷаҳад.

Дар ҳамаи ин масир танҳо як бор шишапорчаеро пахш кард ва як садои “чарс” баланд шуд. Пас аз ин садо чанд лаҳзаи дароз, шояд чанд дақиқаи тӯлонӣ дар ҳамон пай беҳаракат истод ва тамоми вуҷудаш гӯшу ҳуш шуд, то бидонад, ки касе садои пои ӯро шунидааст ва оё садое аз атроф хоҳад бархост. Дар торикӣ дида намешавад, ки қадам ба куҷо мегузорӣ. Бояд ба ҳавои пой пеш рафт ва пойро оҳиста бардошт, лаҳзае сабр кард ва сипас ҳамон гуна ба оҳистагӣ онро ба замин гузошт. Аввал бо вазни андак ва пасон кам-кам вазнро бояд рӯйи н пой андохт ва пойи дигарро аз замин бардошт.

Вале бо чунин эҳтиёткорӣ ҳам нахоҳӣ донист, дар зери поят шиша аст, санг ё порчаи чӯб. Ин буд, ки қадамаш чунин садо дод. Аммо баъди ин садои ногаҳонӣ низ дар атроф сукути тамом ҳукмфармо буд. Ангор, дар деҳа касе нест. Ба ҳар ҳол то ин ҷо аз миёни чанд полез гузашт ва ҷонзодеро надиду садое нашунид. Ҳатто саге нест, гурбае, гову гӯсола ё гӯсфанде. Деҳа холӣ буд. Вай фикр кард, ин як фиреб аст ва фармондеҳони деҳаи ҳамсоя ин қадар маккоранд, ки мардумро дар куҷое махфӣ кардаанду худ дар камин нишастаанд. Лаҳзаҳое мешуд, ки вай бо тамоми вуҷудаш ҳис мекард, касе бо диққати тамом ҳар як ҳаракати ӯро мебинад, мепояд ва ба ҳисоб мегирад. Оё ин лаҳзаҳои сукут чӣ қадар идома мекарда бошад?

Мақсади Акобир сода буд. Мехост, аз дур ҳам бошад, фақат як бор, бо гӯшаи чашм бубинад, ки аҳли деҳаи ҳамсоя чӣ омодагиҳо доранд. Агар чизе дид, мехост, зуд ба деҳаи худ баргардад ва ҳамагонро огоҳ кунад, ки воқеан, ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад. Аввал ба генерал Қурбон гузориш медиҳад ва сипас, хона ба хона гашта, одамонро аз хоб мехезонад, ки ҷамъ шаванд ва қарор кунанд – ҷанг ё фирор? Фикр мекард, бо нишастан сари сафедор чизе иваз намешавад. Бояд як коре кард. Набояд ором буд. Бояд рӯшан шавад, ки ин сар хоҳад омад ё он сар.

Акобир ба назди мағозаи деҳаи ҳамсоя расид. Ин ҷое буд, ки автобуси зард барои чанд лаҳза бозмеистод ва дари худро боз кардаву мусофирони интизорро ба комаш мекашид. Акобир чандин бор аз дохили автобус ба фурӯшгоҳ, ки дар пештоқаш “Селмаг” навишта буданд ва садаи назди он нигаристааст. Дар хараки зери дарахт одатан чанд мӯйсафед нишаставу бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Ҳоло дар торикии шаб дид, ки ба дари фурӯшгоҳ ба шакли салиби каҷ тахта задаанд ва хараки зери дарахт шикастаасту касе дар ин атрофу акноф нест. Фикр кард, ки хабисони деҳаи ҳамсоя автобуси табдилшуда ба зиреҳпӯшро куҷо махфӣ карда бошанд. Аммо нишонае аз он ба чашмаш нахӯрд.

Шердил шуд ва ба мобайни роҳ баромад. Бигзор ӯро бубинанд ва шояд калтаки дасташро силоҳ фикр кунанд. Бубинанд, ки дар дасти дигараш ханҷаре мисли шамшер аст. Бубинанд, ки ӯ тарсу нест ва омодааст, то ӯро накуштаанд, душманашро бикушад. Аммо кӯчаи сербар холист, касе нест ва ҳаракате низ. Деҳа холии холист. Вай ҳоло ҳатто метавонист, ҳуштаккашон, сурудхонон аз моварои деҳаи душман гузарад. Вале шубҳае ӯро боздошт. Мағозаро аз пас давр зада, ба самти чойхона рафт. Чойхона холӣ буд. Рӯйи катҳо мисли пешина гилемча, мизҳои пастак ва дастархоне набуд. Маълум, ки ҳамаро баста ва бурдаанд.

Ба самти мактаб рафт. Ин ҷо буд, ки дилаш аз нав сахт ба тапиш даромад. Фикр кард, шояд онҳо ҳам мактабро сарбозхона кардаанд. Чанд қадам монда буд, ки як садо ба гӯшаш расид ва ӯ дар ҷойи худ санг гашт. Лаҳзаҳое истод. Вале дигар садое набуд. Ангошт ин сукут буд, ки дар гӯши ӯ занг зад. Саҳни мактаб, долон ва синфхонаҳои он холӣ буд. Қадамҳои Акобир дар долон акси садо медод ва ӯ фикр мекард, дарвоқеъ як қаҳрамон аст, ки ба лонаи душман пой ниҳодааст. Симоҳои генерал Қурбон, амаки Ҷалол, Нусратуллоҳи саркор, додараш Нозим мисли навор аз назараш гузаштанд. Танҳо чеҳраи падараш буд, ки бозмонд ва ба ӯ табассум кард. Акобир бо дили пур аз фараҳ гӯё ба падар мегуфт, пирӯз шудааст ва ба ҳамдеҳагони худ наҷот овардааст.

Бо ҳамон роҳе ки омада буд, бозгашт, лекин барояш чунин намуд, ки ин бор роҳ ба маротиб кӯтоҳтар шуда буд. Вай аз хурсандии қаҳрамонии худ дар осмонҳо буд ва аввал ҳатто мехост, аз роҳи калони нимааш шабеҳи сойи беоб ба деҳаи худ баргардад, вале ҳамчун кашшофи ҳарбӣ ҳадс зад, ки мумкин аст, ҳамдеҳагонаш ӯро душман гумон кунанд ва ҳадафи тир қарор диҳанд. Биноан ба он роҳи махфии худ баргашт, ки ба деҳаи ҳамсоя рафта  буд.

Пойи сафедор омад ва лаҳзае истод. Аввал ҳайрон шуд, ки чаро Нозим дар ҷои доимии худ нест, баъд ба ёдаш расид, ки худи ӯ Нозимро аз ин ҷо ронда буд, Лабханде зад. Дилаш барои додараш сӯхт ва фикр кард, баъд аз он ки ба генерал хабари холӣ будани деҳаи ҳамсояро мерасонад, метавонад осуда ба хона, назди модар баргардад ва агар Нозимро ход рабуда бошад, ба ҳамон гунае ки имрӯз Нозим ӯро оғӯш карда буд, додараш сахт канор мегирад ва мебӯсад. Аз ин андешаҳо дилаш мисли боғи баҳорон мешукуфт. Ҷанг нест, душмане нест. Ҷангу одамкушӣ намешавад. Магар Нозим ҳаминро намехост?

Акобир ханҷар ва калтакро дар махфигоҳ гузошт, аз сатили зери сафедор бо кафонаш об гирифта, ба сару рӯи худ зад ва бе он ки рӯяшро пок кунад, ба мактаб равон шуд, ба назди генерал Қурбон.

(Ташаккур, ки хондед. Давомаш ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Ба поёни ғисса наздик мешавем. Лутфан, андешаҳои худро бинависед…)

25.02.2012 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Худшиносй, Ҳикоя |

2 Comments »

  1. Oli! Dastaton dard nabinad. Tavoni onro nadoram ki isloh io tanqide oram. Besabrona davomashro intizorem. Nimkhoma ham boshad bardored.

    Comment by ilhom | 04.03.2012 | Reply

  2. […] Қисматҳои 1 ва 2-и достон. Қисматҳои 3 ва 4-и достон. Қисмати 5-и достон. Қисматҳои 6 ва 7-и достон. […]

    Pingback by Сиёҳторик. Поёни достон « Салими Аюбзод | 05.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: