Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сиёҳторик. Поёни достон

Сахт буд поёни кор. Оғозидан ҳамеша осон аст, ба анҷом расондан мушкил. Узр, ки бархе аз Шумоёни азизро интизор нигаҳ доштам. Бахшҳои поёниро чанд бор навиштам ва ба назарам, ин анҷом беҳтарин аст. Касе танқиде накард. Роҳнамоие низ. Шояд интизор будед, ки ҳама чиз то охир гуфта шавад? Инак, майдон аз Шумо. Достон аз ҷое сар шуд ва дар ҷое ба охир расид. Ҳоло бигӯед, ки чӣ назар доред.

Бинависед, ки бардошти Шумо чист? Ман бо ин ҳикоя чӣ гуфтан мехоҳам? Аз рӯйи ин хоҳам фаҳмид, ки ба мақсад расидаам ё не. Ин бор ба сабки хеле сода ва реалистӣ навиштам, ки зиёд хоси ман нест. Ба ман пояҳои фалсафӣ ва чандбӯъдии тасвир писанд аст. Вале ҳоло мехоҳам, мисли об сода бошам, то ҳар хонандае, ки таъми обро мешиносад, бихонаду ба осонӣ бифаҳмад, ки манзури муаллиф чӣ будааст. Инак, поёни қисса.

Барои онҳое, ки бахшҳои қаблиро нахондаанд:

Қисматҳои 1 ва 2-и достон.
Қисматҳои 3 ва 4-и достон.
Қисмати 5-и достон.
Қисматҳои 6 ва 7-и достон.

Нисбати ҳар бахш гуфтание доред, бифармоед. Омодаам, далелро бипазирам ва тағйиру ислоҳ ворид кунам, зеро ин нашри аввали ҳикоя аст ва бояд такмилу веросторӣ шавад. Саломат бошед.

8

Аз мағзи сояҳои ларзони торикӣ рӯшании тезе берун ҷаст. Акобир беихтиёр бозистод ва бо кафи пеши чашмонашро гирифт. Ҳамон дам садои яке аз сарбозони деҳа – Азизро шунид, ки зоҳиран, Акобирро шинохта буд. Азиз нури чароғаки дастиро ба сарурӯйи худ дошт ва гӯё гуфт: “Ин манам.” Даври чашмонаш сип-сиёҳ, лабу нӯги бинияш рӯшан ва лабхандаш то баногӯш, рухсорагонаш барҷаста ва паҳн. Акобир ба ёд овард, ки як бор бо Азиз, дар саҳни мактаб бо сабабе дастбагиребон шуда, ӯро, ҳарчанд ба синну сол аз Акобир калонтар буд ва ду синф боло, дар синфи 10 мехонд, ин қадар кӯфта буд, ки сару сураташ ҳамин гуна сиёҳ гаштаву варамида буд.

Азиз даст ба китфи Акобир гузошта, бо чароғаки дастӣ роҳи ӯро дар долонҳои мактаб рӯшан ва худашро то дари ҳуҷраи генерал Қурбон ҳамроҳӣ кард. Азиз шояд он воқеаи саҳни мактабро фаромӯш карда буд ва рафтору гуфтори дӯстона дошт, аммо Акобир сония ба сонияи онро дар ёд дорад, зеро он аввалин бор буд, ки ҷасорат кардаву мушт ба рӯйи каси дигар зада буд, он ҳам каси аз худаш калону бузургҷуссатар.

Ҳамсинфаш Аҳрор аввал генералро аз хоб бедор кардан нахост. Гуфт, генерал ин корро дӯст намедорад. Акобир пойфишорӣ кард, ки хабари муҳим дорад, хабари ҳарбӣ, фаврӣ ва кашшофӣ. Аз даруни синфхона садои ғуррии генерал мерасид, ки берун чӣ гап аст. Акобир инро ишорае ба худ донист ва Аҳрорро канор зада, дарро кушод. Генерал дар рӯбарӯяш буд ва шитобкорона ӯро берун тела дод.

— Чӣ хабар? Чӣ шудааст?

Акобир қомати худро ба гунаи ҳарбӣ рост гирифт ва даст ба чаккааш бурда гуфт:

— Рафиқ генерал, ман аз хатти пеши ҷабҳа охирин ва комилтарин маълумотро овардаам. Душман фи…

Генерал даст ба даҳони Акобир гузошт ва дар ҳоле ки бо як даст чашмонашро молида, ҳамзамон бо дасти холияш пироҳанашро аз рӯи таҳпӯши рах-рахи маллоҳӣ мепӯшид, ӯро дохили ҳуҷра кашид ва пурсид:

— Чӣ гуфтӣ, бачча? Душман фирор кардааст? Ту аз куҷо инро фаҳмидӣ?

Акобир рост ба чашмони барроқи генерал нигарист ва ин бор бо садои пасттар гуфт:

— Ман пинҳонӣ ба деҳаи ҳамсоя рафтам ва ҳама ҷоро таҳқиқ кардам. Он ҷо аслан касе нест. Як мурғи худо ҳам нест…

— Чӣ хел нест? Чӣ хел фирор кардааст? Ту чаро ба он ҷо рафтӣ? Кӣ ба ту ин иҷозатро дод?!

— Ман…ман… барои кашшофӣ…

Генерал сахт рӯй турш кард ва шояд Акобирро дашном доданӣ буд, аммо ба пушташ нигарист, баргашт ва дар они воҳид симояш тағйир кард ва бо нимлабханде гуфт:

— Офарин, сарбоз! Ту қаҳрамонӣ кардӣ. Рафтем ба посгоҳи ту, ҳамаашро бароям якояк нақл мекунӣ…

Онҳо паҳлуи ҳам аз мактабхона берун шуданд ва ба сӯи сафедори Акобир рафтанд ва генерал ишора кард, ки Аҳрор ё Азиз наоянд, зарурате нест.

9

Субҳи рӯзи дигар вақте Нозим ба посгоҳи Акобир наздик мешуд, ҳанӯз аз дур издиҳоми мардумро дид. Ҳайрон шуд ва қадамашро тезонд. Баъд он чӣ дид, ӯро такон дод. Сафедор бо он танаи баланду паҳн ва шоху навдаҳои зиёдаш ба рӯйи дарахтони себу олу, гелос ва буттаҳои атроф фурӯ афтода, ҳама ҷоро дарҳаму барҳам карда буд. Вазни танаи сафедори баланд дарахтони дигарро дударон карда ва шохҳои шикаста пӯсти себу гелосро то поён канда, урёнии онҳоро ба намоиш гузошта буд. Дар яке аз шохаҳои шикастаи сафедори уребафтода камарбанди карбосӣ ва занҷири он овезон буд.

Аммо одамон дуртар аз пояи сафедор гирди чизе ҷамъ шуда буданд. Нозим, дар ҳоле ки дилаш фишор хӯрдаву ба дард омада, даҳонаш талх мешуд, ҷониби онҳо ҳаракат кард. Тӯда чизеро муоина мекард ва садоҳое аз он давра берун меомад. Амаки Ҷалол мегуфт: “Ба Худо қасам, панҷ нафар омада буданд. Худам аз дур дидам, ба Худо қасам!..” Генерал Қурбон мегуфт: “Нозим барои он ки посгоҳи худро тарк кард ва сабаби ин воқеа шуд, бояд ҷазо бинад!” Касе аз сарбозон: “Марг бар деҳаи ҳамсоя! Бояд дар ивази як Акобир даҳ нафари онҳоро бикушт!”

Зонувони Нозим суст шуданд. Ӯ базӯр худро ба тӯда расонд ва аз оринҷи касе гирифт. Нафар ақиб гашт ва якбара шуд. Нозим пойҳои бародараш Акобирро дид, ки рӯйи замин хобидааст. Почаҳои шимаш пурхунанд. Ҳаракате кард, ки рӯйи акояшро бинад. Дида намешуд. Зини кӯҳна рӯйи Акобирро пӯшонда буд.

Нозим фиғону кашиду ба осмон нигарист. Аз осмони тира хок меборид. Хокбориш дучанд шуда буд…

(Поён) Навишта шуд дар Прага. Марти соли 2012

05.03.2012 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Каме латра, Ҳикоя | ,

12 Comments »

  1. Парадокс..

    Comment by Ilhom | 06.03.2012 | Reply

    • Парадокс, яъне тазод? Аммо дар кучо ва дар чи?

      Comment by aioubzod | 06.03.2012 | Reply

  2. Бузургвор, ба андешаи банда ин кисса хафтранг дорад. Дехкон дар аввалхои рузаш дигар ранг мебинад, дар пешин дигар ва шом дигар. Донишманд низ дар се мархила, се ранг мебинад, ва ранги дигарро муаллиф мебинад. Ягон чои кисса, хатто ягон нуктаашро дигар накунед. Саломат бошед.

    Comment by Ilhom | 06.03.2012 | Reply

    • Хушбахтам, ки набояд ягон нуктаашро дигар накунам. Вале медонам, холо хеле кор мехохад. Мехостам, хонанда дар зери дандонхояш таъми хокро чашад ва дар хеч чумла хокборишро фаромуш накунад. Ин хоке буд, ки бар сари мо, точикон рехт…

      Comment by aioubzod | 06.03.2012 | Reply

      • Вокеан, сипос барои суханони некатон.

        Comment by aioubzod | 06.03.2012

  3. Аз мутолеаи достони Шумо хеле рохат кардам. Даст марезод. Аммо як чиз бароям нофахмида монд, ки мардуми дехи хамсоя дар ин хама рифоят чи накше доштаанд? Магар гунохеро муртакиб набудаанд? Пас ин катлхоро чи созмону анчом додааст? Ин хам мебоист рушан мешуд. Хама чизи дигар ба ман хеле макбул омад. Худованди пок ба Шумо илхом дихад ва хам барори кору саломати.

    Comment by Samandar | 07.03.2012 | Reply

    • Самандари азиз, мувофики назари пешинаам, шумо ранги панчумро дидаед. Ва аз муаллиф дидани ранги хафтумро талаб доред.. )))

      Comment by Ilhom | 07.03.2012 | Reply

      • Самандари арҷманд. Катлхоро метавон хадс зад, ки киҳо анҷом додаанд. Тамаркузи ман рӯйи Акобир аст. Вай намояндаи насли фиребхӯрдаест, ки дигарон ҷӯшу хурӯши ҷавонии ӯро ба манфиати худ истифода карданд ва худаш он лаҳзае, ки хилофи нақшаи онҳо қадам ниҳод, нобудаш карданд. Ин қиссаи ҷанги Тоҷикистон аст. Шодком бошед.

        Comment by Салими Аюбзод | 09.03.2012

  4. Бузургвор Салими Аюбзод, чй мешавад ки як каме атрофи Акобир чарх зада хислатхои манфии ин кахрамонро, чун берахм, хунхор рушантар намоед. Чунки у низ наонкадар одами хуб буд. Ва ин назар барои Шумо аст онро нашр нанамоедхам мешавад.

    Comment by Ilhom | 10.03.2012 | Reply

    • Дӯстам Илҳомҷон, агар ман ин гуна кунам, яъне Акобирро бераҳму хунхор нишон диҳам, ҳақиқати ҳол нахоҳад буд. Насле, ки бо фиреби гурӯҳҳои ҷоҳталаб ё дасисаи бегонагон дар ҷанг ширкат кард, бераҳму хунхор набуд, балки дар айни ҷӯшу ғайрати ҷавонӣ саҳнаи қаҳрамонӣ ё ҷавлонгоҳ мехост. Худ дарде дошт, аммо дардашро намешинохт ва намедонист, як наъ фаҳмише дар бораи нангу номус дошт, аммо нокомил, барои дигарон муфид будан мехост, вале намедонист, ба чӣ шакл…ва дигарон ӯро ба суди худ истифода бурданд. Инсон дар синни Акобир нисбатан пок аст ва калонсолон метавонанд аз ин суистифода кунанд. Акобир тарбиядидаи мактаб ва филмҳои шӯравӣ буд. Бубинед, вай камарбанди сарбозие мехост, ки ситораи панҷгӯша доштан бошад. Идеали ин насл худфидоӣ буд, аммо ин фидокорӣ аз тарафи калонсолон ба самти ғалат равона гардид.

      Comment by Салими Аюбзод | 10.03.2012 | Reply

      • Акобир монанди ҳама намояндагони насли худ қаҳрамонӣ мехост. Мехост, аз дигарон, аз ҳамсолонаш пеш бошад, фарқ кунад. Ин як каси дар ҳоли таҳаввул ва таолист, ки ҳанӯз ҳатто ишқ ба ҷинси муқобилро таҷриба накардааст. Ман махсус характери ӯро начандон равшан тасвир кардам, зеро дар ин синнусол ҷавонон шефтаи калонсолон ва дар ҷустуҷӯи намунаи тақлиданд.

        Шояд ишораи Шумо аз он ҷиҳат муҳим аст, ки бояд симои ӯ рушантар бошад. Вале он гоҳ шахсе хоҳад шуд, ки хонанда бояд ӯро дӯст дорад. Ин чизест, ки ман намехоҳам. Саломат бошед. Аз баҳсу гуфтугӯ дар ин бора шарм ё истихора накунед. Ба ман чунин баҳс писанд аст, зеро нукоти гуногун достонро ба озмоиш мегузорад.

        Comment by Салими Аюбзод | 10.03.2012

  5. Бузургвор, рости гап, акнун якинам гашт, ки дар симои Акобир кихоянд. То хол дигархел фахмида будам. Фикр мекардам, ки Акобир ин шояд хамон Сангак бошад. Барои хамин хостам образи у манфи арзёбй шавад.
    Ба хар хол агар хохед хонандагон ин кахрамонро дуст надоранд, пас як каме атрофи хислатхои манфии у андеша намоед.
    Муваффак бошед, чаноби Аюбзод!

    Comment by Ilhom | 11.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: