Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мағзи digital

Пешрафти фанновариҳои иттилоотӣ боз чӣ коре бо журналистика хоҳад кард? Ба фикри ман, он рӯз дур нест, ки кас битавонад, хабар ё мақолаашро ба ройона (компютер) дикта ё ҳиҷҷа кунад ва ройона онро бинависаду тасҳеҳ ва веросторӣ кунад ва дар они воҳид ба чанд забон баргардонад.

Шояд ин ройона, ки ба андозаи як телефони ҳамроҳ кӯчак аст, бидуни талаффузи садое, андешаҳоро аз мағзи кас мустақиман бигирад ва онҳоро дар шакли матн ба нашр омода созад? Чашмҳои кас дурбини видео хоҳанд шуд ва чизҳоеро, ки мебинанд, ба ройона хоҳанд фиристод? Чӣ қадар кор осон хоҳад шуд!

Дастҳои журналист, ҳамон гуна ки қалам имрӯз нодаркор шудаву ҳарфтахтаи ройона ҷояшро гирифтааст, дар ин ҳама муддат истироҳат хоҳанд кард ва танҳо дар лаҳзаҳои ками зарурӣ ба кор хоҳанд рафт? Оре, мағз аст, ки ангуштонро сари ин ё он кор мебарад.

Ба ман дар ин ҷо баргардони ҳамонзамонӣ ба забонҳои дигар писанд меояд. Ҷумлаҳои худро ба маҳзи фикр ё талаффуз кардан ба забонҳои англисӣ ва русӣ, фаронсавӣ ё арабӣ дидан чӣ ҷолиб аст! Вақте мақолаи худро ба англисӣ мебинам, боварам намешавад, ки чунин як ҷумлаи пурмазмунро ман навиштаам. Аммо инро ҳам бояд гуфт, танҳо ҳамон ҷумла олӣ хоҳад омад, ки ба забони модарии худи ман хуб, бомӯҳтаво ва мустаҳкам афтода бошад.

Рӯзгороне, ки “Чароғи рӯз”-ро таҳрир мекардам, одате доштам, ки навиштаҳои пешниҳодшударо хаёлан ба русӣ мегардонам. Дастикам чанд ҷумлаи аввали онҳоро. Агар пурмаъно ва маҳкам садо медоданд, хуб ва агар не, қалами таҳрир бераҳмона сари вожаҳо медавид. Нозарурҳоро хат мезад, яке аз оқиб ба пеш ва дигареро аз пеш ба оқиб мебурд. Гоҳо аслан ҷумлаи наве зода мешуд.

Дар баҳсҳои гаҳгоҳӣ бо молики нашрия – Додоҷони Атовулло як далели ман ҳамчун сардабир ин буд, ки мегуфтам, “хеле хуб ин ҷумларо ба русӣ баргардонед.” Вай лаҳзае сукут мекард ва мисли ман ҷумларо дар зеҳнаш ба русӣ бармегардонду вазн мекард ва матнро рӯи миз мегузошт. Таҳрир дуруст аст. Чаро чунин аст? Аз чӣ вақте ҷумлаҳои худро ба забони бегона мегардонӣ, хеле зуд ҳусну қубҳи онҳо падидор мешавад? Шояд барои он ки журналистикаи русӣ мактаби асосии мо буд ва намунаҳои дигаре барои омӯзишу пайравӣ надоштем?

Иллат раваду одат не. Ман ҳанӯз ҳам баъзан аз ин “формулаи таҳрир” истифода мекунам, то нуқси ҷумларо биёбам. Гоҳе на ба русӣ, балки ба англисӣ бармегардонам. Ва албатта, афсӯс мехӯрам, зеро ин ба он маъност, ки журналистикаи мо ба забони тоҷикии форсӣ бо мушкили баёни фикр рӯбарӯст. Тарзи баён чизи ин қадар нозук аст, ки метавонад, беҳтарин фикрро зери лашшу луш бигӯронад. Аҳёнан тарҷума ба эсперанто ҳам кӯмаке намекунад. Вожаҳо он гуна дарҳаму барҳаманд, ки маънӣ ҷойи он ки рӯшан бошад, паси пардаҳои ғафсе нопадид гаштааст ё калимаҳое ба дасту пойи он печида варо ба шакле даровардаанд, ки чӣ махлуқе буданашро наметавон фаҳмид.

Эҳтимол як сабаби баъд аз 20 соли истиқлолият низ пешгом боқӣ мондани журналистикаи русизабони мо ҳамин бошад, ки қолабҳои ҷойафтодаи русӣ намегузоранд, андеша дар баён ба ин забон “маъюбу маълул” гардад? Мухолифи ин пешсафӣ нестам, чун ҳарчанд рӯзнома забони ҳар миллат аст, забони русии матбуоти мо василаи нашри сухани мо дар хориҷ будаасту боз шояд солҳо хоҳад монд. Вале бояд ба забон ва баёни тоҷикии худ тамаркуз кунем, зеро он василаи сӯҳбат мо бо мардуми мост. Агар он ноқис аст, ягон ройонаи пешрафтатарин ҳам ба мо мадад нахоҳад кард.

Дуруст аст, ки чунин ҳолат сабаби дигаре низ дорад. Вақте навиштаи мо бесохтор аст ё сохтори он заъифу ноустувор аст, беҳтарин забон ҳам бо нуқс хоҳад печид ва дар навбати худ маъниро ба коми торикӣ хоҳад кашонд. Забони русӣ хуб аст, аммо мероси журналистикаи шӯравӣ бад, зеро қабл аз пешниҳоди мавзӯъ ва матлаб муқаддима талаб мекунад. Ҳанӯз аз ин мерос наҷот наёфтаем, ҳарчанд эътироф бояд кард, ки шоҳкорҳои хурду бузурге дар солҳои охир дили моро шод кардаанд.

Хуб, вақте он рӯзгорон мерасаду ройона аз ҳаракату ҷарақаҳои мағзи мо маъниҳоро ёфтаву барои нашр омода мекунад, оё ин душвориҳо аз байн хоҳад рафт? Шояд дар баъзе мавридҳо. Барои намуна, журналист ба саҳнаи сӯхтор, сел ё таркиш мерасад ва ончӣ чашмонаш мебинанду ба мағзаш хабар медиҳанд, дар оинаи ройонаи кӯчакаш пайдо хоҳад шуд. Вале агар бояд таҳлиле нависад ё як матлаби пажӯҳишӣ, он гоҳ бо мушкили суннатии пешаи мо рӯбарӯ хоҳад гашт. Мушкили ҷумлаи аввал. Касе он ҷумлаи аввалро дурусту дақиқ пайдо кард, бо роҳи хубу росте ба манзил, яъне поёни мақолааш ва беҳтарин гуфтугӯ бо хонанда хоҳад расид. Зуд, нишонрас ва беғалат. Пас ройона муҳим нест. Пешрафти фанновариҳо низ. Балки мағз ва фикр.

Ё ман “тӯғрӣ” мегӯям?

07.03.2012 - Posted by | Дурнамо, Забони модарӣ, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг |

1 Comment »

  1. Ташаккур! Ба назари банда, забони мо аз дасти сохибонаш ба холе расидааст, ки бояд азаш шиква кунем.

    Comment by Samandar | 09.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: