Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Рейтинги журналистон

Як дӯстам тор (линк)-и матлаби “Тоҷнюс”-ро фиристод, ки дар он банда муваффақтарин блогнависи тоҷик унвон шудаам ва як ҳамкорам тори раддабандии “беҳтарин матбуотчиён”-и кишварро роҳӣ кард, ки дар он низ банда ҷойгоҳе доштааст ва дар баррасии матбуот дидам, ки хонандагони як ҳафтавори Тоҷикистон “Чароғи рӯз”-ро бо гузашти ин ҳама сол нашрияи маҳбуби худ хондаанд.

Дар рӯзҳои Иди матбуоти тоҷик низ паёмҳои табрикие ба ман расид, аз дуру наздик ва афроди гуногун, аз хонандае, ки гуфтааст, бо мақолаҳои ман ба воя расид, аз шунавандае, ки дар кӯҳистони сард аз гузориши радиоии ман гармие ба дилаш дамидааст ва аз донишҷӯёне, ки акнун пой ба ҷодаи зиндагии худ ниҳодаанду шояд роҳи тайкардаи маро меписанданд.

Ин қадар “ман-манӣ” мекунам-а? Ҳанӯз чанд рӯз пеш мехостам, ин суханонро бинависам ва аз ҳамагон ба таври дастҷамъона сипосгузорӣ кунам. Аммо сабр кардам, ки туғёни эҳсосот бигзарад. Вагарна “ман-манӣ”-и зиёдаравона он вақт иттифоқ меафтод. Хашму ғазаб низ. Ва ҳам озурдагӣ. Озурдагӣ аз чӣ? Магар кас метавонад аз чӣ сар задани ишқи худро шарҳ диҳад? Озурдагӣ ҳам ишқ дар шакли чаппааш аст.

Ҳоло хубам ва хори озоре дар дилам нест. Журналист ва нависанда барои хонанда менависанд, на барои шӯҳрат. Аммо чаро мо кӯчактарин ишора ё ҷоизаро нишони эътирофи мардум мешуморем? Наход, ман ҳанӯз аз ин “бемории кӯдакона” нагузашта бошам? Беҳтар нест, сукут варзид ва ба роҳи худ идома доду вақти хешро, ки ҳар лаҳза ҳис мекунӣ, ин қадар кам мондааст, сарфа кард? Вале шояд назари ҳампешагон барои ҳар қаламкаше муҳим аст?

Барои намуна, ба раддабандии “матбуотчиён” (?) метавон як андоза изҳори ҳайрат кард. Номҳое ба феҳраст шомил шудаанд, ки аз сабқати беҳтарин журналистон ҳарф мезананд. Пас чаро матбуотчӣ? Баъдан оё барои муайян кардани “беҳтаринҳо” ақидаи танҳо 105 нафар кофист? Посухдиҳандагон то куҷо ба осори ҳамаи “матбуотчиён”-и номбаршуда дастрасӣ доштанд? Вале оё меъёри сабқат чист? Маҳбубият дар миёни 105 нафар? Ё корзори дастовардҳо? Шояд ифтитоҳи мавзӯъҳои нав? Ё ҳунари вижаи таҳқиқ, таҳлил ва решаёбии масъалаҳо? Шояд ҷойгузин кардани намунаҳои кори ҳирфаӣ? Ё кашфи жанрҳои нав? Шеваи баён ё озодандешию ҷасорати журналистӣ? Мумкин ҳаёти дарози фидошуда ба журналистика? Ё “ғарқнашавандагӣ”? Кашфи асрори пеша? Беҳтарин сиёсати таҳрир? Корбурди комёбонаи фанновариҳои нави иттилоотӣ? Таъсир дар ташаккули афкори ҷомеа ё ҳамкасбон? Хуллас, ҳар бор, ки ба феҳраст нигарем, як самту ҷанбаи наве рӯ мезанад.

Ҳар яке аз ҳампешагони азизи мо, ки дар ин номгӯй ҷойгоҳе ёфтаанд, дар самте чирадастӣ нишон додаанд ва дар риштае  пешгому раҳкушо будаанд. Чӣ гуна мешавад, ҳамаи онҳоро бо ҳам сарбасар зад ё ба гуфтаи русҳо “мӯяшонро ба як шона” машшотагӣ кард. Пас як меъёр мемонад, ки он ҳам бошад, маҳбубият аст. Вале паҳнои онро мушкил аст бо пурсидан аз 105 нафар муайян намуд. Ростӣ, дар асрори пурсишҳои афкор зиёд ворид нестам, ҳарчанд нахустин таҷрибаро худ дар “Чароғи рӯз”-и соли 1991 анҷом додаам. Таҷрибаи неке набуд.

Аммо ҷасорати бузурги созмони ИНДЕМ ва бунгоҳи “Тоҷнюс” ин буд, ки журналистони тоҷикро ба худию бегона, давлатию мустақил, дохиливу хориҷӣ, инбарию онбарӣ ҷудо накарданд. Зинда бод ҳамраъйии журналистон! Ин ҳақиқат аст, на “алейкум”-е барои унвони “блогнависи муваффақ”, ки ростӣ, боиси ифтихор аст, аммо ҳамаи даҳгонаи блогнависонро метавон муваффақ номид ва муҳимтар аз ин таваҷҷӯҳи “Тоҷнюс” ба блогнависон аст, ки дар ҷои дигар дида намешавад ва дареғ, ки блогҳои тоҷикӣ ин қадар каманд.

Он ки хонандагони “Миллат” ҷоизаи маҳбубиятро ба “Чароғи рӯз” додаанд, низ фараҳбахш аст. Балки “бо шири сафед шустани ном” аст (мазмун аз шеъри “Борбад”-и Бозор Собир). Ишораи нек ба корномаи таърихии гурӯҳи ҳамандешон аст, ки бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо нахустин нашрияи озоди муаллифони озодро ба дунё овард. Касе он вақт намедонист, ки бачаҳои “Чароғ” ҳафт моҳи аввал бе як тин музд кор кардаанд (ҳама гумон дошт, моҳонаи онҳо даҳҳо ҳазор аст) ва беҳтарин намунаҳои журналистикаи инфиродиро офаридаанд.

Оре, Додоҷони Атовулло бунёдгузор ва молики нашрия, банда сардабири он будем, аммо ин як навъи нави рӯзноманигорие буд, ки муаллифони озод ба хости дили худ меофариданд. Муаллифон масъули навиштаҳояшон буданд, на идораи ҳафтанома. Идора метавонист, мавзӯъҳои гуногун пешниҳод кунад, дар ҷамъоварии фактҳо ёрӣ диҳад ва сари нукоти баҳсбарангез бо муаллиф сӯҳбат дошта бошад, аммо ҳаргиз “зулми сармуҳаррирӣ”-ро ба касе раво намедонист. Ин ҷо онҳое ҷамъ омада буданд, ки аз зулми сармуҳаррирон безор шудаву  аз нашрияҳои давлатӣ фирор карда буданд. Ин ҷо ҳадаф озодии андеша буд, на комёбии тиҷоратӣ. Бунёдгузору сардабир ҳам журналисти қатории даста буданд. Шояд ин сиёсати таҳрир иштибоҳҳоеро ҳам ба дунбол дошт, вале ин таҷрибае буд, ки журналистикаи тоҷик мебоист, бо ташнагии сӯзони сухани озод онро паси сар кунад.

Имрӯз ҳам агар маводи нашрияро аз нав бихонед, нуқси хеле каме меёбед ва журналистони “Чароғи рӯз” ба пешаи худ, ба сарзамини худ, ба ормонҳои неку рӯшани хеш заррае хиёнат накардаанд. Афсӯс дар 100-солагии матбуоти тоҷик таҷрибаи нахустин нашрияи комилан озод баррасӣ нашуд. Шояд ба он сабаб, ки ин мӯҳлат ҳанӯз хеле кам аст. Ҳанӯз қатрони тӯҳмат рӯйи сафҳаҳои он аст ва на ширесту на сиркае, ки онро бишӯяд. Муми сиёҳе монанди як тӯҳматномаи худкомонаи заъифтарин корманди собиқи он, ки гӯё ӯро маҷбур карда буданд, ин гуна нависад, на он гуна ва гӯё вай сарнавишти шахси ҷабрдидаеро рӯи сафҳа овардаасту онро нашр накардаанд. Сарнавишти шахсеро, ки рӯзҳо пеш аз оғози кори “Чароғи рӯз” ба назди ман ба идораи “Адабиёт ва санъат” омадаву дарди дилашро гуфта буд ва маводи ӯро танҳо нашрияе мисли “Чароғи рӯз” чоп карда метавонист. Фурсат зарур буд, ки чунин нашрияе ба дунё ояд. Дар зимн, муаллиф аз ин навиштаи худ, ки афсӯс фақат дар борааш шунидаам, аммо худи онро нахондаам, то ҳол аст, ки ком мебардорад.

Солҳост, ин ҳафтаномаи таърихиро ба ангехтани ҷанги Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Гӯё маҳз он ба дасти мардум силоҳ дод, танкҳоро ба ҳаракат овард, ҳавопаймоҳоро ба ҳаво хезонд ва ғайраву ҳоказо. Фаромӯш кардаанд, ки нахустин мусоҳибаи Сангак Сафаров дар ин нашрия чоп шуда буд ва аввалин мақола дар бораи Эмомалӣ Раҳмон низ дар он.

Дидед, боз рафтам ба ҷаҳони эҳсосот. Пас, вокунише, ки ба баҳс мекашонад, начандон чизи хуб аст. Хуллас, бидуни ҳеҷ озурдагӣ, сипос аз ҳампешагони азиз дар Тоҷикистон, ки аз мо низ ёд кардаанд. “Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ӯро ёд бод!”

Асли мақсад ин аст, ки тори ин раддабандии “20-гонаи беҳтарин матбуотчиёни Тоҷикистон ва ҳам матлаби “10-гонаи блогнависони машҳури тоҷик”-ро ин ҷо гиреҳ занам, то аз пеши назарам дур нараванд.

16.03.2012 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Таърих, Таҷриба | ,

6 Comments »

  1. Салом устод!
    Дар рузхои наздик мо сомонаи http://blogiston.tj/index.php/ru/ – ро ба кор андохтем, ки максади муттахид гардонидани блогерхои точикистони мебошад ва ба Шумо пешниход менамоям, ки аз он назар кунед ва агар имконият дошта бошед дар он низ сахифаи худро кушода, дар рушди блогосфераи точик сахми худро гузоред.

    Барори кор!

    Comment by Rustam Gulov | 16.03.2012 | Reply

  2. Салом, Рустами азиз! Фароҳам шудани чунин пойгоҳро барои блогҳои тоҷикӣ ба Шумо ва ҳамаи аҳли Интернет табрик мегӯям. Зимнан калимаи “Блогистон” ихтирои банда аст ва аввалин бора дар гӯшаҳои блоги бахшҳои Осиёи Марказии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ истифода шудааст ва хушам, ки онро унвони пойгоҳ қарор додаед. Аммо имкониятҳое, ки пешниҳод шудаанд, ҳоло шояд каманд ва умедворам, дар оянда ин пойгоҳ вусъату паҳно пайдо хоҳад кард. Хуб мешуд, агар ҳамаи истилоҳоти интернетӣ дар он ба тоҷикӣ бошад ва ҳам як дастури қадам ба қадами оғози блогнависӣ барои ҷавонони тоҷик. Бисёриҳо мехоҳанд, вале намедонанд, аз чӣ сар кунанд ва давомаш чӣ мешавад. Ба ҳар ҳол ташаббуси хеле накӯ аст, бояд дастгирӣ ёбад. Афсӯс мо ҳамоно ғуломи забони русӣ боқӣ мондаем ва намедонам, чаро ҷавонони мо ин забонро аз забони модарии худ болотар мегузоранд. Комёб бошед!

    Comment by aioubzod | 17.03.2012 | Reply

    • Ташаккури зиёд барои пешниҳодот! Дар ҳақиқат мо нияти тарҷума намудани мафҳумҳои интернетии сомонаро дорем, аммо бо як мушкилот во хӯрдем, ки мафҳумоти ягона нест.
      Дар ҳақиқат калимаи “Блогистон”-ро мо аз сомонаи Озодӣ дида, ба хулоса омадем, ки он беҳтарин ифодагари мақсади асосии сомонаи блогҳои тоҷикӣ мебошад. Барои баровардани он ба Шумо ташаккури зиёд. Он саҳми дар ҳақиқат арзандае барои рушди блогҳо мебошад. Мо низ аз ҷониби худ ҳаракат мекунем, ки сомонаро сазовори номаш гардонем.
      Оиди пешниҳоди Шумо барои омода дастури кушодани блогҳо барои ҷавонон розиям ва Иншоаллоҳ ба қарибӣ ин гуна дастурро ба тасвиб мерасонем.
      Обод бошед!

      Comment by Rustam Gulov | 01.10.2012 | Reply

  3. Устод, бехтарин вожае, ки ба кор бурдед, дар ин макола, тор ба чои линк аст. Мисли он ки чандин вожаи дигарро бори аввал аз шумо шунида будам ва имруз мавриди истифода чун истилох дар забони роич аст. Лаззат бурдам.
    Бо салом, Рахматкарим

    Comment by RD | 17.03.2012 | Reply

  4. Ознакомился с рейтингами, и создалось ощущение, что был проведен какой-то междусобойчик… Особенно вспоминаю, как производился подбор блогов – путем опроса в соцсетях: “Друзья, а какие еще вы знаете блоги?”

    Comment by Avestiec | 26.03.2012 | Reply

    • Вы правы, но следует поблагодарить тех, кто это сделал, потому что другие и вовсе пытаются не замечать существование блогов. А в сборе информации через соцсети я не виду ничего зазорного. Успехов!

      Comment by aioubzod | 30.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: