Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гуфтумоне бо ҷавонон

Фаридуни Раҳнавард, корманди рӯзномаи “Имруз News” гурӯҳи наверо дар Фейсбук таъсис дод, ки ба мушкилҳои журналистони ҷавон бахшида шудааст. Ин сафҳа таваҷҷӯҳро ба худ кашид, вале дар он як парокандагие дида мешавад. Шояд ба сарвари гурӯҳ зарур аст, мавзӯъҳои сафҳаро марзбандӣ ва қоидаҳои баҳсро таъйин кунад, то табодули афкор низоми муайян дошта бошад.

Хуб хоҳад буд, агар дар оянда дар ин сафҳа аз нозукиҳои пешаи журналистӣ, шеваҳои кор, интихоби мавзӯъ, жанрҳои журналистика, забон ва баён, расонаҳои нав ва монанди инҳо гуфтугӯ шавад.

Ба ҳар ҳол, боз шудани чунин сафҳа ва он ҳам аз тарафи худи ҷавонон дастгирии ҳамаи журналистон, чи пиру чи ҷавон ва ширкати хонандагони зиракро дар баҳсҳои он мехоҳад. Ман аз кушоиш ин сафҳа хеле шод шудам ва чун дидам, журналистони ҷавон сӯҳбатро аз шикваҳои шояд барҳақ сар кардаанд, барои дарки амиқтари мушкили онҳо пурсишеро пешкаш намудам, ки ин ҷо меорам ва ҳамроҳ бо посухҳо.

“Бисёр мехоҳам ақидаи журналистони ҷавонро шунавам, ки беҳтарин вижагии ҳирфаияшон ва бузургтарин мушкил ё нокомияшон дар кори ҳаррӯза ва куллан пешаи журналистика чист, яъне бузургтарин хосияти мусбат ва мушкилтарин хосияти манфӣ?”

Чун бо гузашти қариб 20 соат касе посух надод, навиштам:

“Хуб, ҳоло як мушкил рушан шуд, ки журналистони ҷавони мо майл ба худковӣ (самоанализ) надоранд. Шояд серкору шитобзадаанд ва вакти ин намерасад, аммо бе худковӣ худро натавон ёфт.»

Танқид меваи … журналистика. Посухҳо қатор шуд:

 «Халил Каюмзод Дуруд азизон! Хубиаш (мусбат) дар он аст, ки насли имруза хеле насли хушбахт аст, чунки дар асри интернету иттилоот зиндаги мекунад, зиндаги хеле суръатнок аст имруз ва хар нафар мехохад аввалин бошад, яъне аввал кадом ахбореро пахш кунад. Бадиаш (манфи) он аст, ки имруз донишгоххои мо мутахассис омода намекунанд. Имруз чи дар факултаи журналистика ва ё чи дар факултаи филология тахсил куни кариб фарке миёни онхо намебини. Хар нафаре, ки бо кушишу талошхои худ мутахассис шуд руй овард ба хорича…Хама мехохад барои миллату ватани худ хизмат кунад, дар бораи онхо фикр кунад, аммо дар ягон ВАО-и имрузаи Точикистон кор карда сохиби шароити хуби зиндаги (хам кори ва хам маиши) щудан имконнопазир аст. Гушна то худро сер кардан ба чуз дар бораи хурак дигар дар бораи хеч чиз наметанонад фикр кунад (физически не умеет). +як пешниход: хуб мешуд агар як донишкадаи хурд (бигзор шахси ё бигзор ягон созмони хорича онро сапрпарасти кунад) бино кунем барои омода намудани рузноманигорони касби. Рузноманигор муаллими чомеа аст, рузноманигор паспорти миллат аст!»

Посухе буд, ки идомаи сӯҳбатро тақозо мекард. Биноан ман навиштам:

 «Тазоди аҷиб аст — як сӯ қарни Гуглу Фейсбук ва сӯи дигар таҳсили омехтаи филологияву журналистика. Ва ҳам ишорае ба вазъи иҷтимоӣ ва рӯзгор. Пешниҳоди Халил Каюмзод низ ҷолиб аст, вале таҷрибаи Донишгоҳи Садр фавран дилро сард мекунад. Дигарон чи назар дошта бошанд? арои ислоҳи вазъ шояд зарур аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ширкатҳо ва соҳибкорони муваффақ ҷоизаҳои махсуси журналистони ҷавонро таъсис диҳанд. Шӯрои матбуот метавонад Ҷоизаи Беҳтарин Сароғоз (Дебют)-и журналистони ҷавонро соле як бор тақдим намояд. Расонаҳои ахбори ом бояд дар афзоиш додани музди кори журналистони ҷавон кӯтоҳ наоянд ва ҳам ҷоизаҳои дохилии вижаи муаллифони ҷавонро дошта бошанд.»

Истад Раджабов Дар замони мо журналистика ба бизнес табдил ёфтааст. Аз чониби калонсолон, яъне устодон дастгири нест.

Salim Aioubzod Як кисми журналистика бизнес низ хаст, аммо он набояд зидди журналистони чавон бошад.

Abduazim Abduvahhob Барои ман бузургтарин хосияти мусбат журналист буданам мебошад ва мушкилтарин хосияти манфи боз журналист буданам аст((

Dustov Simi Salim Aioubzod маблаг бошад хамачи мешавад …

Abduazim Abduvahhob Дустов Сими дупа дуруст))

Salim Aioubzod Дустов Сими ҳунар набошад, маблағ дар ду моҳ ба ҳаво мераваду тамом

Sohibyor Tolib Ташаккур устод! Яке аз хосиятҳои мусбати кори мо ин аст, ки пайваста дар ҷараёни иттилоот ва фаъолият ҳастем. Ва хосияти манфиаш низ ҳамин аст, ки пайваста дар ҷараёни иттиилоот ва фаъолият будан аз ҷиҳати физикиву равонӣ инсонро хаста мекунад. Мебинам, ки ҳамкасбони ҷавонам рӯзи дароз дар Интернет ҳузур доранд ва шаб ҳам баъзан то субҳ рамзи онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ сабз аст. Яъне хабарнигор баъди кор бо “вазифаи хонагӣ” ба хонааш меояд ва ҳатто барои муҳаббат варзидан ва хушҳолӣ намудан дар муҳити оила вақти кам дорад. Ба тракторчӣ “ҳасад мебарам”, ки баъди кор гумон мекунам вақти зиёд барои бозӣ кардан бо кӯдаконашро дорад…))

 Ашуров Абдулло Худамро хушбахт эхсос мекунам ки дар асри густариши фановарихои иттилооти зиндаги дорам ва аз имкониятхои зиёди фановари бархурдорем. Ин бурди мо журналистони чавон аст ба фикрам. Вакте ки дар зери матлаби навиштаат акидаю назари хонанда дар шакли коментхо мерезанд кас хеле хурсанд мешавад чунки натичаи амалат бармало мешавад. Фикр мекунам 20 сол пеш журналистон ин гуна имкониятро орзу мекарданд. Аммо як чизе ки дар кори хамаруза бо он ру ба ру мешави он аст, микдори хеле ками одамон аз маводи ВАО бархурдоранд, яъне ВАОи Точикистон ба афкори чомеаи таъсири амик мисли дигар кишвархо (хатто мисли хамсоякишвархо) надорад. Бинобар набудани барк, дастрас нашудани матбуот, ва гайра мушкилотхо.

Salim Aioubzod Соҳибёри азиз, ҳарфи Шумо комилан дуруст аст. Мо мисли ин ки дар редаксия зиндагӣ мекардем. То ҳол дар назди ҳамсару фарзандонам қарздорам, ки дар беҳтарин давраи умри онҳо куҷоҳо мегаштам. Ин ҳам як вижагии пешаи мост. Аммо вожаи “хастагӣ” аз забони Шумо ғайри қобили қабул аст.

Salim Aioubzod Воқеан, имруз робита байни журналист ва хонанда, ба гуфтаи Абдуллои азиз, як лаззати наверо ба касби мо зам кардааст. Фақат аз комментҳои танқидӣ набояд ранҷид, балки шод шуд ва омӯхт. Аммо 20 сол пеш ё бештар, Абдулло, тиражи “Адабиёт ва санъат” 220 000 нусха буд! Он вақт коммент набуд, аммо субҳи рӯзи баъд аз чоп шудани мақола телефон лаҳзаи хомӯшӣ надошт, одамон аз дуру наздик занг мезаданд, табрик мекарданд, танқид, таҳдид, пешниҳод… Аҷаб замонае буд…

 Sohibyor Tolib Ташаккур устоди азиз! Воқеан дуруст гуфтед, “хаста шудам” гуфтан дар кори мо миннат аст. Кӯшиш мекунем, ки дигар чунин ибора такорор нашавад))).

Kayumars Ato Ман аз мушкил сар мекунам.

Аввалан, журналистони ҷавони мо аксаран “хом”-у камтаҷрибаанд.

Дуввум, аксар журналистони ҷавони мо ҳанӯз кор накарда, мехоҳанд зуд соҳиби ҳам обрӯ ва ҳам пул шаванд.

Севум, журналистони ҷавон роҳнамоӣ ва ҳимояти хубе намебинанд, ҳам аз сӯи бузургон ва ҳам сӯи соҳибони нашрияҳо.

Баъдан, як мушкили асосӣ ин аст, ки соҳиби рӯзнома мехоҳад ҳарчи зуд ба қимати арзон саҳифаҳояшро пур кунад. Журналисти ҷавон ҳам дар ду – се рӯз матлаберо навишта ба соҳиби рӯзнома месупорад. Аз сабаби он ки ба аксар соҳибони рӯзномаҳо пур шудани саҳифа баъзан аз мазмуну мӯҳтавои матлаб авлотар аст, ба матлаби журналистони ҷавон аҳамият намедиҳад. Ин аст, ки журналистони ҷавони мо дар сатҳи аввалаи худ боқӣ мемонанд ва тағйире дар кори онҳо дида намешавад.

Бештари журналистони ҷавон танҳо аз домони нашрияҳои дохилӣ гирифтаанд. Бояд онҳо нерӯву тавони худро, маҳораташонро дар расонаҳои дигари хориҷӣ ҳам бисанҷанд. Кор ё ҳамкорӣ дар расонаҳои хориҷӣ (хоҳиш мекунам, фикр накунед, ки Озодӣ ё Би-би-сӣ-ро реклама мекунам) ба онҳо имкон медиҳад, ки аввалан чолок шаванд, дуввум меъёрҳои журналистикаи байналхалқиро ҳам омӯзанд.

Мусбаташ ин ки бо вуҷуди фишорҳо ва пули каме, ки соҳибрӯзномаҳо ба жуналистони ҷавон медиҳанд, онҳо ба касби худ содиқанд. Шабу рӯз заҳмат мекашанд ва аз он ифтихор доранд, ки журналистанд.

 Фирдавс Ниёзи Хосияти мусбат дар журналистикаи имрузаи тоҷик ( ба андешаи ман) ин иттиоотрасони аст, ки на хамаи ВАО ин рисолатро дуруст ба ичро мерасонанд. Мушкили дар он аст, тафаккуру андешаи мо “рахна” ёфтааст ва вокеан мо аз хама лихоз “камбагал” шудаем.ТО замоне андешаи солим ва созанда, ки ибтидои солхои навудуми асри гузашта буд ба вууд наояд дар чомеаи имрузаи мо,махсусан дар журналистика мушкилоти маънавиву моли боки мемонад. Тафаккури мо “колхози” шудааст, зеро омузиш кам аст.»

Ҳоло қазоват бо Шумост, ки ин баҳс бояд дар чӣ шакле идома кунад. Кунад ё накунад?

28.03.2012 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Таҷриба, Фарҳанг | ,

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: