Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Худшиносии тағйирёбанда

Зиёда аз якуним соли умрам дар Гардез, маркази вилояти Пактиёи Афғонистон гузаштааст. Дар он давра волии Пактиё шахсе буд, ки дар мазҳари ом худро паштун меномид, вале чун бо тарҷумонони тоҷик хилват меёфт, мегуфт, тоҷик аст. Ҳоло, беш аз чоряк аср, вақте ҳар бор ибораи “ҳувияти тағйирёбанда”-ро вомехӯрам, беихтиёр чеҳраи маъсуми ӯ пеши назарам меояд.

Continue reading

30.04.2012 Posted by | Баҳс, Ватан, Таърих, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй | 16 Comments

Як номаи суолбарангез

Ин шарҳро ба як навиштаи худ ман аввал дар торнамои centrasia.ru вохӯрдам. Баъд аз чанде нусхаи он дар торнамои русии мо rus.ozodi.org пайдо шуд. Шояд нависандаи он дар поварақи дид, ки матн аз куҷо гирифта шудааст ва шарҳи худро он ҷо низ фиристод. Хуб ҳам кард, зеро ду рӯз баъдаш дидам, ки дар centrasia.ru ҳамаи шарҳҳо ба мақолаи ман ғайб зада буд.

Continue reading

22.04.2012 Posted by | Муҳоҷират, Русия, Тоҷик, Худшиносй | , | 19 Comments

Валвалаи ҷанг

Чаро кишвари ҳамсояи Узбакистон ин қадар тонку зиреҳпӯш ва сарбозу афсарашро дар марзи Тоҷикистон ҷамъ овардааст? Ҳадаф аз ин сафороӣ чист? Амале барои тарсондани мардум ё тарсе, ки чунин амал ба бор оварда? На аз Тошканд ва на аз Душанбе садое дар шарҳи вазъ ба гӯш нарасидааст, аммо бидуни ҳама гуна шарҳ низ рӯшан аст, ки баъзеҳо мехоҳанд, бо оташ бозӣ кунанд.

Continue reading

14.04.2012 Posted by | Амният, Ватан, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Узбакистон, Фарҳанг | 13 Comments

“Шикор”-и IP чаро?

Додситонии кулли Тоҷикистон нишонаи IP ё Internet Protocol-и назарнависеро ҷустуҷӯ дорад ва барои ин ба «Азия-Плюс» муроҷиат кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон мехоҳад, барои расидагӣ ба шикояти шаҳрванде, ки гӯё дар номаи шарҳнависе ҳадафи таҳқир қарор ёфтааст, IP-и он номанависро пайдо кунад.

Continue reading

12.04.2012 Posted by | Баҳс, Душанбе, Озодии сухан, Сиёсат, Қонун | | 1 Comment