Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Валвалаи ҷанг

Чаро кишвари ҳамсояи Узбакистон ин қадар тонку зиреҳпӯш ва сарбозу афсарашро дар марзи Тоҷикистон ҷамъ овардааст? Ҳадаф аз ин сафороӣ чист? Амале барои тарсондани мардум ё тарсе, ки чунин амал ба бор оварда? На аз Тошканд ва на аз Душанбе садое дар шарҳи вазъ ба гӯш нарасидааст, аммо бидуни ҳама гуна шарҳ низ рӯшан аст, ки баъзеҳо мехоҳанд, бо оташ бозӣ кунанд.

Бовар надорам, ки Узбакистон дар андешаи ҳамла ба Тоҷикистон бошад, аммо агар ноқисулақле дастур ба нахустин тир ё оғози ҳаракати танкҳо ба фарои марзро дод, бояд бидонад, ин ҷанг ҳамаи минтақаро хоҳанд сӯзонд ва оғози маҳви кишваре бо номи Узбакистон хоҳад шуд. Шахсоне мисли ман, ки ҷанги ишғолгаронаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ва ҷанги ҳамватании Тоҷикистонро дидаанду аз сидқи дил сулҳпарастанд ва мусибати касеро намехоҳанд, ҳатман ба ватан хоҳанд баргашт ва дар ин ҷанге барои Ватан силоҳ ба даст хоҳанд гирифт. Шумораи чунин касон кам нахоҳад буд.

Дар замимаи гузориши ҳамкорам Мирзонабии Холиқзод, ҳамсӯҳбати ман дар барномаи ҷумъаи 13-уми апрел гуфт, ба чашми худ дидааст, ки аз Сардоб то Охун-Бобо дар дарозои 16-17 километр сари ҳар 7-10 метр танк, зиреҳпӯш ва 4-5 сарбози мусаллаҳи Узбакистон истодаанд. “Ҳаммер”-ҳои пулеметдор дар роҳи қадди марз дар ҳаракатанд. Намоиши нерӯ мардуми деҳоти ноҳияи Масчоро дар шимоли кишвар нигарон кардааст. Дар як сӯҳбати дигар ҳамдиёронам гуфтанд, мутмаин нестанд, ки марказ барои ҳифзи минтақа нерӯ фиристад. Гуфтам, парво накунед, Худо меҳрубон асту пушти бегуноҳонро мегирад ва осуда бошед, фарзандони Ватан ҳар куҷо ҳастанд, дар они воҳид хоҳанд баргашту аз ҳар ваҷаби он бо хуни хеш дифоъ хоҳанд кард. Ман ку ҳатман хоҳам омад. Бо рутбаи аз соли 1988-мондаи капитани артиши Шӯравӣ. Аҳолии маҳал низ ба по хоҳанд хест, ҳамон гуна ки дар соли 1998 зидди нерӯҳои Маҳмуд Худойбердиев бархоста буданд.

Вале наход марзбононе, ки ҳамеша аз дасти тоҷикони ин сӯи марз нон хӯрдаанд ё аз онҳо ширу мост хостаанд, ба сӯи ҳамсоягони худ тир андозанд? Худам шоҳид будам, ки аз он сӯи марз сарбозони Узбакистон аз хешони ман дорувор талбиданд ва касе хоҳиши онҳоро рад накард. Ё Баҳоваддин! Наход мо ба тарафи узбакҳои он сӯи марз, ки ҳар ҷумъа ба бозори мо биринҷу бензини арзон меоранд, тир кушоем? Раҳими тарбузкорро, ки солҳои шӯравӣ дар бригадаи мо замин иҷора мекарду хонаҳои моро пур аз тарбузу харбузаи ройгон менамуд, кӣ хоҳад кушт? Иттифоқан, кадоме аз духтарони ӯ ба марде дар деҳаи мо расидааст ва наход акнун набераҳо бобои худро бикушанд?

Он муаллими кишвари ҳамсоя, ки меомаду дар ин сӯ таксиронӣ мекард, то ризқи худро ёбад, ҳоло душмани мо мешавад? Оре, ҳамоне, ки ба мусофиронаш ғазалҳои Бедилро мехонду тафсир мекард? Вай мегуфт, аҳолии одии ду тарафи марз як сари мӯ душмание ба ҳам надоранд, аммо марказҳои ду кишвар пайи таблиғи хусумат ва кинаву адоватанд. Ин омӯзгор аз Чехов ҳам хабар дорад, ки гуфтааст, агар дар оғози намоиши театрӣ милтиқе дар девор овезон аст, дар қисми сеюми намоиш он бояд тир паронад. Албатта, Чехов нагуфтааст, ба ҳаво ё сӯи касе. Онҳое, ки фоҷиа ва ваҳшат мехоҳанд – ба сӯи касе.

Оваҳ! Сарнавишти масчоиёни деҳаи Иштошун чӣ хоҳад шуд? Он деҳае, ки дар замони Шӯравӣ замини бекореро ободу гулистон кард ва дертар ошкор гашт, ки ин қаламрави Узбакистон аст. Асли қазия ин буд, ки ними мардуми Иштошун ба раиси худ мухолиф шуданд ва қаҳр кардаву ба заминҳои он сӯи наҳр кӯчиданд. Раиси узбак онҳоро қабул кард, замин дод ва ҳамин тавр ними мардум он сӯву ними дигар ин сӯ, солҳо гузашт, то Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ рехт. Онҳо то ҳанӯз на шаҳрванди Узбакистонанд ва на шаҳрванди Тоҷикистон ва орзу доранд, зимни таъину аломатгузории марз деҳаи Иштошуни Поён ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад. Агар ҷанг сар занад онҳо гаравгони дастаҷамъӣ хоҳанд буд?

Дар Узбакистон ба камияш 10 миллион тоҷик зиндагӣ мекунад ва ба назар намерасад, ки Тошканд онҳоро аз худ розӣ нигоҳ медошта бошад. Мактабҳои тоҷикӣ баста мешаванд, фаъолон ва созмонҳои иҷтимоии тоҷикон зери шубҳаву пайгарданд, матбуоти миллӣ хеле кам аст ва дар баёнияҳои расмӣ низ мансабдорони Узбакистон калимаи “тоҷик”-ро баъд аз русу украину тотору кореягию ва ғайра дар ҷойи охир тазаккур медиҳанд. Шуморе аз зодагони Узбакистонро, ки дар давраи ҷангу нооромиҳои Тоҷикистон ба зодгоҳи худ баргаштанд, мақомоти Узбакистон ба шаҳрвандӣ сазовор надонистанд ва чунин афрод аз ҳама гуна имтиёз ва ҳатто нафақаи бознишастагӣ маҳруманд. Наход, оташбозони Тошканд фикр кунанд, ки ин мардум ба сафи артиши онҳо хоҳанд пайваст ва ба ҷанги зидди Тоҷикистон хоҳанд рафт? Оё касе метавонад, ҳадс занад, ки ҳоли узбакони Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Тошканд набояд фаромӯш кунад, ки ҳазорон нафар аз мардуми Андиҷон хостори хунбаҳои падар, бародар, модар, хоҳар ё фарзанди худанд, ки дар майдони шаҳр зери тирборони артиши Узбакистон кушта шудаанд. Магар онҳо барои иҷрои орзуи қотили наздикони хеш силоҳ ба даст  хоҳанд гирифт? Шояд бигиранд, аммо маълум нест, мили онро кадом сӯ хоҳанд дошт. Аммо наход раҳбари Узбакистон дар поёни умр, чанд ҳафта ё моҳи пеш аз марг сӯхтори бузурги минтақаро дар диҳад. Қиёмати пеш аз марг! Албатта, аз эҳтимол дур нест, ки долонҳои ҳукумати Тоҷикистон низ холӣ аз “ошиқону орзумандони ҷанг” бошад. Лимити бовар дар ҳоли коҳиш асту интихобот ҳам наздик ва як “ҷангча” боиси боло рафтани рейтинг мешавад? Зиёдтар аз ҳама Маскав дар орзуи чунин ҷанг хоҳад буд, аммо боз ҳам на ба хотири муваффақияти Тошканд, балки иҷрои хостҳои чиркини худаш. Шояд дар пойтахтҳои зиёди дуру наздик низ интизори хабари аввалин кушта ё куштаҳо дар марзи Тоҷикистонанд? Шояд, шояд…

Аммо шояд ҳам на ва ин ҳама бозиҳое беш нест, бигзор ҳатто бо оташ, ва ҳарду раҳбар дӯст доранд, ки ба ин баҳона бештару бештар дар бораи онҳо сӯҳбат шавад. Онҳо дарк кардаанд, ки ихтилофи ҷомеа сари сиёсати бистсолаашон акнун амиқтар ва пешомади корашон норӯшантар шудааст ва бояд шиоре сабабу мояи ягонагии ғоявӣ ва рӯҳбаландии ватандӯстонаи раъияташон гардад. Ва чун коммунистон ба шиорҳои сурху қирмиз одат доранд, ин шиор бояд ҳатман арғувонӣ бошад. Сару садои расонаҳо аз ин лиҳоз об рехтан ба осиёи хунӣ ё рӯғанрезие рӯйи хокистар ва лахчаҳои пешдаргирон нахоҳад буд? Бигӯед, ки аз кадом ҷанг мардуми одӣ суд бурдааст, ки аз инаш бибарад?

14.04.2012 - Posted by | Амният, Ватан, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Узбакистон, Фарҳанг

13 Comments »

  1. Салом дусти азизам Салим. Ман ба хамаи навиштахоятон мувофикам, гайр аз абзаци дуйюм аз боло. агар Худои нокарда чанг сар шавад, силохи Шумо барин одамон бояд калам бошад, на автомат. Вале ба хар хол умед дорем аз Худо,ки чанге сар назанад байни хамсояхо. Иншоолох хамааш хуб мешавад.

    Comment by Махмадрахим. | 14.04.2012 | Reply

  2. Салому дуруд, дӯстам Маҳмадраҳим! Албатта, ман ҳам умед дорам, ки ҷанг нашавад ва яке аз сабабҳои навиштан ҳамин аст, вале, агар ба ин аҳмақӣ рафтанд, посухи дандоншикани халқро хоҳанд гирифт ва ман як ангуштаки ин мушт хоҳам буд.

    Comment by aioubzod | 14.04.2012 | Reply

  3. Ин иштибохи бузурги Каримов ва хотимаи давлате бо номи Узбакистон хохад буд.

    Comment by ParvizMUJOHID | 15.04.2012 | Reply

  4. Shahzadeh Nazarova (via Facebook): Ин навишта як хушдоре буд барои ман ва хатман барои дигар дустон ки тавачух ба ин мавзуъ надоранд. Аммо илочи дард бех аз вукуъст. Фикр кунам чанге дар рох нест балки тамоиши кударт аст ва авзоиши тарс дар дили мардум. Умедворам ки чанг ба суйи мантакаи мо низ дахон боз накунад то хамин чанд осоиши козибро низ аз байн барад. Тасвири шумо аз шароити чанг чашмбозкунанда ва фавкуллода буд. Поянда бошед устод!
    21 hours ago · Like · 2

    Comment by Cалими Аюбзод | 15.04.2012 | Reply

  5. Khurshedi Mahadsharif (via Facebook): Ин амалкарди хамсоякишвар шояд намоиши кудрат бошад,вале мучиби нигаронии ахолии назди марзи гардидааст ва хабаргузорихо хеле муболига карданд,хатто яктоаш навишт Душанбе ба тахочуми Тошканд 10 тоб намеорад.Баъди мутолияи ин ва ба ин монанд матлабхо дар дили мардум тарс чойгир мешавад. Айни хол банда дар нохияи Мастчох карор дорам,гарчанде то кунун шохиди аксуламали макомоти кишвар дар баробари Узбекистон нашудаем,вале мардум дар тахлука нест,овораи кори худанд.
    20 hours ago via mobile · Like · 1

    Comment by Cалими Аюбзод | 15.04.2012 | Reply

  6. Ilhomi Ibrohim (via Facebook): Ин як худнамоишдихии (показуха) навбатй буд.
    2 hours ago via mobile · Like

    Comment by Cалими Аюбзод | 15.04.2012 | Reply

  7. Ин на худнамоиш дихию на тарсондани мо, балки махс гумрохии онхо ки ба гапхои Гарбихо сар хам карда ба суи мо хамла кардани. Охир нияти хамон инсонхое ки Бародарро бо бародар душман кард боз Хамсояро бо Хамосоя чанг монданист. Аз ин нофахмихо халки бечора боз ба тарси Хамсоякуши аст. Барои ин амалхои Хамсоя бо ярок не балки бо сухани неку хамдигарфахми чора бояд чуст,……..

    Comment by 453 | 17.04.2012 | Reply

  8. Бахтиёр Файзуллоев Мутаассифона сархад як зонаи безеб шудаст. Ба наздики узбакон як мусафед куштанду точикон як аскари узбакро…
    Sunday at 7:26pm · Like

    Comment by aioubzod | 18.04.2012 | Reply

  9. Dilovar Ashurov ‎2-сол пеш хеч кас хатто дар хоби шабаш хам намедид ки М.Каддафи хамин хел шармандавор в вахшиена кушта мешавад..Ки медонад чи мешавад..мумкин чанг хам шавад..Бояд аз паи оборона шавем..
    Sunday at 9:53pm · Like

    Comment by aioubzod | 18.04.2012 | Reply

  10. Dilovar Ashurov Юг Таджикистана по любому защтщена(хотя горы защишают)..Но север станет в первом очереди цель агрессии!.
    Не хотел бы жить в окупации!
    Sunday at 9:56pm · Like

    Comment by aioubzod | 18.04.2012 | Reply

  11. Jamol Usmon кадоме аз гуруххои силохбадасти Афгонистон накшаи хучум ба Узбекистонро тархрези карда будааст Точироне ки аз кишвари хамсоя коло меоранд гуфтанд, ки тарс аз сархади хучуми силохбадастони Афгон доранд, боз намедонам
    6 hours ago · Like

    Comment by aioubzod | 18.04.2012 | Reply

  12. Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
    ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. http://www.irantajik.org

    Comment by admin | 20.04.2012 | Reply

  13. 1)…магар точикони минтакаи гарму кулоб дар вакташ мулохизае карда буданд. ки точикро кир карда истодаанд? то “фахмиданд” сад хазор кир шуд!!! Чаро акнун узбак мулохиза намояд ки, аз кавми точик фарсаххо дур аст.
    2). Шояд Каримуфф бо мардум кор надошта бошад, максад , ки барзагови худ бар тахт шинонидаашро сар афканда ба чояш шахси моилашро шинонидан хохад?

    Comment by mrtropen | 10.05.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: