Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як номаи суолбарангез

Ин шарҳро ба як навиштаи худ ман аввал дар торнамои centrasia.ru вохӯрдам. Баъд аз чанде нусхаи он дар торнамои русии мо rus.ozodi.org пайдо шуд. Шояд нависандаи он дар поварақи дид, ки матн аз куҷо гирифта шудааст ва шарҳи худро он ҷо низ фиристод. Хуб ҳам кард, зеро ду рӯз баъдаш дидам, ки дар centrasia.ru ҳамаи шарҳҳо ба мақолаи ман ғайб зада буд.

Номаи аҷиб аст. Албатта, бе он ки аз аҳамияти шарҳҳои ҷолиби дигари поварақи мақолаи ман дар торнамои Радиои Озодӣ чизе кам кунам, маҷбурам бигӯям, ки ин шарҳ таваҷҷӯҳи бештари маро ба худ кашид, чун ба торҳои эҳсосоти ман ангушт зад. Ҳангоми хондани бархе аз ҷумлаҳои он дилам фишор хӯрд, вале баъдан пурсишҳои беҷавобе зеҳнамро гирифт ва дареғ, куҷост муаллиф, ки ба онҳо посух бидиҳад?

Се рӯз мегузарад, манзара ва вохӯрие, ки нависанда тасвир кардааст, аз пеши чашмам дур намешавад. Тасмим гирифтам, номаро ба тоҷикӣ баргардон ва ин ҷо нашр кунам. Бизгор нопадид нагардад ва шояд рӯзе аз нав онро боз бикунаму бихонам.

Барои онҳое, ки аз сарманшаи ин шарҳ огоҳ нестанд, мегӯям, ки дар мавзӯи таҳаввули ҳувияти миллии тоҷикон дар солҳои истиқлолият матлабе навиштам бо номи “Ранҷи тоҷик будан ва ганҷи худшиносии миллӣ.” Пас аз сӯҳбат бо даҳҳо нафар, ки шинохте дар ин мавзӯъ доштанд, талош кардам, ҳолу ҳавои имрӯзаи раванди худшиносии миллӣ ё шояд баъзе аз масъалаҳои муҳими онро баррасӣ кунам. Матлаб бо номи “Таджики ищут самих себя, чтобы опираться на национальную идентичность” дар сафҳаи русии торнамои мо низ мунташир ва дар чандин сомонаи русӣ бознашр шуд. Шарҳи зер ба дунболи ҳамин мақола омадааст.

“Илова мекунам. Боз ин ҳам ҳаст, ки мо тоҷикон (форсҳо) дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, тамоми муддат дар ҳайати давлатҳо, хонигариҳо, амалан зердастона зиста, решаҳои фарҳангии худ ва робита бо аҷдодони худ зиста, ғурури миллии худро тақрибан аз даст додаем. На, ғурур дорем, аммо он як навъ ҳассос ва маснӯӣ шуда, исботи ҳастияш ҳар замон далел мехоҳад. Ҳол он ки танҳо чизи набуда, далели мавҷудият металабад ва он чизе ки худ ҳаст, зарурат ба исбот надорад. Бозтасдиқ эҳтимолан аз он ҷо низ маншаъ мегирад, ки мо зистани ҳамроҳ бо ҳақиқатро фаромӯш кардаем, ба гуфтани ҳақиқат ва иқрори он одат надорем, ба ҷаҳони атрофи хеш худро мутобиқ мегардонем. Ва ҳангоме ки касе ҳақиқати ҳолро рӯшод ба мо бигӯяд, дӯстона чашми моро ба ҳақиқат боз кунад, худро таҳқиршуда мешуморем. Шояд хуб аст, баъзан ба садои дили худ гӯш дод, на ба ақл ва гуфтори ҳамсояро шунид?! Лаҳзае бозистон ва ҳушмандона ба тасвири худ дар ойина нигарист!?

Ҷавонмарде ҷорӯбзанон ба ман наздик шуд. Ба ӯ нигоҳ кардам ва дилам хун гашт, зеро зоҳири ӯ, чеҳра ва нигоҳаш ҳамагӣ баёнгари вазъи Ватани ман буданд. Он ки либосаш чиркин буд, мефаҳмидам, кори сиёҳ мекунад ва вақте корашро тамом кард, либоси тозае хоҳад пӯшид, албатта, агар чунин либосе дошта бошад. Ҳамзамон бо наздиктари ман омаданаш дидам, ки пойҳояш сиёҳанд ва аввал фикр кардам, ки ҷӯробҳояш ин гуна ранг доранд, чун шипакҳои тобистонае дар пояш буд. На, ман иштибоҳ кардам, пойҳои вай аз чирк сиёҳ буданд. Ва ин ҳам дар маркази Маскав, пеши назари ҳазорон нафари неку бад. Тасаввур кунед, дар як рӯз чӣ қадар одам аз ин вокзал мегузарад.

Здравствуй, братишка! – Ман наздиктараш рафтам ва салом додам. Вай аз ҷорӯбкашӣ бозистон ва дар ин ҳама муддате, ки ӯро наззора мекардам, бори аввал сар бардошт, то ба ман бингарад. Чи чашмоне! Дар онҳо ҳам хало ва ҳам андӯҳи қарнҳо, ҳам яъс ва ҳам озурдагии сарнавишт, ҳам гуруснагӣ ва ҳам сардӣ, вале муҳимтар аз ҳама тарсе, ки ба дараҷаи ваҳшат мерасид! Дар баданам мурғак дамид! Дар бораи ин навҷавон менависам ва аз чашмонам ашк мешорад. Нафасам гирифт. Танаффус мекунам ва баъдан навиштанро давом медиҳам…

Здравствуй, братишка! – Ман такроран ба ӯ салом додам, зеро вай ба саломи аввали ман алейк нагирифта буд. Вай ҳамоно сокит буд ва эҳтимолан тарсида буд, зеро ман дар тан либоси ҳарбӣ доштам ва ӯ мумкин аст, низомиро аз милиса фарқ намекард. Бо дидани шахси формапӯш ҷавони бечора дарҳол худро ҷинояткор ё қотил ҳис карда буд. Ман дӯстона ба китфи ӯ даст задам, то оромаш кунам, баъд ба забони модариамон пурсидам:

— Ту тоҷикӣ?

Вай нобоварона ва ҳамоно бо тарс ба ишораи тасдиқ сар ҷунбонд, ман фикр кардам, ки гунгу кар аст.

— Бигӯ, додаракам, чаро ту пойҳои худро намешӯӣ, бубин, ҳо он ҷо ҳатто фаввора ҳаст? – бо дастам ба сӯи фаввора ишора кардам.

Вай бад-бад ба ман нигарист, сарашро поён кард ва хомӯш ҷорӯбзанияшро давом дод. Қатори ман омада буд ва одамони атроф ба мо мутаваҷҷеҳ мешуданд. Ман, ки ба саволам ҷавоб нагирифта будам, баргаштам ва барои савор шудан ба тарафи қаторам рафтам. Ва то ҳанӯз фаҳмида наметавонам, чаро он ҷавон аз деҳаи кӯҳистон бо вуҷуди он ки ба оби бепул дастрасии ҳарлаҳзаина дошт, ҳафтаҳо пойҳои худро намешуст.”

Ҳамин гуна номае. Ҳамсари ман, ки маълум шуд, низ онро хондааст, мегӯяд, бовар надорад, ки ҷавони кӯчарӯб тоҷик бошад. Зеро, ба қавли ӯ, модарони тоҷик аз хурдӣ ба фарзандони худ тозагию озодагиро меомӯзонанд. Ман ҳам шубҳа дорам, ки он ҷавон ҳамқавми мову шумо бошад. Ба вижа, агар аз намояндагони насли нав аст, бояд мусулмони воқеӣ ва намозхон бошад. Панҷ вақт намоз панҷ бор дар рӯз шустани дасту пой  ба дунбол дорад. Шояд аз мардумони дигар аст, ки шабеҳи тоҷикон бошад? Аммо посухе надодан то андозае хоси ҷавонони мо дар муҳоҷират аст. Бахусус, вақте ки пурсишҳои аввалии муаллиф ба русӣ будаанд. Муҳоҷирони калонсол ба ҷавонтарҳо дарс медиҳанд, ки касе чизе пурсад, ҷавоб надиҳанд ва сари худро дар бало намонанд. Худ шоҳиди чунин ҳолатҳо будаам. Вале шояд ин ҷавон на русиро мефаҳмиду на тоҷикиро?

Лаҳни муаллиф самимона ва боварбахш аст ва аз сӯе ҳам кори сиёҳро дар Маскав асосан тоҷикҳо ба зимма гирифтаанд – кӯчарӯб, аробакаш, ҳаммол, хидматгор…

Шумо чӣ назар доред?

22.04.2012 - Posted by | Муҳоҷират, Русия, Тоҷик, Худшиносй | ,

19 Comments »

  1. Албатта то кучо хакикат будани ин гуфтахо суоли бахсбарангез аст, вале як чиз муссалам аст ки холи аксари чавонони точик агар айнан чунин набошад хам бехтар нест.Он нангу номус ва худшиносии миллие ки муаллифи нома аз он мегуяд дар ин миллати бузург кайхо хафагир карда кушта шудааст. Имруз чои хамаи инро хамон тарсе ки тасвир ёфтааст пур кардааст.Тарс аз хама чиз.Хатто аз нотавони ва бечуръатии хеш…………………………………………..

    Comment by Dilovar Dildorzoda | 23.04.2012 | Reply

    • Сипос, Диловар. Аммо дар зер бубинед, ки хонандагони Фейсбук аслан ба ин нома боваре надоранд ва онро бофтаю сохта унвон мекунанд.

      Comment by aioubzod | 24.04.2012 | Reply

  2. FB:

    Khurshedi Mahadsharif Рости боре дар Россия набудам ва вазъи мухочиронро бо чашми худ надидаам,вале перомуни азобу укубати мухочирини точик хеле зиёд шунидаам,вале боз мегуянд,ки шунидан кай бувад монанди дидан.Хамватанони мо ончо холи табохе доранд гуфтан ин харгиз харфи нав нест,каблан хам дар ин бора гуфтаанд,хатто хело зиёд.Дуруст аст,ки мухочират гурури моро шикаставу вобастаи дигарон карда,вале аз чун тути такрор кардани ин харфхо чи суд? Биёед аз роххои берунрафт аз ин мушкила сухан дар миён бигзорем.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  3. FB:
    Shohruksh Vosikhov мо мухочирон набошем намедонам пояи хукумати рахмон пойбарчо мемонда бошад ё не чунки иктисодиёти кишвар бо пули мо мефиристода гардиш мехурад танхо пуле ки мухочирон аз россия бо тарики бонкхо ирсол мекунандзиёда аз3 млрд доллари има ро ташкил медихад.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  4. FB:

    Илҳоми Иброҳим Номаест бо максади тахкиру пастзанй. Чунин мухочири мехнатиро , болои ин точикро дар тули 17- соли мухочиратам надида будам ва иншоаллох нахохам дид. Номаи пур аз дуруги махз ва бофта.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  5. FB:

    Salim Aioubzod Додарам Хуршед, ба назарам, матлабро нахонда, изхори акида карди, харчанд акидааст дуруст аст. Вале масьала дигар.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  6. FB:

    Salim Aioubzod Илхомчони азиз. Ман ыам дар ин андешаам, ки агар он ҷавон тоҷик буд, чаро сухане ба тоҷикӣ нагуфт? Пас чаро мо бидуни он ки ҳақиқатро ёбем, натиҷагирӣ мекунем? Сониян, худат ки ҳамаи муҳоҷиронро як ба як надидаӣ, не? Шояд чунин афрод ҳам бошанд?

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  7. FB:

    Илҳоми Иброҳим Бузургвор, ман шубха дорам, ки аслан чунин чавон вучуд дорад. Тахлили нома чунин натича медихад.
    На точик, на узбак, на киргиз ва хоказо.. Вале агар вучуд дорад, пас чугй буд. Аммо ягон чугиро дидаед, ки кор кардааст?
    Русия ки саросар сойчаву нахр аст, точиконеро дидаам, барои худро тоза нигох доштан дар канале, ки аз ГРЭС- у АЭС-хо мебаромад ба аломатхои мамнуъу “марговар хатарнок” нигох накарда шустушуй мекарданд(!). Ва танхо дар зимистон мардикороне, ки дар шароитхои паст(бе чои шустушуй) истикомат менамоянд, шояд зимистон чиркину ифлос бошанд, вале дар зимистон ифлос будани у зери либосхои кабат ба кабати у нихон аст. Пас “версия”-и охирон: мухочири точик дар зимистон пои барахна ва бо пойпушхои тобистона. Аммо чун у “дворник” будааст, пас ин тавр хам шуданаш мумкин нест. “Дворник”-хо баръакс манбаи пушокихои корй барои бархе мухочиронанд. Як киргизе шинос доштам, ки мегуфт, на танхо либосхои кориаш, балки либосхои тозапушашро у намехарад ва аз партовгоххо меёбад.
    Пас “версия”-и ахир хам дуруст намеояд.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  8. FB:

    Salim Aioubzod Илҳомҷони фарзона! Ҷои озурдагӣ нест. Медонам, ки ба ҳар муҳоҷир сахт мерасад. Фаромӯш накунед, ман шояд аввалитн касе будам, ки панҷ-шаш сол пеш навиштам, бояд дар маркази Душанбе ба муҳоҷирон ҳайкал гузошта шавад, ки мардумро аз гурусангӣ ва кишварро аз фалокат наҷот доданд. Ҳоло ҳам маҳз пули муҳоҷирон сабаби гардиши иқтисоди Тоҷикистон аст. Манам, ки чанд сол пеш гуфтам, бояд дар порлумони Тоҷикистон ба муҳоҷирон 2 ё 3 ҷой дода шавад. Аммо ин мактубаз як ҷиҳат муҳим аст, ки… Хуб, Шумо ки раҳбари блоги машҳури “Мардикорнома” ҳастед, бигуед, кадом корхое хаст, ки муҳоҷирони тоҷикро дар Русия беобру мекунанд ва ба номи тоҷикон иснод меоранд?

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  9. FB:

    Илҳоми Иброҳим Бузургвор, ба андешаи ман дар навбати аввал обруи точиконро бештар аз худи мухочирон ВАО ва журналистони Русия паст кардаанд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки муаллифи хамин нома низ (аз сабабе, ки ин кадар самимй ва боварибахш навиштааст) кадом журналисти точикбадбини Русия аст. Дуввум сахми галустяни аблах бо махзакахояш.
    Ва саввум худи мухочирон бо амалхои наъшачаллобй (холо кариб, ки нест аммо догаш монд), чангу чанчол ва нотифокии байни хам, камдонишию бесаводй ё надонистани забони русй.

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  10. FB:

    Илҳоми Иброҳим Холо хам навиштанхои Шумои азиз сабаб гашт, ки як каме хукумат суи мухочирон нигох афканд. Навиштахои паихами Шумои азиз боис гашт, ки дигарон низ аз хоб бедор шуда дахони галустиянро бастанд. Хидмататон бебахост бузургвор! Сарбаланду комёб бошед!

    Comment by aioubzod | 23.04.2012 | Reply

  11. Салом. Худро шинохтан аз бисёр омилхо сарчашма мегирад ва точик будани он чавон аз эхтимол дур нест. Агар шахс дар нодори, мазлуми, беадолати, мухити пасти тарбия бузург шавад, хамин хел шуданаш хам аз эхтимол дур нест, новобаста аз миллат. Он гох чавоб доданаш хам мумкин аст, ки “агар поямро шуям боз тез чиркин мешавад, барои хамин…” Фикре, ки точик ин хел буданаш мумкин нест тамоман галат аст. Точик инсон аст ва мухит вайро месозад.

    Comment by Suhrob | 24.04.2012 | Reply

    • Сӯҳроби азиз, яъне, ба назари Шумо ин ҷавон аз ҳаммиллатони мо буд ва ҳарчанд ӯ тарбияи дуруст дошту тоҷикон миллати тозаву озодаанд, муҳит вайро ба чунин рӯз расонд?

      Comment by aioubzod | 24.04.2012 | Reply

  12. Бале, точик буданаш аз эхтимол дур нест. Ман ба Шумо киссаи дигареро мегуям. Чавони нав мактабро хатм кардаву бетачриба ва дунёнадидае, ки уро мешиносам, бо хамрохии хеши худ, ки такрибан 45 сола буд ба Русия мераванд. Чун ба Маскав мерасанд, калони бо фиреб ба хочатхона даромада ва аз он тараф баромада гурехта меравад, то ин чавони хешаш дарди сари вай нашавад. Чавон инро пешаки гуё дарк мекунад ва илтимос мекунад, ки хешаш борхалтаашро ба вай дода баъд ба хочатхона равад, вале вай рози намешавад. Шахси чунин корро карда точик аст ва ман уро мешиносам (забонам намегардад бигуям ки вай хеши ман хам хаст). Мутаассифона мухит баъзеро ба дарачае мерасонад, ки кимати инсонии худро, нангу номуси оддии инсониро фаромуш мекунанд. Инсони комил парваришро металабад.
    Ба назарам, агар таълифоте оиди киссахои мухочират омода шавад хеле сахнахои хам чолиб ва хам хузнангез руи когаз хохнд омад.

    Comment by Suhrob | 25.04.2012 | Reply

  13. Соли 2006 пас аз хатми Донишгох кори дурусте пайдо накардам. Пеши яке аз хешам рафтам, чун у дар идораи давлати кор мекард то баром коре муносибе пайдо кунад, вале у ба ман маслихат дод то ба Русия равам барои як муддат хам пули хуб кор мекунам ва хам чахонбиниам васеъ мешавад. Ман ба у чавоб додам, ки ман дар рафиконам, ки солиёни зиёд дар Руссия кор мекунанд чахонбинии васеъро надидам, у дар чавоб гуфт, онон рузи дароз дар бозор ё дар сохтумон кор мекунанд, ба чуз сохтмону хона чое намераванд, вале ту метавони рузхои истирохат ба куча барои, ба хокей рави вахоказову дигару дигар.
    Инак ман таи як сол хаст дар Русия хастам ва бо чашми сар мебинам, ки хаммилатони мо чи хол доранд ва чи гуна рафтор мекунанд ва ба точик будани он чавон шубхае надорам!

    Comment by Fолиб | 27.04.2012 | Reply

  14. Шояд ин бофтаи ягон антиточик бошад, вале мутаасифона аз рафтори бисёр аз хаммилатони мо дар Русия шарми кас меояд, хайр тули зиёда аз 20 сол маориф кор намекунад фахмишу дарки аксар аз мухочирин хеле дар дарачаи паст! Хатто ман одами миёнсолеро медонам, ки дар пеши русхо аз фарханги точики бо ифтихор накл мекард харчанд, ки саводи кофи надорад, вале хангоме, ки харф мезад дар зери забон нос дошт! вакте ту дар зери забон нос дори кучо аз фарханг сухан мерони!!!!
    Мисолхо зиёд хастанд, вале ба гуфти устод Лоик, ту напурсу ман нагуям!

    Comment by Fолиб | 28.04.2012 | Reply

  15. Хич бофтаю тофта нест ин матлаб. Точикони мо мусалмонем, фахангием, меросхурони тамаддуни бузургем гуфта мушт ба сина мезананд, аммо аксаррият ба тозагии бадану пирохану либосу чои зист риоя намекунанд. Хангоми бо хавопаймо ба ватан баргаштан, ё аз Точикистон ба ягог су паридан инро хуб хис мекунед. Тамоми хавопаймо буи така мекунад, гуё ин мардум аслан собуну шампунро надидаанд. Ин на танхо ба мухочирон дахл дорад. Макомдорони точик, аз дур дупа дуруст одамшаванда метобанду, наздикашон оед хамон буи чорубхои ношустаи чандмоха ах танашон иеояд ва аз нафаси дахонашон мисли як гори ахлот аст. Ба фикрам сабаби ин падида дар набудани тарбияи санитари дар мактабу ойла аст. Ва аммо аз бепарвоию адами гуруру нанг гувохи медихад.
    Дар замони шурави шояд он кадар либосу карру фарр набуд, аммо модарони мо хатто як формаи мактабиамонро кариб харр руз шуста дарзмол карда мемонданд, ва танхо баъзехо ба мадраса бо либоси чулидаву пову руи ношуста хозир мешуданд. Дил месузад, аммо бояд хакикатро эътироф намуд ки руз ба руз сатхи маорифат ва тамаддуни мардум кохиш ёфта истодааст, сад афсус, ки афкори чулидаву бугини сиёсатмадорони имрузаамон ба чунин падидахои зишт табдил меёбад.

    Comment by Buridagu | 30.04.2012 | Reply

    • Рост мегуед бародар! Ман хам дар мухочират дар Маскав ин хелихоро бисёр вохурдаам. Вакте, ки эрод мегирй, ки биё моро шарманда накун, камтар ба тозагиат, ба сару либос эътибор дех- мегуянд: Э бародар, мо ин ча пулкоркунй омадем, на барои савлат. Ё мегуянд,- ин ча кй туро мебинад, чи хел мегардй, чи мепушй ва гайра. Умуман кариб хама гуломи пул шудагианд, обру ва ё гурурро ба як кунчи вучуди худ пинхо карда…

      Comment by Ayub | 13.06.2012 | Reply

  16. Аз баёни хакикат набояд тарсид, харчанд ки талх асту сангин. Хастанд чунин мухочирони точик ва ин гунахоро аз лахзаи аввали дар самолёт нишастан дучор омадан мумкин аст. Аммо баъзан бархе аз онхоро низ мебояд дуруст фахмид ва барои ин акаллан як бор бояд ранчи мухочирату мардикориро кашида боши.
    Худо хамаро дар ВАТАН ризку рузии фаровон дихад.
    Аммо дар Ватан……… дар се чой кор мекуни, вале маишати оилаатро ба таври бояду шояд таъмин карда наметавони, харчанд, ки мегуянд: “Точикистон чаннати руйи замин аст”. Пас, чи мебояд кард?!!!!!!!!!!!!!!!!

    Comment by ZOKIR | 20.10.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: