Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Худшиносии тағйирёбанда

Зиёда аз якуним соли умрам дар Гардез, маркази вилояти Пактиёи Афғонистон гузаштааст. Дар он давра волии Пактиё шахсе буд, ки дар мазҳари ом худро паштун меномид, вале чун бо тарҷумонони тоҷик хилват меёфт, мегуфт, тоҷик аст. Ҳоло, беш аз чоряк аср, вақте ҳар бор ибораи “ҳувияти тағйирёбанда”-ро вомехӯрам, беихтиёр чеҳраи маъсуми ӯ пеши назарам меояд.

Вай як сиёсатмадори доно ва моҳир буд. Ба зудӣ пеш рафт ва барои кор ба ҳукумати марказӣ даъват шуд. Зоҳиран, шахсе буд, ки ба ҳарфи мардум гӯш медод, аммо аз ҳеҷ тоҷике дар Пактиё нашунида будам, ки ӯ ба онҳо некӣ карда бошад. Тоҷикон дар ин вилояти асосан паштунишин кам набуданд. Онҳо ба таври комил аҳолии се деҳакадаро ташкил медоданд ва дар ҷо-ҷои вилоят низ ба шакли пароканда зиндагӣ мекарданд.

Ду сол баъд аз хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон шунидам, ки ӯро дар Кобул куштаанд. Дақиқ намедонам, барои кораш дар ҳукумати коммунистӣ ё барои тоҷик буданаш, вале ҳамчун инсон марги  ӯ маро хеле андӯҳгин кард. Ёдаш ба хайр ва равонаш шод.

Ибораи “худшиносии тағйирёбанда”-ро бори аввал аз китоби олими норвегӣ Арнӣ Ҳоуген “ The Establishment of National Republics in Soviet Central Asia” хонда будам. Вай дар ин рисола ҷанбаъҳои гуногуни марзбандии солҳои 1924-1929-и Осиёи Марказиро таҳқиқ карда, ин ибораро барои шарҳи нокомии тоҷикон дар тақсимбандии минтақа ба кор бурдааст. Ба ақидаи Ҳоуген, агар худшиносии тоҷикон дар он давра ба андозаи худшиносии ақвоми дигари минтақа мебуд, шояд сабаб мегашт, ки “минтақа ба шакли дигар марзбандӣ шавад, ба шакле ки барои мардуми он хеле беҳтар ва муфидтар бошад.”

Ин китоб дар соли 2005 нашр шуд ва ҳамон сол, пас аз хондани он ман бо ҷаноби Ҳоуген мусоҳибаи телефонӣ доштам. Яке аз пурсишҳои ман ба ҳувияти миллии афроде рабт мегирифт, ки акнун бисёриҳо онҳоро тоҷик мешуморанд, вале он вақт хилофи манфиатҳои миллии мардуми хеш амал карданд. Муҳаққиқ чунин посух дода буд: “Ба фикри ман ва он чӣ ман дар маркази диққат гузоштам, ин аст, ки ҳувияти ин афрод асоси масъала нест, балки муҳим ин аст, ки худи ҳувият дар ин минтақа як мафҳуми, ба истилоҳ, моеъ, буд ва тағйир меёфт. Ва аз ин рӯ дақиқ гуфтанд душвор аст, ки ин афрод тоҷик буданд ё на. Одамон метавонистанд, вобаста ба авзоъ ба осонӣ аз як тараф ба тарафи дигар биҷаҳанд. Дар ҳолатҳои гуногун тарафҳои гуногуни ҳувияти онҳо боло мегирифт. Ман шод мебудам, агар ба ин савол ҷавоб меёфтам.”

Ҷаноби Ҳоуген дар ин маврид аз қавме ба номи сартҳо мисол овард ва гуфт: “Муайян кардани он ки сартҳо кӣ буданд, мушкил аст ва аз замони вуруди шарқшиносони рус ба минтақа ҷои баҳс доштааст. Он гуна ки ман дарёфтам ва он гуна ки дигарон ба хубӣ таҳқиқ кардаанд, ин ном бо мақсадҳои гуногун истифода мешуд, гоҳе барои нишон додани миллият, гоҳе вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ. Ва ба шакли кӯтоҳ ҷавоб додан ба саволи он ки сартҳо кӣ буданд, мушкил аст. Аммо чаро шумораи онҳо якбора ва ҷиддан кам шуд? Сабаби якум ин буд, ки мақомоти шӯравӣ дар он давраи мушкил тарафдори чизҳои сода буданд ва ба умқи масъалаҳо рафтан намехостанд. Дуюм, масъалаи “ҳувияти тағйирёбанда” нақш дошт, ки одамон ба осонӣ мансубияти миллии худро тағйир медоданд ва аз як ҳувият ба ҳувияти дигар мегузаштанд.”

Намунаҳои “ҳувияти тағйирёбанда»-ро дар давраи шӯравӣ дидем, ки бархе аз коммунистони сарсупурда ниёзҳои миллати худро ба назар намегирифтанд ва омода буданд, бо як дастури кӯтоҳ аз Маскав беҳтарин фарзандони ин сарзаминро нобуд кунанд. Хонаводаҳое буданд, ки русӣ мегуфтанду русӣ мезистанд ва оқибат рус ҳам шуданд. Имрӯз “ҳувияти тағйирёбанда» бархе аз ҷавонони моро аз роҳ мезанад, ки решаву бунёди худро радду инкор мекунанд ва ҳамон гуна ки коммунизм як идеологияи ҷаҳонӣ будан мехосту мансабдорони моро ба комаш мекашид, Исломи тундрави ҷаҳонӣ онҳоро села-села фурӯ мебарад. Тарзи тафаккурри онҳо ба гунаест, ки мусулмон ва тоҷик будани ҳамзамон гӯё номумкин аст ва бояд ё ин бошеду ё он. Гӯё яке дигареро рад мекунад.

Шоҳидони зиёде аз Олга Сухарева гирифта, то Ҷалол Икромӣ гуфтаанд, ки дар давраи марзбандии Осиёи Марказӣ ба саволи он ки «миллати Шумо чист?» мардуми Бухоро ва Самарқанд мегуфтанд, «миллати мо мусулмон». Мегӯед, он вақт миллат вуҷуд надошт? Пас чаро ҳамсоягони мо, бо вуҷуди он ки низ мусулмон буданд, чунин нагуфтанд ва бахши аъзами минтақаро соҳибӣ карданд?

Профессор Ҳоуген мегӯяд: “Ман, шахсан, фикр мекунам, сарнавишти тоҷикон ба наҳве яке аз муҳимтарин ҳодисаҳо дар марзбандии миллии Осиёи Марказист ва аз сарнавишти дигарон хеле фарқ мекунад. Дар ҳоле ки ҳамаи миллиятҳо дар пайи ғасби қаламрави ҳарчӣ бештар буданд, ин хосият ба тоҷикон гӯё аслан дахл надошт. Ман фикр мекунам, боз ҳам масъалаи ҳувият дар ин ҷо нақш дошт. Тоҷикони Бухоро ва Самарқанд бештар аз лиҳози ҳувият ба дигар аҳолии шаҳришуда наздиктар буданд. Робитаи онҳо бо ҷомеаи ӯзбакҳои шаҳрӣ ва маҳалҳои наздишаҳрӣ наздиктар буд, то бо ҳамхунони худ дар қисматҳои кӯҳистонии минтақа ва аз ин сабаб тоҷикон натавонистанд, муттаҳиду ҳамовоз шаванд ва барои Тоҷикистони бузургтар мубориза баранд.Ба фикрам, миллияти ӯзбак ва давлатеро, ки бо номи ин мардум сохта шуд, метавон ғолиби тақсимбандии марзӣ дар он давра номид, аммо ин инъикоси робитаҳои ҷамъиятӣ ва шароити таърихии Осиёи Марказӣ дар ҳамон давра аст. Ӯзбакҳо дар он давра тавонистанд ҳамчун нирӯмандтарин гурӯҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ, албатта, пеш аз ҳама сиёсӣ, саҳнаро ба даст гиранд. Ва Ӯзбакистоне ки зуҳур кард, натиҷаи ҳамин нирӯмандӣ буд.”

…Ва то имрӯз аст, ки мо ҷабри ҳамсояеро мекашем, ки худ ба ин бузургию нерӯмандияш кӯмак кардем. Агар, он марзбандӣ одилонатар сурат мегирифт, ҳамон гуна ки Ҳоуген низ ишора мекунад, шояд имрӯз вазъ дар Осиёи Марказӣ ба ин ҳоле набуд, ки ҳаст. Охир, «ростию дӯстӣ» гуфтаанд.

Дирӯз «Раздел Афганистана вызовет “эффект домино” для всей Средней Азии» ном мақолаи таҳлилгар Александр Князевро хондам, ки дар бораи поккории ҷануби Афғонистон аз тоҷикон, кӯчонидани ҳазорон-ҳазор хонаводаи паштун ба шимол ва сипас муҳоҷир кардани хонахези тоҷикон ба ҷануб ҳикоят мекунад. Вай менависад: «Дар давраи ҳокимияти сулолаи Дуррониҳо (1747-1818) раванди ишғол ва тобеъгардонии сарзаминҳои тоҷикони Афғонистони Ҷанубӣ ба поён расид. Дар давраи ҳокимияти Аҳмадшоҳи Дурронӣ қабилаҳои пуштун дар минтақаҳои Ҷалолобод, Ғазнӣ, Қандаҳор, Фароҳ ва Ҳирот ҷойи по пайдо карданд ва дар ҳамин давра заминҳои обшори тоҷикон дар вилояти Қандаҳор пурра моликияти хонҳои дурронӣ шуда, тоҷикон ба сулолаи мутеъ табдил ёфтанд.»

Ба пажӯҳиши Князев, дар поёни садаи ХIХ ва оғози асри ХХ ба сурати умум 62000 оилаи пуштунтаборон ба манoтиқи тоҷикнишин кӯчонида шуданд. Албатта, ҳадафи амирони афғон баҳамомехтани ақвом ва якпорча кардани аҳолии кишвари худ буд. Аммо ба манфиати миллати худ. Ҳоло бигӯед, магар онҳо мусулмон набуданду нестанд? Шумо худро уммати ҳазрати Иброҳим гӯеду гардед, косаи асалро аз пешатон дигар умматон бибаранд.

Бовар дорам, ки устод Зафари Мирзоён аз ҳамин дидгоҳ хостааст, бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сӯҳбат кунад, аммо шояд нуқтае на дар ҷо афтода ё бардоште на аз рӯи ақл буда, балки эҳсос, ки дар атрофи суханони донишманд моҷарое бархост. Шеваи гуфтори бисёре аз ҷавонони мо, ки бо он ҳама камзарфии ошкоро худро ҳомии Қуръон ва Ислом мегиранд, ба гунаест, ки ҳеч навъ баҳсро дар ин бора намепазиранд. Онҳо гирифтори ҳувияти тағйирёбандаанд ва сабаби асосӣ ин аст, ки ба он чӣ дар бораи ягонагию ваҳдат, ватанхоҳию ватанпарастӣ ва ормонҳои миллӣ гуфта мешавад, бовар надоранд. Зеро вақте ки аз толору ҷашнгоҳҳо берун мешаванд , комилан чизҳои дигарро мебинанд. Аммо барои ин ҳама Зафари Мирзоён гунаҳкор нест.

Худшиносии миллӣ шояд муҳимтарин масъалаи рӯзи кишвари мост, ки барояш беэътиноии ҳамаҷониба мешавад. Бе худшиносии миллӣ ҳеч гуна ҷомеаи бобақоро сохтан номумкин аст – на шаҳрвандӣ, на озод, на ҳуқуқбунёд, на пешрафта ва на одилона. Кӯр бояд як бор асояшро гум кунад, не?

30.04.2012 - Posted by | Баҳс, Ватан, Таърих, Таҷриба, Тоҷик, Тоҷикистон, Худшиносй

16 Comments »

  1. Салом устод. Кисман ба фикри Шумо розиам ва кисман не.
    Имруз хар нафаре ки танхо худро мусалмон номад, хатман аз хар тараф уро нимчамуллову салафию вахобию тундрави исломи ва гайра меномандаш. Аммо у танхо мусулмон аст ва дифоъ аз китоби мукаддас кардааст. Барои рутбаи олии МУЛЛОро сохиб шудан дахсолахо мехонанд. Имруз мутаасифона ягон равшанфикре нест, ки фанатхои антиислом садо баланд намояд.
    Ислом, на як сол ё 50 сол ё сад сол бо мост, балки 13 аср бо мост ва ба магзи фархангу тамаддуни точикон чой гирифтааст.
    Барои боло бурдани худшиносии миллй нашояд, ки ба Исломи азиз хучум намоем. Ислом дар дилу дидаи мардум чой шудааст, рох ки то дилу дидаи мардум дур тофт, пас рохи наздик ба воситаи паст задани Ислом ва гирифтани чои у? Бовар кунед ин андешаи хому ношуданист. Бале ду се нафари беимон бо таманнои кудаконаи “ана мо дониш дорем” гуфта, хиёнат ба Ислом мекунанд. Аммо на хама. Пас баръакс ихтилофоту душмани дар ин миллати бадбахт дучанд мешавад.
    Наход дигар рохе набуд барои Шохномаро бообруйтар намудан? Шарт буд ба Куръон хамла намудан? Хазору як рох буд ва хаст. Ба гуши давлатдорон расонед, то Шохнамахо нашр намуда ройгон ба мардум диханд. Озмунхои шохномахонихо, чоизахо, ташфику таргиб…
    На, ин роххо захмати бештар талаб менамояд. Мо намехохем худро азоб дихем, мехнат кунем, бинобар ин хучум ба китоби мукаддаси Куръон мекунем.
    Чи иштибохе. Худо накарда, ба хамон шохномаву Фирдавсии бузургвор мардум нафрат пайдо намоянд чй?
    Шохнома вокеан метавонад як рухияи наву тозае ба худшиносии милли бахшад. Чи хуш аст, вакте дар хар хонадон хам Куръону хам Шохнома бошад. Ва вакте мухочир ба сафар барояд хамрох бо Куръон, Шохномаро низ ба борхалта гузорад. Ман низ дар орзуи он руз.
    Маъзарат лак-лаки бисёр кардам . Ин нуктаи назари як мусалмони оддии бесавод, ба Шумо бузургвор буд. Ва зарур нест онро нашр намоед.
    Худо нигахбон!

    Comment by Ilhom | 30.04.2012 | Reply

  2. Аз Фейсбук:

    Дар хошияи бахси арчи Хирадномаи мову Фирдавси
    by Muborak Sharif on Monday, April 30, 2012 at 2:31pm ·

    Аввал ин ки сипоси фаровон ба Салимчон, Дориюшчон дигар механпарастонамон барои дили пурсуз ва афкори орифонаатон, ки ин рузхо чароги садхо хонадони точикро рушан мекунанд. Чанде аст ки бахси пурчуш гирди гуфтахои Фирдавсиву ворисонаш гунахое тоб хурдааст, ки маро хам водор кард ки «каламбадаст» бошам. Бо он ки аз талоши имрузии рузноманигорони точик дурам, вале ин бахсе ки дар торxои ичтимои ба дунболи бахси тозакухани Салими арчманд бархостааст, ба назарам бахси калиди ва миллатсоз аст. Хамзамон гоxи барафрухтанаш хам чолиб аст: дар авчи ковишхои аслият ва бакоияти миллат, ки насли нави точикон дар паи он чароги пурчило ва гавгои серталоши торнамохои шахси ва гуруxии интернетро сипари зулми руз ва шабхои торики худ кардаанд. РастагорИ аз чавонак задани саволxое ки аз хостахои умдаи xар шахс ва умедxои зиндкарду зандамоди у бармехезанд, сар мезанад: Mану мо кистем? Aз кадомин реша ба рагxои авлодамон хуни гарму равони пок мечушад? Кучост он тухми Заххок ки бо шикастанаш чони сертани Зулмро аз батнаш метавон берун овард? Кучост он Исодамe, ки эxеи миллати мо кунад? ва гайраву гайра. Яке аз он суоли хоссае ки ин бахс дар матрахи он аст – Ое равост ки арчи забони миллатро аз забони китоби мукаддас бартар гузорем? – ба суоли дигаре бармехурад: Чист асли он Дами Исо, чист он асрори ноошнои эхеи милли? Кадом аст пайрохе ба куи он, кучост макони бекарон ва безамони он? Чист тавони шинохтани он ва усулхои расидан ба он? Ва дакикан – ое шинохту арчи ин гуна Исодам ба забони хоссае ниез дорад? Ман бар онам, ки расидан ба дарки равон ва рухи поки хар мавчуди хокиву илохИ дар ин чахони норасо хамоно василае мехохад ва он хам – Забон ва Каломест, ки дар тули торих ба гунахое фаровон, баста ба макони хоку савдо, ба табиати обу хаво, ба мухити сиесиву фархангии хар кавму авлод сабзидаасту реша давондааст. Инсоният то хануз ба мисли забон василаи дигаре нерумандтаре пайдо накардааст, то дар пайвастагихояш бо худиву гайр, бо аслу дигарИ, бо дуру наздик хизмате карда тавонад. Ва чун аломатхо ва сифатхо, хассосиятхо ва нозукихои хоссаи забонИ дар тули торих ба табиати хоси хар миллат ва сохторхои ичтимоиву фархангии он мутобик ва мусови шудаанд, пас ин аломатхои хосса ки забони хоси миллатро созмон медиханд, танхо он василаи хассосу дакикест барои расидан ба дарки нозукиятхои асл ва вучуди хеш, ки хама пайвастаанд ба обу хоку устухонбандии ин миллат. Пас донистани ин забон ба хар вориси ин кавму миллат вочиб аст, чун он, гузашта аз хама – василае аст барои чамъи ин кавму авлод, барои нек дидану фахмидан, барои арч гузоштан ба он карори илохие, ки хар кавм шояд дар бисоти худ бо бунедгузораш, бо пиронаш, арвоху мадагоронаш бастааст. Одоби неки пазироии фархангу забони хамзамини дуру наздик аз шинохти забону фарханги хеш сар мезанад. То худро нашиноси ва кадр карда натавони, дуру наздикро натавони нек дид. Барои кадр кардани расму русум ва забони мардуми гайр, чи русу чи аъроб, аввал бояд забони модару фарханги пирони худро ба бари худ андохту аз худ кард. Агар побанди решахои худ набоши мисли хасу хошок бо вазиши шамоли кучаке дидагони мардуми гайрро хатман норохат мекуни. Ва чизе дигар. Вакте ба умки маъонии истилохи Човидон ва Муктадир ва Мехрубон ва Офаридгор ва хамсони он фикр мекунам, бар он мерасам, ки Худованди човидон бо он неруи мехри бепоени худ ба талошхои нобасомони мо дар васфи номи У, ба «вафодории» ситезакорамон, ба «чонгудозии душмазоямон», ба “сархокпошиамон» ва хам ба андухти «дакики» мо аз Каломи У ниезе надорад. У аслан коре Хам ба рузгори мо надорад. Шаке надорам, ки Он Олии Мутаъоли Човидон мутмаин аст, ки бо хама такупухоямон мо хама, мисли кудаке ки пас аз бозии руз ба домони гарми модараш бармегардад, ахиран ба канори пурчилояш бармегардем. Бармегардем ба огуши мехри бепоени Офаридгорамон – хаста, вале сипосгузор аз он ки бароямон Озодиро раво донистааст, то ба маънии томи Инсон будан бирасем. То аз мехнату меваи ширину талхи ин ОзодИ бичашем, онро тачриба кунем, ва дар тамоми бунду бастхои зиндаги аз дареи бекарони мехр, мухаббат ва тахаммули Офаридгори бахшандаамон бахра бубарем. То бифахмем, ки бунеди он чаханнаме, ки тавассути он тарсро аз «кахру газаби» Худованд дар батни инсон коштаанд, манбаъ дар магзу афкори инсон аст. Ва ин хамон Тарсест, ки марзхои Озодии Инсонро побанди марзхои ботил кардааст. Мисли он ки ситамкору зиндонИ харду занчирбанди дархои бастаи Озоди хастанд, он марзу маразхое сони Дуруг, Тамаъ, Зулм, Гурур, Интиком, Чахолат (хама аз аслу сурату сирати Чаханнам) намегузоранд, ки парда аз чашм бардорем, то сурати аслИ ва пахнои беканори чахони човидон ва донишу мехри Худовандро биварзем. Мутмаинам, ки дар нихоят сирри рахоии мо аз ин зиндони худсохта дар магзу Хиради худи мост. Ва дарки он, андухтани ин гуна Хирад мехнати пайвастаи чону равонро мехохад. Хеле оддист: то афкорамон аз чашми дуругу тарс, тамаъу чахл, кахру интиком озод нашавад, равонамон Озод ва Калбамон ноши аз Мехри Илохи нахохад шуд. Ба хонаи диле, ки ори аз Тарс, озод аз дуругу зулм нест, аз боги Фирдавс мехмоне бо номи Мехри Илохи нахохад омад. Ва тарику усули ин гуна озодаги ба хираду донишандузии инсон вобаста аст. Шояд аз ин сабаб Фирдавси Худовандро хамчун Худованди Чону Хирад ситоиш кардааст. Чун хирад чароги шабу сафои рузи инсон ва руху афкори уст – он рушаниест, ки чаханнами зулмро бо чашми мехру тахаммул ба боги Фирдавс табдил мекунад ва Чахони зебои Худовандро бо чашми нек менигарад. Хирад аст – сипари чангу ситез ва чахолату зулм. Сарчашмаи мухиме, ки дари Хирадро бар дили пайгиронаш мегушояд – дар чакидахои модди ва маънавии ториху фарханг махфуз аст, ки пирони миллат барои ворисонаш дар бинохои номаву достон, шеъру суруд, дар кавонини навиштаву нонавиштаи одату одоб ва дигар бойгонии торихиаш, дар хофизаи моддиву хаттиву шифохиаш хифз кардаанд. Ман мутмаинам ки асли хар тавлид, бунеди хар мавчуд мехр аст ва аз ин ру хар мавчуде, хар осори кунуни е торихие, ки ори аз мехр аст, осори аслИ нест. Агар нек нигарем, мебинем, ки манбаъи хар руди хурду бузург чашмаи оби зулол аст. Барои расидан ба оби мусаффои ин сарчашмаи хаетбахш бояд хоки атроф, решахои бунбасти буттаву дарахтони канори онро санчид. Бояд он оби хаетзоро аз олоишхо ва маризихои гайр тоза дид, ва ба умки тавлиди он расид. Ба хамин усул бояд забон ва сарчашмахои асли хешро наку санчид, имтихон кард, то аломатхо, накшхо, рангхо ва гализихои торихиро руи наккошихои осори милли бо хам ва аз хам чудо дид. Дар ин дарси хештаншиноси бояд аслу ноаслро чудо кард бо сабру тахаммул, бе кори тегу табар, бо дидагону дилхои пурмехр, бо хамдардИ ба он хама ранче ки дар ин омехтахо махфуз гаштааст. Вас пас аз итмоми тахсил, пас аз огохИ ва бар точи дил нишондани асли хеш, боистИ ин мероси имрузро куллан, бо хамаи омехтахои хоку хуни ниекони худиву гайр, наву кухан пазируфт. Чун тавоне нест чуз Худованд ки олоишхои торихоро бидуни чахолат ва рехтани хуни нав аз Хам чудо созад. Чун танхо тавассути васли вокеъи бо хамаи он осору мероси неку ранчур ки бар мо фаровон рехтааст метавон ба он чилои рушду якдилИ расид. Чун сохтан ва офаридани зебои ва асл, чун фаровониву иттифок тавъам ба Мехру тахаммул ва баста ба Озодии хар яки мо аст. Чун танхо бо шонахои пурмехр он бунбастхои мухои парешони Пирони торихамонро метавон кушод ва ба асли хеш расид. Фаввораи мехр бояд буд, то ба умки худии худ бирасем, Хираду тахаммул бояд варзид. Шоду пируз бошем!
    LikeUnlike · · Unfollow PostFollow Post · Share

    *
    *
    Tojdor Tojikon, Темур Варки and Musaddas Zarafshani like this.

    Comment by aioubzod | 30.04.2012 | Reply

  3. Валлохи таоло ин ду шаби бехобй бехуда набудааст! Хушо ба холам, ки дарки ин нуктаи нозуки дури дурихо намудам. Бузурги Худо, аз бахри савоб, назари пешинаамро тоза намоед. Парвардигор шумоёнро дар панохи исматаш нигахбон бошад. Таасуроти пурраамро ба Шумо дар дигар чой хохам овард.

    Comment by Ilhom | 30.04.2012 | Reply

  4. Аз Фейсбук:

    ImruzNews Gazeta Устод метавонанд дар мавриди зулми узбек нисбати точик шархи бештар диханд?

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  5. Аз Фейсбук:

    ImruzNews Gazeta Як тарзи ба худшиноси расидан ба мухокима кашидани гуфтаи донишмандони замон АСТ. Холо вактест ки хакимони худро аз гуфтани “хар чизе ба забон омад, хуш омад” бирахонем ва мардумро аз чокарона кабул кардани андеша. Ранчидаем, ки ба гуфтахои Мирзойон чавонон ин гуна вокуниш карданд. Чаро накунанд? Агар Мирзойон хадафи таъсир гузоштан дар афкори чавононро дошт, барои хамин низ ба донишгох ташриф овард, ба ин ки чамъият метавонад андешаи уро кабул накунад, бояд омода мешуд. Айб мемонем ба донишчуйон ки Мирзойонро нафахмиданд, намепурсем ки чаро устод натавонистанд бифахмонанд.

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  6. Аз Фейсбук:

    ImruzNews Gazeta Як чизи дигар: мо давоми бист сол аз донишмандони худ факат ин харфро мешунавем ки ба худшиноси расидан даркор. Касе барномаи расидан ба онро пешниход накардааст ва аник наметавонад бигуяд ки хамон чойи расидан кучост?
    May 1 at 11:08am · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  7. Аз Фейсбук:

    Salim Aioubzod Зоҳиран, ин ҳарфҳо зиёдатиянд.
    May 1 at 11:29am · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  8. Аз Фейсбук:

    ImruzNews Gazeta Агар шумо гуед барои мо зийодати нахохад буд.

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  9. Аз Фейсбук:

    Mehr Sobiriyon Имрузнюсчиёни гироми лутфан бигуед ки чаро исломиён китоби худро аз хамаи дигар китобхо боло мегуянд ва инро хазор маротиба дар мехробу минбар, дар махфилу зиёфатхо такрор мекунанд ин гунох набудаасту вакте дигарон айнан хамин корро мекунанд аз чумлаи гунахгорон будаанд? Оё ин дуруягии медиабизнеси шуморо нишон намедихад, ки боре хам аз муллохо интикод накардед ки чаро онхо доимо нисбати гайриисломихо суханхои паст мугуянд? Шумо мегуед ки чавонон нисбати суханони Устод Мирзоён вокуниш нишон доданд. Хохишмандам мегуфтед ки кадом чавонхо ва дар кучо? Чи хел вокуниш? Магар хамин кахр кардану дашном додану шиорхои беасосу бедалел овардани онхо вокуниш мешавад? На шумо ва на ин шахсони ба фикри шумо вокуниш нишондода натавонистед ки ягон маколаи илман асоснокшуда дар мукобили гуфтахои Устод биёред.
    May 1 at 5:33pm · like · 1

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  10. Аз Фейсбук:

    Salim Aioubzod Дӯстони бисёр мӯҳтарам. Мақсадам ин набуд, ки баҳси ҷои дигар ба ин ҷо кашонда шавад ва талош ин бошад, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Ин баҳс ба ҷуз аз ҳангоматалабӣ чизе нест. Мехостам, агар касе сари “ҳувияти тағйирёбанда” гуфтание дорад, дар миён бигузорад ва дар пажӯҳиши масъала ёрмандие кунад.
    May 1 at 8:21pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  11. Аз Фейсбук:

    Sherali Rizoev Ташаккур барои макола. Истилохе, ки Шумо истифода намудед: “ҳувияти тағйирёбанда” чолиби диккат аст. дар мачмуъ мехостам дар бораи сартхо сухбат кунем, то баъзе аз масъалахои хуввияти мардуми бумии минтака, яъне мо точикон мушаххас шавад. Як мухаккики тоинкилобии рус Остроумов китобе дорад бо унвони “Сарты”, ки соли 1891 дар Тошканд нашр шудааст. Дар он як масъалаи чолиби диккат аст. Муаллиф оиди пайдоиши мафхуми “сарт” менависад ва аз адабиёти кухани мо истифода мекунад. Мувофики навиштаи у аз асри 13 то нимаи аввали асри 19 сарт хаммазмуни точик буд вале дар нимаи дуюми асри 19 сартхо турк мешаванд ва хатто чо чое кайд мекунад, ки онхо кавми алохидаи минтакаи Осиёи маркази хастанд. Ба назари ман таърихи асри 19 мо як чараёни чиддии хуввиятсозиро дорад, ки истилогарон ба он машгул мешаванд ва мехоханд хуввияти алохидаи сартро ба вучуд оранд, лекин кори онхо барор нагирифт ва ин хуввият устувор нагашт ва чои худро байни мардум пайдо накард. Аз ин ру, метавон гуфт, ки Арнӣ Ҳоуген аз тезисхои кухнаву нав истифода намудаанд, хол он ки сайёхи дигари авруполи Вамбери солхои 1860-ум менависад, ки точикон як хуввияти ташаккулёфтаанд. Яъне саволе ба миён меояд. Агар мо точикон мувофики навишти Вамбери хуввияти ташаккулёфта бошем. пас чи гуна баъди 60 сол мо ки будани худро фаомуш намудем? Саволхо бисёр аст ва ман бовари дорам, ки чавоб ба он мо пайдо мекунем.
    Wednesday at 12:24pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  12. Аз Фейсбук:

    Salim Aioubzod Ташаккур, Шералии азиз. Хеле андешаҳои ҷолибро матраҳ кардед ва муҳимтар аз ҳама пурсиши Шумо метавонад, роҳеро барои таҳқиқи бештар боз кунад. Оре, китоби Остроумовро дорам ва хондаам. Аз руйи баъзе тасвирҳои ӯ сартҳо тоҷиконанд, зеро 1. Шарҳнишинанд 2. Адабиётдустанд 3. Гулу растанипарваранд 4. Тоҷиру соҳибкоранд. Вай менависад, сартхо мавриди бадбинӣ дар минтақа буданд, шояд барои хислатҳое, ки зикр кардааст ва шояд ба ҳамин сабабу зери фишори шадид онҳо сарт будани худро рад кардаанд. Боз ҳам — суоли Шумо, ки ихтилофи назари Вамбери ва Остроумов аст — мухим аст. Бояд хамчунон муаллифони дигарро дид, ки чи мегуянд.
    Wednesday at 1:16pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  13. Аз Фейсбук:

    Sherali Rizoev Ташаккур Устод, хуввияти мо масъале аст, ки он танхо назари вокеии илми ва объективиро талаб дорад. дуруст мегуед, хатман дидан лозим, ки муаллифони дигар чи менависанд. то мо тавонем ин дуруг то кучост. Ба назари ман масъалаи асосии хуввияти моро дар асри 19 чустучу намудан лозим аст. Ин чо як раванди дигаре мерафт, ки хар миллати аврупои барои бунёди давлатдории миллии худ аз миллатгароии империалисти истифода менамояд ва дар тамоми империя, хамаи кишвархои абаркудрат ба хуввиятсози машугл мешаванд. хукумати Русияи Подшохи бо ин кор сару кор дошт ва русификатори Русия Александри 3 ин равандро тезонд. Ба назари ман пантуркизм ва дигар чараёнхо дар осиёи маркази бо дасти империя идора мешуданд, мисоли равшани онро мо дар китоби Устод Айни “Таърихи инкилоби фикри дар Бухоро” мебинем. агар таваччухро ба бахси шиаву сунъи кунем.
    Wednesday at 1:24pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  14. Аз Фейсбук:

    Salim Aioubzod Ибораи дигаре, ки маро машгул медорад — конструирование идентичности — яъне хувиятсозист ё тандиси хувият. Ин хам хеле чолиб аст. Дар холи корбасти дурусту хисобшуда аз хар чомеа метавон чизе, ки хости бисози, ба хар гурух чи хувияте, ки хости, бидихи. Назари Шумо ба ин чанбаи масьала чист?
    Wednesday at 3:55pm · Like

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  15. Аз Фейсбук:

    Sherali Rizoev Дар масъалаи “хувият” ва “”хувиятсози” бояд гуям. ки ин мафхумхо барои бархе аз назарияхои миллат, миллатгарои ва давлати милли кобили кабул буда, барои дигархо як сохта (конструкт) аст. Аз ин ру, хуввиятсози дар асоси барномаи тархрезишуда амали мешавад ва мухлати ичроиши он раванди дарози таърихиро талаб дорад. Ё ин ки гузашта ба воситаи назари идеологи (на бо мазмуни бадаш) мувофики талаботхои вокеият бозгуи намуда мешавад. Фикри Шумо “Дар холи корбасти дурусту хисобшуда аз хар чомеа метавон чизе, ки хости бисози, ба хар гурух чи хувияте, ки хости, бидихи.” комилан дуруст аст, чунки ин гуна мисолхоро аз таърихи миллатсози бисёр мушохида намудан мумкин аст. Лекин барои мо масъала камтар дигар меистад. Барои мо масалан исбот намудани он ки мо миллати кадима ва бумии минтака хастем, аслан чои инкор нест. Ба гайр аз ин мо сохиби адабиёти чахони. санъату меъмориву шахрсозии шинохташуда ва дигар унсурхои муайянкунандаи тамаддун хастем. Барои мо танхо шинохти аслияти худи мо зарур аст ва бо ин васила метавон на хувиятсози балки ЭХЁИ ХУВИЯТро ба вучуд овард. Чуноне ки ба Шумо навишта будам. муайян намудани “кабатхои фарханги” -и хувияти мо метавонад бисёр масъалахоро мушаххас кунад ва на таззод, балки ба хам омадани арзишхои миллиро ба миён орад. Дар бораи кабатхои фарханги ман бо Устод Акбари Турсон сухбате доштам ва фикр мекунам, ки гуфтахои он кас агар дар ин чо бошанд, барои аксарияти дустоне, ки бо ин масъалахо сару кор доранд, фоидаовар хохад буд.
    Thursday at 1:28pm · Like · 1

    Comment by aioubzod | 05.05.2012 | Reply

  16. Абдулло Хочаев 27 сентябр, 2012 – 17:28

    Суханхои як бузургеро дар ин бора хонда будам. Мутаассифоена, ки буданашро ба хотир нагирифтаам, аммо хаминаш аник, ки вай олиму мутафаккири аврупои буд.Мавсуф дар мавзуи мазкур гуфта буд, ки миллатро давлат, хукумати милли меофарад, на баръакс. Азбаски таи он асрхои пеш аз инкилоб хукуматхо хамаги турки буданд, онхо хувияти туркиро дар табааи турктабори худ тарбия намуданд.Дар кисмати гайритурк, ва ин мувофики мантик аст, онхо тасаввуроти дигарро тарбия намудаанд. Мушаххасан худшиносии исломиро. Аз тарафи дигар, парвариши махалчиги низ шояд аз “дастовардхои” сиёсати “чудои андозу рохбари кун” бошад, ки моли сиёсати хама хокимони давлатхои гуногунмиллат аст.

    Comment by aioubzod | 30.09.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: