Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Лабханди рӯзи борон

Даҳ сол аз он рӯзи тираи боронии реҳлати падари бузургворам гузашту ман ҳис мекунам, ки ҳамоно лаҳзаҳои дардомези он рӯзро аз сар мегузаронам. Ҳамон чак-чаки борон, ҳамон сояи ҳавлангези хавозаи ток ва тути пир, ҳамон мурғакони фурӯрафта дар паруболи худ ва ҳамон деворҳои намзада. Бухси нафасгир. Дили шикаста. Осмони фурӯафтода…

Ман худ ба дарахти боронхӯрда мемондам, ки дар орзуи навбаҳор ҳанӯз реша аз сардии зимистон берун накашида, бояд, ки ях бубандад. Дарахте сарафканда ва дар ҳоли афтодан. Ман намедонистам, ки боз рӯзҳову солҳову ҳафтаҳо хоҳам зист. Ин як хатти марзе буд, ки ҳама чиз то расидан ба он вуҷуд дошт ва баъд аз он чизе набуд.

Додарону хоҳаронам мисли он мурғакони зери борон сар ба худ кашида буданд сокиту мусибатзадаву ҳайрону парешон…

Аз ҳар раги барги дарахтон, аз шохаҳои хамида
Мечакид ашк қатра-қатра, дона-дона.
Мечакид ашк аз сари девор
Мечакид ашк аз боми хона

Осмон ҳама шаб гириста буд ба ҳоли мо ва офтобе набуд, ашки осмонро хушконад.
Мечакид ашк аз сари дару девори бекас

Парандаҳо дар шохсорони намолуд
Андўҳи худро ба ҷуссаҳои худ печидаанд ва сукут меварзанд ва намехонанд таронаҳои шоди бомдодй ва субҳро салом намегӯянд на дарахтон ва на парандагон.

Ҷогаҳи ӯ дар зери айвон боз ва нақши сараш монда дар болин
ва китобе боз дар сафҳае бо гулаки даштии хукшида.

Парандагони бомдодӣ дар шигифтанд, ки чаро намешунаванд такбири бомдодии ӯро.

Зери борон кашидааст нам деворе бо нақши дастони ў. Хона месохт барои чӯюаҳояш.
Магар фурӯ нарафт дигар он?

Парандагони бомдодӣ медонанд, ки нишастаанд бар шохи дарахтоне, ки ӯ нишонда буд. Садбаргҳои ӯ сархам буданд ва аз ҳар баргашон ашк ба замин мерехт.

Ва китоб пойдорӣ мекунад дар баҳс бо насими беҷуръат, ки мехоҳад онро сафҳгардон кунад. Сафҳае аз он намегардад. Китоб боз аст дар сафҳае бо гулаки даштии хушкида.

Насим ҳам медонад. Ин гули даштиро солҳо пеш ӯ чида буд дар тобистони гарм ва бигзошта буд дар ин сафҳаи китоб. Ёдаке аз рӯзҳои офтобӣ.

Шояд ин гулаки хушкида аст, ки маро ба ёди ӯ меандозад? Ё китобе, ки шаби пеш аз сафар мехонду он сафҳа ҳамоно боз аст.

Ва охирин нигоҳ, охирин оғӯш, охирин дидори гарм. Ва он лабханди пур аз нур, ки айвонро рӯшан карду парандаҳои сари деворро шод, ки ногаҳ ба парвоз омаданд. Ҳатто қатраҳо дар ҳаво муаллақ монданд ва ба дурахшҳои булӯрии хандаи хуршедии олам табдил ёфтанд. Лабханде ба нишони шодии сафар ва дархости нахӯрдани андӯҳ. Лабханде ҳамчун ишораи мурур аз марз. Лабханде мисли ваъдаи дидор. Он рӯз мерасад ва бояд ба гунае зист, ки дар гулистони биҳишт ба дидори ҳам расид ва ҳамдигарро сахт дар оғӯш гирифт.

14.05.2012 - Posted by | Инсон, Каме латра, Сарнавишт | , ,

2 Comments »

  1. Бародари азиз Салим.Хондам ва чашмхоям нам гирифтанд.Худованд чойгохи падари Шуморо дар чиннон кунод.Тули ин кадар сол танхо фарзанди тарбияи бузургдида кодир ба поси хотир мебошад.

    Comment by Bovar | 15.05.2012 | Reply

  2. Худованд рахматашон кунад.

    Comment by Бахтиёр | 19.05.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: