Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Тантана” барои “Диктатор”

Як ширкати тиҷорати филм бо номи “Тантана” тасмим гирифт, ки филми “Диктатор” дар Тоҷикистон намоиш дода нашавад, зеро мегӯяд, он даромади кофӣ нахоҳад дод. Аммо ин кори як ё ду нафар зарбае ба обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон зад ва ҳам сабаб шуд, расонаҳои ҷаҳон раисиҷумҳури ин кишварро дар сафи диктаторони араб гузоранд.

Мудири тиҷоратии ин ширкат Далер Давлатов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ин филмро нагирифтем, чунки худро намепӯшонад. (Барои иттилои бештар руҷӯъ кунед ба матлаби ҳамкорам Мирзои Салимпур дар торнамои Радиои Озодӣ.) Ин сӯҳбат 18-уми май ҷараён гирифтааст. Ҷаноби Давлатов дар ин гуфтугӯ ҷанбаи молиро далели тасмими “Тантана” номидааст.

Аммо ҷолиб аст, ки ҳамин шахс, яъне Далер Давлатов, ду рӯз пештар, дар 16-уми май, зимни сӯҳбат бо хабарнигори Kloop.tj чизе гуфтааст, ки дар чаҳор рӯзи баъдаш зиёда аз 30 нашрия ва торнамои аксаран ангилисизабони ҷаҳон онро бознашр намуда, мавриди таҳлил ва ишораву хулосаҳои гоҳо танзомез қарор доданд. Вай чунин гуфта буд:

“Не надо нас сравнивать с Казахстаном, Узбекистаном и с другими странами — это вообще неправильно, потому что у нас менталитет, сами знаете, другой. «Диктатора» мы не внесли в списки премьер только из этих соображений», — сказал Далер Давлатов, менеджер по продажам в «Тантане».

Яъне менталитет ё мафкураи тоҷикон, “худатон медонед”, аз мардуми Қазоқистону Узбакистон фарқ дорад, бо ҳамин андешаҳо, мо ин филмро ба феҳрасти нахустнамоишҳо ворид накардем.” Торнамои Тенгринюз.кг дар идомаи ин иқтибос суханони намояндаи “Тоҷиккино”-ро овардааст, ки бино бар надоштани муҷаввиз намоиши филми “Диктатор” дар Тоҷикистон манъ аст.

Розӣ шавед, барои журналистону таҳлилгароне, ки қарор аст, дар ин бора чизе нависанд, аз суханони ҷаноби Давлатов дида тӯҳфаи беҳтаре вуҷуд дошта наметавонад. “Мафкураи фарқкунандаи тоҷикон!” “Дар кишвари диктатор “Диктатор”-ро манъ карданд”, ё тавре ки “Bangkok Post” сарлавҳа мегузорад: “Дар Тоҷикистон “Диктатор”-ро нол карданд”. Як рӯз баъдаш, “Russia Today” дигар номи Далер Давлатовро зикр накарда, менависад: “Мақомоти Тоҷикистон намоиши филмро манъ карданд.” Сипас, “The Nation” сухани корманди соҳаи филми Тоҷикистонро, ки нахостааст, номаш ошкор шавад, овард: “моро намегузоранд, ки ин филмро намоиш диҳем”. Кӣ? На ин пурсиш ҳаст ва на посух ба он, аммо маълум, ки кӣ намегузорад. Ангушт ба сӯи боло.

Мазҳакаи “Диктатор”, бино бар хабарҳо, филмест, ки симои як ҳокими золиму худхоҳро ба тасвир мегирад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ин ҳоким беш аз ҳама раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофиро ба хотир меорад, дар он кирдор ва хислатҳои диктаторҳои гуногун ҷамъбандӣ шудаанд. Танзи занандаи ҳунарапешаи бритониёӣ Саша Барон Коэн, ки шояд ба Шумо аз филми “Борат” ошно бошад, дар марзи гротеск ва буффонада ё иғроқи синеамоӣ сохта шудааст.

The Telegraph”-и чопи Лондон дар робита ба манъ шудани филм дар Тоҷикистон бо ҳам бо истинод ба сӯҳбатҳои ҷаноби Давлатов чанд қадам пештар меравад ва сарлавҳа медиҳад, ки “Тоҷикистон филми “Диктатор”-ро рад кард”. Яъне тамоми Тоҷикистон ва албатта, мақомоти олии он. Нашрияи “Newsday”-и чопи Амрико бар замми нақли ҳамаи ин таҳаввулот менависад:

“Қаҳрамони Коэн, Генерал Адмирал Алоуддин мумкин аст, каме ба президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шабоҳат дорад, ки як аппаратчики замони шӯравӣ буд ва дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ ба қудрат расида, аз соли 1992 ба ин сӯ ба мамлакатро раҳбарӣ мекунад. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гузориши андӯҳомезеро дар бораи соли 2010-и Тоҷикистон нашр кард ва аз масъалаҳои одатие ёдрас шуд, монанди шиканҷаи боздоштшудагон, радди ҳуқуқ ба додгоҳи одилона, шароити марговари маҳбасҳо ва қочоқи инсон”.

Худи ҳамон рӯз “The Guardian” дар бораи манъ шудани “Диктатор” дар Тоҷикистон матлаби дарозе нашр намуд ва аз барқияҳои Викиликс дар бораи шахсияти президенти ин кишвар нақли қавл кард.

Суханони Далер Давлатов сарлваҳаи матлаби ZeeNews.com шудаанд: “Тоҷикистон “Диктатор”-ро манъ кард, зеро он ба “менталитет”-и ин миллат мувофиқ намеояд”. Дар ин матлаб суханони муаллиф ва бозигари асосии филм Саша Барон Коэн низ омадаанд, ки гуфтааст, “танҳо онҳое аз ин филм озурда мешаванд, ки ё диктаторанд ё мухлисони диктаторҳо.”

Метавон боз аз даҳҳо нашрия ва сомона иқтибос овард, ки бештару бештар сабаби манъ шудани филмро ба шахси раисиҷумҳури Тоҷикистон рабт медиҳанд ва агар аз рӯйи лоақал ними ин мақолаҳо натиҷагирӣ кунем, мешавад гуфт, номи Тоҷикистон ва раҳбари он ин ҳафта дар расонаҳои ҷаҳон ба таври комил бо филми “Диктатор” омезиши ҷудонашаванда пайдо намуд. Ҳол он ки ман, шахсан, бовар надорам, намоиши филмро маҳз ҷаноби Раҳмон манъ карда бошад. Дар гузашта, вақте ки филми “Тухмҳои тақдир” бо бозии Михаил Галустян дар Тоҷикистон манъ шуд, дар ин бора баёнияи расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон паҳн гашта буд. Ин ҳам дар ҳоле ки наворҳои “Равшан ва Ҷамшут” дар Тоҷикистон озодона ба фурӯш мераванд.

Номи Тоҷикистон ҳамчун душмани филми “Диктатор” ба андозае дар сархатти расонаҳои ҳамагонии ҷаҳон қарор гирифт, ки акнун на ҳамаи онҳо ёдовар мешаванд, ки пеш аз Тоҷикистон филми Коэн дар Туркманистон манъ шуд ва касе қиёсе ҳам намекунад, ки байни раҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон дар диктаторӣ фарқе ҳаст ё не. Далер Давлатов барои рекламаи филм ва ҳамзамон кашондани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба вазъи Тоҷикистон хидмати бузурге кард, ҳарчанд ӯро зарур аст, “фарқи мафкура”-и тоҷиконро шарҳ диҳад. Манзураш чӣ буд — мафкураи кӣ баландтар ва аз кӣ пасттар аст ё эътироз дар кадоме аз ин ҷомеаҳо бештар? Маълум нест, худи ӯ мехост, бо корбурди калимаи “менталитет” ҷаҳонро такон диҳад ё як тасодуф рӯй доду сухан аз даҳон парид. Аммо, гап нест, “Тантана” воқеан як тантана бапо кард. Ман ёд надорам, ки дар ду-се соли охир дар ягон мавзӯи марбут ба Тоҷикистон расонаҳои ҷаҳон ин гуна таваҷҷӯҳ ва ҳамовозии тамом нишон дода бошанд.

20.05.2012 - Posted by | Баҳс, Матбуот, Синемо, Сиёсат, Тоҷикистон, Фарҳанг |

3 Comments »

  1. […] movie in Tajikistan. Concerned about the negative publicity for the country caused by the ban, he writes [tj]: Ман ёд надорам, ки дар ду-се соли охир дар ягон […]

    Pingback by After a Ban, ‘The Dictator’ Movie Goes Viral in Tajikistan · Global Voices | 10.06.2012 | Reply

  2. Махз барои мамнуъ буданаш ёфта тамошо кардам. Албатта ин филмро бо ахли оила тамошо кардан намешавад, лекин бо мазхака режимхои диктаториро хуб тасвир кардаанд. Хурсандиовараш хамон, ки диктатор дар охир демократи хакконй мешавад. Як филми дигаре, ки бо таври мазхака (бисёртар фалсафй) хаётеро тасвир кардааст, ки ба Точикистони хозира ва Чаноби олии он хеле шабохат дорад. Номи филм Миллион лет до нашей эры 2 /Sa majeste Minor/ (2007). Ин филм хам барои бо ахли оила тамошо кардан намешавад 18+

    Comment by Ayub | 13.06.2012 | Reply

  3. […] tungkol sa pagbabalita ng pandaigdigang media tungkol sa pagbabawal ng pamahalaang Tajikistan. Pinangangambahan niya [tj] ang negatibong imahe ng bansa dahil sa pagbabawal: Ман ёд надорам, ки дар […]

    Pingback by Matapos Ipagbawal, Pelikulang ‘The Dictator’ Patok sa Tajikistan · Global Voices sa Filipino | 18.06.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: