Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

((- Занги изтироб -)))

Номаи расмие, ки пас аз сафари Филипп Ле Уэру, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон нашр шуд ва ҳам хабари он ки коршиносони ин ниҳоди байнулмилалӣ зимни ихтилофи назар бо ҳукумати Тоҷикистон ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро қатъ кардаанд, шояд яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳафта буд. Вале эҳсос намешавад, ки садои “занги изтироб”- ро саҳҳомони Роғун низ шунида бошанд.

Дар пажӯҳиши кӯтоҳе, ки хабарнигори Радиои Озодӣ, Фарҳоди Милод анҷом дод, ба назар мерасад, мақомоти кишвар ин номаро ором пазируфтаанд. Зимистони сард гузашт ва то омадани табар кунда меосояд. Ғами зимистонро бояд зимистон хӯрд. Ҳоло офтоб бо тамоми нирӯ нурпошӣ мекунад ва масъулияти гармию рӯшаниро дар дӯш дорад.

Маълум нест, агар Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси Роғунро пеши худ барои 10 ё 15 соли оянда замонбандӣ кардааст, вокуниши мақомоти Тоҷикистон чӣ хоҳад буд. Эҳсос мешавад, ба гардани ин ниҳод андохтани сабаби таъхир роҳи осони “ҳалли муваққатӣ”-и ихтилофот бо Узбакистони ҳамсоя ва баҳонаи ба дарозо кашидани мусибати мардум аст.

Ин дар ҳолест, ки бино бар ҷумлаи аввали маромномаи Бонки Ҷаҳонӣ, он БОЯД ба коҳиши фақр дар кишварҳои рушдёбанда мусоадат ва аз талошҳои пешрафти чунин кишварҳо пуштибонӣ кунад. Магар нерӯгоҳи Роғун беҳтарин роҳи коҳиши бенавоӣ дар Тоҷикистон ва муҳимтарин воситаи рушди ин кишвар нест? Агар Бонки Ҷаҳонӣ ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, “ба бозӣ даромадааст”, ин амалаш хилофи сархатти маромномаи он буда наметавонад?

Намехоҳам, монанди антиглобалистҳо бигӯям, ки ин ниҳод бештар ба манфиати бизнесҳои азими ҷаҳонӣ кор мекунад ва дар натиҷа бизнесҳои хурду миёна саркӯб мешаванд. Зимнан метавон ба ҷои калимаи “бизнес” вожаи “кишвар”-ро гузошт. Ва намехоҳам, монанди намояндагони ҷомеаҳои шаҳрвандӣ бигӯям, ки ёриҳои Бонки Ҷаҳонӣ асосан ба таҳкими ҳукуматҳо ва раҳбарони ХУДКОМА равона шудаанд, то ба имдоди мардум. Аммо кумиссюни Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар соли 2001 самаранокии сармоягузориҳои онро озмуд ва ба натиҷае расид, ки 60 дарсади тарҳҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба нокомӣ анҷомидаанд.

Ин ҳам ҳатто чандон муҳим нест, балки оё назари саҳҳомони сохтмони Роғун чӣ бошад? Агар онҳо ва ҳам созмонҳои ҷамъиятии кишвар Бонки Ҷаҳониро номаборон кунанд ва аз ҳукумати худ ҚАРОРИ ниҳоиро талаб кунанд, созмони байнулмилалӣ ба ин ҷунбиш чӣ посух хоҳад дод? Дар асноди бонк гуфта мешавад, ки он ба ақидаи мардум ва ҷомеаи кишварҳо аҳамияти бузург қоил аст. Пас ҷомеа садое баланд мекунад? Ҳазорон, садҳо ҳазор нома ба торнамои Бонки Ҷаҳонӣ ё намояндагии он дар Душанбе сарозер хоҳад шуд ё мардуми фақире, ки охирин пули худро барои рӯшноӣ дод, ин бор ҳам сукут хоҳад варзид?

Суоли банда пеш аз ҳама ба бародари худам дахл дорад, ки аз сари шӯру шавқ ва ватанхоҳӣ тамоми пасандози чандсола ва даромади тиҷорати худро сарфи саҳмияҳои Роғун кард, то манзили фарзандонаш гамру пурнур бошад ва имрӯз дираме надорад.

26.05.2012 - Posted by | Баҳс, Осиёи Марказӣ, Роғун, Сиёсат, Тоҷикистон, Ҷомеа |

4 Comments »

  1. Facebook:

    Nazarali Imomkulov калити ин масъла аз дасти худимо на инки ах Бонки Чахонист!
    Yesterday at 9:02pm · Like

    Comment by aioubzod | 27.05.2012 | Reply

  2. FB:

    Mahmad Zubaydov Рохи кафо гаштан нест… танхо ба ПЕШ!!!
    Yesterday at 9:02pm · Like

    Comment by aioubzod | 27.05.2012 | Reply

  3. FB:

    Rustam Gulov дар ҳақиқат, аксари пешгӯиву маслиҳатҳои Бонки Ҷаҳонӣ оиди ин ё он амал давлатҳои гуногун нодуруст мебароянд. Ёд дорам, ҳангоме ки Гурҷистон ислоҳотҳои иқтисодии худро пеша карда буд, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ изҳори нобоварӣ намуданд, аммо таърих гувоҳ аст, ки Гурҷистон ҳақ баромад ва Бонки Ҷаҳонӣ маҷбур шуд, ки хатогии худро ба гардан гирад! Ба андешаи ман ҳукумати Тоҷикистон бояд қарори қатъи оиди сохтмони Роғун қабул намояд ва онро паҳн созад
    16 hours ago · Like · 2

    Comment by aioubzod | 27.05.2012 | Reply

  4. Таҳлили хубест, акои Салим ва дуруст аст, ки Бонки Чахони бо абарқудратон кор дошту дорад ва дусти мардуми одди набудаву нест.

    Пас чи кор бояд кард? Ба назари ман, агар вокеан барномаи Рогун барномаи беҳбуд ва беҳдошти зиндагии мардуми Точикистон бошад, пас боистӣ масъулият ва икдоми корро ба дасти худ гирифт ва бо ҳамсояҳо ба мувофиқа омада аз хари азаматпарастӣ фаромад. Шояд ҳам каме паст кардани баландии девори он ахли зиддият ва муноқишаро ба мусолиха ва созгори орад. Он гох бо барномаи хурдтаре иқтисоди бехтареро метавон ба бор овард, чун бо бақияи пул имкони сохтмони неругоххои барқии махалли дар хамаи дарехои хурду бузурги хамаи минтакахои Точикистон фарохам мешавад. Дар ин маврид харҷи иқтисоди ва сиесии гузаронидани симхои азими барқ ва бурокросикунони ва мутамарказ кардани фуруши он аз байн меравад. Мухимтар аз хар чиз, бо ин гуна неругоххои махалли ва имкониятхои баркӣ маҳаллаҳои худмухтори рушдкарда зиед мешаванд, ва мардум метавонанд худашон масъулияти бехдошти зиндагии худу махаллахои хурду бузурги худро ба гардан гиранд. Бовар дорам, бо ин гуна худмухтории махаллӣ дар се-панч сол Точикистон ба як давлати рушдкарда мубаддал мегардад, чун чое ки барк хаст, мехри рушаноӣ бар торикӣ голиб мешавад ва коргоххо пайдо мешаванд ва мактабхои нав рушан мегарданд ва гайраву гайра амсоли он …

    Едам хаст, хабареро дар рузномае хонда будам, ки бо ибтикори ду марди омии точик дар як дехе дар Точикистон дар чуяки хурде тавассути мотори кухани трактори кухан неругохе сохта шуд, ки барои даҳчанд хонавода ва хам беморхонаи махаллӣ баркро фаровон кард… Чаро аз бегонагон менолем дар холе ки худамон аз ухдаи коре баромада метавонем, вале е иродаи онро надорем, е дар фикри чизакои дигаре ҳастем, ки аз фикри бехбудии мардум фарсаххо дур аст …

    Солиму комеб бимонед!

    Comment by Muborak | 30.05.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: