Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шуберлин ба Остона меояд

Субҳи имрӯз номаи аҷибе гирифтам. Аз шахсе, ки чанд сол ба ин сӯ тамосе бо ҳам надоштем ва гӯё аз ёдам низ рафта буд. Аз профессори Донишгоҳи Ҳарвард, Ҷон Шуберлин, ки ҳоло ба ғайр аз мақолаҳои хубаш ду сӯҳбати тӯлонии рӯбарӯ бо ӯ дар Праг ба хотирам расид. То соли 2002 баъзан аз ӯ ҳамчун коршиноси умури Осиёи Марказӣ назар мегирифтам. Аммо навиде, ки дар номаи ӯ омада ҷолибтар аз худи расидани мактубаш буд.

Донишманди саршинос менависад, ки дар ростои дигаргунии бузург ва ҳаяҷонбахш аст. Вай қарор кардааст, пас аз ин ҳама соли кор Ҳарвардро тарк мекунад ва ба Қазоқистон мекӯчад. Ӯро ба Донишгоҳи Назарбоев даъват кардаанд, то дар ин ҷо ба бахши антропология ва улуми ҷомеашиносӣ пайваста, Институти пажӯҳишҳои минтақаии Авруосиёро таъсис диҳад ва раҳбари он шавад.

Ба Осиёи Марказӣ омадани муҳаққиқони ботаҷрибаи ғарбӣ гапи нав нест, вале онҳо одатан барои чанд моҳ меомаданд, то дар мавзӯи муайяне пажӯҳиш анҷом диҳанд ва бо андӯхтаҳои нав ба донишгоҳҳои худ баргарданду моҳҳои дароз яке пайи дигар мақолаҳои ҷолиб ва нишонрасе ба чоп диҳанд. Вале кӯчидани донишманде мисли профессор Ҷон Шуберлин ба яке аз давлатҳои ин минтақа барои зиндагӣ ва роҳандозии як риштаи нав хеле кам рӯй медиҳад. Он ҳам аз донишгоҳи ҷаҳоние мисли Ҳарвард, ки аксари кулли президентҳои Иёлоти Муттаҳида аз паси мизҳои он бархостаанд ва ҳоло низ шояд 90 дарсади фарзандони бонуфузтарин афроди ҷаҳон дар ин ҷо таҳсил мекунанд.

Ман, ки, масалан, ба ин гурӯҳ шомил намешавам, писарамро, бо вуҷуди баҳоҳои баландаш ба ин ҷо қабул накарданд, ҳарчанд омода будам, барои таҳсили Гуразм дар Ҳарвард чандсад ҳазор долларе, ки даркор шавад, бипардозам.

Аммо тасмими гирдгардонкунандаи Шуберлин бароям қобили фаҳм аст. Вай ошиқи Осиёи Марказист ва умри худро фидои ин минтақа кардааст. Шакке надорам, ки вай ҳоло ҳам аз мушовирони маънавии ҳукуматҳои ғарбӣ дар масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ ва ҳатто Русия аст. Гумонам ин аст, ки акнун ба яке аз мушовирони раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдил хоҳад ёфт. Дар зимн, ин як пирӯзии Қазоқистон аст, ки чунин “калламағз”-ро зери даст хоҳад дошт. Шояд яке аз сабабҳои тасмими “ҳаяҷонбахш”-и Шуберлин ба сармоягузории илм бастагӣ дошта бошад. Ғарб гирифтори бӯҳрон аст ва дар як саф бо риштаҳои гуногун илм ҳам осеби молӣ мебинад. Дар номааш ба ман Ҷон ба камияш ду дафъа таъкид мекунад, ки барои таъсиси Институти пажӯҳишҳои минтақаии Авруосиё дар Донишгоҳи Назарбоев дар Остона маблағҳои азиме ҷудо шудааст. Ва ҷои дигар мегӯяд, сармоягузории “tremendous” ё фавқулодаи ҳукумати Қазоқистон ба илм ва таҳсили олӣ барояш имкон хоҳад дод, ки беҳтарин устодонро аз донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон ба Остона даъват кунад.

Шуберлин дар охири солҳои 1990 дар Донишгоҳи Ҳарвард маркази пажӯҳишҳои Осиёи Марказиро дар даврае таъсис дода буд, ки як гурӯҳ аз профессорони ин донишгоҳ барои “ба боди фано” додани миллиардҳо доллари омӯзиш ва мадад ба ислоҳот дар Русия бадном шудаву аз курсиҳо маҳрум ва ҳатто зиндонӣ шуданд. Табиист, ки баъд аз ин моҷаро барои Шуберлин сармояи калоне насиб нашуда буд. Вале вай тавонист, маркази қавие таъсис диҳад ва зери чатри он Ҷомеаи омӯзиши Авруосиёи Марказиро низ ташкил кард, ки ҳақир чанд сол узви он будам. Ин ҷамъият соле ду конфаронс баргузор мекард ва яке аз ҳадафҳояш ҷалби олимони ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Он кӯшиш мекард, сабки ғарбии таҳқиқи илмиро дар ин кишварҳо ниҳодина кунад. Номи банда дар феҳрастҳои Донишгоҳи Ҳарвард нашр мешуд ва маҷаллаи донишгоҳу ҳар мақолаи тозае дар бораи минтақа бароям ирсол мегашт. Ифтихоре дошт ва ҳам ангезае барои нигоҳи амиқтари илмигуна ба рӯйдод ва равандҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ. Вале як чиз сабаб шуд, ки ман онро тарк кунам.

Маҷаллаи ҷомеаи мо баъзан яке паси дигар мақолаҳоеро нашр мекард, ки ошкоро рӯҳияи пантуркистӣ доштанд. Баъзе аз “олимон”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷои кори илмӣ бо таблиғоти сабки Шӯравӣ ва миллатгароии ошкоро машғул буданд. Шояд ин бардошти шахсии ман буд, лекин медидам, ки дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон тақрибан чизе ба нашр намерасид. Дар иваз ду ё сетогӣ матлаб аз Узбакистону Қазоқистону Қирғизистону Туркманистон ва ҳатто Муғулистон. Яке аз мавзӯъҳои аввалини илмии худи Шуберлин ҳувияти таърихии узбакҳо буд,  ва шояд таваҷҷӯҳи ӯ ба ин масъала ҳамеша боло мегирифт.

Дар он сӯҳбатҳо дар Праг, яке дар бинои радиои мо ва дигаре дар ресторани “Тоҷмаҳал” ман ин масъалаҳоро бо ӯ матраҳ кардам. Суханро аз дур оғозидам, ки улуми инсоншиносӣ, сиёсӣ, таърих ва ҷоемашиносии ғарбӣ дар таҳқиқи Осиёи Марказӣ гоҳе тоҷиконро нодида мегирад ё ба онҳо бо чашми кам менигарад, ҳол он ки нақши ин қавмро дар ташаккули  фарҳанги ҳамсоягонаш худи ин ҳамсоягон ҳамеша таъкид мекунанд. Барои намуна, Чингиз Айтматов гуфта буд, ки дарёи фарҳанги мардумони туркзабони минтақаро наметавон бе “шохоб”-и фарҳанги форсию тоҷикӣ тасаввур кард. Ё шояд ин ҷудо карданҳои илмӣ дар Ғарб ангезаи сиёсӣ дорад? Ҷон ақидаи маро аслан қабул накард ва гуфт, аввал бояд дид, ки чӣ теъдод маводе барои омӯзиши ҳар қавми минтақа солона ба табъ мерасад. Вай афзуд, ними ин мавод ба ҷанги Тоҷикистон рабт мегирад.

Оре, он солҳо дар бораи ҷанги Тоҷикистон зиёд менавиштанд. Осори боарзиши Мюриел Аткин, Ширин Акинер, Шаҳрбонуи Тоҷбахш, Шаҳроми Акбарзода ва дигарон даст ба даст мегашт. Амми Ҷон ишораи дигаре ҳам кард, ки дараҷаи омӯхта шудан ва аҳамияти ҳар қавм бо ҳам фарқ мекунад. Ман гуфтам, манзури Шумо шояд аҳамияти ҳар давлати минтақа аст, аммо дар китоби худатон дар бораи ҳувияти узбакҳо маҷбур ба ин будаед, ки аз тоҷикон ҳам ёд кунед. Сӯҳбати хубу пурмазмуне буд, хеле бо ҳам ҳарф задему баҳс кардем, аммо дар поён ҳар кадом дар фикри худ монд. Ман, албатта, ба ҳеҷ ваҷҳ худро бо ин шахси бузургу донишманд баробар намекунам, чун хушбахтона, журналист ҳастам, на олим ё муҳаққиқ ва мо он шом дӯстона худоҳофизӣ кардем.

Пас аз чанд ҳафтаи ин сӯҳбат узвият дар ҷомеаро қатъ кардам, ҳарчанд боз чанд моҳи дигар аз Ҳарвард бароям маҷаллаи “Осиёи Марказӣ” ва даъватномаҳои ширкат дар конфаронсҳо меомад. Соли 2001 ба муносибтаи 10-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дӯст ва ҳамкорам Брюс Паннир мусоҳибае бо Ҷон Шуберлин анҷом дод. Ман онро аз англисӣ ба тоҷикӣ гардондам ва бори дигар қойил шудам, ки Шуберлин олими бузург аст. Чун дар Амрико нишаставу равандҳои Тоҷикистонро рӯшану дақиқ наззора мекард ва онҳоро хуб медонист. Вай он вақт гуфта буд:

“Дар миёни масъалаҳои муҳими даҳ соли истиқлолият як нуктаи аслӣ бояд эътироф шавад. Ҳарчанд мардум аксаран далел меоранд, ки бунёди ниҳодҳои демократӣ вақту фурсат металабад, зуҳури худкомагӣ як хатари ҷиддӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистон дар ҷодаи демократияи ҳақиқӣ ҳаракат дорад ё на, аммо дақиқан маълум аст, майли рӯзафзун ба тарзи ҳокимияти авторитарӣ боло мегирад. Ин дар ҳақиқат як ҳодисаи манфии ҳамаи минтақа буда метавонад.”

Ҳамон сол Шуберлин пажӯҳишеро дар бораи Тоҷикистон барои Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ анҷом дода буд, ки нукоти ҷолиб зиёд дошт ва худаш низ мегуфт, ҳарчанд ҳукумат ба ислоҳоти иқтисодӣ назари мусбат дорад, Тоҷикистон барои сармоягузориҳои байнулмилалӣ ба сифати як макони шубҳанок боқӣ мемонад.

Аз он вақт ба баъд Шуберлин асосан дар бораи Қирғизистон ва ҳам Ислом дар Осиёи Марказӣ пажӯҳиш мебарад. Акнун аз Остона, яъне остонаи минтақа, на дили он. Ҳоло бояд дид, вай ҳамоно Тошкандро дили минтақа хоҳад шумурд ё ба Остона дил хоҳад баст. Оё аз олимону коршиносони тоҷик касеро ба пажӯҳишгоҳи худ даъват хоҳад кард? Чун ин пажӯҳишгоҳ қарор аст, минтақаӣ бошад ва Қазоқистон ҳамоно талош дораду гоҳе муваффақ ҳам ҳаст, ки худро ба меҳвари минтақа табдил диҳад. Корҳои илмии Шуберлин аз ин ба баъд ба шаклгирии сисатҳои Ғарб, Русия ва Қазоқистон дар минтақа чӣ нақш хоҳанд дошт? Шояд вай барои бунёди як консепсияи нави Осиёи Марказӣ ба ин ҷо омадааст?

Кӯтоҳи сухан, бояд ба номааш посух диҳам. Хоҳиш кардааст, назари хешро ба вазифаи наваш бинависам. Навишта, ки маркази ӯ мехоҳад, дар рушди илмии минтақа саҳми ҷиддӣ гирад. Гуфтааст, кори маркази ӯ ба сабки ғарбӣ ҷараён хоҳад ёфт ва барои рушди илм дар минтақа ба олимони ҷавон ёрдампулӣ ва бурсҳо хоҳад дод.

01.07.2012 - Posted by | Баҳс, Илм, Осиёи Марказӣ, Таърих, Фарҳанг, Ҷомеа

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: